ОЗМУНИ ГРАНТҲОИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ЗАНҲОИ СОҲИБКОР

Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлонро эълон менамояд.

Вобаста ба ин аз занҳои соҳибкор хоҳиш ба амал бароварда мешавад, ки лоиҳаҳои худро ҷиҳати иштирок дар озмун барои гирифтани гранти раиси вилоят то рӯзи 3 августи соли 2017 ба унвони Комиссияи грантии вилоят, бо суроғаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати кор бо занон ва оила пешниҳод намоянд.

Тартиби қабул ва баррасии дархост:

Тартиби ба расмият даровардани шакли дархост тибқи замима муайян карда мешавад (намунаи дархост замима мегардад).

Қабули дархостҳо ҷиҳати иштирок дар озмун пас аз чопи эълон дар воситаҳои ахбори омма шурӯъ мегардад.

Дархост барои иштирок дар озмун пешниҳодшуда аз ҷониби Комиссия дар давоми ду моҳ пас аз анҷомёбии мӯҳлати қабули  дархостҳо баррасӣ мегарданд. Ҳуҷҷатҳои лоиҳаи грантии занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки ба озмун  пешниҳод шудаанду аз он нагузаштаанд, баргардонида намешаванд.

Дархостҳои тибқи намунаи муқарраргардида ба расмият дароварда нашудаанд, аз ҷониби Комиссия баррасӣ карда намешаванд.

Танҳо 21 (бисту як) лоиҳаи грантии беҳтарин маблағгузорӣ карда мешавад.

- 5 грант дар ҳаҷми 20000 (бист ҳазор) сомонӣ

- 11 грант дар ҳаҷми 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ

- 5 грант дар ҳаҷми 8000 (ҳашт ҳазор) сомонӣ

Ҳаҷми Грант мувофиқи харҷномаи воқеӣ ва корҳои ба нақшагирифташуда муайян карда мешавад.

Байни Раёсат ва занҳои соҳибкор, шахсони алоҳидаи воқеии вилояти Хатлон, ки лоиҳаҳои грантиашон дар озмун ғолиб омадаанд, оид ба татбиқи лоиҳаи грантӣ шартномаи тарафайн ба имзо расонида мешавад, ки дар он ӯҳдадориҳои тарафҳо ва шартҳои маблағгузории лоиҳа муайян карда мешаванд.

Муҳлати қабули дархостҳо барои иштирок дар озмун аз 3 июл то 3 августро дар бар  мегирад.

 

Намунаи дархост барои иштирок дар озмуни гранти раиси вилояти Хатлон оид ба дастгирӣ ва рушди соҳибкории занон барои солҳои 2016-2020

 

  1. Маълумот дар бораи соҳибкор

- Насаб, ном, номи падари соҳибкор (дар сурати мавҷуд будан);

- шарҳи ҳол;

- Суроға, рақами телефон, факс, почтаи электронӣ;

- Ҳуҷҷатҳои расмии тасдиқкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ (нусха);

- Маълумот дар бораи суратҳисоби бонкӣ ва қарздорӣ;

- Маълумотномаи нозироти андоз оид ба набудани қарз ва ӯҳдадориҳо;

- Маълумотнома аз  ҷои истиқомат, нусхаи шиноснома;

- Маълумотнома мухтасар дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ;

- оғози фаъолияти соҳибкорӣ;

- самтҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ.

2. Маълумот дар бораи лоиҳа

- Номи лоиҳа;

- Тавсифи лоиҳа ва асосноккунии масъала;

- Мақсаднок будани лоиҳа (мақсад бояд воқеӣ бошад);

- Вазифаҳои лоиҳа;

- Мӯҳлати татбиқи лоиҳа (на камтар аз 6 моҳ);

- Маблағи дархостшаванда;

- Макони амалигардонии лоиҳа;

- Саҳми соҳибкор;

- Буҷети лоиҳа дар барномаи ____

- Натиҷаҳои пешбинишавандаи татбиқи лоиҳа

 

 

Эзоҳ; Лоиҳаи грантӣ ба Комиссия дар шакли чопӣ ва электронӣ пешниҳод карда мешавад.

3. Нақшаи  татбиқи лоиҳа:

 

Номгӯи чорабиниҳо

Муҳлати иҷро

Шахси масъул

1

 

 

 

2

 

 

 

 

1. Ташкилот ва бонкҳое, ки Шумо барои дастгирии молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳа мазкур  муроҷиат  намудед ва ё дар нақша доред, ки барои амалисозии лоиҳаи мазкур муроҷиат намоед, номбар кунед.

2. Оё Шумо таҷрибаи истифодабарии воситаҳои молиявии грантиро доред? Агар ҳа  онро  тавсиф намед.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11