НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР РАЁСАТИ ТАНДУРУСТӢ

Дар толори маҷлисгоҳи филиали муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии хун дар шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон бо иштироки намояндагони васоити ахбори омма ва кормандону мутахассисони соҳаи тиб нишасти хабарӣ доир гашт.

Дар кори он сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон Сайдулло Маллазода оид ба дастовардҳои соҳаи тандурустӣ дар нимаи якуми соли ҷорӣ маълумот дода, ба саволҳои сершумори хабарнигорон посух гуфт.

Ба қавли С. Маллазода, давоми 6 моҳи соли 2017 213 нафар табибон ва 315 корманди миёнаи тиб аз курси такмили ихтисос ва ихтисосгирии аввалия гузаштаанд. Соли ҷорӣ аз тарафи комиссияи аттестатсионии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 372 нафар табибон ва аз ҷониби Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 429 нафар табибону кормандони миёнаи тиббӣ аз аттестатсия гузаронида шуда, ба онҳо дараҷаҳои тахассусии гуногун таъин гардид.

Дар анҷоми ҷаласа қайд гардид, ки кормандони васоити ахбори омма баҳри дарёфти маълумот оид ба нишондиҳандаҳои соҳа, аз ҷумла сохтмон ва баистифодадиҳии муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, воридоти таҷҳизот ва навовариҳои соҳаи тиб метавонанд ҳамеша ба тамоми рохбарони сохтори тандурустӣ муроҷиат намоянд. Дар самти мубодилаи ахбор ягон монеа вуҷуд надорад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11