Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон мӯҳтарам Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба муносибати 17 солагии  таъсисёбии   Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба муносибати 17 солагии  таъсисёбии   Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлонро аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба онҳо барои хизматҳои софдилонаашон изҳори миннатдорӣ намуда, барояшон сиҳатмандию хонаободӣ, сарбаландию сарфарозӣ, рӯзгори неку осуда, бахту саодат ва комёбию пирӯзиҳо орзу менамояд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии паҳншавии маводҳои нашъадор  23 сентябри соли 1998 таҳти № 375 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси  шуъбаҳои комиссияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба назорати моддаҳои нашъадор дар вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва Хатлон» ва аз 1-уми январи соли 1999  дар вилоятҳои номбурда   шуъбаҳои Комиссияи давлатӣ  оид ба назорати моддаҳои нашъадор таъсис дод.

Таҳдиди босуръати нашъамандию нашъаҷалобӣ зарурати таъсис додани  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Точикистонро ба миён овард. Баъдан  дар асоси Протоколи байни Ҷумҳурии Точикистон ва шуъбаи Созмони Миллали Муттаҳид оид ба назорати маводи нашъаовар  ва пешгирии ҷинояткорӣ 27 апрели  соли 1999 дар шаҳри Вена ба имзо расид. Дар Ҷумҳурии соҳибистиқлолии Тоҷикистон  бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон 1-уми июни соли 1999  Агентии мазкур созмон дода шуд, ки  фаъолияти он махсус барои  муборизаи зидди муомилоти гайриқонунии маводи нашъадор, нашъамандию нашъаҷалобӣ, ошкору дастгир намудани саркардаҳои онҳо  равона карда шуд.

Ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид, дар вохӯриҳои  расмӣ  бо сарони давлатҳои чаҳон  даъват ба амал овард, ки ба муқобили таҳдиди ин вабои аср дастаҷамъона  мубориза бурда шавад. Ҳамзамон сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистон баҳри заиф гардонидани паҳншавии нашъамандию нашъаҷалобӣ дар мамлакатҳои сайёра муаррифӣ гашта, таҷрибаи ҷумҳурии мо  оиди муборизаи зидди  гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор  аз ҷониби давлатҳои дигар хуш пазируфта шуд. Онҳо дарк намуданд, ки афзоиши нашъамандию нашъаҷалобӣ хамзамон терроризми  ҷаҳониро тавлид месозад ва хатари бештареро  баҳри сулҳи чаҳони эчод менамояд.

Хатлон вилояти сарҳадӣ ба шумор меравад ва қочоқи маводи мухаддир маҳз ба воситаи ин сарҳади тулонӣ бештар мебошад. Бо мақсади пешгирии нашъамандию нашъаҷалобӣ ва муомилоти гайриқонунии маводҳои нашъаовар  1-уми январи соли 2000-ум  дар вилояти Хатлон Раёсати  Агентӣ ба фаъолият шурӯъ намуд. Фаъолияти фаври – хизматии  Раёсат ва шуъбаи воҳидҳои он пурсамар оғоз ёфта, баҳри иҷрои вазифаи ба уҳдадошта саҳм гирифта меоянд.   

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи олам қадамҳои устувори худро гузошта, рушд меёбад. Хар як тоҷику тоҷикистони дар ин роҳ бояд саҳм гузоранд, ҷомеаи солим созанд, нашъамандӣ ва нашъаҷалобӣ барин зуҳуроти номатлуб барояшон бегона бошад.

Дар охир бори дигар ҳамаи шумо, кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  вилояти Хатлонро бо иди касбиатон табрик гуфта, бо итминон изҳор менамоям, ки шумо вазифаи муқаддас ва қарзи шаҳрвандии худро бо эҳсоси масъулият дар назди халқу давлат ва бо маҳорати баланди касбӣ адо мекунед.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11