МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ИСТИФОДАИ ОБ ВА ТАШАББУСИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст».

Эмомалӣ РАҲМОН

Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи сарватҳои табиӣ моддаи алоҳида бахшида шудааст. Мутобиқи моддаи 13-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар бойгариҳои табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад». Яке аз чунин бойигариҳои табиӣ, ки захираи зиёди он дар сайёра ва кишвари мо мавҷуд аст, об мебошад ва он ба манфиати халқ истифода бурда мешавад.

Тибқи нишондодҳои оморӣ миқдори об дар кӯраи замин ба 1,4. 1018т баробар буда, аз он оби тоза 2.1015т-ро ташкил медиҳад. Дар як сол аз сатҳи замин 40 ҳазор км3 оби тоза xориҷ мегардад, ки инсоният 3,5 ҳазор км3 онро дар як сол истифода мебарад. Зиёда аз 28 ҳазор км3 он ба баҳрҳо рехта, як қисми он дар биёбонҳо нест мегардад. Қисмати зиёди об бо сабаби ифлос гардиданаш истифода бурда намешавад.

Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ бинобар хусусиятҳои ҷуғрофӣ ва иқлимии худ дорои пиряхҳои зиёд ва азим ба шумор меравад. Пиряхҳо танзимкунандагони оби дарё ва иқлим дар минтақа буда, қариб 6%-и ҳудуди кишварро ишғол менамоянд. Дарёҳои Тоҷикистон манбаи асосии пуршавии баҳри Арал ба шумор рафта, сарчашмаи таъмини кишварҳои поёноб мебошад. Аз сӯи дигар, соҳаи аграрӣ ва гидроэнергетикаи минтақаро бе онҳо наметавон тасаввур кард. Ҳисоби дарёҳои Тоҷикистон ба 928 мерасад, ки дарозии ҳар як беш аз 10 км ва дарозии умумии онҳо 28500 км аст. Масоҳати умумии кулҳои Тоҷикистон бештар аз 680 км2 -ро ташкил медиҳад. Тибқи нишондоди сарчашмаҳои муътамад дар ҳавзу обанборҳои Тоҷикистон 45,3 км3 захираи об мавҷуд аст. Захираи оби ошомидании кишвари мо 19,3 км3 -ро ташкил медиҳад. Манбаъҳои обҳои зеризаминӣ ба 51,2 км3 баробар аст. Вобаста ба нишондодҳои дар боло овардашуда Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад. Сарфи назар аз он ки Тоҷикистон дар саргаҳи пайдоиши обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад, вазъияти сол то сол мураккаб гардидани таъминоти аҳолӣ бо оби тоза, инчунин, нақши бузурги захираҳои обӣ дар рушди устувори иқтисодӣ ва манфиатҳои миллӣ ҳар як шаҳрвандро водор мекунад, ки дар ҳалли масъалаҳои мазкури минтақавию глобалӣ фаъолона саҳмгузор бошад.

Таҳқиқоти муҳаққиқон нишон медиҳад, ки дар қарни ХХ афзоиши аҳолӣ 3 маротиба ва талабот ба об 7 маротиба боло шудааст. Дар шароити муосир талабот ба оби тоза нисбат ба афзоиши аҳолӣ 2 маротиба зиёд гардидааст. Дар ин солҳо талаботи солонаи об аз 60 то 120 км3 зиёд шудааст. Аз ин ҷо маълум мегардад, ки вазъияти таъминоти аҳолӣ бо об, хусусан оби нушокӣ, боз ҳам мушкилтар шудааст.

Бо дарки саривақтии мушкилоти мавҷуда Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид шурӯъ аз оғози асри нав оид ба эълон намудани Соли 2003 – Соли байналхалқии оби тоза таклиф пешниҳод намуд, ки он аз ҷониби ҷаҳониён дастгирии комил ёфт. Дар партави суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин созмони бонуфӯз қарори махсус қабул намуд. Кӯшиш ва ташаббусҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он гардид, ки Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид солҳои 2005 - 2015-умро Даҳсолаи байналхалқии амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон намояд. Ҳамзамон, вобаста ба ҳалли мушкилоти дар соҳаи об ҷойдошта, Маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси навбатиро бо дастгирии 193 давлати дунё ҷонибдорӣ намуда, дар соли 2016 “Қатънома”-и Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор»-ро барои солҳои 2018 – 2028 ба имзо расонид.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон дар саргаҳи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дошта, истифодаи захираҳои обиро дар рушди устувори иқтисодӣ барои минтақа ва ҷаҳон ба мақсад мувофиқ медонад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи оқилонаи манбаъҳои обиро ҳамчун захираҳои гидроэнергетикӣ бо бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ҳамчун манбаи истеҳсоли барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза ба манфиати кишвар ва минтақа зарур мешуморад.

Диловаршо ИСОЕВ,

Дилшод ҚОДИРОВ

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11