ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА ФАРОРАСИИ СОЛИ НАВИ 2017 БА МАРДУМИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳамватанони азиз!

Соли 2016 барои мардуми вилоят ва кишвари азизамон аз лиҳози сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ соли муҳиму хотирмон боқӣ мемонад. Имсол мардуми шарифи кишвар ҷашни бошукӯҳи 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шаҳомати хоса таҷлил намуда, бори дигар бо ифтихору сарбаландӣ аз Ватани азиз ва Пешвои миллати худ ба ҷаҳониён нишон доданд, ки содиқона баҳри таҳкими пояҳои давлатдории миллии худ талош хоҳанд кард.

Ин сол барои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят соли бобарор буда, дар натиҷаи талошу заҳматҳои созандаи аҳли ҷомеа дастовардҳои иқтисодию иҷтимоии вилоят ба маротиб беҳтар гаштанд. Мардуми шарифи вилоят тамоми ғайрату имконияти худро дар ин соли таърихӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги давлатдорӣ сафарбар карда, ҳар як фарди бонангу номус дар ин кори хайри умумимиллӣ бо азму иродаи матин шарик гардид.

Сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли 2016 хотирмон анҷом ёфта, даҳҳо иншоотҳои муҳими соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва саноатӣ мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар баробари ин, бо баракату нусрати ташрифи Пешвои миллат заминаи устувор барои рушди минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ва ғанӣ гардидани буҷети давлатӣ гузошта шуд.

Ироаи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат 22-уми декабри соли ҷорӣ, ки барномаи фаъолият барои аҳли ҷомеа маҳсуб меёбад, дар назди мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вазифаҳои бузурги бунёдкорию созандагиро пеш гузошт.

Қабул гардидани Қатъномаи СММ оид ба эълон доштани даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» 21 декабри соли 2016, ки бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал пайваст, нишонаи амиқи болоравии эътибор ва нуфузи кишвари мо, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ин падида боиси ифтихор ва сарбаландии ҳар як сокини вилоят аст.

Итминон дорем, ки даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор 2018-2028” даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об саҳми арзишманд хоҳад гузошт.

Эътимод дорем, ки мардуми сарбаланди вилояти Хатлон дар Соли нав – соли 2017 низ бо саъю талоши дучанд заҳмат кашида, бо иқдомҳои созандаю бунёдкоронаи худ баҳри афзун гардонидани дастовардҳои мавҷуда камари ҳиммат мебанданд.

Вазифаи аввалиндараҷаи мо дар Соли нав, пеш аз ҳама, идома бахшидан ба раванди таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, вусъат додани корҳои бунёдкориву созандагии Ватани маҳбубамон, ҳамчунин тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои неки умумибашарист. Зеро имсол, ки аз ҷониби Пешвои миллат ҳамчун «Соли ҷавонон» эълон шудааст, тақвияти дучанди корҳоро дар ин самт тақозо менамояд.

Итминони комил дорам, ки Соли нави 2017 барои тамоми мардуми вилоят ва кишвари биҳиштосоямон соли таҳкими дастовардҳо, рушди минбаъдаи давлатдории миллӣ ва соли пурфайзу бобарор дар ҳамаи бахшҳои ҳаёти мамлакатамон мегардад ва мардуми солору таҳаммулгарои мо минбаъд низ бо шукронаи Ватани озоду давлати соҳибихтиёри худ барои боз ҳам ободу зебо шудани сарзамини аҷдодӣ ва болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кору фаъолият карда, бо дарназардошти шароити ҳассоси ҷаҳони муосир ифтихори ватандориву ватандӯстӣ ва ваҳдати миллиро таҳкими бештар мебахшанд.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳар яки Шумо, ҳамватанони азизро, бо фарорасии Соли нави мелодии 2017 табрик гуфта, бароятон тансиҳатию хонаободӣ ва иқболу сарбаландиро таманно дорам.

Бигузор Соли нав барои Тоҷикистони азизи мо ва мардуми шарифи он соли бобарор, пурфайзу баракат ва соли амалӣ гардидани орзуву ҳадафҳои созанда гардад!

Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11