Паёми Пешвои миллат - барномаи амал дар самти рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ

    5 январи соли 2018 бо ибтикорӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав зери унвони «Паёми Пешвои миллат-барномаи амал дар самти рушди туризм ва ҳунарҳои мардумӣ» конференсияи илмӣ – назариявии вилоятӣ доир гардид. Дар кори конфренсия муовини раиси вилояти Хатлон, доктори илмҳои фалсафа, профессор Хидирзода М. У., аъзоёни Шӯрои байниидоравии рушди туризми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, роҳбарони ташкилоту муасисаҳои вилоятӣ, олимон, устодон, донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

   Кори Конференсияро муовини раиси вилояти Хатлон М. Хидирзода бо сухани ифтитоҳи ҳусни оғоз бахшида, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Соли рушди туризм ва ҳунарҳои миллӣ» эълон гардидани соли 2018-ро даъвати бузурге дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, иқдоми наве дар такмили худшиносии миллӣ ва саҳифаи нави муаррифгари тамадуну фарҳанги миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ арзёбӣ намуд.

     Аз рӯи масъалаҳои рӯзнома Асроров Зокир - номзади илмҳои иқтисодӣ, мудири кафедраи назарияи иқтисоди Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Паём дастури раҳнамосоз дар самти сайёҳӣ», Бобоев Беҳруз - котиби Шӯрои байниидоравии рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар мавзӯи «Нақши Шӯрои байниидоравӣ дар таъмини рушди туризм дар вилояти Хатлон», Саймӯъминов Аҳлиддин- номзади илмҳои таърих, декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав дар мавзӯи «Ҳунарҳои миллӣ муаррифгари фарҳанги миллӣ», Аҳмадов Шамсулло- ноиби ректори Донишгоҳи тибби Хатлон дар мавзӯи «Объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва рушди туризми таърихӣ дар вилояти Хатлон» маърӯзаҳои пурмуҳтаво намуданд.  

   Кори конфренсияро муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар ҷамбаст намуда, таъкид намуданд, ки рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар натанҳо манбаи болоравии сатҳи иқтисодию иҷтимоии хоҷагии халқ, балки муаррифгари тамаддуну фарҳанги миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад ва вазифаи ҳар яки мо –афроди ҷомеа аз он иборатаст, ки дар самти амалишавии ин иқдом саҳмдор бошем.  

 

 

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11