ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ, БАХШИДА БА «РӮЗИ ҶАВОНОН» ВА «СОЛИ ҶАВОНОН»

Ҷавонони арҷманди мо!

Мо ин санаи муҳим-Рӯзи ҷавононро ҳар сол бо шукӯҳу шаҳомат ва орзуву ниятҳои неки созандаву бунёдкорона ҷашн мегирем. Бинобар он ки ҷавонони мо воқеан ҳам имрӯз нерӯи бузурги бунёдкору созанда эътироф шудаанд, ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавонон яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат мебошад.

Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушд карор дошта, имрӯз аз нисф зиёди аҳолӣ, ё ин ки қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳад ва табиист, ки бе иштироки фаъолонаи ҷавонон рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии давлатро тасаввур кардан ғайри имкон аст. Чӣ хеле ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҷавонони кишвар қайд карданд: «Мо ба ҷавонони бонангу номуси худ ва ба эҳсоси гарми ватандӯстии онҳо боварии бузург дорем, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи неки Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд».

Масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон, нақш ва иштироки бевоситаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии кишвар яке аз масъалаҳои асосӣ дар паёми ҳарсолаи Президенти кишвар ба Мачлиси Олӣ буда, ба ин мавзӯъ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳими давлатдорӣ ва манбаи муҳимтарини ташаккули захираҳои инсонӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир мегардад, ки имсол дар Паёмашон Пешвои миллат соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон намуданд ва ин боиси сарфарозии ҷавонон мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз ҷавонони мо атрофи мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ озодона ибрози андеша менамоянд ва ин далели ташаккулёбии мафкураи соҳибватанӣ ва хештаншиносии насли созандаи кишварамон арзёбӣ мегардад. Аммо, яке аз мушкилоти ҷавонон, ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо буда, ҷиҳати бартараф намудани ин мушкилот чораандешӣ шуда истода бошад ҳам, дар баробари ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан талош намекунанд, ки дар натиҷа бе шуғл мемонанд. Ин омили ба равияҳои бегона пайвастани онҳо мегарданд, ки масъалаи шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ ва дастгир шудану маҳкум гардидани даҳҳо нафари онҳо ҳамчун тамоюли ташвишовар боқӣ мемонад. Ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад.

Ҳолатҳои даст задани ҷавонони мо ба ҳар гуна кирдору амалҳои номатлуб, аз қабили ҷинояткорӣ, худкушӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва хариду фурӯши одамон, ки сол аз сол бештар ба мушоҳида мерасанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Боиси таассуф аст, ки солҳои охир бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои мошингарди вилоят садамаҳои нақлиётии зиёд ба кайд гирифта шудаанд, ки фоизи зиёди ин ҳодисаҳои нохӯш, бо гуноҳи ронандагони ҷавон рӯй додаст. Яке аз омилҳои муҳими ташкили ҷомеаи демократӣ бунёди оилаи солим буда, ин раванд дар ҷомеаи мо бо низоми суннатӣ инкишоф меёбад. Вале дар баробари ин, нишонаҳои ба оиладорӣ тайёр набудани як қисми ҷавонон торафт бештар ба назар мерасанд, ки онҳо боиси афзудани вайроншавии оилаҳои ҷавон мегарданд ва дар ин мавридҳо бештар занону духтарон ва кӯдакони хурдсол зарари моддиву маънавӣ мебинанд.

Дар робита бо масъалаҳои таҳлилшудаи ҳаёти ҷавонон ва таъмини ояндаи дурахшони насли наврас мехоҳам хотирнишон созам, ки иҷрои вазифаҳои гузошташуда ва рафъи мушкилоту камбудиҳои мавҷуда муносибати бисёр ҷиддии масъулини тамоми сохторҳои вилоятӣ, устодону омӯзгорон, падару модарон ва умуман аҳли ҷомеа, аз ҷумла худи шумо – ҷавонони бонангу номусро мехоҳад.

Дар шароити торафт шиддат гирифтани равандхои ҷаҳонишавӣ барои мо ва махсусан барои наврасону ҷавонони сарзаминамон Ватан, модар, забон, фарҳанг ва расму ойинҳои миллӣ, инчунин эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳову муқаддасоти милливу давлатиамон моҳияти ҳаётан муҳим доранд.

Мо умед дорем, ки ҷавонон дар раванди таҷдиди ҷомеа тавассути таҳким бахшидани фикру андешаи нав, бахусус ҳифзи истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он, арзишҳои бунёдии миллатсозӣ ва ватансозиву ватандорӣ саҳми фаъоли худро мегузоранд. Инчунин, ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд, ки Ватани муқаддасамонро ҷуз худи мо ва махсусан ҷавонон каси дигар обод нахоҳад кард. Ояндаи дурахшони Тоҷикистон ва зиндагии шоистаи мардуми он аз мову шумо вобаста мебошад. Зеро мо – насли имрӯза ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, ба хотири ободии Ватан, пешрафти Тоҷикистон ва суботу оромии кишвар карда истодаем. Ва шумо низ вазифадор ҳастед, ки имрӯз илму дониш ва касбу ҳунар омӯзед, фардои Ватан ва ояндаи миллатро ободу осуда гардонед.

Бигзор, ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад!

Бо хамин ниятхои нек Шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба тамоми ҷавонони бонангу номуси вилоят ва кишвар сулҳу оромӣ, файзу баракати рӯзгор, бахту иқбол ва азму иродаи устувору қавӣ орзу менамоям.

Ҳамеша пирӯзу сарбаланд бошед ҷавонони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11