НИЁЗМАНДОН ДАСТГИРИ МЕЁБАНД

      Дар асоси Амри Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 10 феврали соли 2014, №АП-159 ҷиҳати дар арафаи иду ҷашнҳои миллӣ расонидани кӯмакҳо ба оилаҳои ниёзманд, фақирону муҳтоҷон, ятимону барҷомондагон, бепарасторон, мактаб-интернатҳо, пиронсолону оилаҳои камбизоат ва нафақахӯрон расонидани кӯмакҳои моддӣ, тибқи иттилои корманди шуъбаи оид ба корҳои дин дар Соли нави мелодӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорон ба хона-интернатҳо, пиронсолону маъюбон ва ятимон, муассисаҳои махсуси иҷтимоӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, қисмҳои низомӣ, оилаҳои камбизоат ва оилаҳои аз ду нафар зиёд маъюбдошта,  кӯмакҳои моддию молиявӣ дар маҷмӯъ ба маблағӣ  1,1 миллион сомонӣ  расонида  шуданд. Чунин иқдомҳо дар ҳама ҷашну маросимҳо идома меёбад.

 

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11