ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА Д.Қ. БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО

Энергетикҳои муҳтарам!

Солгарди навбатии энергетикаи тоҷикро бароятон муборакбод гуфта, ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ ва муваффақиятҳои кору ободии рӯзгорро таманно менамоям. Зеро пешрафти ҷомеа, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва некӯаҳволии халқ маҳз ба кору фаъолияти Шумо вобастагии калон дорад.

Хуб медонем, ки энергетикаи Тоҷикистон таърихи бой дошта, сохтмони аввалин нерӯгоҳҳои барқӣ дар мамлакат солҳои шомили Иттиҳоди Шӯравӣ будани кишварамон дар ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои иттифоқ, алалхусус Федератсияи Россия сурат гирифта буданд.

Нахустин нерӯгоҳи барқӣ обии кишвари мо - НБО-и «Варзоби боло» ба шумор меравад, ки сохтмони он соли 1931 оғоз ёфта, охири соли 1936 ба анҷом расидааст ва ба ҳамин муносибати рӯйдоди бузурги ҳамонвақта ҳар сол 22 декабр Рӯзи энергетикҳои тоҷик таҷлил мегардад.

Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ва идомаи сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», қадами устуворе ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб меёбад.

Дар ҷаҳони муосир нерӯи барқро ҳамчун сармоя барои рушди иқтисодиёт истифода мебаранд. Имрӯз мо аз он ифтихор мекунем, ки 90 фисади нерӯи барқи ҷумҳурӣ дар рӯдхонаҳои вилояти мо тавлид мегардад. Нерӯи барқи Тоҷикистон аз ҷиҳати бехатарӣ ба атрофу акнофи табиат безарар буда, аз тавоноии рӯдхонаҳо манша мегирад, на аз тавоноии қувваи ҳастаӣ, газ ва ангишт. Аз ин хотир бунёди нерӯгоҳҳои барқии обӣ аз ҷиҳати экологӣ бехатар натанҳо барои халқи Тоҷикистон, балки барои сайёраи замин басо муҳим аст.

Дар радифи ин, мардуми шарафманди вилояти Хатлон ҷиҳати амалишавии «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020» сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, бодӣ ва офтобиро идома дода, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, қадамҳои устувор гузошта истодаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетикаро рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт арзёбӣ намудаанд. Бо дарки ин маънӣ, ба Шумо, ки бо кори ҳамарӯзаатон дар равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар иди касбиатон - Рӯзи энергетикаи тоҷикро самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11