ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР, 26 ИЮНИ СОЛИ 2017

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди фитр, ки рӯзи 26 июни соли ҷорӣ фаро мерасад ва онро мусулмонони ҷаҳон ҳамчун яке аз суннатҳои муътабар баъди як моҳи тоату ибодат ва рӯзадорӣ бо хушҳолии зиёд ҷашн мегиранд табрик менамоям.

Фаро расидани ин иди боэътибору муқаддаси мусулмонон дар арафаи ҷашнҳои фархундаву шоистаи миллат - 20 -умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 10 солагии таҷлили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» падидаи басо нек ва рамзӣ буда, имрӯз кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони вилояти Хатлон, корҳои созандагию бунёдкориро ба истиқболи ин ҷашнҳои арзанда вусъати тоза бахшидаанд. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти кишвар ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми мо барои зинда ва эҳё намудани анъана, расму оин, иду ҷашн ва суннатҳои миллию динии худ, озод ва бемамониат ба ҷо овардани ин ҷашну маросимҳо имконият ба даст овард.

Моҳи Рамазон моҳест, ки дар он Қуръони Карим нузул ёфтааст ва ин китоби муқаддас тарғибгарӣ инсондӯстиву адолат, покию ростӣ ва ахлоқи ҳамида мебошад. Дини Ислом ҳар як фарди мусулмонро дар ин моҳи шариф барои расонидани нафъи бештар ба аҳли ҷомеа ҳидоят менамояд. Аз ин ҷост, ки дар ин моҳ дар ибодату ҷамъомадҳо , ҳангоми ифтору намози таровеҳ панду насиҳат мавзӯи асосии суҳбати рӯзадорон ва ширкаткунандагони ин маросимҳо мегардад, ки он фазилати бузург аст.

Мардуми кишварамон ба қадри тавону дороии худ дар роҳи хайру эҳсон садақаи фитру закоти моли худро медиҳад ва ҳамеша барои анҷом додани амалҳои нек кӯшиш менамоянд. Мувофиқи ҳадисҳои набавӣ то он замоне, ки инсон чизи дӯстдоштаи худро ба бародараш раво набинад, муъмин намешавад.

Аз ин рӯ, муъминон дар баробари ибодату тақво бояд доим ба иҷрои корҳои хайру савоб майл дошта бошанд, ботини худро ҳамеша аз кинаву ғурур пок нигоҳ доранд, чунки инсон танҳо бо ҳамин роҳ метавонад ба мағфирати Худованд сазовор гардад.

Дар яке аз ҳадисҳои Ҳазрати Муҳаммади мустафо омадааст: «Аввал чизе, ки Худои таъоло дар тарозуи амал мениҳад, ахлоқи нек ва саховат аст»

Хайру садақа додан, эҳсону саховат кардан, дасти ятимонро гирифтан, дили ранҷурону дармондагон ва муҳтоҷонро ба даст овардан аз амалҳои басо неки инсонӣ, кушояндаи дарҳои савоб ва афзояндаи баракати умр мебошад.

Вобаста ба ин, бояд ҳар фарди мусулмон дар моҳи шарифи Рамазон ибодату тақвои худро бо амалу корҳои шоиста таҳким бахшида, аз аҳволи ятимону бепарасторон ғофил намонад ва руҳу дили худро аз ҳар гуна ғуруру кина озод гардонад.

Моҳи шарифи Рамазонро ба Шумо ҳамватанони азиз, бори дигар муборакбод  гуфта, орзумандам, ки он барои ҳамаи мо моҳи бурбориву, баракат, раҳмату мағфират, хайру саховат ва ҳамдиливу рафоқат гардад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11