БАРГУЗОРИИ ЧОРАБИНИ  БАХШИДА БА РӮЗИ Ҷ. БАЛХӢ     П А Ё М И     Т А Б Р И К И И    Раиси  вилояти  Хатлон  Гулмаҳмадзода  Давлатшоҳ Қурбоналӣ ба  муносибати  Иди  касбии   омӯзгорон     ФУРӮДГОҲИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИИ «КӮЛОБ» ПЕШСАФИ МАЪРАКАИ «ОБУНА-2018»     ФУТБОЛБОЗОНИ РАЁСАТИ АГЕНТИИ СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ ВА НАФАҚАИ МИНТАҚАИ КӮЛОБ ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ ҶУМҲУРИЯВӢ     ДОРУҲОИ МУҲЛАТГУЗАШТА СӮЗОНДА ШУДАНД       Қӯрғонтеппа: баргузории силсила чорабиниҳо бо мақсади ҷонибдории ҷавонон аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ҳифзи фарҳанги миллӣ     ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ  ДӮСТӢ     Баргузории  озмуни   Иншои беҳтарин, бахшида ба  «Рӯзи  Рӯдакӣ» дар шаҳри Қӯрғонтеппа     ЛОИҲАҲО АМАЛӢ МЕГАРДАНД     ТАҶЛИЛИ РӮЗИ РӮДАКӢ ДАР ОСОРХОНА     

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАВЛАТШОҲ ГУЛМАҲМАДЗОДА БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МАТБУОТИ ТОҶИК

Рӯзноманигорони иззатманд!

Дар ҷаҳони муосир иттилоот яке аз рукнҳои асосии сиёсати ҷаҳонӣ буда, ҳамеша ҳамчун набз дар қалби зиндагӣ метапад. Хабарнигорону рӯзноманигорон дар давоми 24- соат аз ҳаводиси олам тариқи шабакаҳои пуриқтидори иҷтимоӣ, маҳвораҳо, радиову телевизион ва рӯзномаву маҷаллаҳо маълумоту ахбори навинро пешкаши бинандагону шунавандагон ва хонандагон менамоянд.

Инъикоси саривақтию бомавриди маводи чопӣ дар атрофи масъалаҳои муҳими рӯз афкори умумро ба вуҷуд оварда, дар шаклгирии ғояҳои миллӣ ва таҳкими пояи давлатдорӣ нақши муҳим ва асосӣ дорад. Матбуот чун оинаи замон дастовардҳои моддию маънавии ҳаётро инъикос намуда, мардумро ба омӯзиши таҷрибаи таърих, бардошт аз пешрафтҳои замони муосир ҳидоят месозад ва давлату миллатҳоро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд.

Имрӯз васоити ахбори омма дастгоҳи муқтадири иттилоотию идеологӣ буда, хабарнигорон дар сафи пеши ҷабҳаҳои идеологӣ қарор дошта, аз манфиатҳои ватану миллати худ дифоъ менамоянд.

Дар ин раванд матбуотчиён ва рӯзноманигорони тоҷик, аз ҷумла вилоят низ дар канор нестанд. Онҳо ҳамчун шахсони боэтимоду масъулиятшинос аз равандҳои сиёсию иҷтимоии ҳаёти мардуми ҷумҳурӣ ва вилоят хабару мақолаҳо таҳия намуда, пешкаши аҳли заҳмати вилоят мегардонанд. Рӯйдоди муҳими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангиро тавассути матбуоти даврӣ, радио, телевизион ва дигар воситаҳои иттилоотӣ ба хонандагон мерасонанд.

Имрӯз бо кӯшиш ва ибтикори бевоситаи Роҳбари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ тадбирҳои зиёд амалӣ гашта истодаанд ва барои дастрасии матбуотчиён ба маводҳои журналистӣ ягон маҳдудият ва сарҳад вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, бояд сатҳу сифати нигоришу гузориш ва хабару мақолаҳои рӯзноманигорон баланд ва ба талаботи ҷомеа ҷавобгӯ бошанд. Кормандони васоити ахбори омма чун сипари боэтимоди Ватан бояд ҳушёру зирак бошанд ва донишу маҳорати хешро пайваста такмил дода, бо маҳсули андеша ва қалами худ холигии фазои иттилоотии ватанамонро пур карда, нагузоранд, ки душманони миллат бо дасиса ва фикрҳои иғвоангезашон мафкураи аҳли ҷомеаро халалдор созанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо рисолати бузурги бардӯшдоштаи журналистонро таъкид намуда, қайд кардааст: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».

Бо қаноатмандӣ бояд зикр кард, ки аксари журналистони вилояти мо низ дар радифи дигар матбуотчиёни кишвар ҷиҳати инъикоси воқеии зиндагӣ, рушду тараққии хоҷагии халқ, дастоварду навгониҳои вилоят маҳорат, донишу малакаи хешро дареғ намедоранд. Онҳо ҳамдилу ҳамқисмати мардуми вилоят буда, барои ба меҳнати созандаю бунёдкорона ба хотири шукуфоии диёр ҳидоят намудани омма, ба мардум расонидани ҳадафҳои наҷиб, сиёсати хирадмандона ва башардӯстонаи Роҳбари давлат, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳиссаи сазовор мегузоранд. Итминони комил дорам, ки дар оянда низ журналистони вилоят ба Ватан, ба мардуми худ содиқона хизмат хоҳанд кард.

Ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамаи Шумо – аҳли қалам, журналистон, кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро самимона муборакбод намуда, ба Шумо каломи созанда, рӯзгори неку босаодат ва бахту иқболи баланд орзу менамоям.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11