Нақши занон  дар рушди  ҳунарҳои мардумӣ 

   Имрӯз дар толори “Кохи Ватан”-и шаҳри Қӯрғонтеппа Форуми якуми занони ҳунарманди вилояти Хатлон таҳти унвони “Нақши занон дар рушди ҳунарҳои мардумӣ” баргузор гардид.

   Дар қисми аввали Форум, ки таҳти роҳбарии муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид, ки дар Форум намояндагони илму фарҳанг занони соҳибкор ва фаъолзанон дар мавзӯи нақши занон дар рушд ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, бахусус чакану қуроқдӯзӣ, заргарӣ ва оиди дигар ҳунарҳои мардумӣ баромад намуданд. Дар нимаи дуюми рӯз Форум ба кори худ бо баргузории намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва муайян кардани соҳибкорзани муваффақ идома мебахшад.

   Тавре аз Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иттилоъ доданд, Форуми мазкур бо мақсади рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ ва муаррифии фарҳанги кишвар дар сатҳи ҷаҳони мебошад.

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11