КОНФЕРЕНСИЯ ДАР МАВЗУИ «РУШДИ САЙЁҲӢ ОМИЛИ ПЕШРАВИИ ИҚТИСОДИЁТИ МИЛЛӢ»

      Дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, дар мавзуи «Рушди сайёҳӣ омили пешравии иқтисодиёти миллӣ» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид. Дар кори конференсия намояндагони ташкилоту муассисаҳои марбута ширкат варзида, сари масъалаҳои мухталифи соҳа изҳори андеша намуданд. Муовини аввали раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар назди иштирокчиён баромад карда, оиди роҳҳои самаровар гардидани ин соҳаи муфиди ҳаёти иқтисодии кишвар, пешниҳодҳои муфиди хешро манзур сохтанд.

     Сипас иштирокчиёни конференсия мақбараи мутафаккири шинохтаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат карда, аз осорхонаҳою маконҳои таърихии минтақаи Кӯлоб, ба амсоли Қасри Шоҳони Хатлон, дидан намуданд.       

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11