НАҚШИ ҶОМЕА ДАР ТАШАККУЛИ МАФКУРАИ ЗИДДИКОРУПСИОНӢ

7 декабри соли 2017 бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав бо ибтикори Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонҳамоиш таҳти унвони «Нақши ҷомеа дар ташаккули мафкураи зиддикорупсионӣ» доир гардид, ки дар кори он сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаву бахшҳои дахлдори дастгоҳи раис ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят ҳамчунин аъзоёни комиссияҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон омӯзгорон ва донишҷуёни Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро муовини раиси вилояти Хатлон, Раиси Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Хидирзода Махфират Умар ҳусни оғоз бахшида таъкид намуд, ки дар давоми соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иродаи устувори роҳбарияти олии кишвар як қатор қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқи баҳри пешгирии коррупсия ва мубориза бар зидди он қабул гардидаанд.

Лозим ба ёдоварист, ки муқовимат бо коррупсия қисми таркибии сиёсати дохилии ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, таҳия ва татбиқи “Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” аз иродаи олии сиёсии Роҳбари давлат оғоз мегардад. Самаранокии муқовимат бо корупсия низ аз иштироки фаъоли тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, бахусус комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди амалигардонии он вобастагии зич доранд.

Сипас, Сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Носирзода Солеҳ Зокир, раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло, сармутахассиси бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ғаффорзода Давлатҷон ва сармутахассиси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш дар вилояти Хатлон Беҳрӯз Бобоев вобаста ба ин зуҳуроти номатлуб андешаронӣ намуданд.

Гӯшаи иттилоотӣ ва маводҳои ташвиқотию тарғиботии Комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон маърази тамошои иштирокчиён гузошта шуда, маводҳои иттилоотӣ тақсим карда шуд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11