ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ, БАХШИДА БА ТАЪСИСЁБИИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамдиёрони азиз!

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Артиши миллии мо, ки дар шароити бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шуд, дар натиҷаи таваҷҷӯҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тадриҷан устувор гардида, имрӯз бо кадрҳои соҳибихтисос ва соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ, техникаву таҷҳизоти муосир таъмин мебошад.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар давоми солҳои мавҷудияти худ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, ба эътидол овардани вазъи сиёсиву ҳарбӣ, пуштибонӣ аз сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ фидокориҳои зиёд намуда, далерона хизмат карда истодаанд.

Таҳаввулоти босуръати ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар аксар кишварҳои ҷаҳон таъсири манфии худро расонида истодааст, дар назди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҳар як фарди ватандӯсту баор дар самти ҳимояи манфиатҳои ҳаётан муҳими милливу давлатӣ вазифаҳои бисёр ҷиддиро мегузорад, ки ҳалли онҳо аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ ва шахси худогох иродаи матин, зиракии сиёсӣ, кордонӣ ва садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.

Дар марҳалаи торафт вусъат пайдо кардани бархӯрди қудратҳои ҷаҳонӣ ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ, ҳифзи суботу оромии ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва дар ин замина фароҳам овардани шароити мусоид барои торафт беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, бахусус ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад.

Имрӯз хуб мушоҳида гардида истодааст, ки аз ҷониби нерӯҳои муайян дар минтақа ва ҷаҳон бо истифода аз роҳу воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин бо роҳи тавсеаи муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиши дахолат намудан ба корҳои дохилии давлатҳои мустақил рӯз ба рӯз густариш ёфта истодааст.

Дар чунин шароит масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ ва суботу оромии ҷомеа аҳамияти муҳим дошта, ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро водор месозад, ки масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.

Яке аз шартҳои муҳими баланд бардоштани малакаи касбӣ ва омодабошии Қувваҳои Мусаллаҳ мустаҳкам намудани қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, интизоми ҳарбӣ ва тарбияи сиёсиву маънавии ҳайати шахсӣ мебошад.

Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки дар баробари тарбияи кадрҳо ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо ба масъалаи риояи бечунучарои муқаррароти қонунгузорӣ, ойинномаҳои ҳарбӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ тамоми чораҳоро амалӣ намоем.

Равандҳои тағйирёбии вазъияти ҳарбиву сиёсиро дар минтақа таҳти омӯзиш, таҳлил ва назорати доимӣ қарор дода, таҳдиду хатарҳои мавҷудаву эҳтимолиро ба амнияти мудофиавии кишвар ва вилоят ҳамаҷониба ва сари вақт арзёбӣ намоем. Ҳолати омодабошии қисмҳои низомии ҳудуди вилоят бояд таҳти назорати доимӣ бошад.

Хизмат ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ки ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба Ватан – модар ва халқу давлати соҳибистиқлоли худ буда, дар пос доштани арзишҳои миллӣ ва аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату халқ зоҳир мегардад.

Бовар дорам, ки падару модарон ва дар маҷмуъ ҳар як фарди вилоят барои тарбияи насли наврас дар ҳифзи марзу буми кишвар, худшиносиву худогоҳӣ, арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ ва дӯст доштани Тоҷикистони азиз фарзандони худро хидоят намуда, саҳми арзанда мегузоранд.

Инчунин, итминон дорам, ки афсарону сарбозони шуҷои қисмҳои низомии ҳудуди вилоят ба савганди ҳарбии худ ҳамеша содиқ монда, рисолати фарзандии худро дар назди Ватан – модар ва халқу давлати хеш бо сарбаландӣ адо мекунанд ва тамоми донишу таҷриба, малакаву маҳорати худро ба хотири ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ сафарбар менамоянд.

Ҳамаи шумо, ҳамдиёрони азизро, ба ифтихори ҷашни 24 -умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрик намуда, ба ҳар яки шумо тансиҳативу хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзумандам.

Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоли мо сулҳу ваҳдат ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намоем, ки ин неъмати бебаҳо ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидонӣ боқӣ монад.

Ҷашни таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11