НАҚШИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дирӯз ба шаҳри Сарбанд ташриф оварда буд, дар қасри фарҳанги шаҳр бо беш аз 500 нафар аҳолии маркази шаҳр вохӯрӣ доир намуд, ки мавзӯи онро Ваҳдати миллӣ ва нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ дар миёни ҷавононро дар бар гирифт.

Гуфта шуд, ки дар тули таърих Ваҳдат ба маъниву мазмунҳои гуногун ва тобишҳои мухталиф арзи зуҳур мекард, аммо ҳамеша як мазмуни аслии побарҷо дошт, ки асоси бунёди ҳастӣ ва саодати ҷомеаи башарӣ ва ҳар як инсон ба шумор мерафт. Дар баробари ин Ваҳдат боз мазмунҳоеро ифода намудааст, ки ба ягонагии сарзамини аҷдодӣ, муҳофизату таҳкими давлати миллӣ, озодию ободӣ ҳаммаъноянд, зеро бе Ваҳдати миллӣ ба даст овардани ин арзишҳо ғайриимкон аст.

Чунин вохӯриҳо бо сокинони деҳаҳои Боҳтуробод, Эшонободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» ва Зағертуту Вахши Ҷамоати деҳоти «Ваҳдат» низ доир гардиданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11