ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ – ПАЁМИ СОЗАНДА

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 22-юми декабри соли 2016 ироа гардид, тамоми паҳлуҳои ҳаёти халқи мамалакатро дар бар гирифтааст. Дар ин ҳуҷҷати басо муҳиму саривақтӣ, созандаву бунёдгар фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, асосан дар даврони истиқлолият, мавриди арзёбӣ қарор гирифта, роҳҳои таъмин намудани рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат баён гардидааст.

Дар оғози Паём Президенти мамлакат аз фоҷиаи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ёдрас шудааст, зеро он барои мардуми Тоҷикистон оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои басо ҷонкоҳе ба бор оварда буд. Албатта, он чизе ки аз сари ин миллат гузашт, дар саҳфаи таърих солиёни зиёде боқӣ хоҳад монд. Ҳар як ҳодисае ки дар ҷомеа ба вуқӯъ меояд, он некаст ва ё бад бояд натиҷаи он ба самъи насли имрӯзаву оянда расонида шавад, то оқибати он барои пасояндагон дарси ибрат бошад.

Паёми мазкур бо мазмуну муҳтавои хоссаи хеш аз паёмҳои қаблии Сарвари давлат аз он ҷиҳат фарқ мекунад, ки дар он тамоми бурду бохти соҳаҳои гуногуни кишвар бо даҳ ё понздаҳ соли гузаштаи замони истиқлолият муқоиса карда шудааст.

Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш дар баробари дастоварду муваффақиятҳои дар даврони 25 соли Истиқлолият баамаломада, инчунин сабабу омилҳои қафомонии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатро низ зикр намуд.

Аз матни Паёми Сарвари давлат бармеояд, ки «дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтаанд». Шумораи аҳолӣ низ аз 5,5 миллион ба 8 миллиону 700 ҳазор нафар расидааст.Шукрона бояд кард, ки ҳамасола даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнат, андозаи нафақа зиёд шуда, сатҳи камбизоатӣ торафт паст гардида истода, дарозумрии мардум то 73,5 сол боло рафтааст.

Тавре ки ба ҳамагон маълум аст давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пеши худ се ҳадафи стратегӣ – раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ гузошта буд. Барои ноил шудан ба яке аз ин ҳадафҳо, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ мардуми Тоҷикистон заҳмати зиёде кашида, дар ин давра 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар сохта ба истифода дод, ки маблағи умумии он 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст. Натиҷаи ин ҳадаф ҳамин шуд, ки рафтуомади доимии нақлиёти мусофиркашу боркаш байни минтақаҳои гуногуни кишвар ва давлатҳои ҳамсоя таъмин гардид. Роҷеъ ба расидан ба ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ гуфтан мумкин аст, ки қариб расидаем. Имрӯз истеҳсоли «энергияи сабз» дар мамлакатамон ба 98 фоиз расида, бо мақсади ба ин ҳадаф пурра расидан дар ҷумҳуриамон 11 лоиҳаи давлатӣ бо маблағи 10 миллиард сомонӣ татбиқ гардида истодааст.

Аз муҳтавои Паёми Пешвои миллат бармеояд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ иҷрои чандин барномаҳои давлатӣ самараҳои нек ба бор оварда, баъзеи онҳо амалӣ гардида истодаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати беҳбудии ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандони мамлакат ҳамеша талош меварзад ва ин чиз дар матни Паёми ироакардаи Президенти мамлакат борҳо зикр гардида, барои амалишавии он маблағҳои зарурӣ низ пешбинӣ гардидааст. Ғамхории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар барои ноил шуданн ба зиндагии шоиста боз дар он зоҳир мегардад, ки дар баробари иҷрои барномаҳои давлатии қабулшуда, инчунин бобати некуаҳволии мардум боз ҳам барномаҳои нав ба нав қабул гардида истодаанд.

Шиносоӣ бо матни Паёми Президенти мамлакат нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ, маҳз аз ибтидои солҳои 2000-умсар карда, роҷеъ ба бунёдкориву созандагӣ, истеҳсоли маҳсулоти худӣ дар аксар ҷабҳаҳо босуръат тараққӣ карда, солҳои наздик ба давлатҳои рӯ ба тараққӣ рафта мерасад.

Барои амалишавии «Барномаи давлатии сохтмон, таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 600 миллион сомонӣ сарф гардида, як қатор муассисаҳои таълимӣ аз хонаҳои шахсӣ ва вагонҳо бароварда шуданд. Ёдрас бояд шуд, ки соли 2016  барои бунёду азнавсозии 201 бинои таълимӣ 540 миллион сомонӣ сарф гаридида,барои 39 ҳазор хонанда ҷойи нишаст муҳайё карда шудааст,ки ин амал дар беҳтар гардидани вазъи донишомӯзии хонандагон мусоидат хоҳад кард.

Боиси сарфарозӣ ва хушнудист, ки аксарияти арқоми дар Паёми Роҳбари давлат зикргардида нишондодҳои мусбат буда, он ҳама аз натиҷаи меҳнати содиқонаи халқи тоҷик гувоҳӣ медиҳанд. Зикр кардан бамаврид аст, ки то замони истиқлолият дар ҷумҳуриамон 13 муассисаи таҳсилоти олӣ бо теъдоди 70 ҳазор нафар донишҷӯ амал мекард, вале имрӯз шумораи онҳо ба 39 адад ва теъдоди муҳассилини онҳо ба 170 ҳазор расидааст. Ҳарчи қадар шумораи донишкадаву донишгоҳҳо дар мамлакат зиёд бошад, ба ҳамон андоза мутахассисони соҳаҳои мухталиф низ бештар тайёр мегарданд, ки ин ба раванди ба кадр таъмин намудани мамлакат мусоидат мекунад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бобати дастгирӣ ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 45 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Солҳо боз сокинони вилояти Хатлон аз вазъи хароби роҳҳои автомобилгарди байнишаҳрӣ дар ташвиш буданд ва ин масъала низ аз мадди назари Роҳбари давлат дур намондааст. Хушбахтона, аз суханронии Президенти мамлакат дарёфтем, ки соли 2017 роҳҳои мошингарди Душанбе – Қӯрғонтеппа ва қисматҳои алоҳидаи шоҳроҳи Кӯлоб – Дарвоз, Кӯлоб – Шамсиддин Шоҳин ва Шкев – маркази ноҳияи Дарвоз таҷдиду барқарор хоҳанд шуд.

Сарвари давлат дар Паёми хеш ба соҳаи сайёҳии мамлакат диққати махсус зоҳир карда, аз ҷумла зикр намуд, ки «ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони зиёда аз 80 кишвар низоми соддакардашудаи раводид ҷорӣ карда шудааст». Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ дар ҷумҳуриамон барномаҳои давлатӣ амалӣ гардида истодаанд.

Шукрона бояд кард, ки Тоҷикистон дорои табиати зебо, ҳайвоноти нодир, боду ҳавои мусоид, манзараҳои ҷолиб, чашмаю обҳои шифобахш, рустаниҳои дармонбахш, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, урфу анъанаҳои қадима, мардуми бофарҳангу меҳмоннавоз ва ғайра мебошад, ки ин ҳама диққати сайёҳони дохиливу хориҷиро ба сӯи худ мекашад.

Таъсис додани сохторҳои сайёҳӣ дар ҷумҳуриамон барои шаҳрвандони дохилию хориҷӣ басо муҳим ва зарур мебошад. Ҳамин омилҳоро ба назар гирифта Президенти ҷумҳурӣҲукумати мамлакат, вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро супориш дод, ки «бо мақсади боз ҳам рушд додани соҳа ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда, рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя, ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи сохтору мақомоти дахлдор ва омода намудани кадрҳои болаёқатро дар ин самт таъмин намоянд».

Аз нуктаҳои дар Паёми Сарвари давлат омада як рақам ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад ва он ҳам дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани 11 ҳазор ҷойҳои корист, ки сари ин масъала бояд мутасаддиён ҷиддӣ андеша кунанд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  ҷавонон аз бекорӣ ба кишварҳои дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, дар ҳоле ки дар дохили мамлакат  ин қадар ҷойҳои корӣ мавҷуд будааст. Суоле пайдо мегардад, ки оё ҷавонони бекори ҷумҳуриамон аз чунин ҷойҳои корӣ огоҳӣ доранд ё не? Мебоист, ки мутасаддиёни ин вазоратҳо мунтазам ҷойҳои кории худро тавассути матбуоту телевизион эълон намоянд. Тарғибу ташвиқ низ дар ин самт нақши бузург дорад ва онро бояд самаранок истифода кард.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот вазифаи аввалиндараҷаи кормандони соҳаи илму маориф дониста, таъкид намуданд, ки «дар ин самт натиҷаҳои муайян ба даст омадаанд, вале онҳо ҳанӯз қонеъкунанда нестанд».

Роҷеъ ба ин масъала натанҳо омӯзгорону кормандони илм, балки тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ бояд андеша кунанд, зеро бе маърифату бе саводу дониши зарурӣ ягон давлату мамлакат рушду тараққӣ нахоҳад кард. Аз рӯзномаю маҷаллаҳои даврӣ ва радиову телевизион ва умумандигар воситаҳои ахбори омма аён меардад, ки маърифати донишҷӯён, саводи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва умуман фарҳангумаърифати шаҳрвандони ҷумҳуриамон чандон қаноатбахш набуда, беҳбудӣ мехоҳад. Чунин вазъият Президенти мамлакатро водор намуд, ки дар Паёми хеш вазоратҳои меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф ва илм, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро барои зиёд намудани курсҳои омӯзишӣ барои калонсолон, ҷалби бештари аҳолии бекасб, бахусус, бонувону ҷавонон супориши мушаххас диҳад.Роҷеъ ба масъалаи тайёр кардани мутахассисони арзанда ва таълиму тарбияи насли наврас Роҳбари давлат дилсӯзона зикр намуданд, ки «барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем».

Тавре ки маълум аст, дар ҳар як шаҳру ноҳия, ҷамоату деҳаҳои ҷумҳуриамон ҳунармандони ҳунарҳои халқӣ зиндагӣ ва фаъолият менамоянд, вале эшон аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ қариб, ки ягон хел дастгирию ёрие намебинанд, ҳол он ки онҳо намунаи ҳунарҳои нодири бадеии халқиро аз устодони гузаштаи бо роҳи шогирдӣ омӯхтаанд ва агар бо онҳо чунин муносибат карда шавад, дар оянда ин ҳунарҳо аз байн рафтанашон мумкин аст.

Ин масъала низ мавриди таваҷҷуҳи Сарвари давлат қарор гирифт ва роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии омор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ҷиҳати ташкили ҷойҳои нави корӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ вазифадор намуд.

Гарчанде дар мамлакатамон бо воситаи раъйпурсии умумихалқӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шуда бошад ҳам, то ҳанӯз ин масъаларо ба куллӣ ҳалшуда набояд ҳисобид. Масъалаи мазкур бояд ҳамеша пеши назари ҳар як падару модар, омӯзгор ва умуман ҷомеа қарор дошта бошад. Ин масъала ҳам дар Паёми Президенти ҷумҳурӣ зикр гардид ва дар он аз ҷумла омадааст: «Аз устодону омӯзгорон ва падару модарон талаб карда мешавад, ки диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои азбар намудани донишҳои муосир ҷалб намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдӯстӣ тарбия намоянд».

Аз рӯзе ки инсоният худро шинохтааст, таълиму тарбияи фарзанд барояш вазифаи муқаддас ба ҳисоб меравад ва дар замони мо низ ин масъаларо пурра ҳалшуда ҳисобидан мумкин нест. То рӯзе ки инсоният дар рӯи Замин мавҷуд аст, ӯ ба таълиму тарбия ниёз дорад ва таълиму тарбияи фарзанд, умуман насли наврас, бояд вазифаи ҳаррӯзаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бошад.

Беҳуда нест, ки Сарвари давлат дар суханронии хеш ба илму дониш мақоми баланд дода, дар шароити муосир нақши калидӣ доштан ва ба рушду тараққиёти давлат мусоидат кардани онро зикр намуд.

Як нуктаро набояд фаромӯш созем, ки иқтисодиёти қафомондаро дар муддати кӯтоҳ баланд кардан метавон, вале маърифати қафомондаро дар муддати кӯтоҳ бартараф сохтан кори басо сангин аст. «Вақт рафт, нақд рафт», гуфтаанд бузургон. Агар насли наврас дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз илму донишҳои зарурӣ ба таври бояду шояд баҳравар нашуда бошад, ба гумон аст, ки ӯ онро дар макотиби олӣ ба даст биёрад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам дар миёни хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ мутахассисони арзанда хеле каманд ва ин натиҷаи ҳамон таҳсилоти сусти зинаи ибтидоист.

Ҳамаи ин масъалаҳоро ба назар гирифта, Сарвари давлатамон дар нутқи хеш тайёр кардани мутахассисони ҷавони арзандаро ба миён гузошта, соли 2017-ро дар ҷумҳурӣ «Соли ҷавонон» эълон карданд.

Аз эълон гардидани соли 2017 «Соли ҷавонон» бояд ҷавонони мамлакат масъулияти зиёде ҳис намоянд ва баҳри баланд бардоштани ҳисси миллии хеш, донистани забони модарӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ талош варзанд. Набояд фаромӯш кард, ки қадами нахустини худшиносии миллӣ ин ба таври шоиста омӯхтани забони модарист. Шахс дигар забонҳоро дар муқоиса бо забони модарии худ меомӯзад. Агар шахс аз нозукиҳои забони модарии худ бехабар бошад, ба гумон аст, ки ӯ дар омӯзиши дигар забонҳо комёб шавад.

Бинобар ҳар як ҷавони мамлакатро зарур аст, ки барои худшиносиву худогоҳии миллӣ талош варзад ва аз тоҷику соҳиби тамаддуни воло будани миллати худ ифтихор намояд. Вақте ки  шахс худшинос шуд, аз ӯ мутахассиси арзанда, ғамхори миллат ва фарзанди асилу содиқи Ватан ба воя мерасад.

Масъалаи дигаре, ки мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст, ин бесифат ва қалбакӣ будани дорую дорувориҳо мебошад. Ба Тоҷикистон низ 90 фоизи доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид мегардад ва ташхиси онҳо дар ҷумҳуриамон хуб ба роҳ монда нашудааст.

Ҷумҳурии мо дорои иқлими мусоид, макони гиёҳу рустаниҳои шифобахш буда, барои таъсиси корхонаҳои дорусозӣ бояд омода бошад.Тибқи маълумоти олимони гиёҳшинос дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 6,5 ҳазор намуди рустаниҳои дараҷаи олӣ мавҷуд буда, бештар аз 1,5 ҳазор намуди онҳо барои табобати беморон истифода мешаванд ва ё тавсия мешаванд. Танҳо дар як дараи Яғноб 150 хел рустаниву гиёҳҳои шифобахш мерӯяд, ки аз ин 120 намудаш хӯрданибоб аст.Таъсири ҳамин гиёҳҳои шифобахш будааст, ки мардуми суғдитабори ин водӣ,дар як гӯшаи кӯҳистони касногузарзиста, аз қадимулайём бе мавҷудиятибеморхонаву бе мутахасисони соҳаи тиб то ба имрӯз солиму тандуруст омада расидаанд.

Имрӯзҳо ба кӯчаҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ қадам зада кас шоҳиди он мегардад, ки аз мағозаи китобфурӯшӣ дида дорухонаҳо даҳчанд маротиба зиёд мебошанд. Агар мо ба дигар масъалаҳо диққат дода, ба китобу китобхонӣ, баланд гардидани фарҳангу маърифати шаҳрвандони ҷумҳуриамон таваҷҷуҳ нанамоем, корамонҳама об дар ҳован куфтан аст. Дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бозори китоб мавҷуд буда, мардум аз он ҷилд-ҷилд китобҳои дилхоҳашонро дастрас мекунанд, вале дар кишваримо, ба истиснои шаҳри Душанбе, дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мардум аз харидани китобҳои тозанашр маҳруманд. Онҳо фақат хабари китобҳои тозанашрро аз матбуот ва ё телевизион мефаҳманду халос. Оё бе маърифату дониши зарурӣ мо метавонем, ки мутахассиси арзанда, фарзанди содиқи Ватан, шахси худшиносу худогоҳ, соҳиби маърифату фарҳанги баландро тарбия намоем? Вақти он расидааст, ки дар қатори дигар маҳсулоти дохилӣ китобҳои дар анборҳои нашриётҳои ҷумҳурӣ солҳо боз хоббуда низдастраси мардуми тамомиТоҷикистон гардонида шаванд.

Масъалаи дигаре, ки боиси ташвиши Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст, амалҳои коррупсионӣ мебошад, ки, бадбахтона, дар қатори дигар кишварҳо дар Ватани мо низ ба назар мерасад. Амалҳои коррупсионӣ дар рушду тараққиёти мамлакат монеаҳои ҷиддӣ эҷод карда, боварии мардумро ба давлату Ҳукумати Тоҷикистон, ба ояндаи дурахшони мардуми ин сарзамин коста мегардонад ва бояд ҳарчи зудтар пеши роҳи ин амали нангину паст гирифта шавад. Боварӣ дорем, ки Паёми Сарвари мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз мавриди амали шаҳрвандони ҷумҳурӣ қарор гирифта, дар рушду нумӯъ ва пешравию тараққии соҳаҳои мухталифи кишварамон такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

 

Савсан Шарипова

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11