ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ КАСБИИ ОМӮЗГОРОН

Устодон  ва  омӯзгорони  гиромиқадр!    

Иди касбии омӯзгорон, ки ҳамасола таҷлили он ба якшанбеи якуми моҳи октябр рост меояд барои аҳли илму зиё, омӯзгорону мураббиён ва дигар алоқамандони соҳаи маориф рӯзи фархунда буда, баҳри сазовор ва бо фатҳи қуллаҳои нави меҳнатӣ, илмӣ, эҷодию касбӣ, омӯзгорӣ  ва касбу ҳунарандузӣ ҷашн гирифтани он, дар сатҳи вилоят ва маҳал тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.  

Лозим ба ёдоварист, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро яке  аз  самтҳои афзалиятноки  сиёсати иҷтимоӣ эълон дошта, нисбат ба рушд ва пешрафти он   таваҷҷуҳу ғамхориҳо  зоҳир намуда, ба пешаи омӯзгорӣ пайваста арҷгузорӣ менамояд.

Аз ҷумла, дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 Пешвои муаззами миллат  аз  устодону омӯзгорон ва падару модарон тақозо  намуданд, ки «... диққати наврасон ва хонандагону донишҷӯёнро барои аз бар намудани донишҳои муосир ҷалб  намоянд, ба сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқ бештар таваҷ-ҷуҳ зоҳир кунанд, забонҳои хориҷӣ ва омӯзиши технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро ба роҳ монанд ва ба касбомӯзии шогирдону фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро дар рӯҳияи донишомӯзиву меҳнатдустӣ тарбия намоянд. »

Вобаста ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати таъмини рушди соҳаҳои илму маориф дар вилоят чораҷӯиҳои ҳадафмандро роҳандозӣ карда, ба мақсади вусъат бахши-дани раванди  амалигардонии  барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ, баланд бардоштани  сатҳу  сифати   таълиму тарбия ва донишандӯзии  хонандагону  касбомӯзии донишҷӯён, мустаҳкам намудани заминаҳои кадрӣ,  моддӣ-таълимӣ ва техникии муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот корҳои мушаххасро ба анҷом расонида истода, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҳамасола фароҳамсозии шароитҳои мусоиди кору зиндагӣ ва ҳавасмандсозии  олимону  устодон, омӯзгорону мураббиён ва донишҷӯёну хонандагонро ба роҳ мондааст.

Дар ин раванд, таъсис додани Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон дар соҳаи маориф, ҳамасола муқаррар намудани стипендияи раиси вилояти Хатлон  ба  теъдоди муайяни олимони  эҷодкор ва  донишҷӯёни  аълохони  муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбии вилоят, татбиқи имтиёзҳои муқарраргардида ба омӯзгорони ҷавон ва ҳавасмандсозиву қадршиносии олимону устодони  муассисаҳои таълимии ҳамаи намуди зинаҳои таҳсилот баҳри беҳдошти шароитҳои кору рӯзгори омӯзгорон ва таҳсили шогирдон  натиҷаи дилхоҳ дода истодаанд.

Аз ин лиҳоз, мо ба ақлу заковат, донишу маҳорат ва малакаи касбии олимон, устодону омӯзгорон,  майлу рағбати  ба илму дониш ва касбомӯзӣ доштаи шогирдон, таваҷҷуҳу масъулиятшиносии падару модарон ва самимона ба мактабу маориф рӯ овардани ҳамдиёрон умед баста, бо истифода аз ин фурсати муносиб  аҳли илму зиё ва маорифи вилоятро ба муносибати Иди касбии омӯзгорон табрику таҳният гуфта, ба  ҳамагон саломатию  рӯзгори нек ва дар иҷрои вазифаи муқаддас, пурифтихор ва масъулиятноки омӯзгорӣ,  комёбиҳои назаррас орзу менамоям.

Иди касбӣ муборак, омӯзгорони азиз!

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11