Осорхона муаррификунандаи расму оини ниёгон

Пиракова Гӯлистон муовини директори осорхонаи вилоятӣ ба номи “Авасто”

Ҳар як халқу миллат таъриху тамадуни хешро дошта, баҳри омӯзишу ташвиқи арзишҳои фарҳангии худ аз роҳу воситаҳои мухталиф истифода мебаранд. Тоҷикон, ки яке аз халқҳои кадимаи дорои фарҳангу тамаддуни волои хос мебошанд, барои омӯзиш, омави гардонидани арзишҳо ва ҳифзи тамадуни хеш чораҳои заруриро меандешанд. Бозёфтҳои нодири дорои арзиши таърихие, ки аз ҷониби сокинони кишвар ва бостоншиносон гирд оварда шудаанд, дар осорхонаҳо нигоҳдорю тарғиб карда мешаванд. Бахусус, дар давраи истиқлолият бо кӯшишу заҳматҳо ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳқиқу ташвиқи арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик дар сатҳи баланд ҷараён гирифта, барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносии сокинони Тоҷикистон аз он ҷумла насли наврасу ҷавонон корҳои бузурге ба анҷом расонида шудаанд. Дар ин давра бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз навсозии муассисаҳои маданӣ-маърифатӣ дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, вилоят ва ҷумҳурӣ сохтмони биноҳои хуштарҳу замонавӣ бо услуби хоссаи миллӣ боиси боз ҳам мустаҳкам шудани мақому манзалати илму фарҳанг ва арзишҳои миллии тоҷикон гардид.

Осорхонаи таъриху кишваршиносии ба номи “Авасто”-и вилояти Хатлон аз соли 1982 бо қабули нахустин бинандагон ба фаъолият оғоз карда бошад ҳам, танҳо баъди ба даст овардани истиқлолият фаъолияти худро дар сатҳу сифати нав шурӯъ намуд. Соли 2011 бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осорхонаи мазкур дар бинои наву замонавӣ ва ҷавобгӯи хусусиятҳои осорхонадорӣ ба фаъолият оғоз намуд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон осорхона ба номи “Авасто” номгӯзорӣ гардид. Иморати мазкур дорои таҳхона ва ду ошёнаи барҳаво буда, дар ин ҷо барои таҳқиқ, нигаҳдорӣ, ва намоиши нигораҳо шароити хуб муҳайё карда шудааст. Ҳамчунин, дар иморати мазкур толори махсуси маҷлисӣ барои гузаронидани ҷаласаҳо, вохӯриҳо ва нишастҳои илмӣ-эҷодӣ мавҷуд аст, дар баробари ин фаъолияти самараноки кормандони осорхона ҳуҷраҳои кории алоҳида бо таҷҳизотҳои замонавии техникӣ мавриди истифода қарор доранд. Шароити хуби корӣ ба он мусоидат мекунад, ки тамоми кормандони осорхона бо дили гарм ба фаъолияти илмӣ- омӯзишӣ машғул шуда, барои ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва ташвиқу тарғиби мероси ниёгон аҳлона меҳнат намуда, кӯшиш мекунанд, ки дар муаррифии мероси ниёгон саҳми арзандаи хешро гузошта бошанд. Имрӯзҳо аз осорхона меҳмонони дохилию хориҷӣ дидан намуда, таасуротҳои неки худро дар китоби осорхона қайд менамоянд. Метавон гуфт, ки ҳайати коллективи осорхона дар ҷамъоварӣ, нигаҳдорӣ ва ташвиқи таъриху фарҳанги ниёгон саҳми назарраси худро мерасонанд.

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11