ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН, МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА «РӮЗИ МОДАР»

Модарони меҳрубон,

Бонувони азиз,

Зан-модар олиҳаест, ки нуру зиёи олам дар замири вай ниҳон мебошад. Расидан ба қадру қимати модар ва эҳтироми зан рисолат, вазифа ва қарзи ҳар як инсон аст. Инсон вақте ин рисолат ва қарзро адо карда метавонанд, ки агар ба қадри ранҷу азоб, бедорхобӣ, шири поку ҷонбахш, дилсӯзиву ғамхорӣ ва ҷоннисориҳои модар расад.

Адабиёти ҷаҳоншумули тоҷику форс, ҳусну малоҳат, далериву шуҷоат ва сабру матонати зани тоҷикро ҷовидона васф кардааст, ки то ба имрӯз сазовори таваҷҷӯҳ ва эҳтироми оламиён гаштааст.

Бузургтарин вазифаи модари тоҷик аз азал тарбияи фарзандони ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, нобиғаву хирадманд, далеру шуҷоъ, озодихоҳу адолатпарвар ва ҳунарманду созанда будааст. Ин рисолат дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи зарурӣ амалӣ гашта, боиси ҳарчи бештар фаъол гаштани нақши занон дар ҷомеа гардидааст.

Дар Паёми имсолаи худ низ Пешвои миллат ба масъалаи дастгирии занон диққати махсус дода, ҷудо намудани имтиёзҳо ва квотаҳоро барои онҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ амри зарурӣ ҳисобиданд.

Ташаббусҳои Сарвари давлат дар бораи таъмини иштироки занон дар сатҳи қабули қарор, намояндагии онҳо дар ҳама шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти онҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат занони тоҷикро баҳри назаррас гардонидани мавқеи худ ҳавасманд гардонида, имконияти мусоидро баҳри худсозии онҳо фароҳам овард. Симои нави зани роҳбар дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ёфта, ҷомеа аз он ба хушӣ пазироӣ намуд. Занон дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигоҳдорандаи фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодаанд.

Тавассути ин ҳама дастгириҳо имрӯз мақоми зан дар ҷомеа боло рафта, имкони иштироки фаъоли ӯ дар бахшҳои хоҷагии халқи кишварамон фароҳам аст. Бонувони вилоят баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ саҳм мегузоранд. Бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро шараф ва номуси хеш мешуморанд, бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ дошта, навниҳолони соҳибмаърифат ва фарҳангдӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне созандагони ояндаи неки давлат ва ҷомеаро бо дастони пурмеҳри худ ба камол мерасонанд.

Модарон ҳамчун чароғи хонадон барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо меҳру муҳаббат ва сухани нарми модар метавонад фарзандонро дуруст ба камол расонад, обрӯи оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд бардорад.

Ташкили оилаи солим ва таъмини муҳити созанда дар он яке аз омилҳои муҳими таъмини хушбахтии ҳар як фард ба шумор меравад. Вобаста ба ин зарур аст, ки арзишҳои волои суннати оиладории мо ҳаматарафа тарғиб карда шаванд.

Рӯзи модар-рӯзи изҳори меҳру муҳаббат ба он нафаронест, ки дар ҳастии инсоният саҳми беандоза доранд. Месазад, ки бо волотарин суханҳо ба онҳо изҳори эҳтирому муҳаббат ва самимияту садоқат дошта бошем.

Бигзор доимо табассуми зан-модар бо зебоии худ руҳбахши зиндагии мо бошад.

Бигзор саодату бахт доимо ҳамқадами Шумо, бонувони гиромӣ, дар арсаи ҳаёт бошад.

Бигзор доимо домани сабзи модар нусратбахши зиндагии ҳамаи мо бошад.

Иди модарон муборак.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11