МИЗИ МУДАВВАР ДАР МАВЗӮИ «АҲАМИЯТИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ БАРОИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН»

Бо ташаббуси Муассисаи давлатии осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи «Авасто» дар якҷоягӣ бо Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят 16 июни соли 2017 бахшида ба 20- солагии Ваҳдати миллӣ ва Соли ҷавонон дар мавзӯи «Аҳамияти Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор карда шуд.

Дар кори мизи мудаввар Шарифзода Фирдавс- сармутахасиси шӯъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи Осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндаи Раёсати фарҳанги вилоят, донишҷӯёну устодони колеҷҳои шаҳри Қӯрғонтеппа, кормандони осорхона, аъзои маҳфилҳои амалкунандаи назди осорхона ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Чорабиниро Директори осорхона ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки маҳз барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ буд, ки барои рушди босуръати иқтисодиёти кишвар ва пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ шароити мусоид муҳайё гардид ва имрӯз таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон Ватани мо бо қадамҳои боэътимод ба сӯи ояндаи дурахшони худ пеш рафта истодааст.

Баъдан Шарифзода Фирдавс- Сармутахасиси шӯъбаи таърихи бостон ва асрҳои миёнаи осорхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада оид ба заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ибрози андеша намуд.

Намояндаи Раёсати фарҳанг, кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, донишҷӯёну иштирокчиёни мизи мудаввар бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, оид ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сулҳу субот ва истиқрори Ваҳдати миллӣ, заҳматҳои зиёди сулҳофарин ва иродаи неки миллати тоҷик, кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва арҷгузории ҷавонон аз ин неъмати бебаҳо ибрози андеша намуданд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11