МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ МУҚОВИМАТ БО ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТАНДГАРОӢ

Бо ташабуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар китобхонаи оммави вилояти Хатлон ба номи Шамсиддини Шоҳин мизи мудаввар вобаста ба тақвияти фаъолияти кормандони зерсохторҳои маҳалии кумита дар муқовимат бо экстремизм ва тандгароӣ доир шуд.

Дар ин ҳамоиш намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати мамлакат, прократура, шуъбаи вазорати корҳои дохилӣ, маориф ва илм, кумитаи кор бо занон ва оила инчунин мудирони бахшҳои ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок доштанд.

Мизи мудаваро Фариза Абдулоева сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилоят ҳусни оғоз бахшида, сипас Амирбекзода Ҳабибибулло муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада аз ҷумла чунин гуфт: Пешвои миллат ба ҷавонон такяҳои зиёд сохтанд ва имрӯз ҷавононро мебояд нисбати ин обу хок бе тараф набошанд мутасифона ҳастанд базе ҷавононе, ки ба гурӯҳои ифротӣ шомиланд, ки ин боиси нигаронст.

Инчунин дар идомаи мизи мудавар Шарифзода  Шариф Муҳамадӣ намояндаи бахш оид ба корҳои дини вилояти Хатлон роҷе ба ташаббусҳои бе воситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сулҳу салоҳи сартосари ва дӯстдоштани ватану миллат назарашро баён намуда, қайд намуд, ки имрӯз ҷавонон бояд ин сарзаминро аз ҳар рӯз дида бештар дӯстдоранд ва арҷ гузоранд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11