ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛИ 2017-2018

Хонандагону донишҷӯёни азиз, устодони арҷманд, падару модарон ва ҳамватанони гиромиқадр!

Боиси сарфарозист, ки соли равон таҷлили ин рӯзи муборак дар арафа ва рӯҳияи омодагии мардуми шарафманди ҷумҳурӣ, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон ба таҷлили бошукӯҳи ҷашнҳои фархундаи миллии дар пешистодаи 26 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 23 солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  рост омадааст.

Аз ин лиҳоз, бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми алоқамандони соҳа, алалхусус аҳли илму маорифи вилоятро ба муносибати оғози соли нави таҳсили 2017-2018, таҷлили Рӯзи донишу дарси сулҳ  ва ҷашнҳои дар пешистода сидқан табрику таҳният гуфта, ба ҳамагон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, навҷӯию тозакорӣ ва расидан ба дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва  эҷодиро таманно  менамоям.  

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Роҳбарияти Олии кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба  рушд ва  пешрафти ин соҳаи ҳаётан муҳими ҷомеа пайваста ғамхориҳо зоҳир менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016, инчунин дар ҷаласаҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрию мулоқотҳо ва зимни сафарҳои корӣ ба манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳри рушди босуботи соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор, ҳамзамон дар рушди нерӯи инсонӣ ва тараққиёти давлат нақши калидӣ ва саҳми бевосита доштани кормандони соҳаро борҳо зикр карда, дастур додааст, ки “Дар шароити кунунӣ баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф  мебошад”.

Дар ин раванд, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати таъмини рушди соҳаи илму маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он пайваста тадбирҳои ҳадафмандро роҳандозӣ намуда, ҷиҳати вусъат бахшидани амалигардонии барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи илму маориф, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, дониши хонандагону донишҷӯён,   ҳамзамон   мустаҳкам   кардани   заминаҳои   моддӣ-таълимӣ  ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот, дастгирию ҳавасмандсозии олимону омӯзгорони эҷодкор ва хонандагону донишҷӯёни аълохон, корҳои мушаххасро ба анҷом расонида истодааст.

Аз ин рӯ, мо бо камоли боварӣ ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаҳои касбии омӯзгорон, майлу рағбати ба дониш, илм ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷӯҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, итминон дорем, ки соли нави таҳсил ва ҷашнҳои фархундаи дар пешистодаро кормандони соҳаи илму маорифи вилоят бо навҷӯию тозакорӣ ва дастовардҳои назарраси меҳнатӣ, илмиву омӯзгорӣ ва эҷодӣ  истиқбол мегиранд.

Дар робита ба ин тамоми алоқамандони соҳаи илму маориф, падару модарон ва сокинони вилоятро ба оғози соли нави таҳсили 2017-2018, Рӯзи донишу дарси сулҳ ва ҷашнҳои фархундаи дарпешистода табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, саодату сарбаландӣ, фазилатҳои неки илму адаб, дониш ва касбу ҳунаромӯзиро  таманно  менамоям.

Соли нави таҳсил ва Рӯзи донишу дарси сулҳ муборак, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11