МУҲАММАДМУРОД САРМУРАББӢ ШУД

    Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, паҳлавони номдори тоҷик, сармураббии дастаи мунтахаби ҷудо (Judo)-и Тоҷикистон таъйин шудааст. Ӯ дар ин мақом Фахриддин Раҳимовро иваз кард.

  “Дар мавсими имсола паҳлавонони мо дар риштаи ҷудо дар мусобиқоти мухталифи байналмилалӣ, монанди “Тоскулоҳи бузург” ва Гран-при, Ҷоми кушодаи Аврупо, қаҳрамонии Осиё, ки дар кишварҳои гуногун доир мешавад, иштирок мекунанд. Ба ҷуз ин, аъзои тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон моҳи август дар Бозиҳои осиёӣ дар Ҷакартаи Индонезия ва моҳи сентябр дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Бокуи Озарбойҷон ширкат хоҳанд кард”, - гуфт сармураббии нави дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон.

    Муҳаммадмурод Абдураҳмонов 29-уми ноябри соли 1986 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Устоди варзиши дараҷаи байналмилалист. Дар мусобиқоти гуштии ҷудо дар вазни аз 100 кило боло рақобат мекард.

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11