МАОРИФ ГУРӮҲИ НАВИ КОРӢ ТАЪСИC ДОД

Тибқи моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар “Дар бораи маориф” забони асосии таҳсил дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ мебошад. Дуруст аст, ки давлат ба шаҳрвандон интихоби забони таҳсилро кафолат дода, ба забони модарии онҳо гирифтани таҳсилоти умумиро таъмин менамояд, вале дар баробари ин, омӯзиши забони давлатӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ бо ин забон ҳатмӣ дониста мешавад.

Ба мақсади иҷроиши меъёрҳои муқаррарнамудаи қонуни мазкур аз ҷониби Раёсати маорифи вилояти Хатлон гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки бо вазъи риояи забони давлатӣ дар як қатор муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо шинос хоҳанд шуд.

Гурӯҳ муваззаф гардидааст, ки дар муддати муайян камбудиҳоро ошкор намуда, барои ислоҳи онҳо кӯмак расонад.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11