НАМОИШ-ФУРӮШИ ЧОРВОИ ХУШЗОТ ДОИР ГАРДИД

11 ноябр бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Сарбанд ва ноҳияи Данғара намоиш-фурӯш ва музоидаи чорвои хушзот доир гардид, ки дар чорвопарварони ботаҷрибаи шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ширкат намуданд.

Чорвопарварон зотҳои гуногуни чорвои майдаю калони шохдор, асп ва паррандаро ба намоиш гузоштанд.

Бояд қайд намуд, ки чунин ташаббусҳо барои хушзот намудани чорво ва паҳн намудани он дар байни аҳолӣ аз тадбирҳои саривақтӣ буда, барои рушд ёфтани соҳаи чорводорӣ заминаи мувофиқ гузошта, дар омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва пурра сохтани бозори истеъмолии халқ бо маҳсулоти гӯштию ширӣ нақши муҳим мегузорад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11