НАСЛИ ИСТИҚЛОЛУ СУЛҲУ ВАҲДАТЕМ, ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ – ҲАМОИШ

Дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамоиши гирандагони стипендияи Президентӣ, раиси вилоят ва донишҷӯёне, ки тибқи квотаи Президентӣ таҳсил менамоянд, таҳти унвони “Насли истиқлолу сулҳу ваҳдатем, пайравони Пешвои миллатем” баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардид.

Дар доираи ҳамоиш бо иштироки муовини раиси вилоят муҳтарам Хидирзода М.У., роҳбарияти Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, ҷавонон аз 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят роҳпаймоӣ, аксияҳои иттилоотӣ бахшида ба Соли ҷавонон, боздиди ҷавонон аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ташкил гардида, ба 8 нафар маъюбону бепарасторон кӯмакҳои моддӣ расонида шуд.

Ҳамчунин иштирокчиён аз фаъолияти Маркази ҷавонони ноҳияи Дӯстӣ дидан намуданд.

Бояд ёдовар гардид, ки иншооти мазкур моҳи августи соли равон бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.

Хамоиш (4).jpg

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11