ОЗМУНИ «СОҲИБКОРЗАНИ МУВАФФАҚИ СОЛ»

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади баланд бардоштани мавқеи занону духтарон дар ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби занону духтарони хонанишин ба шуғлҳои муфиди ҷамъиятӣ, ба соҳибкорӣ ҷалб намудани занону духтарон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии занон ва рушди фаъолияти соҳибкории онҳо, баланд бардоштани фаъолнокии занон дар бахши иқтисодиёт, таъмини рақобатпазирии онҳо дар бозори меҳнат Озмуни «Соҳибкорзани маваффақи сол»-ро эълон менамояд.

Ба озмун соҳибкорзанони ботаҷриба ва занону ҷавондухтароне, ки нав ба соҳибкорӣ шуруъ кардаанд, фаро гирифта мешаванд.

Шартҳои иштирок дар озмун

Дар озмун соҳибкорзаноне, ки дар ин ҷода ба муваффақиятҳо ноил гаштаанд ва занону ҷавондухтароне, ки нав ба соҳибкорӣ шуруъ кардаанд, иштирок карда метавонанд.

Шуъба ва бахшҳои кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳо соҳибкорзанони намунавиро барои иштирок дар озмун пешниҳод менамоянд.

Дар озмун соҳибкорзанон метавонанд намунаи беҳтарин лоиҳаҳо ва дастовардҳои худро пешниҳод намоянд:

  1. Муаррифии соҳибкор
  2. Пешниҳоди лоиҳаи беҳтарин
  3. Видеоролик оид ба фаъолияти соҳибкорӣ
  4. Пешниҳоди маҳсулоти истеҳсолнамудаи худ
  5. Таъмини ҷойҳои корӣ
  6. Фарҳанги андозсупорӣ
  7. Фаъолияти эҳсонкорӣ (дастгирии ятимон, маъюбон, оилаҳои ниёзманд)

Тартиби гузаронидани озмун

Озмуни вилоятии «Соҳибкорзани муваффақи сол» тибқи Низомнома дар се давр сурат мегирад. Даври аввал аз 11-сентябр то 11-октябри 2017 дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти шаҳру ноҳияҳо бо иштироки соҳибкорзанони ботаҷриба ва занону ҷавондухтароне, ки нав ба соҳибкорӣ шуруъ кардаанд, гузаронида мешавад.

Даври дуюм аз 12-октябр то 12-ноябри соли 2017 ба муайян кардани беҳтарин соҳибкорзан дар шаҳру ноҳияҳо ва даври сеюми ҷамъбасти вилоятии озмуни «Соҳибкорзани муваффақи сол» моҳи декабри соли 2017 дар маркази вилоят, шаҳри Қӯрғонтеппа гузаронида мешавад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11