МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

1. Мутахассиси шуъбаи (қароргоҳи) дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб;

2. Мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилоят;

3. Мутахассиси пешбари шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят;

4. Сармутахассиси шуъбаи таҳлили иқтисодӣ ва таҳияи дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон;

5. Сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб;

6. Сармутахассиси бахши маркетинг ва сармоягузории Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон.

Талабот нисбати довталабон:

Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои маъмурии категорияи панҷум, шашум ва ҳафтум таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

- Сармутахассиси шуъба-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- Мутахассиси пешбар- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

- Мутахассис-

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муқарраршуда):

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6):

- тарҷумаи ҳол:

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот:

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ:

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 038 УЕ:

- нусхаи шиноснома:

- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ:

- маълумотнома аз мақомоти андоз дар бораи даромад ва амвол:

- билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд):

- нусхаи гувоҳномаи РМА (рақами мушаххаси андозсупоранда):

- маълумотнома (справка-обективка):

- маълумотнома аз ҷои истиқомат:

- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН):

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Индекс: 735140 шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи ба номи Н. Ҳувайдуллоев 1 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ошёнаи 3 утоқи 303-304;

Суроғаи почтаи электронӣ: kadrho@khatlon.tj, телефон 2-16-16, факс 2-46-11

Музди моҳонаи хизматчии давлатӣ

Сармутахассиси шуъба-774 сомонӣ;

Мутахассиси пешбар-639,5 сомонӣ;

Мутахассиси шуъба-522 сомонӣ.

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон то 21 рӯз мӯҳлат дорад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11