МУЛОҚОТИ ГУЛМАҲМАДЗОДА Д. Қ. БО НАМОЯНДАГОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

3 марти соли 2017 раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д.Қ. гурӯҳи намояндагони Бонки Ҷаҳониро зери роҳбарии дар ҳузури худ пазируфт.

Дар вохурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д. Қ.- раиси вилояти Хатлон, Раҷабов Р. С- муовини раиси вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Бойматов Б.А.- мудири бахши робита бо кишварҳои хориҷии раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Саъдуллоев Ф. -мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ва аз ҷониби меҳмонон Хоулли Беннер ва Роб Вробель- сармутахассисон оид ба рушди иҷтимоии Бонки Ҷаҳонӣ, Радхика Сринивсан -мутахассиси пешбари Бонки Чаҳонӣ, Пол Куин Джадж -мушовири калон ва Қурбонов Собир -мушовири Бонки Ҷаҳонӣ, Юлия Камагаева –мутахассиси Бонки Ҷаҳони иштирок доштанд.

Зимни суҳбат Раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Д. Қ. таширфи меҳмононро ба вилояти Хатлон харамақдам хонда, аз дасгирӣ ва ҳамкориҳои судманди Бонки Ҷаҳонӣ дар самти маблағгузории соҳаҳои осебпазири хоҷагии халқи вилоят, бахусус соҳаи кишоварзӣ изҳори қаноатмандӣ намуд. Қайд кард, ки дар баробари бо дастгирии Бонки Чаҳонӣ бар по хестани соҳаи кишоварзии вилоят ва болоравии ҳосилнокии зироатҳо, имрӯз барои коркард ва нигоҳ доштани  маҳсулоти кишоварзӣ зарурат ба таъсис додани корхонаҳои хурди коркарди меваю сабзавот, ворид намудани таҷҳизот ва технологияи муосир, ташкил кардани анборҳо ва сардхонаҳо, таъсис додани корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тоза кадани заҳбуру заҳкашҳо, таъмиру азнавсозии насосҳои обкаш ва дар ин замина зарурат ба тайёр кардани кадрҳо, таъсис додани ҷойҳои нави корӣ пеш омадааст, ки ба маблағ ва дастгириҳои молиявӣ ниёз доранд.

Дар баробари ин талабот ба ҷалби сармоя дар соҳаи маориф, тандурустӣ дар бахши сохтмони мактаб ва синфхонаҳои иловагӣ дар деҳот, ворид намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ, беҳтар кардани вазъи роҳҳои дохилиноҳиявӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ, беҳдошти инфрасохтор ва вазъи зиндагии аҳолӣ дар сатҳи  ҷамоатҳои деҳот низ ҷой доранд.

Дар рафти вохӯри байни тарафҳо мубодилаи саволу ҷавоб оид ба вазъи бакортаъминкунии шаҳрвандони муҳоҷираташон мавқуф ва боздошташуда, нақши шахсони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта дар пешравии умури диёр,  муносибати ҳамсоягӣ бо кишварҳои ҳамсоя, вазъи сарҳадот ва авзои сиёсӣ дар минтақа ва ғайра сурат гирфт.

Суҳбат дар сатҳи хуби корӣ самимӣ сурат гирифта, тарафҳо аз раванди он изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11