НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ТАШАККУЛИ ТЕАТРИ ҚӮРҒОНТЕППА

Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Қӯрғонтеппа таърихи беш аз 70-сола дорад. Ин театр соли 1946 дар маркази вилоят дар заминаи театри халқии он солҳо амалкунанда таъсис ёфтааст. Баъди барҳам хӯрдани вилоят (соли 1947) то соли 1951 фаъолият карда, минбаъд боз ба театри халқӣ табдил дода мешавад.

Он солҳо дар театр намоишномаҳои «Тоҳир ва Зуҳро», «Найрангҳои Майсара», «Арӯси панҷсӯма» ва ғайра таҳия шуда, ҳунарпешаҳои машҳури ҷумҳурӣ Хайрӣ Назарова, Бегимсултон Алифбекова ва дигарон ҳунарнамоӣ мекардаанд. Баъди ташкил гардидани вилояти Қӯрғонтеппа соли 1979 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи театри халқӣ Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавӣ ташкил карда шуд, ки баъдтар ба тобеияти вилоят гузашт.

Баъди театри касбиро эҳё намудан мутахассиси театр Мурод Қурбоновро чун коргардон ба театри касбии шаҳри Қӯрғонтеппа фиристоданд. Маҳмадалӣ Раҳматуллоев чун роҳбари мусиқӣ, А.Юлдошев чун устоди рақс, Эргаш Самадов чун ҳунарпешаи маълумоти олидор ба театр омаданд. Бо тавсияи кумитаи ҳизбию комиҷроияи вилоят, Шокир Сафаров роҳбари театр таъин гардид. Ҳарчанд ҳайати эҷодии театрро ҳаваскорон ташкил менамуданд, аммо дар кору фаъолияти театр ба таври касбӣ тағйиротҳо дароварданӣ мешуданд, чунки театр акнун театри касбӣ буд.

Нависанда Зариф Ибод дар китоби худ «Кохи хунинин Вахшон» навиштааст, ки дар солҳои 80-ум ҳаваскорон аз театри халқӣ ба театри касбӣ гузаронида ва тамомкунандагони омӯзишгоҳи маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (имрӯза Рӯдакӣ) саркаширо намедонистанд, ҷонкоҳона кор мекарданд. «Ёд дорам, ки Мурод Қурбонов бо онҳо дар саҳни театри тобистонаи шаҳр ё клуби заводи пахта (Рӯзҳое, ки дар бинои театр таъмиру тармим мерафт) кор мекарданд. Онҳо аз корфармоии шабонарӯзии коргардон гоҳо ба ҷон меомаданд, аммо бе розигии ӯ корро тарк намекарданд. Як-ду ҳафтаи пеш аз супоридани намоишнома шабро дар театр рӯз мекарданд», - менависад З. Ибод.

Аз соли 1990 вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бад шудан гирифт ва дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон нооромиву бетартибиҳо ба амал омад. Бо вуҷуди ин коллективи эҷодии театр аз фаъолият намонду кори худро ба таври бояду шояд давом дод. Дигар аз шаҳри Душанбе коргардонҳо ба шаҳри Қӯрғонтеппа барои таҳияи намоишнома намеомадагӣ шуданд.

Соли 1989 ҳайати эҷодӣ ҳунарпешаи болаёқат Бурҳониддин Раҷабовро бо роҳи демократӣ роҳбари бадеии театр интихоб намуда буданд. Ӯ лаҷоми кори эҷодиро дар театр ба даст мегирад. Б. Раҷабов то ин вақт борҳо ёвари коргардонҳо буд, вале мустақилона асареро рӯи саҳна наоварда буд. Вай нахустин намоишномаи худро аз рӯйи асари «Фариштаҳо»-и Сиёвуш ба рӯи саҳна овард. Ба намоишнома бастакор Қ. Яҳёев оҳанг навишт ва рассом Х.Давлатов саҳнаро оро дод. Асар мавзӯи маданияти одами ҳозиразамонро дар бар мегирифт. Ин намоишнома дар озмунҳои касбӣ, аз ҷумла “Парасту” сазовори ҷоизаҳо гардид.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1979, ки театри касбӣ дар маркази Вахшонзамин аз нав эҳё гардонида шуд, ҳар сол мувофиқи нақшаи пешакии тартибдодашуда аз 3 то 5 намоишнома рӯйи саҳна оварда мешуд. Бояд гуфт, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба ин реҷа як дараҷа халал ҳам расонид. Ба ҳар ҳол, аз он сол то соли 2017 аз рӯйи асарҳои муаллифони тоҷик ва дигар халқҳо зиёда аз 120 намоишнома рӯйи саҳна оварда шуда, пешкаши тамошобинон гардид.

Дар саҳифаҳои таърихи муосири театр исми Ҳунарпешаҳои мардумии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев (роҳбари кунунии театр), Бурҳониддин Раҷабов (сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон), Меҳриннисо Ҳоҷибоева, ҳунармандони маъруф Азимов Акамат, Аюбов Маҳмадалӣ, Ашӯров Маҳмадризо, Давлатов Хайрулло, Маликова Бибимо, Муқимов Давлатҷон, Савзов Сайдалӣ, Сангимуродов Холмирзо, Саидов Отахон, Сатторқулов Хоҷамқул, Шарипов Муҳаммад, Шомуддинов Муҳаммад, Қуганов Талабшо ва ғайраҳо ҳамчун номбардорони театри мазкур сабт шудааст.

Бояд гуфт, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти кишвар аҳли эҷоди Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа ба бинои нави барҳаво кӯчиданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ҷараёни сафарашон дар шаҳри Қӯрғонтеппа дар маросими ифтитоҳи ин бинои хуштарҳ иштирок намуда, онро бо як ҷаҳон умед ба дасти ҳунарпешаҳо супурданд, то дар оянда беҳтарин намоишномаҳоро пешкаши тамошобинони хатлонӣ гардонанд.

Дар арафаи Рӯзи театри тоҷик, ки ҳар сол 7 ноябр таҷлил мегардад, мо ба ҳунармандони ин даргоҳ илҳоми бесарҳади эҷодӣ таманно дорем.

 

Ҳангомаи ИСМАТ.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11