Мулоқоти Д. Гулмаҳмадзода бо хонум Элизабет Миллард

Дар таърихи 10 феврали соли ҷорӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, сафири Иёлоти Мутаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Элизабет Миллард, Сардори Раёсати кор бо ҷомеаи сафорати ИМА, ҷаноби Ҷонстон Дугласро қабул кард.

Раиси вилоят аз ҳамкориҳои судманд бо давлати Амрико изҳори хушнудӣ намуда, оид ба рушду дастовардҳо дар ҷодаи иқтисодиёт, саноат, кишоварзии вилоят суханронӣ карда, дар бораи бунёди корхонаҳои хурду бузург, таъсиси ҷойҳои корӣ дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд, андешаҳои худро иброз дошт.

Хонум Элизабет Миллард сафири ИМА дар Тоҷикистон аз қабули гарму самимии раиси вилояти Хатлон арзи сипос намуда, афзуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамеша омодаи ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда дар айни замон ду лоиҳа оид ба “Саломатӣ ва ғизо” дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ва лоиҳа оид ба кишоварзӣ пешниҳод намудааст, ки барои баланд бардоштани сатҳи беҳдошт ва саломатии модару кӯдак кӯмак менамояд.

Дар поёни мулоқот раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода аз хонуми Элизабет Миллард ва ҳайати ҳамроҳонашон барои ташриф оварданашон ба вилояти Хатлон изҳори сипос намуда, иброз намуд, ки барои ҳамкориҳои судманд тамоми чораҳои заруриро меандешад.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11