ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН МУҲТАРАМ ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳамватанони азиз!

Ҳар як давлати соҳибистиқлол дорои рамзҳои асосии давлатӣ буда, тавассути онҳо давлат дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мегардад. Рамзҳои ифодакунандаи гузаштаи таърихӣ, мақсаду маром ва ормонҳои миллатҳо дар раванди давлатсозӣ ба хисоб мераванд.

Дар баробари Конститутсия, Нишон ва Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам низ муҳимтарин муқаддасот, рамзи Истиқлолият, давлатдории миллӣ, нишони соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии давлату миллат ба ҳисоб меравад.

Дар ҳаёти ҳар як давлату миллат Парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дошта, мардумро баҳри ҳаёти осоишта, сулҳу субот ва мубориза барои зиндагии арзандаю инкишофи озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд.

Барои миллати мо Парчам ҳамеша ҳамчун таҷассумгар ва ҳидояткунандаи мубориза барои озодию Истиқлолият буд, ки чандин ҳазор сол пеш Коваи оҳангар пешдомани худро парчам сохта, зери он мардумро муттаҳид намуд, ки Парчами Кова ба ниёгони сарбаланди мо қувваю нерӯ бахшида, бар зидди зулму ситам ва ноадолатиҳои замон бархоста, пирӯзӣ ба даст оварданд

Мо медонем ва хуб дар хотир дорем, ки ҳанӯз дар давраи хеле мураккаб ва ҳассос, ки давлати тозаистиқлоли моро оташи даргириҳои бемаънӣ, ихтилофу зиддиятҳои сиёсӣ фаро гирифта буданду, хатари аз байн рафтани давлат таҳдид мекард, дар Иҷлосияи таърихию тақдирсози шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, Парчам ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистони маҳбуби мо аз рангҳои сурх, сабз ва сафед иборат аст, ки ҳар як ранг таҷассумгари рамзе мебошад. Аз ҷумла, мубориза барои озодӣ ва истиқлолият, бахту иқболи сафед ва ояндаи дурахшон, сулҳу субот ва кӯшиш барои сарсабзию хуррамии кишвар мебошад.

Дар давлатдорӣ, баргузории чорабиниҳои расмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва, инчунин дар муносибатҳои байналмилалию ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар яки мо Парчам мавқеъ ва нақши хоси худро дорад. Аз ин ҷост, ки дар тамоми кишварҳои дунё ба Парчам ҳамчун рамзи сиёсии давлат эътироф шуда, ба он эхтироми махсус зоҳир карда мешавад. Дар кишвари мо танзими муносибатҳо вобаста ба рамзҳои давлатӣ, аз он ҷумла, Парчами давлатӣ тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» амалӣ карда мешавад.

Бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии Тоҷикистон барафрохта шуд, ки дар ҷаҳон яке аз баландтарин Парчамҳо ба ҳисоб меравад.

Ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат рӯйдоди бағоят муҳим мебошад.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҷашнгирии Рӯзи Парчами давлатии кишвар барои боз ҳам муттаҳидтар гардидани мардум, бештар таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ, баланд гардидани худшиносию худогоҳӣ ва ифтихори миллии сокинони Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Шумо, ҳамдиёрони азизро, ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, ба ҳамаатон рӯзгори хушу осуда, сиҳатии комил, бахту иқболи баланд орзӯ менамоям.

Итминони комил дорам, ки таҷлили ин ҷашн моро дар атрофи роҳбари хирадманд ва адолатпарвари худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид намуда, ба хотири анҷом додани корҳои бунёдкорию созандагӣ ва шукуфоии минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ҳидоят ва раҳнамоӣ менамояд.

Ҳамеша сарбаланду саодатманд бошед ҳамдиёрони азаиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11