ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ ҒАЛАБА ДАР ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНИИ СОЛҲОИ 1941-1945»

Ҳамдиёрони азиз!

Собиқадорони гиромӣ!

Бо шукургузорӣ аз сулҳу суботи комил дар кишвари азизамон, мардуми Тоҷикистон дар баробари тамоми халқҳое, ки дар солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон бар зидди фашизм мубориза бурдаанд, Рӯзи Ғалабаро бо қадрдонӣ аз корнамоиҳои ҷангиву ҷоннисориҳои фарзандони кишвари худ ва пос доштани хотираи неки онҳое, ки аз ҷанг барнагаштаанд, таҷлил менамоянд.

Асри XX дар баробари муваффақият ва дастовардҳо дар таърихи башарият ҳамчун асри бузургтарин ҷангҳо ва шадидтарин муҳорибаҳои инсоният дохил шудааст.

Ду ҷанги даҳшатноки ҷаҳонӣ, ки дар он аср ба вуқуъ омад тамоми сайёраро ба ларза оварда, ҷанги дуюми ҷаҳон яке аз он фоҷиаҳое буд, ки 72 давлати хурду бузургро ба гирдоби худ кашид.

Бар асари муҳорибаҳое, ки 5 сол идома ёфтанд, беш аз 55 миллион одамон қурбон, садҳо миллиони дигар гирифтори азобу маҳрумиятҳои мудҳиш шуда, ҳазорҳо шаҳрҳои хурду бузург хароб ва садҳо марказҳои нотакрори тамаддуни умумибашарӣ ба нестӣ рафтанд.

Дар он ҷанг новобаста аз ҳазорҳо километр дур аз кишвари мо сурат гирифтан, ба хотири пешгирӣ кардани хатару таҳдиди фашизм ба амнияти халқу Ватани мо беш аз 300 ҳазор нафар фарзандони халқи тоҷик, аз ҷумла даҳҳо ҳазор родмардони хатлонӣ иштирок карда, ҷасорату мардонагӣ ва қарамонӣ нишон додаанд, ки барои шуҷоату қаҳрамонӣ се нафар фарзандони хатлонзамин бо ордени «Шараф» ва 19 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз карда шудаанд.

То имрӯз аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти мо 170 нафарашон дар қайди ҳаёт мебошанд, ки сину солашон аллакай аз 90 гузаштааст.

Солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми тоҷик дар ақибгоҳ фидокорӣ намуда шабонарӯзӣ заҳмат кашида, ҷабҳаи набардро бо аслиҳаву озуқа таъмин намуданд.

Ғалаба бар фашизм инсониятро огоҳ месозад, ки барои тақдири сулҳ ва фазои орому осуда масъулияти бештаре дошта бошад. Бо гузашти замон беш аз пеш аён мегардад, ки ҳеҷ яки мо ҳуқуқи маънавии фаромӯш кардани оқибатҳои ҷангу хунрезиҳо, саҳифаҳои талхи таърих ва гузаштаи фоҷиабори худро надорем.

Ғалаба дар ҷанги дуюми ҷаҳон собит намуд, ки агар инсоният бар зидди ҳар гуна таҳдиду хатарҳои умумибашарӣ муттаҳид ва якдилу якмаром шавад, онҳоро ҳатман пешгирӣ ва бартараф карда метавонад.

Таърих гувоҳ аст, ки танҳо ваҳдату дӯстии  халқҳо метавонад сулҳу субот ва пешрафту тараққиётро дар тамоми сайёра таъмин намояд.

Имрӯз, дар даҳсолаи аввали асри XXI низ инсоният таҳти таъсири хатару таҳдидҳои умумибашарӣ, ба монанди терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, фалокатҳои экологиву офатҳои табиӣ ва паҳншавии бемориҳои муосири сирояткунанда қарор дорад.

Яъне, низову даргириҳои хурду бузурги имрӯза дар минтақаву кишварҳои алоҳидаи дунё, даҳшатафканиҳои терроризму экстремизм ва фоҷеаҳои экологӣ бошандагони оламро, сарфи назар аз миллат, нажод, эътиқоду мазҳаб ва низоми давлатдориву сохти сиёсӣ ҳушдор медиҳад, ки аз оқибатҳои хатару таҳдидҳои дар ҷаҳони муосир ҷойдошта андеша намоянд.

Давлати Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бар зидди терроризму экстремизм, қочоқ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ муборизаи фаъолона мебарад.

Халқи мо дар баробари даҳшатҳои ҷанги дуюми ҷаҳон оқибатҳои ҷанги шаҳрвандиро низ бо чашми худ дида, азобу маҳрумиятҳои зиёдро паси сар намуд. Аз ин рӯ, наслҳои имрӯзу ояндаи кишварамон бояд ҳамеша барои ҳифзу пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ кӯшишу талош намоянд. Дар кори хайри тарбияи наслҳои наврас ва таҳкими ҳисси сулҳдӯстиву ватанпарастӣ дар замири ҷавонон пирони рӯзгордида ва пуртаҷриба метавонанд саҳми муносиб гузоранд.

Итминони комил дорем, ки ҷавонони Тоҷикистон аз гузаштагони худ сабақи ватандории воқеӣ омӯхта, бо эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдории халқи сарбаланду тамаддунсози худ қувваю донишашонро барои ҳифз ва ободии Ватани хеш дареғ намедоранд. Ҳамаи мо чун фарзандони миллати соҳибихтиёр ва шаҳрвандони давлати соҳибистиқлол бояд ҳамеша шукронаи неъмати бузурги соҳибватаниро ба ҷо орем, ба Ватан содиқона хизмат кунем, барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатӣ доим омода бошем, наслҳои имрӯза, яъне наврасону ҷавононро дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоем, тамоми саъю талоши худро ба хотири ободиву пешрафти сарзамини аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон, оромиву суботи ҷомеа ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона созем.

Мо мардуми шарифи Хатлон имрӯз ба хотири арҷгузорӣ ба азму ирода ва ҷасорату мардонагии фарзандони ҷонфидои халқи худ, ки ба хотири ҳифзи Ватан ба ҷабҳаи набардҳои шадид рафта буданд ва ба кору пайкори онҳое, ки бо заҳматҳои сангини хеш дар ақибгоҳ дар таъмини ғалаба саҳмгузор гардидаанд, сари таъзим фуруд меорем.

Ҷашни Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11