МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ЗЕРИНИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД

1. Мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

2. Мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

3. Мудири шуъбаи қароргоҳи дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб.

4. Мутахассиси пешбари шуъбаи (қароргоҳи) дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб.

5. Мудири шуъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

6. Мутахассиси шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

7. Мутахассиси шуъбаи кор бо занони Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

8. Сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб.

9. Сармутахассиси бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

10. Мутахассиси пешбари шуъбаи энергетика ва саноати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон.

11. Мутахассиси шуъбаи муносибатҳои молиявию қарзӣ ва мониторинги барномаҳои рушди Раёсати рушди иқтисод ва савдои вилояти Хатлон.

Талабот нисбати довталабон:

Барои ишғолкунандагони мансабҳои категорияҳои маъмурии мудири шуъба категорияи сеюм таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад:

-Мудири шуъба -4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Сармутахассиси шуъба-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Мутахассиси пешбар- 2 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-Мутахассиси-

Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда:

- ариза ба унвони раиси вилоят (шакли муқарраршуда);

- варақаи баҳисобгирии кадрҳо (бо ду дона расми андозаи 4х6);

- тарҷумаи ҳол;

- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;

- маълумот оид ба вазъи саломатии шакли 086 УЕ;

- нусхаи шиноснома;

- маълумот дар бораи надоштани доғи судӣ;

- гувоҳнома;

- билети ҳарбӣ

Суроғаи қабули ҳуҷҷатҳо:

Индекс: 735140 шаҳри Қӯрғонтеппа, кӯчаи ба номи Н.Хувайдуллоев 1 бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ошёнаи 3 утоқи 303-304,  Суроғаи почтаи электрони kadrho@khatlon.tj, телефон 2-16-16, фвкс 2-46-11

Музди моҳонаи хизматчии давлатӣ

Мудири шуъба-1040 сомонӣ

Сармутахассиси шуъба-774 сомонӣ

Мутахассиси пешбар-639,5 сомонӣ

Мутахассиси шуъба-522 сомонӣ

Қабули ҳуҷҷатҳо:

Баъди нашри расмии эълон то 21 рӯз мӯҳлат дорад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11