ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ, БАХШИДА БА ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

Ҳамдиёрони азиз.

Таърихи рушди башар гувоҳ аст, ки аксарияти ҷашну идҳо ва маросимҳои мардумони олам маҳз дар ибтидои ҳамин фасли зебо, яъне баҳори сабзу хуррам баргузор мегарданд. Инак, ба сарзамини куҳанбунёди мо боз бузургтарин ва зеботарин ҷашни мардуми ориёинажод - Наврӯзи хуҷастапай бо қадамҳои сабзу насими ҷонбахш ва бо паёми тозаи рӯзу рӯзгори нав фаро расид. Накҳати тозаю ҷонбахши боди наврӯзӣ ба дилҳо шодию фараҳ бахшида, руҳу ҷонро болида мегардонад. Наврӯзи ҳуҷастапай ҳар як нафарро барои дӯст доштани табиат ва зиндагӣ дилгарм менамояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии кишвар тавассути талошҳои созанда ва эҳёгаронаи худ ба ин ҷашни бузурги аҷдодӣ симои ҷавону замонавӣ ва байналмилалӣ бахшида, ҳикмати онро ба ҷаҳониён ҳамчун иди ҷонбахши табиат, тозагию покизарузгорӣ ва некию накухоҳӣ муаррифӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро мутақоид намуд, ки Наврӯз иди ваҳдати табиату инсон аст.

Қабул гардидани Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳидаз 23 феврали соли 2010 дар бораи эътирофи Наврӯз ҳамчун ҷашни фарҳангӣ дар арсаи байналмилалӣ шаҳомати ин иди бузургро боз ҳам болотар бурд. Яъне, Наврӯзи Аҷам Наврӯзи олам шуд ва дар сар то сари ҷаҳон ин иди ниёгони мо бо шукӯҳи хоса пешвоз гирифта мешавад. Чуноне, ки Пешвои миллат таъкид кардаанд, «Наврӯз яке аз қадимтарин ва азизтарин ҷашнҳои миллии мардуми ориёнажод буда, бо мурури замон ба иди дар ҳақиқат халқӣ мубадал шудааст.

Ягон анъанаи наврӯзӣ аз ибтидои пайдоиш то кунун арзиши ахлоқӣ, фалсафӣ ва башардӯстиашро гум накардааст, баръакс бо мурури замон ин арзишҳо бо назардошти воқеияти пуртаззоди зиндагии мардумон ва кишварҳои мухталифи дунё, мухолифатҳову муноқишаҳо, ҳикмати муҳими гиромӣ доштани ҳаётро дар сайёраи Замин таҷассум мекунанд.

Наврӯз сар то сар шукуфоӣ буда, таҷассумгари ояндаи нек аст. ҷашнгирии тамоми идҳо аз Наврӯз сарчашма гирифта, иди бо ҳам гирд оварданҳост ва завқи мардумро баланд бардошта, онҳоро ба зебоипарастӣ тарғиб менамояд. Дар табиат ҷашн гирифтани Наврӯз ба инсон лаззати равонӣ бахшида, инсонро ба дӯст доштан, эҳтиром гузоштан ба қонунҳои инкишофи табиат ва ҷомеа водор месозад ва ин рӯзи нав талқин кардани дӯстӣ, меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, покӣ, софдилӣ, меҳнатдӯстӣ ва зери шиори «зиндагиро аз нав дидан» мардумро ба ҳам овардан аст.

Олимону шоирони гузаштаи мо бо иншои рисолаҳои пурарзиши илмӣ ва ашъори оламгир асрори ҳикматҳои Наврӯзро барои ҳамзамонону ояндагони худ кашф ва расму суннатҳои онро васф карда, ба ин тартиб эҳтирому муҳаббати мардумро ба Наврӯз ва пос доштани анъанаҳои наврӯзӣ ҳамвора афзудаанд.

Аз қадим расм шудааст, ки адибон, ровиён, паҳлавонон ва ҳунармандону пазандаҳо ҳунари худро дар сайргоҳҳо ва озмунҳои наврӯзӣ намоиш медиҳанд, зеро пирӯзӣ дар ин айём ифтихори бузург маҳсуб меёбад. Ва муҳимтар аз ҳама мардум дар айёми Наврӯз кинаҳоро аз дилҳо берун месозад, то ҷойи онҳоро шафқату меҳрубонӣ бигиранд, ба дармондагону нодорон дасти ёрӣ дароз мекунанд, то дар ғаму андӯҳ набошанд ва Наврӯзро ба хурсандӣ истиқбол намоянд.

Имрӯз мо аз он ифтихорманд ва дилпур ҳастем, ки аз шарофати сулҳу салоҳ ва ваҳдати миллӣ дар давоми чанд соли охир ҳисси худшиносию ҳувияти миллӣ, ифтихори ватандорию ватанпарастӣ, пос доштани мероси таърихию арзишҳои фарҳангӣ ва дарки масъулияти шаҳрвандии халқи тоҷик хеле пеш рафта, ҳамаи ин дастовардҳо моро зина ба зина сӯйи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш мебаранд.

Воқеан Наврӯз ва дигар оину суннатҳои миллии мо маҳз ба шарофати осори безаволи ниёгони бофарҳангамон ва зиёиёни баномуси имрӯзаамон зинда мондаву эҳё шудаанд. Ниёгони мо чаҳор унсури табиат - хоку бод ва обу оташро муқаддасу гиромӣ дошта, онҳоро манбаи ҳастии табиат ва инсон мешуморанд.

Имрӯз дар оғози ҳазорсолаи сеюм, ки бӯҳрони экологӣ шиддат гирифта, миллионҳо нафар сокинони олам аз он танқисӣ мекашанд, соли 2016 ташаббуси навбатии Тоҷикистон «Дар бораи даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор: 2018-2028» аз тарафи Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфт.

Мо аз он сарфарозем, ки Наврӯзи имсола дар баробари дигар афзалиятҳояш ба Наврӯзи покизагии муҳити зист ва истифодаи оқилонаи обу замин табдил ёфта, суннати аҷдодии моро мазмуни тоза мебахшад.

Бо ин ниятҳои нек халқи бофарҳанг, соҳибхирад ва сарбаланди вилоятро табрик намуда, орзу мекунам, ки Наврӯзи имсола ба хирмани деҳқон файзу баракат ва ба хонадони ҳар кадоми шумо саломатӣ ва саодат биёрад.

Хонаатон ободу дилатон саршори шодиҳои наврӯзӣ бод!

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11