МАМНӮЪГОҲИ ТАЪРИХИЮ ФАРҲАНГИИ ҲАЗРАТИ СУЛТОН УВАЙСИ ҚАРАНИИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳазрати Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг дар тарбияи маънавии ҷомеа саҳми арзандаи худро гузошта, баҳри баланд гардонидани маърифату фарҳангдӯстӣ ва ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавии мардум хизмат расонида истодааст. Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангӣ 18 августи соли 2004-ум ҳамчун ёдгории таърихӣ ташкил ёфта, масоҳати умумии мамнуъгоҳ 30 га мебошад.

«Шинохти таърих ва ҳикмату фарҳанги оламгири ниёгон ба хотири муаррифии мақоми ҷаҳонии миллати мо мебошад. Он дар худогоҳӣ ва ҷустуҷӯи таърихи миллии тоҷикон марҳилаи тозаро ба вучуд овардааст. Мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабаби бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро эътиқод ва эътимод доштан ба таърих, фарҳанг ва адабиёт такягоҳи устувори миллат ба шумор меравад». (китоби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, «Чеҳраҳои  мондагор»)

Дар фосилаи беш аз 26 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҷомеаи кишвари мо ба дарки ин нуқта расидаанд, ки ҳанӯз аз оғози ба ҳайси Роҳбари давлат -баргузида шудани Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷӯҳ ба эҳёи суннатҳои фарҳангии куҳан, гиромидошти шахсиятҳои барҷаста ва тамаддуни миллии мо ба сифати яке аз рукнҳои муҳими сиёсати давлатдорӣ ва омили таҳкимбахши худшиосии миллӣ қарор гирифтааст.

Имрӯзҳо мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳазрати Султон Увайси Қарании ноҳияи Ховалинг ба зиёратгоҳи  хосу ом мубадал гардидааст.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11