ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТ МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ЭНЕРГЕТИКҲО

Энергетикҳои мӯҳтарам!

солгарди навбатии энергетикаи тоҷикро бароятон муборакбод гуфта, ба Шумо тани сиҳату хотири ҷамъ ва муваффақиятҳои кору ободии рӯзгорро таманно менамоям. Зеро пешрафти ҷомеа, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва некӯаҳволии халқ ба кору фаъолияти Шумо вобастагии калон дорад.

Хуб медонем, ки энергетикаи Тоҷикистон таърихи бой дошта, сохтмони аввалин нерӯгоҳҳои барқӣ дар мамлакат солҳои шомили Иттиҳоди Шӯравӣ будани кишварамон дар ҳамкорӣ бо ҷумҳуриҳои иттифоқ, алалхусус Федератсияи Россия сурат гирифта буданд. Нахустин НБО-и Тоҷикистон Нерӯгоҳи барқи обии Варзоби боло мебошад ва рӯзи 22-юми декабр эълон гардидани Рӯзи энергетикҳо ҳам маҳз ба хотири дар ин сана, яъне 22-уми декабри соли 1936 мавриди истифода қарор гирифтани нахустин нерӯгоҳи барқи обии кишварамон мебошад.

Сарзамини мо дорои захираҳои бойи энергетикӣ буда, имрӯз истифодаи ин захираҳо ва расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.  Бояд гуфт, ки солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои энергетикҳои тоҷик давраи дастоварду муваффақиятҳо гардид. Дар вилояти Хатлон, ки мавзеи захираи асосии гидроэнергетикаи кишвар маҳсуб меёбад, дар ин давра иншоотҳои муҳими энергетикӣ сохта шуданд. Мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ва соли равон бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бастани маҷрои дарёи Вахш, ҷиҳати сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» боз як воқеаи муҳим ва фаромӯшнашавандаи энергетикаи тоҷик буда, қадами устуворе ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар маҳсуб меёбад.

Мардуми шарафманди вилояти Хатлон бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар ҳамаи имконияту захираҳои мавҷударо самаранок истифода менамоянд. Дар вилоят сохтмони нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ, бодӣ ва офтобӣ идома дошта, ҷиҳати амалишавии Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 қадамҳои устувор гузошта мешаванд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон энергетикаро рукни муҳими ҳаёт ва иқтисодиёт номидаанд. Бо дарки ин маънӣ ба Шумо, ки бо кори ҳамарӯзаатон дар равандҳои муҳими иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии ҷамъият саҳми назаррас мегузоред, бори дигар иди касбиатон - Рӯзи энергетикаи тоҷикро самимона табрик гуфта, бароятон рӯзгори ободу осуда ва меҳнати пурсамарро баҳри пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азиз таманно менамоям.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11