ПАХТАКОРОНИ ШАҲРИ САРБАНД АЗ ИҶРОИ НАҚШАИ ПАХТА БАРОМАДАНД

Пахтакорони шаҳри Сарбанд дар сатҳи вилоят аввалин шуда, аз иҷрои дурнамои ҷамъоварии ҳосили пахта бо сарбаландӣ хабар доданд.

Хоҷагиҳои пахтакор, ки шумораашон ба 24 адад мерасад, ба миқдори 2126 тонна тиллои сафед ғундоштанд, ки 101,2 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил дода, ҳосилноки ба ҳар га 22,2 сентнерӣ рост меояд.

Ба иттилои Н. Рустамов, мудири бахши кишоварзӣ хоҷагиҳои «Муҳаммадҷон», «Боҳтуробод», «Баракати Боҳтуробод», «Бобои Тилло» ва дигарон дар таъмини дурнамои истеҳсоли пахта, ки маҳсулоти содиротӣ ҳисоб мешавад, пешсафанд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11