Мавзӯи сохтмон дар публитсистикаи Бахтиёр Муртазо Шарипов Сангимурод ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Дар публитсистикаи Б. Муртазоев мавзӯи сохтмон мақоми хосаро ишғол менамояд. Ҳарчанд адиб ба ин мавзӯъ дар раванди фаъолияти эҷодиаш пайваста эътибор додаст, аммо дар се давра таваҷҷуҳи ӯ ба он бештар будааст. Давраи аввал ба замони шӯравӣ рост омада, ҷараёни корҳои сохтмони дар шоҳроҳи Байкалу Амур (БАМ)–ро фаро мегирад, давраи дуюм ба бунёдкориҳои солҳои истиқлолият-сохтмони «Нақби Истиқлол» ва давраи сеюм ба корнамоиҳои сохтмони неругоҳи обию барқии «Роғун» алоқаманд аст. Адиб дар инъикос ва тасвири ин мавзӯъ таҷрибаи ғанӣ дорад, нигоҳаш тоза ва услуби хоса аст. Ҳамчунин ҳар як давра бо вуҷуди хусусияти умда доштан, аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аммо дар ин мақола ба хотири маҳдудияти ҳаҷм ва мушахассияти андеша танҳо ба давраи аввал иктифо менамоеем.

 Бахтиёр Муртазоев ҳамчун публитсисти воқеъбину ҳақиқатнигор дар интихоби мавзӯъ, маърифати қаҳрамонон ва услуби баён шеваи хосеро молик аст. Ҳарчанд доманаи мавзӯоти нигоштаҳои ӯ фарох ва гуногун аст, аммо тасвири чеҳраҳои кору пайкор, инсонҳои бунёдкору созанда дар асарҳояш ҷойгоҳи махсус доранд. Аз ҷумла, дар очеркҳои ӯ «… тасвири корнамоиҳои бунёдкорони иншоотҳои замони нав» (8, 290) вижагиҳои хосеро соҳиб аст, ки аз қобилияти фавқулодда ва маҳорати баланди эҷодкор дарак медиҳанд. ӯ дар интихоб ва шинохти қаҳрамонҳояш мулоҳизакор, дурандеш ва ҷиддӣ буда, ба мавзӯъ назари фаррох дорад. Тавре Мурод Муродов менигорад: «Б.Муртазоев дар муносибат ба мавзӯъ басо эҳтиёткор аст. ӯ ҳамеша мавзӯъро бевосита мавриди омӯзиш қарор медиҳад, ҳамроҳи қаҳрамону персонажҳои асарҳояш ба макони ҳодисаҳо меравад, бо онҳо суҳбатҳо мекунад ва ба ин васила ҷиҳатҳоеро пайдо менамояд, ки барои хонданбоб шудани асарҳояш мусоидат мекунанд» (1, 151). Чунин тарзи муносибати муаллифро мо дар аксари маҷмӯаҳои очеркҳои адиб, аз ҷумла «Боғбони гули кӯҳӣ» (1974), «Ҷонбохтаи Роҳатӣ (1975), «Қасидаи бародарӣ» (1975), «Ман заминро дӯст дорам» (1977), «Чинор дар Солонӣ» (1981), «Эҳёи Бешканд» (1986) баръало мушоҳида мекунем.

Миёни ин маҷмӯаҳо «Қасидаи бародарӣ» ва «Чинор  дар Солонӣ» ҳосили сафарҳои мақсадноки адиб ба сохтмони азими аср аз ҷумла БАМ буда, пурра ба мавзӯи сохтмон бахшида шудааст. Мундариҷаи маҷмӯаи «Чинор дар Солонӣ»-ро шаш асар ташкил медиҳад, ки панҷтои он очерк аст. Очеркҳо аз ҷиҳати мавзӯъ ва муҳтаво ба ҳам қаробат доранд. Мавзӯи асосии тасвироти муаллиф раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур мебошад. Нигоранда дар ин очеркҳо кору пайкори нафаронеро мавриди инъикосу тасвир қарор додааст, ки дар ин сохтмони бузурги аср фаъолона ширкат варзида, баҳри пешрафти иқтисодиёти кишвар ҳиссаи арзанда гузоштаанд. ӯ дар шинохти қаҳрамонҳо ва тасвири меҳнати файзбори онҳо бисёр боандеша ва ботаҳаммул муносибат намудааст, кӯшиш кардааст, ки тавассути роҳу усулҳои гуногун хислату характери қаҳрамононашро ошкор намояд, часпу талошҳои онҳоро баҳри бунёдкориҳои кишвар нишон диҳад.Чунончи худи нависанда ёдовар шудааст: «… дар ин сохтмонҳо бо оне, ки меҳнати қаҳрамонона мекарданд, мулоқотҳо меоростам ва кору пайкори эшонро тасвир менамудам… Дар байни ҷангалистони анбуҳи Сибирзамин бо ҷавонони диёрам вохӯрдаам, дар хаймаҳои брезентии онҳо чой нӯшидаам, суҳбатҳо, баҳсу талошҳо кардаам ва дар фарҷоми ин  репортажҳо, мақолаю очеркҳоям таҳти  рубрикаи  «Номаҳо  аз Звёздний» дар саҳифаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» дарҷ гардидаанд» (1, 151-152).

Бахтиёр Муртазоев бо мақсади ҳаматарафа омӯхтани мавзӯъ, пурра фаро гирифтани фазову макон, хислату рафтор, феълу атвор ва муносибати қаҳрамонон борҳо ба мавзею макони ҷараёни корзори сохтмон рафта, чеҳраҳоеро интихоб кардааст, ки воқеан ҳам амалашон, масъулияташон, махсусан маҳорату малакаи кориашон барои тавсиф арзанда буда, ибрати дигаронанд. Қаҳрамонҳои очеркҳои «Гулхани Ния» Руслан Урумов, дӯстонаш Таймуразу Ғиёс, сарпрораби поезди монтажу бинокорӣ Валентин Петрович Куликов, роҳбари колоннаи механиконидаи 143 Виктор Василевич Волков, «Дар он ҷое, ки руди бахт ҷорист» сардори бригадаи дуредгарон Владимир Матвеев, бинокор Абдураҳим Салимов, қаҳрамонҳои очерки «Чинор дар Солонӣ» Владимир Нурматов, падараш Раҷаб Шокирович, саринжинери поезд Владимир Иванович Галактионов, очерки «Мероси падар» Абдусаттор Қаҳҳоров, дӯстон ва ҳамкоронаш Витя Мелников, Юра Погребной, сардори шуъбаи роҳи оҳан Сайфуллин, сардори бригадаи оҳану бетонрезӣ Виктор Бахрушев аз чунин хисоил бархурдоранд. Қаҳрамонҳои ин очеркҳо дар кори худ фидоӣ буда, дар лаҳзаҳои муҳимму ҳалкунанда чун шахсони доною ғайюр тасвир шудаанд. Ба таъбири Бобо Худойдодов «Қаҳрамонони ин очеркҳо меҳнатро асоси пойдорию инкишофи ҷамъияти инсонӣ, афзоиши насли одам, асоси аз фалокатҳо пешгирӣ кардани ҷамъият ва аҳли башарият медонанд. Онҳо ба ҷумлаи он одамони наҷибе дохил мешаванд, ки ҳаёту мамоти худро бе хушбахтии дигарон тасаввур карда наметавонанд» (4,12-13).

 Аз ҷумла, қаҳрамони очерки «Гулхани Ния», Руслан Урумов дар сохтмони БАМ вазифаи роҳбари звенои булдозерчиёнро ба дӯш дорад ва онро бо масъулияти баланд ва инсондӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ пеш мебарад. Симои ин қаҳрамон бо нишон додани лаҳзаҳои сафарҳои мақсаднок ба мавзеи сохтмон, вохӯриву суҳбатҳои ӯ бо зертобеон, масъулияти баланди меҳнатдӯстӣ, феълу рафтори накӯ, нияту мақсади пок ҷило ёфтааст. Мавриди зикр аст, ки ба сифати қаҳрамон интихоб шудани Руслан Урумов тасодуфӣ набудааст. Муаллиф борҳо бо ӯ вохӯрда, аз кору фаъолияташ воқиф гардида, хисоили ботиниашро дарк намуда, баъдан ба хулоса омадааст. Дуруст аст, ки на ҳамеша суҳбати сарироҳӣ, мушоҳидаҳои лаҳзаина барои ошкор намудани симои қаҳрамон мусоидат менамоянд. Бисёр воқеаву рӯйдодҳо тасодуфан ва ногаҳон ба вуқӯъ мепайванданд, ки бояд ба он баҳои воқеӣ диҳем. Қаҳрамони азмаш қавӣ, воқеан ҳам арзанда ва барои ҷомеа манфиатовар ба хонанда таъсири бештаре дошта метавонад. Ин ҳадаф ҳамеша  мадди назари публитсист Б. Муртазоев қарор доштааст.

Нависанда, дар асари мазкур ҷо-ҷо аз чунин шеваи кори худ дарак медиҳад. «Сафари дуюми ман ба Звёздний иттифоқ афтод. Бори аввал ба ин ҷо расо як сол пеш аз ин омада будам. Ҳамон дафъа тасодуфе шуду бо яке аз аъзоёни фаъоли бригадаи комсомоли Тоҷикистон, намояндаи райони Ёвон Руслан Урумов вохӯрда натавонистам. Ин дафъа орзу доштам, ки ба маркази БАМ-и Ғарбӣ Звёздний омада, пеш аз ҳама бо Руслан мулоқот намоям» (2, 4). Мақсади нигоранда, пайдо кардани қаҳрамон ва ошно шудан ҳақиқати ҳол буд, ки тасодуфе ба вуқӯъ пайваст. Ин лаҳзаро муаллиф дар ин очерк чунин тасвир мекунад: «Дар фурӯдгоҳи шаҳрчаи Усть-Кут, вақте ки бо ҳамсафаронам, шоирони тоҷик Мавҷуда Ҳакимова ва Мастон Шералӣ, интизори вертолёти деҳкадаи Звёздний будем, бо як прораби шинос вохӯрда Русланро суроғ кардам. -Ҳо, Руслан,- гуфт прораб хушҳолона,- дар Звёздний касе бошад, ки ӯро нашиносад. Ба гапам бовар кунед, қариб ҳамаи чор ҳазор нафар сокинони посёлкаамон ин ҷавони зиндадилро мешиносанд. Ҳоло Руслан дар колоннаи механиконидаи 143-и Звёздний роҳбари звенои булдозерчиён аст. Кораш бад нест. Худатон рафта дурусттар мефаҳмед…» (2, 4). Ин вохӯрии тасодуф барои кушодани чеҳраи қаҳрамон мусоидат кардааст. Прораб ба қаҳрамон низ баҳои мусбат медиҳад, ки публитсист  шояд онро  интизор набуд. Дарёфти чунин эпизодҳо дар боз ҳам мукаммалтар нишон додани чеҳраи  қаҳрамон аҳамияти хос доранд. Нигоранда ҷое қайд мекунад, ки мактубҳои зиёди мухбири дар БАМ буда, Саидхон Абдуллоев ӯро водор сохтааст, ки ин ҷавони серғайрату меҳнатдӯстро қаҳрамони очеркаш қарор диҳад. Шиносоии ғоибона очеркнависро ба ин мавзеъ овард, то воқеияти ҳолро бо чашмони худ бинад, фаъолияту корномаи қаҳрамони очеркашро амиқу жарфтар омӯзад ва барои тасвир заминаҳо пайдо созад. «Боре аз мактуби Саидхон огоҳ шуда будам, ки Руслан бо булдозераш як гурӯҳ бачаҳои танкеткасаворро аз чанголи ботлоқ раҳоӣ додааст. Ин рӯзи аввали кори бригадаҳои ҷангалбурӣ дар километри 25-ум ба вуқуъ омадааст. Саҳарӣ ҷавонони чор бригада тракторҳои чӯбкашро қабул намуда, барои аз чӯбҳои бурида тоза кардани шоҳроҳ ҳаракат доштанд. Трактори бригадаи Эстония аз бошишгоҳ тақрибан сад метр роҳ паймуда, вақти гузаштан аз ҷӯйчак оҳани зераш ба чизе сахт такон мехӯрад. Сонӣ трактор каме ҳаракат намуда, дар ботлоқ дармемонад. Агар дар ҳамин вақт Руслан бо булдозераш омада, трактори эстониҳоро аз ботлоқ кашида намебаровард, шояд онҳо хеле азият медиданд. Бачаҳои эстонӣ баъди ин ҳодиса Русланро чун бародари ҷонӣ хонда буданд…» (2, 5). Роҳнамоии дуруст ва андешаи самимии прораб нишон медиҳад, ки муаллиф дар интихоби қаҳрамон хато накардааст. Бо ин ӯ хостааст, ки кори як нафар шаҳрванди Тоҷикистонро дар симои Руслан нишон диҳад то дигарон донанд, ки ӯ ба атрофиён ғамхору дилсӯз ва кӯмакрасон аст. Муаллиф маҳз аз он хотир ба фаъолияти Руслан Урумов таваҷҷуҳ кардааст, ки кораш барои дигарон намуна буд.

Як хусусияти очеркҳои Б. Муртазоев дар он аст, ки муаллиф ҷараёни вохурӣ, суҳбат ва лаҳзаҳои аҷоибро хеле моҳирона ва бомаврид тасвир мекунад. Чунончи вохӯриву суҳбати онҳо бо қаҳрамони очерк ин тавр сурат мегирад: «…Шаби аввалини дар Звёздний буданамон ҳамроҳи Руслан ба соҳили дарёчаи Ния рафтем. Руслан дарҳол гулхан афрӯхт. -Аз ҳамлаи хомӯшакҳо наҷот медиҳад,- ба болои гулхани афрӯхтааш чӯбҳоро қала мекард Руслан. Ман ба таассуроти Звёздний банд шуда, ба ҳамлаҳои пайдарҳами хомӯшакҳо эътибор ҳам намедодам. Имрӯз вақти суҳбат бо роҳбари колоннаи механиконидаи 143 Виктор Василъевич Волков фаҳмида будам, ки булъдозерчиён Русланро ҳамчун сардори звено самимона эҳтиром мекунанд, ба суханонаш гӯш  меандозанд. Ман дар ҳайрат будам, ки ҷавони бистсола чӣ сон ба чунин обрӯю эътибор соҳиб шудааст. Коргарон охир ҳар касро ҳурмат кардан намегиранд. Суҳбати мо дар гирди гулхан, чи тавре ки мегӯянд, дарҳол қӯр гирифт. Руслан ҷавони хеле хушкаломест, гоҳ-гоҳ бо шеваи тоҷикони Ёвон ҳам сухан ронда, мусоҳибашро хурсанд мекунад, ба суҳбат як рӯҳи сабуки хушҳолӣ мебахшад» (2, 5). Ин суҳбат аз чанд ҷиҳат барои шинохти қаҳрамон ба муаллиф мусоидат кардааст. Аввалан, ӯро ҳамчун шахси меҳнатдӯст, дастгиру мададрасон мешиносад, баъдан сирру  асрори  ба муваффақиятҳо расидани ӯ ошкор мешавад. Солисан, услуб ва шеваи суҳбат имкон додааст, ки нигоранда дунёи маънавии  қаҳрамонашро кашф кунад.

Табиист, ки тамоми дастовардҳои меҳнатӣ ва пешравии кор аз ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву мадади ҳамдигарӣ ба даст меояд. Инсон бо ҳамин амали худ метавонад  диққати атрофиёнро ба худ ҷалб намояд ва онҳоро ба корҳои созандагӣ талқин созад. Русланро низ ҳамин гуна корҳо ба нанг оварда, меҳри ҳамдигардӯстиву шавқатро дар замираш эҳё сохтааст. Муаллиф чунин лаҳзаҳоро аз забони қаҳрамон ба таври зайл ёдрас мешавад: «Мана, ба шумо як ҳодисаро нақл мекунам, ки бо чашми худ дидаам. Намедонам, магар бо сабаби бедиққатии механизатор чунин ҳолат рӯй дод, ки як трактори бригадаи Литва ба лойдон афтода, дарҳол мотораш хомӯш шуд. Трактори ленинградиён ба ёрӣ омада, он ҳам аз ҳаракат монд. Ҳамин ҳолат ба трактори эстониҳо низ рӯй дод. Ниҳоят, тракторрони воронежиҳо расида омаду ҳамаро аз лойдон баровард. Ана, чунин мактабҳо дарад БАМ…» (2, 7).

Барои қаҳрамони очерки «Гулхани Ния» - Руслан Урумов фаъолият дар сохтмони БАМ мактаби бузурги ҳаёту рӯзгор аст. Сохтмон чашмашро ба дунё боз ва ҷаҳонбиниашро васеъ кард. Ҳамсафари зиндагиашро низ дар ҳамин ҷо пайдо намуд. Очеркнавис лаҳзаҳои хотирмони ҳаёти  қаҳрамонро хеле дилчасп тасвир мекунад. «Руслан дар гирди гулхан боз як воқеаи хурсандибахши ҳаёташро ҳикоя кард, ки ӯ дар ин ҷо бахту саодати поки худро дарёб намудааст. Ҳангоми кори худ дар минтақаи 52-юм бо Таня Алъфёрова ном духтараке шинос шуда, ба ӯ банди дилашро кушодааст. Таня аз Кроснодар омада ошпазӣ мекард, ба ҳамаи коргарони сарпрораб Куликов таом пухта медод. Тӯйи арӯсии Таняю Руслан моҳи июли соли гузашта дар километри 25-уми БАМ, дар соҳили дарёи Лена барпо шуд. Тӯе, ки натанҳо аз ёди навхонадорон намеравад, балки сокинони километри 25-ум низ онро ҳаргиз фаромӯш намекунанд» (2,7).

Ниҳоят муаллиф хулоса мекунад, ки иштирок дар сохтмони БАМ инсонро аз ҳама ҷиҳат ташаккул медиҳад. Зеро дар он тамоми фарзандони Иттиҳоди Шӯравӣ бо ҳам аҳлона фаъолият ва зиндагӣ менамоянд. Ҳамчунин ҳар ҷавонро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ ва ифтихормандӣ ба камол мерасонад, ки ин аз чанд ҷиҳат омӯзанда аст. «Аз шаб чанд посе гузашта бошад ҳам, гулхани мо дар соҳили дарёчаи Ния ҳамоно фурӯзон буд. Ман ба чеҳраи аз таъсири шуълаҳои гулхан сурхгаштаи Руслан дида медӯхтаму худ ба худ мегуфтам: БАМ чӣ шоҳроҳест, ки ҳамдиёри ман барин ҳазорон-ҳазор ҷавонони навхату навроҳро ба роҳи ҳақиқӣ ва мустақили рӯзгор ҳидоят мекунад…» (2, 7). Мутолиаи очерки мазкур нишон медиҳад, ки муаллиф ҳамеша меҳнату заҳматро шарафу бузургии инсон дониста, тамоми комёбиву муваффақиятҳоро самараи он меҳисобад. Симои Русланро пеши хонанда чун фарди баору номус ва меҳнатдӯсту комёб нишон медиҳад.

Дар очерки «Чинор дар Солони», ки қаҳрамонҳои марказиаш Владимир Нурматов ва падараш Раҷаб Шокирович мебошад, муборизаву талошҳои хастанопазири онҳо дар роҳи ободониву бунёдкорӣ хеле муассир тасвир шудааст. ӯ бо розигии падар ба ин сохтмони зарбдор омада, нерӯи бунёдкор ва созандагии мардуми тоҷикро нишон додааст.

Очерк руҷуи аҷоиб дорад. Тоҷикписароне, ки ба сохтмони БАМ мераванд, ҳамроҳи худ ниҳоли чинореро мегиранд. Ин ниҳол, ки дар яке аз мавзеъҳои сохтмон- деҳаи Солони шинонда мешавад, нишонае аз сохтмончиёни тоҷик мегардад. Ин амал, аз як тараф, аз азал ба ниҳолу боғ таваҷҷуҳ доштани мардуми тоҷикро фаҳмонад, аз тарафи дигар, нишонаи эҳтиром ба аҷдодон ва ҳурмати калонсолон аст. Ин тасвирҳо хоҳу нохоҳ ба рӯҳу равони хонанда бетаъсир буда наметавонанд ва онҳоро ба корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ бештар ҷалб менамоянд. «…Вақте ки Владимир Нурматов дар хона бору бунаашро баста ба сафар тайёр шуд, падараш Раҷаб Шокирович як бех навниҳоли чинорро ба дасти писараш дод. -Дар ҳар ҷое, ки манзил гирифтӣ, ҳамин чинорро сабзон. Чинор нишонаи қудрату бақост, -гуфт муйсафед. -Медонам, дар он ҷо дарахт бисёр. Вале мехоҳам, дар Шарқи Дур ҳам чинори тоҷик сабзад. Баъди коратро тамом карда ба Душанбе омаданат, дар он ҷо аз ту ёдгор монад» (2, 23).

Аввалин коре, ки  Володя дар ин макон анҷом дод, иҷрои васияти падар, шинонидани дарахти чинор буд. Дарк менамуд, ки бояд инсон дар ин дунё аз худаш чизе ба ёдгор монад ва ин ёдгорӣ дар амалҳои неку солеҳ, хусусан тарбияи дурусти фарзанд, сохтани пул ё роҳрав ва инчунин шинонидани дарахт, ифода мегардад. «Володя ҳам рӯзи нахустини дар деҳаи Солони манзил гирифтанаш, ки трести «Тоҷикстрой-БАМ» дар он ҷо фаъолият дошт, ҳикмати падарро иҷро намуда, чинорро дар канори дарёча ниҳол кард. Дар гирдаш аз шохаҳои хушк шиғ баст» (2, 23). Аз давраи наврасию ҷавонӣ Володя пастиву баландӣ ва зиндагии мардуми деҳоти гуногуни Тоҷикистонро дида буд. Ба фаъолияти ронандаҳо, ки нишебу фарози роҳу ағбаҳоро убур карда, мошин меронданд шавқаш афзун мегардид. Ба нотарсиву ҷасурии онҳо ҳайрон буд ва ин дар ҳаёташ ва тасаввуроташ бе таъсир намонд.

Иштирок дар сохтмони БАМ аз чанд ҷиҳат барои ҷавонон манфиатовар буд. Онҳоро дар рӯҳияи меҳнатдӯстӣ, муттаҳидию бародархондагӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ тарбия ва ба камол мерасонид. Инро қаҳрамони очерки «Чинор дар Солони» Володя ба хубӣ эҳсос ва дарк карда буд. Аз ҳамин хотир аз замоне, ки сохтмони роҳи шоҳроҳи Байкалу Амур оғоз шуд, дар бунёди он худро масъул ҳисобид. Бинобар ин яке аз аввалинҳо шуда барои иштирок дар ин сохтмон ариза навишт.

Ҳангоме муаллиф мехоҳад дар хусуси фаъолияти самарабахши Володя чизе нависад ӯ бо хоксориву фурутанӣ ҳамкораш Виктор Шалновро тавсия медиҳад. Аммо нигоранда ӯро бовар мекунонад, ки тасвири кору фаъолияти ӯ танҳо  ба  манфиати  садҳо  ҷавонони  дигар хоҳад буд. Бо ин роҳ муаллиф ба дунёи қаҳрамон ворид мешавад ва барои дарёфти матлаб роҳ меҷӯяд. Ин роҳ, пеш аз ҳама, мусоҳибагунае мешавад, ки нависандаро бо қаҳрамон наздик мегардонад. Ба саволи нахуст дар як баст  чанд маротиба овардани хок барои сохтмони устохонаи мошинҳо, муаллиф чунин посух мегирад: «-60-65 рейс мешавад -кӯтоҳакак ҷавоб дод Володя. Тирчаи спидометри мошини ӯ ҳамчун симоб ларзида, каму зиёд шудани суръатро нишон медод…-Падарам мегӯяд, ки ман ба бобоям рафтагӣ. Вай аспро дӯст медоштааст, бе асп зиста наметавонистааст. Ман бошам шавқманди мошин ҳастам, як соати умри худро бе мошин тасаввур карда наметавонам. Аслан агар гӯем, одамизод бе мошин ба ҳеҷ кор қодир нест. Бе мошин ба сохтмони БАМ ҳам ҷуръат карда намешуд» (2, 24). Ҷои дигар қаҳрамони очерк таъкид мекунад, ки дар сохтмони БАМ танҳо суръати корро техникаҳо вусъат бахшида метавонанд. Вале техника ҳам мисли инсон ба  нигоҳубин ниёз дорад. Ронандаи дурандеш аз чанд ҷиҳат узвҳои техникии мошинро пайваста  назорат ва таъмир менамояд. Мошинҳои бузург ҳастанд, ки ин гуна корҳои сохтмонӣ зудтар ба анҷом мерасанду ба инсон чун унсури муҳим хизмат мекунанд.

Муаллиф барои хонданбоб гардонидани очерк лаҳзаҳои ҷудогонаи шодиву ғамгинии ҳаёти қаҳрамонро ба риштаи тасвир мекашад. Симои қаҳрамонро ҷасуру нотарс, ватандӯсту ғамхор ва мубориз ба ноадолатиҳои замон тасвир мекунад, ҷои дигар саҳву хато ва муҳокимаҳои рафтори ӯ нишон дода мешавад. Яъне, очеркнавис бо ин мехоҳад таъкид созад, ки ҳамаи ин воқеаҳо дар ҳаёти ҳар шахс рух доданашон мумкин аст ва онро бо кадом роҳ метавон бартараф кард. Нигоранда барои то чӣ андоза ба зиддиятҳои зиндагӣ тобовар будан ва ба он сабру таҳаммул доштани қаҳрамонашро нишон додан, амалҳои ӯро таҳқиқ менамояд.

Дар очерк ҳолатҳое мавҷуданд, ки лаҳзае аз кору фаъолият ва зиндагии қаҳрамонро баён кардан барои муаллиф даст намедиҳад. Гоҳо чунин лаҳзаҳо аз ҷониби худи қаҳрамон баён мешавад, ки ин дар очерки мазкур дида мешавад. Воқеан, барои ҳар нафар дар аввал кор то андозае мушкил менамояд. Вақте ки корро омӯхт, иҷрои он осон мешавад. Пеш аз ҳама, ба худ боварӣ доштан, ба мушкилиҳо сабр намудан ва меҳнати софдилона кардан инсонро  ба мақсад  мерасонад. «…Рӯзи якуми ба кор баромаданамон нағз дар хотирам ҳаст. Аз бачаҳо як кас гуфт, ки оё дар ин ҷо деҳкадаро то охир сохта метавониста бошем. Ҳама ба ин ҷавони дудила чашм песонида  назар карданд. Ин нигоҳи бачаҳо ба ман маъқул шуд, хурсанд будам, ки аксари бачаҳои республикаамон қавирӯҳ ҳастанд, мувофиқи ҳамин қадар боварӣ, иззату эҳтироми халқ меҳнат мекунанд. Як ҳафта гузаштаю нагузашта фаҳмидем, ки ҳамдиёри дудилаамон аз ҳамлаи хомӯшакҳо тарсида гурехтааст» (2, 27). Сабру таҳаммули дурии ёру диёр, обу хоки сарзамин ва муҳити ноошно ба кас мушкил аст. Аммо қаҳрамони мо ба ҳамаи ин қаноат менамуд ва дар ин сохтмони муҳими давр фаъолона меҳнат мекард. Медонист, ки бунёди як мавзеи нообод барои ҳар фард хушбахтист. Бо мактубҳои ирсолнамудаи падару модар ва ҳамсараш худро таскин медод.

Дар қисмати охири очерк диққати хонандаро ба ниҳоли чинори овардаи Володя ба Солони равона менамояд. Дар ин кори муҳим мавқеи падари Володя Раҷаб Шокирович бештар падидор мегардад. Мактуби охири равонкардаи ӯ низ ҳамин нуқтаро дар бар мегирад. «Падарам боз мактуб навиштааст, ки аз чинор бохабар шавад, ду-се сол осеб набинад, шуд, сонӣ албатта маҳкам реша мегирад, хотиррасон кардааст ӯ. -Ростӣ, ки чинори диёрамон ҳам одам барин, -андеша меронад Володя, - соли аввал гузарад, дар хоки Сибир реша давонда, ба авҷ  қад мекашад. Мо ҳам агар ҳамин солро гузаронем, сонӣ одат мекунем, душвор намешавад. Дирӯз ба мактуби падарам ҷавоб фиристодам. Ба вай навиштам, ки чинори ба ман супурдааш дар лаби дарёчаи Солони сабзида, баргу шоха кардааст» (3, 27). Дар очерки мазкур Володя қаҳрамони ҷабҳаи меҳнат аст, ки дар сохтмони умумихалқии БАМ, ки бо кори ҳалолу масъулияти баланд шуҳратёр шудааст. Бо ин рафтор ӯ гуфтан мехоҳад,  ки танҳо меҳнати содиқона инсонро соҳиби обрӯву иззат мегардонад.

 Ба таъбири муҳақиқон А. Саъдуллоев ва П. Гулмуродзода «Нависандагони очерк сарнавишти одамонеро таҳқиқ мекунанд, ки бидуни таъоруф ва худхоҳӣ кори ҳаррӯзаи худро анҷом медиҳанд» (3, 30). Қаҳрамонҳои маҷмуаи очеркҳои «Чинор дар Солони» аз ин арзишҳои баланди инсонӣ бархурдоранд ва ҳар кадоме мувофиқи қобилияту маҳорати худ дар рушди ҷомеа саҳм доранд.

Калидвожаҳо: БАМ, очерк, тасвир, чеҳра, кор, публитсистика, қаҳрамон, таҳлил.

Мавзӯи сохтмон дар публитсистикаи Бахтиёр Муртазо

Шарипов Сангимурод

ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Дар мақола мавқеи раванди сохтмони БАМ дар публитсистикаи Б. Муртазоев мавриди таҳлил ва таҳқиқ қарор гирифтааст. Муаллиф дар заминаи таҳлили очеркҳои маҷмӯаи «Чинор дар Солони» тарзи интихоби қаҳрамонон, шинохти онҳо  ва чеҳрасозиҳои публитсистиро муайян кардааст. Ҳамчунин  чигунагии шаклу мундариҷа ва услуби баён мавриди баҳс қарор гирифтааст.

Тема строительства в публицистике Бахтиёра Муртазоева.

Шарипова Сангимурод

КТГУ имени Носира Хусрава

Статься посвещена изучению освещения процесса строительства БАМ- а в публицистике Б. Муртазоева. Автор на примере сборника очерков «Чинор в Солони» определил способа выбора героев, их изображения с точки зрения публицистике: А также рассмотрены содержание и стиль произведения.

Ключевые слова: БАМ, очерк, изоброжения, лицо, работа, публицистика, герой, анализ.

A theme oF constructioh ih Bakhtiyor Murtazoevs publitsistics.

Sharipov S.

KSU named after N Khusrav.

 This article analises B Murtazoev is publitsistics durihg BAM ‘s constructioh. The author on the bases of analises scetches of « Maple in Solon» collection, defined the way of choosing heroes, their introduction and their images.  There is also argues the forms, context and writing style.

Key words: BAM, scatches, image, description, matter, publitsistics, hero analises.

Адабиёт:

  1. Муродов М. Аз замон то замон / М. Б. Муродов. -Душанбе: 2010. – 246 с.
  2. Муртазоев Б. Чинор дар Солони / Б.Муртазоев - Душанбе: Маориф,1981. – 72 с.
  3. Саъдуллоев А., Гулмуродзода П. Ҳамосаи  инсони  кор / А. Саъдулло, П. Гулмуродзода. – Душанбе: 1995 – 64 с.
  4. Худойдодов Б. Суруди одамони  наҷиб / Б. Худойдодов - Душанбе: Ирфон, 1972. – 286 с.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11