КӮҲИ ХОҶАМУЪМИН

Намаки кӯҳи Хоҷамуъмин бо таъму сифат, мавқеи ҷуғрофӣ ва табиати нотакрори худ мақоми хос дорад. Он дар соҳили чапи дарёи Ёхсу воқеъ гардидааст. Сохти кӯҳ ба занбӯруғи азим шабоҳат дошта, гунбазаш дар рӯйи замин ва пояаш дар зери он ҷойгир аст. Умқи кӯҳ то ҳол тадқиқ нашудааст. Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин кони бузургтарини намак дар минтақа мебошад.

Номи кӯҳ - Хоҷамуъмин нисбатан нав аст. То ҳудуди Осиёи Миёнаро забт кардани арабҳо он кӯҳи Маҳатон ном дошт. Дар доманаҳояш аз қадимулайём одамони шуҷоу далер мезистанд. Бойигарии қиматбаҳо, киштаҳои ҳосилхез, боғу токзори файзбор овозаи ин сарзаминро ба ҳафт иқлим бурда буданд.

Аз кӯҳ беш аз 160 чашмаи шӯри об ҷорӣ мегардад. Олимони амрикоӣ кӯҳро таҳқиқ намуда, харитаи онро тартиб додаанд. Ба ақидаи онҳо, агар аз кӯҳи азим чашмаҳои шӯри намак ҷорӣ нагардад, қуллаи он бо мурури замон баланд мешавад. Чашмаҳои оби равон басо зебову аҷибанд. Онҳо аз умқи замин фаввора зада мебароянд. Дар таркиби оби ин чашмаҳо намудҳои гуногуни микроэлементҳо, инчунин пайвастагиҳои маъданҳои ҳалшуда фаровонанд, ки барои инкишофи ҷисмонии инсон ва ҳайвонот хеле зарур мебошанд. Аз ҳамин лиҳоз, оби ин чашмаҳо хусусияти табобатӣ низ доранд.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11