Кӯлоб. Чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ 

 Тибқи нақшаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб  дар боғи фарҳангӣ- фароғатии шаҳр  санаи 15 апрели соли равон Донишкадаи  технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар  шаҳри Кӯлоб чорабинии бошукӯҳи  фарҳангӣ баргузор  намуд.

 Ҷиҳати таҷлили Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ маҳсулотҳои омоданамудаи донишҷуён, аз қабили чакандӯзӣ, курпачадӯзӣ, рассомӣ, асбобҳои технологии  ҳозиразамон  ва дастовардҳои омӯзгорон  ба маъраз  гузошта шуд.

 Чорабинии мазкурро муовини ректори Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ Умарова Меҳринисо ифтитоҳ  бахшида   оид ба дастовардҳои Донишкада ва парки технологии Донишкада  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  суханронӣ намуд.

 Намоиши либосҳои миллӣ, аз ҷониби гулдухтарони факултети  дизайнерӣ, шеъру тарона ва  рақсҳои  дилошуб ба чорабинӣ  шукӯҳи тоза бахшид.

 

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11