ОЗМУНИ ХОНАНДАГОН ТАҲТИ УНВОНИ “ҲУНАР - БЕҲ  АЗ КОНИ ЗАР”

  Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва эълон гардидани соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Кӯлоб таҳти унвони “Ҳунар- беҳ аз кони зар” миёни хонандагон озмун баргузор гардид.

 Рафти озмунро Саъбагул Валиева- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Барот Одинаев- директори муассисаи номбурда ва дигар шахсони расмӣ  баҳогузорӣ намуданд.

 Вобаста  ба низомномаи озмун хонандагон дар пухтани хӯрокҳои гуногун, маҳорати сарояндагӣ, навозандагӣ, наттоқӣ, тарроҳӣ ва рассомӣ миёни худ рақобат намуданд.

 Мақсад аз баргузории озмун ин тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ, тарбияи худшиносӣ, меҳнатдӯстӣ, шиносоӣ ба таъриху фарҳанги миллию умумибашарӣ ва зебоипарастист.        

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11