КОДЕКСИ МЕҲНАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Кодекси мазкур муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои бевосита ба онҳо алоқамандро ба танзим дароварда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, муқаррар намудани кафолатҳои камтарини ҳуқуқ ва озодиҳо дар соҳаи меҳнат равона карда шудааст.

 

ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- азнавтайёркунӣ – шакли таҳсили касбии корманд, ки барои аз худ намудани касб ё ихтисоси дигар имконият медиҳад;

- аттестатсияи корманд – тартиби муайян намудани мувофиқати корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолнамудааш (кори иҷро менамудааш) бо роҳи арзёбии иҷрои уҳдадориҳои вазифавӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ;

- аттестатсияи ҷойи кор оид ба шароити меҳнат – низоми баҳисобгирӣ, таҳлил ва арзёбии маҷмўии баҳодиҳӣ ба омилҳои муҳити истеҳсолӣ, раванди меҳнати вазнин ва пуршиддат марбут ба ҷойи кори муайян, ки ба қобилияти корӣ ва саломатии корманд дар рафти фаъолияти меҳнатӣ таъсир мерасонанд;

- баҳси меҳнатии коллективӣ – ба мувофиқа нарасидани корфармоён (иттиҳодияҳои корфармоён) ва коллективи кормандон (намояндагони кормандон) оид ба масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилот, бастан ва иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин татбиқи муқаррароти Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

- баҳси меҳнатии фардӣ – ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд оид ба масъалаҳои татбиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шароити меҳнати дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда;

- бекорӣ – зуҳуроти иҷтимоию иқтисодие, ки ба набудани талабот ба қисми муайяни қувваи корӣ дар бозори меҳнат вобастагӣ дорад;

- бемории касбӣ – беморие, ки ба он корманд бар асари таъсири омилҳои хатарнок ё зараровари истеҳсолӣ гирифтор шудааст;

- бехатарии меҳнат – маҷмўи чорабиниҳо, ки барои таъмини ҳифзи кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равона шуда, таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолиро истисно мекунанд;

- бозори меҳнат – доираи ташаккули талабот ва пешниҳод ба қувваи корӣ;

- брон – банд кардани ҷойҳои кории холӣ барои гурўҳи муайяни шахсон;

- вазифа (мансаб) – мавқеи хизматии корманд, ки ба доираи уҳдадориҳо, ҳуқуқҳои вазифавӣ ва хусусиятҳои масъулияти ў вобастагӣ дорад;

- вайрон кардани интизоми меҳнат – аз тарафи корманд риоя накардани талаботи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот;

- вақти истироҳат – вақте, ки корманд дар давоми он мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ гардонидани манфиатҳои шахсӣ ва барқарор намудани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад;

- вақти корӣ – вақте, ки дар давоми он корманд тибқи қоидаҳои тартиботи дохилӣ, реҷаи корӣ ва ё шартҳои шартномаи меҳнатӣ уҳдадориҳои меҳнатии худро бояд иҷро намояд;

- вахта – фаъолияти меҳнатӣ берун аз ҷойи истиқомати доимӣ, ки ҳангоми он бозгашти ҳамарўзаи кормандон ба ҷойи истиқомати доимӣ таъмин карда намешавад;

- воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон – воситаҳое, ки барои пешгирӣ ва кам кардани таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истифода бурда мешаванд;

- воҳидҳо – коргоҳ, қитъа, бригада, шуъба, идора ва дигар воҳидҳои сохтории ташкилот;

- дағалона вайрон кардани интизоми меҳнат – ба ҷойи кор дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан, бе сабабҳои узрнок дар давоми рўзи корӣ зиёда аз 3 соат дар ҷойи кор набудан, қасдан вайрон намудан ё дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сўхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз он ҷумла марг ё ҷароҳати инсон, садама ё сўхтор гардидааст;

- дараҷаи тахассус – сатҳи омодагии умумӣ ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи ҳуҷҷатҳои тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида (аттестат, диплом, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои дахлдор) тасдиқ мешавад;

- дар ду (якчанд) ҷой кор кардан – тибқи шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробари кори асосӣ ва ё берун аз он иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии музднок;

- изофакорӣ – коре, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давомнокии вақти кории ҳаррўзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кории давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад;

- интизоми меҳнат – риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот;

- иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие, ки шаҳрвандонро вобаста ба манфиатҳои умумӣ дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳояшон муттаҳид менамояд;

- иттиҳодияи корфармоён – ташкилоти ғайритиҷоратие, ки корфармоён ихтиёрона барои намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзои худ дар доираи шарикии иҷтимоӣ таъсис медиҳанд;

- ихтисос – маҷмўи дониш, кордонӣ ва малакаи тавассути омодагии махсус ва таҷрибаи кории андўхташудае, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолияти меҳнатӣ дар доираи касби мазкур зарур аст ва бо ҳуҷҷатҳои дахлдор дар бораи таҳсилот тасдиқ мешавад;

- касб – намуди фаъолияти меҳнатие, ки донишу малакаи тавассути омўзиш ва таҷриба андўхташударо тақозо менамояд;

- кафолати ҳуқуқҳои кормандон ба ҳифзи меҳнат – шароит ва воситаҳое, ки ба корманд имконияти пурраи истифода бурдани ҳуқуқҳои тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро оид ба ҳифзи меҳнат медиҳанд;

- квота – ҳиссаи (қисми) ҷойҳои корие, ки ташкилот, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқӣ, барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба ҳифзи иҷтимоӣ эҳтиёҷ дорад, пешниҳод мекунад;

- кори мувофиқ – коре, ки онро шахс иҷро карда метавонад, ба ҷинс, маълумот, ихтисос, тайёрии касбӣ, собиқаи меҳнатӣ ва таҷрибаи корӣ, шароитҳои ҷойи кори охирин (ба истиснои корҳои ҷамъиятии музднок), вазъи саломатии ў мувофиқ буда, аз маҳалли зисти шахс начандон дур (на зиёда аз як соат дар роҳ) ҷойгир шудааст ва музди меҳнат барои он дар сатҳи на камтар аз музди меҳнати ҳадди ақали расман муқарраршуда кафолат дода мешавад;

- кори фосилавӣ (дистансионӣ) – шакли махсуси амалӣ намудани раванди меҳнат берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар раванди кор;

- корманд (корманди кироя) – шахсе, ки бо корфармо дар асоси шартномаи меҳнатии басташуда дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад;

- корманди мавсимӣ – корманде, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ дар тамоми давраи соли тақвимӣ корро иҷро карда наметавонад ва онро дар давраи муайяни мавсим иҷро мекунад;

- корманди хонагӣ – шахсе, ки корро (хизматро) дар хоҷагии корфармо - шахси воқеӣ иҷро менамояд;

- корманди хонакор – шахсе, ки корро дар хонаи худ ё ҷойи барои иҷрои кор мувофиқ бо меҳнати шахсӣ анҷом медиҳад;

- корфармо – шахси ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагиҳои он, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва шахси воқеӣ, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатиро доранд;

- қоидаҳои ҳифзи меҳнат – санади меъёрии ҳуқуқии дорои талабот оид ба ҳифзи меҳнат, ки иҷрои он барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми машғул шудан ба намуди муайяни фаъолият, аз ҷумла ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи иншоот, ихтирои мошин, механизм ва таҷҳизоти дигар, таҳияи равандҳои технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад;

- мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ – мақомоти давлатии идора ва танзими шуғли аҳолии қобили меҳнатбуда, ки сиёсати мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва ба шаҳрвандон таъмин намудани кафолатҳои давлатиро дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ амалӣ менамояд;

- меҳнат – фаъолияти инсон, ки барои ба вуҷуд овардани арзишҳои моддӣ, маънавӣ ва дигар неъматҳо равона гардида, барои ҳаёт ва қонеъ намудани талаботи инсон ва ҷомеа зарур аст;

- меъёрҳои меҳнат – меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасонӣ, шумора, супоришҳои бамеъёргирифташуда барои кормандон мутобиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технология, ташкили истеҳсолоту меҳнат ва барои гурўҳи алоҳидаи кормандон, бо назардошти омилҳои физиологӣ, ҷинсӣ ва синну сол;

- музди меҳнат – маҷмўи подошҳои бо воҳиди пулӣ ҳисобкардашудае, ки корфармо уҳдадор аст онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти корӣ дохил мешавад, пардохт намояд;

- музокироти коллективӣ – раванди тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим даровардашудаи гуфтушунидҳои коллективӣ, ки муносибати байни кормандон (намояндагони кормандон) ва корфармоён (намояндагони корфармоён) - ро ҷиҳати таъмини имконияти иштироки озодона дар ҳалли масъалаҳои танзими муносибатҳои меҳнатӣ ва шарикии иҷтимоӣ, муҳокимаи онҳо, тайёр ва бамувофиқарасонии лоиҳаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ба имзо расонидани онҳо таъмин мекунад;

- муносибатҳои меҳнатӣ – муносибати байни корманд ва корфармо, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба вуҷуд меоянд;

- мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат – аз тарафи корманд такроран вайрон кардани уҳдадориҳои меҳнатӣ дар давраи амали ҷазои интизомии ба ў татбиқшуда;

- мутахассис – шахси дорои таҳсилоти касбӣ, ки доир ба назария ва амалияи самти ихтисосаш дониш, малака ва маҳорати касбиро соҳиб шудааст, ки ба ў имконият медиҳад дар соҳаи муайян фаъолияти касбӣ намояд;

- мутахассиси ҷавон – шахсе, ки ба ташкилот баъд аз хатми шуъбаи рўзонаи муассисаи таълимии таҳсилоти касбӣ бо роҳхати муассисаи мазкур ба кор қабул шудааст;

- намояндагони кормандон дар ташкилотҳо (минбаъд - намояндагони кормандон) – шахсоне, ки аз тарафи коллективи кормандон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи манфиатҳои онҳо интихоб гардидаанд;

- намояндаи ваколатдори корфармо – роҳбари (муовинони ў) ташкилот (воҳиди таркибӣ) ё корманди дигаре, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корфармо ба ў ҳуқуқи қабули қарорҳоро, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқаманд бармеоянд, додааст;

- намояндаи иттифоқи касаба – роҳбари иттифоқи касаба ё шахси дигаре, ки мутобиқи оиннома (низомнома) ё бо қарори мақоми дахлдори иттифоқи касаба барои намояндагӣ ваколатдор карда шудааст;

- омили зараровари истеҳсолӣ – омили истеҳсолие, ки таъсири он метавонад боиси беморшавии корманд гардад;

- омили хатарноки истеҳсолӣ – омили истеҳсолие, ки таъсири он ба корманд метавонад боиси гирифтани ҷароҳат гардад;

- омилҳои истеҳсолии фаъолияти меҳнатӣ – шароитҳои техникӣ, санитарию гигиенӣ, истеҳсолию маишӣ ва дигар шароитҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд;

- омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнатӣ – андозаи музди меҳнат, давомнокии вақти корӣ, рухсатӣ ва дигар шартҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин созиши тарафҳо муайян намудаанд;

- рухсатӣ – вақте, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарти нигоҳ доштани ҷойи кору мансаб аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро бо хоҳиши худ барои фароғат, барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ ва қонеъ гардонидани дигар талабот истифода менамояд;

- санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) – санадҳои меъёрии аз тарафи мақомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии мақомоти намояндагии кормандон қабулнамудае, ки муносибатҳои меҳнатӣ ва дигар муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим намуда, дар ҳудуди ташкилот амал мекунанд;

- сафари хизматӣ – тибқи супориши корфармо ба муҳлати муайян ба маҳалли дигар барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ фиристодани корманд;

- созишнома – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатиро байни кормандон ва корфармоён ба танзим медарорад ва дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва соҳавӣ баста шудааст;

- соли корӣ – фосилаи вақте, ки ба давомнокии соли тақвимӣ баробар буда, барои ҳар як корманд алоҳида аз рўзи қабул ба кор ҳисоб карда мешавад;

- тайёркунии касбӣ – шакли тайёрии касбӣ, ки барои инкишофи иловагии шахс ва гирифтани малакаи нав барои иҷрои кори муайян зарур аст;

- такмили ихтисос – шакли таҳсилоти касбӣ, ки барои дастгирӣ кардан, васеъ намудан ва таҳкиму такмили дониш, малакаю маҳорати касбии қаблан гирифтаи корманд имконият медиҳад;

- тарафҳои шартномаи меҳнатӣ – корфармо ва корманд;

- таҷрибаомўзӣ – намуди истифодаи амалии донишҳои назариявӣ ва пайдо намудани маҳорату малакаи касбӣ бо роҳи шиносшавӣ ва иштирок дар фаъолияти ташкилот;

- фаъолияти истеҳсолӣ – маҷмўи амалҳои корманд бо истифода аз олоти меҳнате, ки барои табдил додани захираҳо ба маҳсулоти тайёр зарур буда, аз истеҳсол ва коркарди намудҳои гуногуни ашёи хом, сохтмон, иҷрои кор ва намудҳои гуногуни хизматрасонӣ таркиб меёбад;

- хизмати гражданӣ – фаъолияти касбии хизматчии гражданӣ оид ба иҷрои ваколатҳои мансабӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ равона гардидааст;

- хизматчии гражданӣ – ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои онҳо, амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд;

- ҳадди ақали музди меҳнат – маблағи пулии ҳадди ақали ҳатмии муқарраршудае, ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити муътадил, бо риояи давомнокии вақти кории муайяннамудаи Кодекси мазкур ва барои иҷрои уҳдадориҳои муайян ба корманд пардохт менамояд;

- ҳифзи меҳнат – низоми чорабиниҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, ташкилию техникӣ, санитарию гигиенӣ, табобатию пешгирикунанда ва барқароркунӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бехатарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории шахсро дар раванди меҳнат таъмин мекунад;

- ҷойи кор – ҷойи доимӣ ё муваққатии аз тарафи корфармо таъсисдодашудае, ки корманд дар раванди фаъолияти меҳнатӣ уҳдадориҳои меҳнатиашро иҷро менамояд;

- шарикии иҷтимоӣҳамкории иштирокчиёни муносибатҳои иҷтимоию меҳнатие, ки ба таъмини мутобиқати манфиатҳои кормандон, корфармоён ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона гардидаанд;

- шароити бехатари меҳнат - шароити меҳнате, ки дар он таъсири омилҳои хатарнок ва зараровари истеҳсолӣ ба кормандон истисно карда шудааст ё дараҷаи таъсири онҳо аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд намебошад;

- шароити меҳнат – шартҳои пардохти музди меҳнат, бамеъёрдарории меҳнат, реҷаи вақти кор ва вақти истироҳат, тартиби ҷобаҷогузории касб (вазифа), васеъкунии ҳудуди хизматрасонӣ, иҷрои вазифаи корманди муваққатан ҳузурнадошта, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, шароити техникӣ, омилҳои истеҳсолӣ - иҷтимоӣ ва дигар шартҳои бо созиши тарафҳо мувофиқашуда;

- шартномаи коллективӣ – санади ҳуқуқӣ, ки муносибатҳои иҷтимоӣ - меҳнатиро дар ташкилот ё соҳибкори инфиродӣ ба танзим медарорад ва аз ҷониби намояндагони корфармо ва кормандон баста мешавад;

- шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ (минбаъд - шартномаи меҳнатӣ) – созиши байни корфармо ва корманд, ки тибқи он корманд уҳдадор аст корҳоро аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст барои ҳамин кор ба корманд пурра ва сари вақт музди меҳнат диҳад ва шароити меҳнатеро, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад;

- шартномаи таҳсил – созиши хаттӣ байни корфармо ва корманд оид ба шартҳои таҳсил, гузаштани таҷрибаомўзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос;

- шартҳои махсуси кор – низом ва андозаи пардохти музди меҳнат, имтиёзҳо, низоми кор, муқаррар намудан ва ё барҳам додани вақти нопурраи корӣ, якҷоякунии ихтисос, тағйир додани дараҷа ва номгўйи вазифаҳо;

- шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ – занони ҳомила ва дигар кормандоне, ки дар тарбия ва нигоҳубиниашон кўдаки то чордаҳсола, кўдаки маъюб ва дигар шахсонеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, доранд;

- шуғл – ҳама гуна фаъолияти шаҳрвандони қобили меҳнат, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набуда, ба қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ ва ҷамъиятиашон алоқаманд мебошад ва ба онҳо даромад (музд) меорад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат фароҳам овардани шароити зарурии ҳуқуқӣ мебошад, ки барои ноил шудан ба баробарии манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои меҳнатӣ, рушди иқтисодӣ, самаранокии истеҳсолот ва баланд бардоштани некуаҳволии одамон равона гардидааст.

 

Моддаи 4. Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат инҳоянд:

- озодии меҳнат;

- манъи маҳдудсозии ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дар муносибатҳои меҳнатӣ;

- манъи табъиз, меҳнати маҷбурӣ ва истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок;

- таъмини ҳуқуқ ба шароити меҳнати ҷавобгўи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва гигиенӣ;

- афзалияти ҳаёт ва саломатии корманд нисбат ба натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ;

- таъмини ҳуқуқ ба музди мувофиқ барои меҳнат, на камтар аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат;

- таъмини ҳуқуқ ба истироҳат;

- баробарии ҳуқуқ ва имкониятҳои кормандон;

- таъмини ҳуқуқи кормандон ва корфармоён ба муттаҳидшавӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ;

- кафолати таъминоти иҷтимоии кормандон;

- шарикии иҷтимоӣ;

- танзими давлатии бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

- таъмини ҳуқуқи намояндагони кормандон барои назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат.

 

Моддаи 5. Озодии меҳнат

Ҳар кас ҳуқуқ дорад бе ягон табъиз ва маҷбуркунӣ меҳнатро озодона интихоб намояд ва ё ба меҳнат озодона ризоият диҳад, ба малакаи худ ба меҳнат ихтиёрдорӣ кунад, касб ва самти фаъолиятро интихоб кунад.

 

Моддаи 6. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ ба меҳнат

Ҳуқуқи ҳеҷ кас ба меҳнат наметавонад маҳдуд карда шавад, ба истиснои ҳолатҳо ва тартибе, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудаанд.

 

Моддаи 7. Манъи табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ

1. Ҳамаи шаҳрвандон ба меҳнат ҳуқуқи баробар доранд, табъиз дар муносибатҳои меҳнатӣ манъ аст.Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, роҳ надодан, афзалият гузоштан ё рад кардан аз қабул ба кор қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ки баробарии имкониятро дар меҳнат халалдор мекунад, манъ аст.

2. Фарқият дар меҳнат вобаста ба талаботи махсуси намуди муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки муҳтоҷи ҳимояи махсуси иҷтимоӣ мебошанд (аз рўи ҷинс, синну сол, норасоиҳои ҷисмонӣ, уҳдадориҳои оилавӣ, дараҷаи иҷтимоӣ ва фарҳангӣ), табъиз намебошад.

3. Шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ худро табъизшуда меҳисобанд, метавонанд ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 8. Манъи меҳнати маҷбурӣ

1. Меҳнати маҷбурӣ манъ аст, ба истиснои мавридҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

2. Меҳнати маҷбурӣ ҳисоб намешавад:

- коре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;

- коре, ки дар шароити ҳолатҳои фавқулода, ҳангоми зери хатар будани ҳаёт, амнияти шахсӣ ва ё саломатии аҳолӣ талаб карда мешавад;

- коре, ки дар натиҷаи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд талаб карда, таҳти назорати мақомоти ваколатдори давлатӣ, ки масъули назорати қонуният ҳангоми иҷрои ҳукми суд мебошанд, иҷро карда мешавад.

3. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ гузоштан мумкин нест.

 

Моддаи 9. Доираи амали Кодекси мазкур

1. Кодекси мазкур муносибатҳои зеринро танзим менамояд:

- меҳнатӣ;

- бевосита ба муносибатҳои меҳнатӣ алоқаманд;

- шарикии иҷтимоӣ;

- оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

2. Амали Кодекси мазкур, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад, ба шахсони зерин татбиқ мегардад:

- ба кормандон, аз ҷумла кормандони ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгирбуда, ки соҳибони молу мулк, иштирокчиён ва ё саҳмдоронаш шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд;

- ба корфармоён, аз ҷумла ба ташкилотҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгиршуда, ки соҳибони молу мулк, иштирокчиён ва ё саҳмдоронаш шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ мебошанд.

3. Бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани ҳуқуқ, озодӣ ва кафолатҳои бо Кодекси мазкур муқарраршуда манъ аст.

 

Моддаи 10. Санадҳои корфармо

1. Корфармо бо мақсади танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар доираи ваколатҳои худ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ санадҳо қабул менамояд.

2. Санадҳои корфармо, ки ҳолати ҳуқуқии кормандонро дар муқоиса бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бад мекунанд, эътибор надоранд ва татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 11. Шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективии тарафҳои шарикии иҷтимоӣ

1. Муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба он алоқаманд, дар баробари Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ танзим мегарданд.

2. Муқаррароти созишномаи тарафҳои шарикии иҷтимоӣ, шартномаи меҳнатӣ ва шартномаҳои коллективӣ, ки вазъи ҳуқуқии кормандонро дар муқоиса бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бад менамоянд, эътибор надоранд ва татбиқ намегарданд.

 

Моддаи 12. Таносуби танзими қонунӣ ва шартномавии муносибатҳои меҳнатӣ

1. Сатҳи ҳадди ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

2. Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ), шартномаи меҳнатӣ ва шартномаҳои коллективӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд.

3. Шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

4. Масъалаҳое, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо ё тавассути шартномаи меҳнатӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Дар сурати байни тарафҳо ба даст наомадани созиш, масъалаҳо тибқи тартибе, ки барои ҳалли баҳсҳои фардӣ ва ё меҳнатии коллективӣ муқаррар гардидаанд, баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Тартиби мувофиқасозии лоиҳаи санадҳои корфармо бо намояндагони кормандон

1. Дар ҳолатҳои бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқарраршуда, корфармо бо мувофиқа ё машварати пешакии намояндагони кормандон санад қабул менамояд.

2. Пеш аз қабули санад, корфармо лоиҳаи он ва асоснокиашро ба намояндагони кормандон пешниҳод менамояд.

3. Лоиҳаи санади корфармо аз ҷониби намояндагони кормандон на зиёда аз 3 рўзи корӣ аз лаҳзаи пешниҳоди он муҳокима мегардад.

4. Қарори намояндагони кормандон бо протокол ба расмият дароварда мешавад, ки дар он розигӣ ё норозигии намояндагони кормандон ба лоиҳаи санади корфармо дарҷ мегардад.

5. Дар ҳолати норозигии намояндагони кормандон ба лоиҳаи санади корфармо ва ё ҷой доштани пешниҳодҳо оид ба такмили лоиҳа, корфармо ҳуқуқ дорад:

- ҳангоми розигӣ санадро оид ба тағйирот ё иловаҳо бо машварати пешакии намояндагони кормандон қабул намояд;

- ҳангоми норозигӣ машварати иловагиро бо намояндагони кормандон гузаронад.

6. Ҳангоми ноил нагардидан ба созиш оид ба лоиҳаи санади корфармо, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули он розигии намояндагони кормандон зарур аст, ихтилофоти бавуҷудомада бо протокол ба расмият дароварда шуда, баъд аз он корфармо ҳуқуқ дорад санадро қабул намояд.

7. Ҳангоми аз ҷониби корфармо қабул намудани санад бе назардошти пурра ва ё ҷузъии таклифҳо, намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд расмиёти баҳси меҳнатии коллективиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намоянд.

8. Дар ҳолати аз ҷониби корфармо қабул намудани қароре, ки ҳуқуқ ва кафолатҳои кормандонро нисбат ба Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ поймол ва ё бад мекунад, намояндаи кормандон метавонад ба мақомоти дахлдори назорати меҳнат ва ё суд шикоят намояд.

 

Моддаи 14. Ҳисобкунии муҳлатҳои дар Кодекси мазкур муқарраршуда

1. Муҳлате, ки бо он Кодекси мазкур оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рўзи дигари баъд аз санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешавад.

2. Муҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар санаҳои дахлдори соли охир, моҳ ва ё ҳафтаи охири муҳлат ба охир мерасанд. Ба муҳлатҳои ба ҳисоби ҳафта ва ё рўзҳои тақвимӣ шуморидашаванда рўзҳои ғайрикорӣ низ дохил мегарданд.

3. Агар рўзи охирини муҳлат ба рўзи ғайрикорӣ рост ояд, пас рўзи аввали кории минбаъда рўзи ба охир расидани муҳлат ба ҳисоб меравад.

 

ФАСЛИ II. МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ

 

БОБИ 2. СУБЪЕКТОНИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ.

АСОСҲОИ БА ВУҶУД ОМАДАНИ МУНОСИБАТҲОИ МЕҲНАТӢ

 

Моддаи 15. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ

1. Субъектони муносибатҳои меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд. Роҳбари филиал ва намояндагии шахси ҳуқуқии хориҷӣ метавонад дорои тамоми ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо аз номи шахси ҳуқуқии хориҷии мазкур бошад.

2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манфиати кормандон ва корфармоёнро дар доираи ваколаташон, ки бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санади судӣ, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё ваколатнома пешбинӣ шудааст, ҳимоя менамоянд.

 

Моддаи 16. Асосҳои ба вуҷуд омадани муносибатҳои меҳнатӣ

1. Муносибатҳои меҳнатӣ байни корманд ва корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба вуҷуд меоянд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошанд.

2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, санадҳои корфармо, омилҳои зерин метавонанд барои бастани шартномаи меҳнатӣ асос гарданд:

- интихоб шудан ба вазифа (мансаб);

- интихоб шудан дар асоси озмун ба вазифа (мансаб);

- ба вазифа (мансаб) таъйин ё тасдиқ шудан;

- фиристодан ба кор аз ҷониби мақомоти ваколатдор аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ё роҳхат;

- санади судӣ дар бораи бастани шартномаи меҳнатӣ.

 

Моддаи 17. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахси аз ҳисоби квота фиристодашуда

1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои бо кор таъмин намудани гурўҳи аҳолӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, квота муқаррар менамояд.

2. Корфармо дар доираи квотаи муқарраргардида бо шахсе, ки барои бо кор таъмин намудан фиристода шудааст, ҳангоми ба талаботи корфармо мутобиқат кардани тахассуси ў, шартномаи меҳнатӣ мебандад.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корманд

1. Корманд ҳуқуқ дорад:

- ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аз корфармо иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективиро талаб кунад, аз ҷумла барои муҳайё намудани кори мувофиқ барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар асоси квотаҳои давлатӣ, роҳхати ташкилот, бо дархости ташкилот, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва муассисаҳои таълимӣ ба кор омадаанд, ба истиснои мансабҳои давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, ки таъйинот ба он тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад;

- ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

- ба гирифтани иттилооти пурра ва дуруст оид ба шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат;

- ба сари вақт ва дар ҳаҷми пурра гирифтани музди меҳнат тибқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

- ба пардохти музди меҳнат ҳангоми бекористӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рўзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва пардохтнашаванда, рўзҳои кўтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;

- ба муттаҳидшавӣ, ба ҳуқуқи таъсис додани иттифоқи касаба ё дигар иттиҳодияҳо, инчунин аъзогӣ ба онҳо, барои муаррифӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии худ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба воситаи мақомоти намояндагии худ дар гуфтушунидҳои коллективона ва таҳияи лоиҳаи шартномаи коллективӣ иштирок намояд, инчунин бо шартномаи коллективии имзошуда шинос шавад;

- ба таҷрибаомўзӣ (коромўзӣ), тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси худ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои рўёнидани ҷуброни зарари ба саломатӣ ва молу мулки ў расонидашуда бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ;

- ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ ва кумакпулиҳо аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд;

- ба кафолатҳо ва ҷубронпулиҳо, аз ҷумла ҷуброни хароҷоти моддӣ ҳангоми кўчидан ба ҷойи нави истиқомат вобаста ба кор тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии худ бо ҳама воситаҳои ба қонун мухолифатнадошта;

- ба пардохти музди баробар барои иҷрои кори якхела;

- муроҷиат намудан барои ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ ба комиссияи созиш ё суд;

- ба ҷойи кори таҷҳизонидашуда тибқи талаботи қоидаҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

- ба таъминоти воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либосҳои махсус вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шарномаҳои коллективӣ;

- ба даст кашидан аз иҷрои кор ҳангоми ба вуҷуд омадани вазъияте, ки ба ҳаёт ё саломатӣ таҳдид мекунад, бо хабар додан ба роҳбари бевосита ё намояндаи корфармо;

- ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ҳангоми боздоштани кори ташкилот, бинобар мутобиқат надоштан ба талабот оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

- ба муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар бораи гузаронидани санҷиши шароити бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор, инчунин ба иштирок дар ҳайати намояндагӣ дар санҷиш ва баррасии масъалаҳои ба беҳдошти шароитҳо, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат алоқаманд;

- ба шикоят аз рўи амали (беамалии) корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ;

- ба пардохти музди меҳнат мувофиқи тахассус, мураккабии меҳнат, ҳаҷм ва сифати кори иҷрошуда, инчунин шароити меҳнат;

- ба иштирок дар идоракунии ташкилот дар шаклҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

- ба ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ ва коллективӣ, аз ҷумла ба корпартоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- дорои дигар ҳуқуқҳое бошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

2. Корманд уҳдадор аст:

- уҳдадориҳои меҳнатиро мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санади корфармо иҷро намояд;

- интизоми меҳнатиро риоя кунад;

- талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сўхтор ва санитарияи истеҳсолиро дар ҷойи кор риоя кунад;

- ба молу мулки корфармо ва кормандон эҳтиёткорона муносибат намояд;

- дар бораи вазъи баамаломада, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон, моликияти корфармо ва кормандон таҳдид мекунад, инчунин дар бораи ба вуҷуд омадани бекористӣ ба корфармо хабар диҳад;

- маълумотҳои дорои сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ ё сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро, ки бинобар иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба ў маълум гардидааст, фош накунад;

- ба корфармо зарари расонидаашро дар доираи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;

- дигар уҳдадориҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.

 

Моддаи 19. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои асосии корфармо

1. Корфармо ҳуқуқ дорад:

- ба интихоби озод ҳангоми қабул ба кор, ба истиснои баъзе гурўҳи шахсон, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои онҳо имтиёз муқаррар кардааст;

- ба бастан, тағйир додан, илова намудан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо тартиб ва шартҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба идоракунии ташкилот ва қабули санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) дар доираи ваколатҳои худ, ки иҷрои онҳо барои кормандон ҳатмист;

- бо мақсади муаррифӣ ва ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ иттиҳодияҳо таъсис диҳад, ба чунин иттиҳодияҳо шомил гардад ва дар кори онҳо иштирок намояд;

- аз кормандон иҷрои шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ва дигар санадҳои корфарморо талаб намояд;

- бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани кормандон чораҳо андешад;

- ба рўёнидани ҷуброни зарар, ки корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расондааст;

- барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниаш дар соҳаи меҳнат ба суд муроҷиат намояд;

- ба корманд бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати санҷишӣ муқаррар намояд;

- ба рўёнидани хароҷотҳои худ ҳангоми аз тарафи корманд вайрон намудани шартҳои шартномаи таҳсил;

- дорои дигар ҳуқуқҳое мебошад, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

2. Корфармо уҳдадор аст:

- талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ)-ро риоя намояд;

- ҳангоми қабул ба кор бо кормандон бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи меҳнатӣ бандад;

- талаботи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, бехатарии сўхтор ва санитарию гигиениро дар ҷойи кор таъмин намояд;

- ба корманд кореро, ки шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудааст, пешниҳод намояд;

- сари вақт ва дар ҳаҷми пурра ба корманд музди меҳнат ва дигар иловапулиҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо пешбинӣ намудаанд, пардохт намояд;

- кормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои корфармо, ки бевосита ба кори корманд алоқаманд мебошад, шинос намояд;

- ба намояндагони кормандон иттилооти пурра ва дурустро барои пешбурди гуфтушунидҳои коллективӣ, бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин назорати иҷрои онҳо пешниҳод кунад;

- таклифҳои намояндагони кормандонро баррасӣ ва гуфтушунидҳои коллективиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир намуда, шартномаи коллективӣ бандад;

- шароити меҳнати кормандонро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таъмин намояд;

- кормандонро бо таҷҳизот, асбобҳо, ҳуҷҷатҳои техникӣ ва дигар воситаҳо, ки барои иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ заруранд, аз ҳисоби воситаҳои худӣ таъмин намояд;

- санадҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ҷамъиятиро дар соҳаи меҳнат иҷро намояд;

- корро боздорад, агар давом ёфтани он ба амният, ҳаёт, саломатии кормандон ва дигар шахсон таҳдид намояд;

- суғуртаи ҳатмии давлатии иҷтимоии кормандонро амалӣ намояд;

- кормандро аз ҳодисаҳои нохуш ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ суғурта намояд;

- ба корманд тибқи тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатиҳо диҳад;

- ҳифз ва ба бойгонии давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳоро, ки фаъолияти меҳнатии кормандонро тасдиқ мекунанд ва маълумот дар бораи нигоҳ доштан ва гузаронидани маблағро ба таъминоти нафақа таъмин намояд;

- дар бораи меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнатӣ ва эҳтимолияти бемориҳои касбӣ ба корманд хабар расонад;

- оид ба рафъи хавф дар ҷойи кор ва дар равандҳои технологӣ чораҳо андешида, бо назардошти пешравии илмию техникӣ ва истеҳсолӣ корҳои пешгирикунанда гузаронад;

- вақти кор, аз ҷумла изофакорӣ, меҳнати зарарнок (махсусан зарарнок), шароитҳои хавфноки меҳнат, корҳои вазнинро, ки ҳар як корманд иҷро менамояд, дақиқ ба ҳисоб гирад;

- таҷрибаомўзӣ, тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандонро тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- зарари ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ расидаро тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд;

- ба таъсиси иттифоқи касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон мамониат накунад;

- шахсони мансабдори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, намояндагони кормандон, нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнатро барои гузаронидани санҷиши ҳолати бехатарӣ, шароит ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо, риояи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои тафтишоти ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бемамониат роҳ диҳад;

- пешбурди махзани маълумоти кормандонро таъмин намояд;

- ба бархўрди манфиатҳо, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ кардаанд, роҳ надиҳад;

- дигар уҳдадориҳоро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро намояд.

 

БОБИ 3. ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ

 

Моддаи 20. Мавзўи шартномаи меҳнатӣ

Мавзўи шартномаи меҳнатиро муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфармо ташкил менамояд, ки мувофиқи он корманд корро (уҳдадориро) аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа (мансаб) бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиботи дохилии меҳнат иҷро менамояд ва корфармо шароити меҳнатро муҳайё намуда, ба корманд сари вақт ва пурра музди меҳнат ва дигар пардохтҳоеро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, созиши тарафҳо муайян намудаанд, таъмин менамояд.

 

Моддаи 21. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ

1. Тарафҳои шартномаи меҳнатӣ корманд ва корфармо мебошанд.

2. Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳ расидааст, метавонад ҳамчун корманд тарафи шартномаи меҳнатӣ бошад.

3. Дар ҳолати истисно бо таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ расидаанд, инчунин таълимгирандагоне, ки ба синни чордаҳ нарасидаанд ва дар театрҳо, ташкилотҳои банаворгирии кино, консертҳо, сиркҳо ва дигар ташкилотҳои эҷодӣ бе зарар расонидан ба саломатӣ ва инкишофи маънавиашон иштирок менамоянд, бо мувофиқаи падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда бе халалдор кардани раванди таълим метавонанд шартномаи меҳнатӣ банданд.

4. Шахсони зерин метавонанд ҳамчун корфармо, тарафи шартномаи меҳнатӣ бошанд:

- мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, намояндагӣ ва филиалҳои онҳо;

- шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё ба сифати корфармо ҳамчун истифодабарандаи меҳнати шахсони дигар ба қайд гирифта шудааст.

 

Моддаи 22. Озодона бастани шартномаи меҳнатӣ

1. Тарафҳо ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқҳои баробар мебошанд.

2. Маҷбур намудан барои бастани шартномаи меҳнатӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё уҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо бастани шартномаро пешбинӣ мекунанд.

3. Беасос рад кардан аз бастани шартномаи меҳнатӣ бо шахсоне, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ аз ҳисоби квота, роҳхат ва брон ба кор фиристода шудаанд, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, манъ мебошад.

4. Рад кардани бастани шартномаи меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест.

5. Бо талаби корманд ва ё мақомоти манфиатдор корфармо уҳдадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.

6. Пеш аз бастани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст шартҳои иловагӣ гузошта шаванд (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа (мансаб).

 

Моддаи 23. Кафолатҳо ҳангоми қабул ба кор

1. Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Беасос рад кардан аз қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани шахсони зерин ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад:

- шахсоне, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд;

- шахсоне, ки корфармо мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст бо онҳо шартномаи меҳнатӣ бандад (маъюбон ва шахсони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони то сесола доранд, бо сабаби ҳомила ва ё кўдак доштани онҳо).

2. Ҳангоми рад кардан аз қабул ба кор корфармо уҳдадор аст бо талаби корманд дар муҳлати 3 рўзи корӣ ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Дар хусуси чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 24. Мазмуни шартномаи меҳнатӣ

1. Мазмуни шартномаи меҳнатиро созиши тарафҳо, муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ, шартномаҳои коллективӣ, муайян мекунанд.

2. Дар матни шартномаи меҳнатӣ бояд нишон дода шаванд:

- ном ва суроғаи корфармо, ки шахси ҳуқуқӣ мебошад;

- насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда;

- насаб, ном ва номи падар, рақам ва ҷойи дода шудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, суроғаи ҷойи истиқомати доимӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда, агар корфармо шахси воқеӣ бошад;

- ҷойи кор (ташкилот ва ё воҳиди муайян);

- вазифаи (мансаби) ишғолнамудаи корманд;

- хусусияти шароити меҳнат, кафолат ва имтиёзҳо, агар кори иҷрошаванда ба корҳои вазнин ва ё дар шароити зарарнок ё хатарнок мансуб бошад;

- санаи оғози кор;

- муҳлати шартномаи меҳнатӣ;

- низом ва реҷаи вақти корӣ;

- вақти истироҳат ва давомнокии рухсатии меҳнатии ҳарсолаи корманд;

- андозаи музди меҳнат ва дигар шартҳои пардохти музди меҳнат;

- ҳуқуқу уҳдадориҳои корфармо;

- ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд;

- тартиби тағйир додан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;

- кафолат, ҷубронпулиҳо ва тартиби пардохти онҳо;

- шартҳои суғуртакунонӣ;

- ҷавобгарии тарафҳо;

- санаи бастан ва рақами тартибии шартномаи меҳнатӣ.

3. Бо розигии тарафҳо дар шартномаи меҳнатӣ метавонанд дигар шартҳое, ки ба Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд, пешбинӣ карда шаванд.

4. Шартҳои шартномаи меҳнатӣ танҳо бо розигии тарафҳо дар шакли хаттӣ тағйир дода мешаванд.

5. Ҳангоми иваз шудани ном, суроға ва ҷойи истиқомат, тарафҳо метавонанд ба шартномаи меҳнатӣ тағйироти дахлдор ворид намоянд, ки онҳо асос барои тағйир ёфтани дигар шартҳои шартнома намегарданд.

6. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатии муҳлатнок, дар он муҳлати амал ва ҳолатҳое (сабабҳое) нишон дода мешаванд, ки барои бастани чунин шартнома асос шудаанд.

7. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ паст кардани сатҳи ҳуқуқ ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, манъ аст.

 

Моддаи 25. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ

1. Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати зерин баста мешавад:

- ба муҳлати номуайян;

- ба муҳлати муайян - на камтар аз як сол, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи сархатҳои сеюм, чорум ва панҷуми ҳамин қисм;

- барои иҷрои уҳдадориҳои корманди ҳозирнабуда, ки мутобиқи Кодекси мазкур ҷойи кораш нигоҳ дошта мешавад;

- ба муҳлати иҷрои кори муайян;

- барои иҷрои корҳои мавсимӣ.

2. Агар дар шартномаи меҳнатӣ муҳлати амали он нишон дода нашуда бошад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб меёбад ва он бе розигии корманд аз нав барои муҳлати муайян баста намешавад.

3. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ ҳангоми такроран бастани он бо корманде, ки уҳдадориҳои меҳнатиашро дар асоси шартномаи меҳнатии муайяни на камтар аз як сол басташуда иҷро менамояд, чунин шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисобида мешавад, агар тарафҳо дигар шартномаи меҳнатии муҳлатнокро ба расмият надароранд.

4. Шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешавад, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.

5. Шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавад, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои муҳлати номуайян имконнопазир бошад.

6. Бастани шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати муайян бо мақсади даст кашидан аз додани кафолат ва ҷубронҳое, ки барои кормандони шартномаи меҳнатии ба муҳлати номуайян басташуда пешбинӣ шудаанд, манъ аст.

7. Агар яке аз тарафҳо баъд аз ба охир расидани муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ дар давоми рўзи охирини кор (баст) қатъ намудани муносибатҳои меҳнатиро талаб накунад, шартнома ба муҳлати номуайян басташуда ҳисоб карда мешавад.

8. Шартномаи меҳнатӣ бо шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи корфармо - шахси ҳуқуқӣ ба муҳлати муқаррарнамудаи ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот ё созишномаи тарафҳо баста мешавад ва ба чунин шартнома муқаррароти қисми 2 моддаи мазкур татбиқ намегардад.

 

Моддаи 26. Бастани шартномаи меҳнатӣ ва барасмиятдарории он

1. Шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода мешавад ва аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад.

2. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба шартномаи меҳнатӣ, аз ҷумла ҳангоми гузаронидан ба кори дигар аз ҷониби тарафҳо дар шакли хаттӣ бо тартиби пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур амалӣ карда мешавад. Пешниҳоди тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ аз ҷониби яке аз тарафҳои шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ дода мешавад ва он аз ҷониби тарафи дигар дар муҳлати то ҳафт рўзи тақвимӣ аз рўзи дода шудан баррасӣ карда мешавад.

3. Шартномаи меҳнатӣ бо шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи ташкилот аз ҷониби соҳибмулки ташкилот ва ё шахси ваколатдори ў бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисии ташкилот баста мешавад.

4. Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳ нарасидаанд);

- дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);

- гувоҳномаи иқомат ва ё шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд (барои шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунад) ё шаҳодатномаи шахси гуреза;

- ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот, дониши махсус, дараҷа, ихтисос ё касб барои бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониш, малака ва маҳорати дахлдор зарур мебошанд;

- барои уҳдадорони ҳарбӣ – билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ;

- ҳуҷҷати аз муоинаи тиббии пешакӣ гузаштан (барои шахсоне, ки тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд аз чунин муоина гузаранд);

- нусхаи гувоҳнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ва шаҳодатномаи суғуртаи ҳатмии нафақавӣ;

- маълумотнома оид ба доштан ва ё надоштани доғи судӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ дар корҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди чунин маълумот зарур аст.

5. Корфармо ҳуқуқ надорад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар ҳуҷҷатро талаб кунад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

6. Ба кор қабул намудан дар асоси аризаи корманд ва бо санади корфармо ё шахси ваколатдори ў ба расмият дароварда мешавад. Санади мазкур ба корманд бо гузоштани имзо дар давоми на дертар аз 3 рўзи корӣ эълон карда мешавад. Ба кор қабул намудани кормандоне (кормандони хонагӣ ва хонакорон), ки дар назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ мегардад, ба расмият дароварда мешавад.

7. Ҳангоми ба кор қабул намудан корфармо уҳдадор аст, ки кормандро бо қоидаҳои тартиботи дохилии ташкилот, дигар санадҳои меъёрии ба (вазифаҳои меҳнатии) корманд дахлдошта, шинос намояд.

8. Амали шартномаи меҳнатӣ аз рўзи оғози воқеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

9. Агар шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо баста нашуда ва ё ба расмият дароварда нашуда бошад, вале корманд ба кор шурўъ карда бошад, дар ин ҳолат муносибатҳои меҳнатӣ аз рўзи воқеан ба кор шурўъ намудани корманд бавуҷудомада ҳисобида мешаванд.

 

Моддаи 27. Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик

1. Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои сохторӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ў) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (падару модар, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони падару модар, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад.

2. Маҳдудиятҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк ё шахси ваколатдори ў дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 28. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор

1. Шартномаи меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созиши тарафҳо муқаррар гардида, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, наметавонад аз се моҳ бештар бошад.

2. Дар давраи санҷиш ба корманд меъёрҳои Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ татбиқ мегарданд.

3. Ҳангоми ба кор қабул намудан санҷиш ба шахсони зерин муқаррар карда намешавад:

- шахсоне, ки синнашон ба 18 нарасидааст;

- мутахассисони ҷавон, ки на дертар аз як сол баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ё муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рўи ихтисос маротибаи аввал тибқи роҳхат ба кор қабул карда мешаванд;

- шахсоне, ки тибқи озмун барои ишғоли вазифаҳои (мансаби) дахлдор ба кор қабул карда мешаванд;

- ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар;

- ба маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд.

4. Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набуд, ба ҳисоби муҳлати санҷиш дохил намегардад.

5. Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани чунин қайд, корманд бе санҷиши пешакӣ ба кор қабулшуда ҳисоб меёбад.

6. Агар то ба охир расидани муҳлати санҷиш корфармо кормандро ба вазифаи (мансаби) баланд таъйин намояд, корманд аз санҷиш гузашташуда ҳисоб меёбад.

7. Агар баъд аз гузаштани муҳлати санҷиш тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи меҳнатӣ изҳор накунанд, амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳ дода мешавад.

8. Ҳангоми манфӣ будани натиҷаи кори корманд дар давраи санҷиш корфармо ҳуқуқ дорад на барвақттар аз ҳафт рўзи ба охир расидани давраи санҷиш бо нишон додани сабабҳое, ки барои аз санҷиш нагузаштани корманд асос шудаанд, ўро хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро бо корманд қатъ намояд.

 

Моддаи 29. Шартномаи шогирдӣ

1. Корфармо ҳуқуқ дорад ба шахсоне, ки кор меҷўянд, барои муҳлати дар шартнома муқарраргардида оид ба таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирдӣ бо мақсади омўхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад.

2. Баъд аз ба итмом расидани муҳлати шартнома бо шахсоне, ки омўзишро хатм намудаанд, шартномаи меҳнатӣ баста мешавад.

3. Музди меҳнат ҳангоми омўзиш тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.

4. Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 30. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ

1. Ба кори дигари доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рўи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

2. Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созиши тарафҳо муайяншуда моҳиятан тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан ҳисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.

3. Барои дар худи ҳамон ташкилот ба кори дигар гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба маҳалли дигар, инчунин якҷоя бо ташкилот гузаронидан, бояд ба таври хаттӣ розигии корманд гирифта шавад.

4. Дар худи ҳамон ташкилот ба ҷойи кори дигар гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа (мансаб) ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ба ҳисоб нарафта, розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатиаш мувофиқ нест, гузаронад.

5. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ба кори дигар гузаронидан ҳисобида нашуда, бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии онҳо, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва бархўрди манфиатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

6. Агар давом додани кор аз рўи уҳдадории меҳнатӣ, ки дар шартномаи меҳнатӣ муқаррар гардидааст, бо сабабҳои объективӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад, корфармо уҳдадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавҷуд аст, пешниҳод намояд. Ҳангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба кори дигар амали шартномаи меҳнатӣ метавонад дар асосҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ гардад.

 

Моддаи 31. Тағйир ёфтани шароити меҳнат

1. Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад.

2. Бо шартномаҳои коллективӣ мумкин аст машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон оид ба тағйирёбии шароити меҳнат барои гурўҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад.

3. Корфармо уҳдадор аст кормандонро оид ба дар оянда тағйирёбии шароити меҳнат на дертар аз ду моҳ огоҳ созад. Агар корманд дар шароити нави меҳнат ба идомаи кор розӣ набошад, пас шартномаи меҳнатӣ метавонад қатъ карда шуда, ба ў барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моҳона кумакпулӣ пардохт карда шавад. Корманд ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҷониби корфармо тағйир додани шароити меҳнат ба суд муроҷиат кунад. Ҳангоми баррасии баҳс корфармо уҳдадор аст, исбот намояд, ки нигоҳ доштани шароити пештараи меҳнат имконнопазир аст.

4. Дар мавридҳое, ки тағйирот дар истеҳсолот, меҳнат ва ҳаҷми кор боиси ба таври оммавӣ аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо мақсади нигоҳ доштани ҷойи корӣ ҳуқуқ дорад бо розигии намояндагони кормандон, бе риояи муҳлати огоҳонӣ, ки қисми 3 моддаи мазкур пешбинӣ намудааст, шароити меҳнати кормандонро тағйир диҳад.

 

Моддаи 32. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан ҳангоми бекористӣ

1. Ҳангоми бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар ва бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба муҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.

2. Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад.

3. Ҳангоми рад намудани корманд аз давом додани кор вобаста ба тағйир ёфтани шароити меҳнат шартномаи меҳнатӣ бо корманд бо асосҳои умумӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.

 

Моддаи 33. Муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор)

1. Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро пешбинӣ намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии намояндагони кормандон кори воҳидҳои (сехҳо, участкаҳо, бригадаҳо) алоҳидаро бе гузаронидани ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боздорад.

2. Муваққатан боздоштани ташкилот ҳамчун бекористӣ бе гуноҳи кормандон ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар ба онҳо ба андозаи маоши моҳона музд дода мешавад.

3. Муваққатан боздоштани кор бе додани музди бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.

 

Моддаи 34. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ

Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда, кормандони ихтисоснокро бе розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.

 

Моддаи 35. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ)

1. Бинобар зарурати истеҳсолӣ (корӣ) кормандро бе розигии ў ба муҳлати то як моҳ муваққатан ба кори дигар гузаронидан мумкин аст. Дар ин ҳолат кормандро ба коре, ки ба вазъи саломатии ў мувофиқ намебошад, муваққатан ба кори дигар гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваққатан ба кори дигар гузаронидан ба корманд аз рўи кори иҷрокардааш, вале на камтар аз маоши миёнаи пештарааш музд дода мешавад.

2. Дар ҳолатҳои зарурати истеҳсолӣ (корӣ) муҳлати ниҳоии муваққатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин андозаи мушаххаси музди меҳнат дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон муайян менамояд.

 

Моддаи 36. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо хоҳиши корманд

1. Хоҳиши корманд дар бораи муваққатан ба кори дигар гузаронидан бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонида шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад.

2. Номгўйи сабабҳои узрнок барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан ва тартиби пардохти музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба кори дигар гузаронидани кормандро Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар онҳо баста нашуда бошанд, корфармо баъд аз машварат бо намояндагони кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд.

 

Моддаи 37. Уҳдадории корфармо оид ба пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон

Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо уҳдадор аст бо розигии намояндагони кормандон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, ба роҳ монад:

- маҳдуд ё муваққатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд;

- маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ;

- тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми 4 моддаи 31 Кодекси мазкур;

- муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) тибқи моддаи 33 Кодекси мазкур;

- давра ба давра озод кардани кормандон;

- андешидани дигар чорабиниҳо, агар онҳоро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ карда бошанд.

 

Моддаи 38. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии ташкилот

1. Ҳангоми иваз шудани соҳибмулк ва ё азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқарраргардида мумкин аст.

2. Соҳибмулки нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи моликият ҳуқуқ дорад шартномаҳои меҳнатии соҳибмулки пештараро бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот иҷро мекунанд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақомот ба тобеияти мақомоти дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи меҳнатиро қатъ карда наметавонад.

 

Моддаи 39. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

1. Шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад:

- бо созиши тарафҳо;

- бо ташаббуси корманд;

- бо ташаббуси корфармо;

- бо гузаштани муҳлат;

- бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда;

- гузаштани корманд ба кори (вазифаи) интихобӣ ё таъйин намудани ў ба вазифае (мансабе), ки имконияти давом додани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамояд, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо санади корфармо, ба истиснои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар вафот кардан ё аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корфармо - шахси воқеӣ, кормандони хонагӣ ва хонакорон ба расмият дароварда мешавад.

 

Моддаи 40. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо

1. Шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо метавонад ҳар вақт қатъ карда шавад.

2. Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки хоҳиши қатъ кардани шартномаи меҳнатиро бо созиши тарафҳо изҳор намудааст, ба тарафи дигари шартномаи меҳнатӣ огоҳинома мефиристад. Тарафе, ки огоҳиномаро гирифтааст, уҳдадор аст дар муҳлати 3 рўзи корӣ дар хусуси қарори қабулнамудааш ба таври хаттӣ тарафи дигарро хабардор намояд.

3. Рўзи қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо бо розигии корманд ва корфармо муайян карда мешавад.

4. Бо мувофиқа бо корманд дар шартномаи меҳнатӣ ҳуқуқи корфармо барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бе риоя намудани талаботи муқаррарнамудаи қисми 2 моддаи мазкур бо пардохти ҷубронпулӣ ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнати солонаи корманд пешбинӣ шуда метавонад.

 

Моддаи 41. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд

1. Корманд ҳуқуқ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, бекор кунад.

2. Баъд аз гузаштани муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад, уҳдадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро фавран тибқи қисми 5 моддаи 52 Кодекси мазкур супорида, бо ў ҳисобӣ кунад.

3. Бо хоҳиши корманд ва розигии корфармо шартномаи меҳнатӣ то ба итмом расидани муҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи меҳнатиро дар муҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад.

4. Дар давоми муҳлати огоҳӣ корманд ҳуқуқ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бозпас гирад, агар ба ҷойи кори ў ба таври гузаронидан, корманди дигар даъват нашуда бошад.

5. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ў, ки барои аз рўи шартномаи меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.

6. Корманд ҳуқуқ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷойи кор ба ў маълумоти нодуруст додааст ё уҳдадориашро оид ба таъмини ҳифзи меҳнат ва бехатарии меҳнат дар ҷойи кор вайрон кардааст, шартномаи меҳнатиро бе пешакӣ огоҳ намудани корфармо бекор кунад.

7. Яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корманд ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

 

Моддаи 42. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо

1. Шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо метавонад бо асосҳои зерин бекор карда шавад:

- барҳам хўрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон;

- қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бинобар иваз шудани соҳибмулк, ҳангоми ошкор гардидани номувофиқатии корманд ба вазифаи (мансаби) ишғолкардааш ё кори иҷро мекардааш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамин кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад;

- бе сабабҳои узрнок уҳдадориҳои меҳнатиро, ки шартномаи меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд гузоштааст, мунтазам иҷро накардани ў, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд;

- бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир нашудан, аз ҷумла дар давоми рўзи корӣ зиёда аз 3 соат набудан дар ҷойи кор;

- ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бе ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷойи корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки бо сабаби осеби меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад;

- дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор;

- ба қувваи қонунӣ даромадани қарори мақомоти дахлдори давлатӣ оид ба дуздии молу мулк ва дигар кирдорҳое, ки давом додани корро истисно менамоянд;

- аз тарафи корманд содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои дорои хусусияти коррупсионӣ, ки дар асоси санади судӣ имконияти минбаъд давом додани корро истисно менамоянд;

- аз тарафи корманд давом додани иштирок дар корпартоӣ баъд аз ба маълумоти ў расонидани қарори суд дар хусуси ғайриқонунӣ эътироф намудани корпартоӣ ва ё манъи корпартоӣ;

- қатъ гардидани иҷозати корманд ба сирри давлатӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- аз тарафи роҳбари мақомоти иҷроияи корфармо, муовини ў ва ё роҳбари сохтори корфармо вайрон намудани уҳдадориҳои меҳнатӣ, ки боиси расонидани зарари моддӣ ба корфармо гардидааст;

- рад кардани аз муоинаи тиббӣ гузаштан барои муқаррар намудани воқеияти дар ҳолати мастӣ бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда қарор доштан;

- аз тарафи корманд вайрон намудани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ё бехатарӣ аз сўхтор ва ё ҳаракат дар нақлиёт, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз ҷумла ҷароҳат ва садама гардидаанд ё метавонад гарданд;

- аз тарафи корманд фош намудани маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда, ки ба ў ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ маълум шудаанд;

- қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо шахси дар ду ё якчанд ҷой коркунанда бинобар қабули шахсе, ки дар ду ё якчанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардонидани кор дар якчанд ҷой, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст;

- вайронкунии дағалонаи якдафъаинаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби роҳбари ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовини ў;

- аз ҷониби корманде, ки бо дороиҳои пулию молӣ бевосита кор мекунад, содир намудани кирдори зиддиҳуқуқие, ки барои нисбат ба ў гум шудани боварии корфармо асос мегардад;

- аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир кардани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор мувофиқ намебошад;

- пешниҳоди маълумоти нодуруст, ҳуҷҷатҳои қалбакӣ ва риоя накардани дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор;

- манфӣ будани натиҷаи кор дар давраи муҳлати санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудан.

2. Санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаҳо ва низомномаҳо оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд.

3. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз рўи асосҳое, ки дар сархатҳои якум (ба ғайр аз барҳам хўрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ) ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур, сархати дуюми моддаи 48 Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, роҳ дода мешавад, агар бо розигии корманд ба кори дигар гузаронидани ў имконнопазир бошад.

4. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии муваққатӣ (ба ғайр аз озодкунӣ мувофиқи сархати панҷуми қисми 1 моддаи мазкур) ва дар давраи дар рухсатӣ ё сафари хизматӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хўрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ, роҳ дода намешавад.

5. Яктарафа бекор кардани шартномаи меҳнатӣ аз тарафи корфармо ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур манъ аст.

 

Моддаи 43. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар ихтисори шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат

1. Ҳангоми бекор шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми кор боиси ихтисор шудани шумора, воҳиди кории кормандон ё тағйири шароити меҳнат гардидааст, ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.

2. Ҳангоми баробар будани тахассус ва самаранокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:

- ба кормандоне, ки ду ва зиёда аъзои оилаи ғайриқобили меҳнат доранд;

- ба шахсоне, ки дар оилааш дигар корманди музди меҳнати мустақилдошта мавҷуд нест;

- ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи зиёди корӣ доранд;

- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, ихтисоси худро аз рўи тахассуси дахлдор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонидаанд, ба шарте ки баъд аз хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рўи ихтисос кор кунанд;

- ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;

- ба маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- ба шахсоне, ки ба бемории шуоъӣ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо баландшавии нури радиатсионӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки сабаби маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ алоқаманд аст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳои зикршуда кўчонида шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурўҳ баробар карда шудаанд;

- ба маъюбони тибқи квота ба кор қабулгардида;

- ба ҷабрдидагони амалҳои террористӣ ва савдои одамон;

- ба ихтироъкорон ва навоварон.

3. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст дигар ҳолатҳое пешбинӣ карда шаванд, ки ҳангоми мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.

 

Моддаи 44. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон

1. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 42 Кодекси мазкур) баъд аз пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон сурат мегирад.

2. Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар намояндагони кормандон бояд дар муҳлати даҳ рўзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи меҳнатиро дорад, ба корфармо дар бораи қарори қабулшуда доир ба додани розигӣ барои бо корманд қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ дар шакли хаттӣ хабар диҳад.

3. Корфармо ҳуқуқ дорад шартномаи меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё намояндагони дигари кормандон қатъ намояд.

 

Моддаи 45. Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ

1. Корфармо уҳдададор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи меҳнатӣ, ки ба муҳлати номуайян баста шудааст, дар муҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳ кунад:

- ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар барҳам хўрдани ташкилот ё қатъ гардидани фаъолияти корфармо - шахси воқеӣ ва ё ихтисор шудани шумора ё воҳиди кории кормандон на дертар аз ду моҳ;

- ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардааш мувофиқ набудани корманд аз сабаби нокифоягии ихтисос ё вазъи саломатӣ на камтар аз як моҳ.

2. Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷўи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рўз бо нигоҳ доштани музди кор ба кор набарояд.

3. Бо созишномаи тарафҳо шартномаи меҳнатӣ метавонад аз рўи асосҳои зикршуда то ба охир расидани муҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди меҳнати миёнаи рўзона барои ҳар рўзи боқимондаи то ба охир расидани ин муҳлат бекор карда шавад.

4. Корфармо уҳдадор аст дар муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз кор озодшавии дарпешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумот диҳад.

 

Моддаи 46. Қатъ кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ

1. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ баъд аз ба итмом расидани муҳлати он қатъ мегардад. Агар баъд аз гузаштани муҳлат муносибатҳои меҳнатӣ идома ёбад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи меҳнатӣ ба муҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба муҳлати номуайян идомадошта ҳисобида мешавад.

2. Шартномаи меҳнатие, ки дар вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ў ҷойи кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рўзи ба кор баргаштани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард, қатъ мегардад.

3. Шартномаи меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъд аз ба охир расидани он қатъ мегардад.

 

Моддаи 47. Бекор кардани шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани муҳлат

1. Шартномаи муҳлатноки меҳнатӣ, ки дар сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 1 моддаи 25 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, метавонад то ба охир расидани муҳлат бо асосҳои пешбиникардаи моддаҳои 38 ва 39 Кодекси мазкур бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад.

2. Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар уҳдадориҳои меҳнатии худро иҷро накардани корманд пеш аз муҳлат бекор карда шавад.

 

Моддаи 48. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд

Шартномаи меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин, ки ба иродаи тарафҳо вобаста намебошанд, қатъ карда мешавад:

- ҳангоми даъват ё ба хизмати ҳарбӣ дохил шудани корманд;

- ба охир расидани муҳлати ваколат;

- ҳангоми ба кор барқарор шудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;

- ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд, ки дар асоси он корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудааст, ҳалномаи суд, ки бо он корманд ва ё корфармо ғайриқобили амал эътироф гаридааст ё қобилияти амали ў маҳдуд карда шудааст ва давом додани муносибатҳои меҳнатиро истисно менамояд;

- бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ, инчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо - шахси воқеӣ;

- дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;

- дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.

 

Моддаи 49. Қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ бинобар гузаштани корманд ба вазифаи (мансаби) интихобӣ ва ё таъйин намудани ў ба вазифа (мансаб)

1. Шартномаи меҳнатӣ бо корманд бинобар гузаштан ба вазифаи (мансаби) интихобӣ ва ё таъйин намудани ў ба вазифа (мансаб) қатъ карда мешавад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони чунин вазифа (мансаб) - ро ишғолкунанда ишғоли дигар вазифа (мансаб) - ҳои пардохтшаванда манъ карда шуда бошад.

2. Асос барои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ санади интихоб шудан ва ё таъйин намудани корманд ба вазифа (мансаб) мебошад.

 

Моддаи 50. Аз кор дур кардан

1. Корфармо уҳдадор аст бо талаби мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандро аз кор дур кунад.

2. Корфармо корманди дар ҳолати мастӣ, бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда ҳозир шудан ба кор дар ҳамон рўзи (басти) корӣ ба кор роҳ намедиҳад ва дар ин давра ба ў музд дода намешавад.

3. Аз кор дур кардани корманд бо санади корфармо ба муҳлати то муайяншавӣ ва ё бартараф намудани сабабҳое, ки боиси аз кор дуркунӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 51. Кумакпулӣ ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ

1. Ба корманд ҳангоми қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ кумакпулии яквақта дода мешавад:

- бо ташаббуси корфармо, дар ҳолатҳои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо асосҳои пешбиникардаи сархатҳои якум, дуюм, панҷум, понздаҳум ва шонздаҳуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур;

- дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда, ба истиснои ҳолати қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ ҳангоми эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд (сархати сеюми моддаи 48 Кодекси мазкур) ва ҳангоми вафоти корманд (сархати чоруми моддаи 48 Кодекси мазкур).

2. Ҳаҷми кумакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан набояд аз се маоши миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.

 

Моддаи 52. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд

1. Собиқаи меҳнатии кормандро яке аз ҳуҷҷатҳои зерин тасдиқ менамояд:

- дафтарчаи меҳнатӣ;

- шартномаи меҳнатӣ;

- иқтибос аз санади корфармо, ки ба вуҷуд омадан ва қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатиро бо сабаби бастан ва қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ тасдиқ менамояд;

- иқтибос аз китоби пардохти музди меҳнати кормандон (ведомост);

- рўйхати хизматӣ (номгўйи маълумотҳо дар хусуси кор, фаъолияти меҳнатии корманд), ки аз тарафи корфармо имзо шуда, бо муҳри ташкилот ё ба тариқи нотариалӣ тасдиқ карда шудааст;

- маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси супоридани андўхти нафақавӣ;

- маълумотномаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар хусуси пардохти саҳмҳои ҳатмии суғуртаи иҷтимоӣ;

- маълумотномаи бойгонӣ дар хусуси фаъолияти меҳнатии корманд;

- дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо тартиби муқарраргардида тасдиқ шудаанд.

2. Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгўйи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

3. Корфармо уҳдадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рўз кор кардаанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушояд. Ба кормандоне (кормандони хонагӣ ва хонакороне), ки дар назди шахсони воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад.

4. Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мансаб), (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор қайд карда мешаванд.

5. Дар рўзи қатъ шудани шартномаи меҳнатӣ корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дафтарчаи меҳнатӣ ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи фаъолияти меҳнатии ўро диҳад. Сабаби аз кор озодшавӣ дар дафтарчаи меҳнатӣ бо нишон додани меъёри дахлдори Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад ва дафтарчаи меҳнатӣ дар рўзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Ҳангоми бо гуноҳи корфармо кашолкорӣ намудан аз супоридани дафтарчаи меҳнатӣ барои ҳар рўзи кашолкорӣ ба корманд музди миёнаи меҳнаташ дода мешавад.

 

Моддаи 53. Уҳдадории корфармо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар ҳамон ташкилот

Корфармо уҳдадор аст ба корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ, аз рўи хоҳишаш дар бораи кор дар ҳамин ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа (мансаб), вақти кор ва андозаи меҳнат маълумотнома диҳад.

 

Моддаи 54. Роҳ надодан ба ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд

1. Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.

2. Ҳангоми баррасии баҳс дар суд корфармо уҳдадор аст, зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.

 

Моддаи 55. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ

1. Ҳангоми аз ҷониби суд ё корфармо ба кор барқарор намудани корманд, корфармо уҳдадор аст, ҷуброни зарари ба корманд расонидашударо пардохт намояд.

2. Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:

- ҳатман пардохт кардани вақти маҷбуран ба кор ҳозир нашудан ба андозаи на камтар аз музди меҳнати аздастдода;

- ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти судӣ);

- имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.

3. Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи моҳонаи корманд камтар буда наметавонад.

 

Моддаи 56. Беэътибории шартномаи меҳнатӣ

1. Шартномаи меҳнатӣ аз тарафи суд беэътибор дониста мешавад, агар дар ҳолатҳои зерин баста шуда бошад:

- бо фиреб, зўроварӣ, таҳдид, созиши бадқасдонаи намояндаи як тараф бо тарафи дигар ё шароити вазнин;

- ошкоро бар хилофи қонун, асосҳои тартиботи ҳуқуқӣ ва ахлоқ;

- рўякӣ ва қалбакӣ;

- бо шахси ба синни понздаҳ нарасида бе розигии хаттии падар ё модар ва дигар шахсони тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ивазкунанда;

- бо шахси ба синни муқаррарнамудаи Кодекси мазкур нарасида;

- бо шахси ғайри қобили амал эътирофгардида;

- берун аз қобилияти ҳуқуқдории шахси ҳуқуқӣ;

- бо оқибати маҳдуд кардани ваколат;

- дар натиҷаи гумроҳӣ.

2. Беэътибор донистани шартномаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфармо сабаби ба корманд напардохтани музди меҳнат, ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар имтиёзҳо намегардад.

3. Беэътибор донистани шартҳои алоҳидаи шартномаи меҳнатӣ сабаби пурра бекор шудани тамоми шартҳои шартномаи меҳнатӣ намегардад.

 

БОБИ 4. ҶАМЪОВАРӢ, КОРКАРД ВА ҲИФЗИ

МАЪЛУМОТҲОИ ШАХСИИ КОРМАНД

 

Моддаи 57. Уҳдадории корфармо вобаста ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд

1. Корфармо уҳдадор аст:

- ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- бо мақсади таъмини риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мусоидат барои ба кор таъмин намудан, омўзиш ва пешравӣ дар кор, таъмини амнияти шахсӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии кормандро амалӣ намояд;

- ҳангоми муайян намудани ҳаҷм ва мазмуни маълумотҳои шахсии корманд талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба роҳбарӣ гирад;

- маълумотҳои шахсии аз ҷониби корманд шахсан ё аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ пешниҳодшударо бо огоҳкунии пешакӣ ва гирифтани розигии ў коркард намояд;

- бо талаби корманд тағйирот ва иловаҳоро ба маълумотҳои шахсии корманд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намояд;

- тартиби нигоҳдории маълумотҳои шахсии кормандро бо риояи талаботҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд;

- тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои корфармо шинос намудани кормандро таъмин намояд;

- бе розигии хаттии корманд дар бораи маълумотҳои шахсии ў ба шахсони сеюм хабар надиҳад, ба ғайр аз ҳолатҳое ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд;

- дастрасиро ба маълумотҳои шахсии корманд танҳо ба шахсони барои ин кор ваколатдор иҷозат диҳад. Дар чунин ҳолат шахсони мазкур ҳуқуқи гирифтани танҳо ҳамон маълумотҳои шахсии кормандро доранд, ки барои иҷрои амалҳои мушаххас ва бо риояи реҷаи махфӣ заруранд;

- паҳнкунии маълумотҳои шахсии кормандро дар ҳудуди ташкилот тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намояд;

- шахсонеро, ки ба онҳо иҷозати дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии корманд дода шудааст, дар бораи чунин маълумотҳоро бо риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода бурдан ва ба шахсони сеюм надодани онҳо, ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, огоҳ намояд.

2. Корфармо ҳуқуқ надорад:

- аз корманд дар бораи ақидаҳои сиёсӣ, динӣ ва дигар ақидаҳо, инчунин дар бораи ҳаёти шахсиаш маълумот талаб намояд;

- аз корманд дар бораи аъзогӣ ё фаъолияташ дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар иттифоқҳои касаба, маълумот талаб намояд.

3. Ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии корманд ба зиммаи роҳбари ташкилот гузошта мешавад.

 

Моддаи 58. Ҳуқуқҳои корманд бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад

Бо мақсади таъмини ҳифзи маълумотҳои шахсӣ, ки корфармо нигоҳ медорад, корманд ҳуқуқ дорад:

- ба дастрасӣ ба маълумотҳои шахсии худ, ҳамчунин ҳуқуқ барои гирифтани нусхаи қайдҳое, ки дорои маълумотҳои шахсии ў мебошанд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;

- ба талаби ворид намудани тағйироту иловаҳо, нобудсозии маълумотҳои шахсие, ки ҷамъоварӣ ва коркарди онҳо бо вайрон намудани талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардидаанд;

- оид ба амали (беамалии) корфармо, ки ба ҷамъоварӣ, коркард ва ҳифзи маълумотҳои шахсии ў алоқамандӣ дорад, ба суд шикоят намояд.

 

БОБИ 5. ТАРТИБОТИ МЕҲНАТӢ. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 59. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ

1. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ дар асоси Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешаванд.

2. Дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ тартиби қабул ба кор, аз кор озод намудан, вақти корӣ, вақти истироҳат, чораҳои ҳавасмандгардонӣ, интизоми кормандон, ҳуқуқу уҳдадориҳои асосӣ ва масъулияти тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.

3. Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон тартиботи дохилии меҳнатӣ бо оинномаҳо ва низомномаҳо, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд, ба низом дароварда мешаванд.

4. Риояи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ва кормандон ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 60. Таъмини интизоми меҳнат

Интизоми меҳнат аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати содиқона, ҳамчунин татбиқи ҷазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат таъмин мегардад.

 

Моддаи 61. Ҳавасмандгардонӣ барои меҳнат

1. Корфармо ҳуқуқ дорад намудҳои гуногуни ҳавасмандгардониро барои дастовардҳои меҳнатӣ татбиқ намояд.

2. Намудҳои ҳавасмандгардонии кормандон ва тартиби татбиқи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои корфармо, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.

 

Моддаи 62. Ҷазои интизомӣ

1. Барои аз ҷониби корманд вайрон кардани интизоми меҳнат, корфармо ҳуқуқ дорад чунин намудҳои ҷазои интизомиро татбиқ намояд:

- сарзаниш;

- танбеҳ;

- танбеҳи қатъӣ;

- қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳои интизоми меҳнат барои гурўҳи алоҳидаи кормандон, дигар намудҳои ҷазои интизомӣ низ пешбинӣ шуда метавонанд.

3. Татбиқи ҷазоҳои интизомие, ки дар Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ва низомномаҳо оид ба интизом барои гурўҳи алоҳидаи кормандон пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст.

 

Моддаи 63. Тартиби татбиқи ҷазои интизомӣ ва шикоят нисбати он

1. Ҷазои интизомӣ аз ҷониби корфармо бо роҳи қабули санад татбиқ карда мешавад.

2. Корфармо уҳдадор аст баёноти хаттии кормандро то татбиқ намудани ҷазои интизомӣ талаб намояд. Дар ҳолати рад намудани корманд аз додани баёнот санади дахлдор тартиб дода мешавад. Рад намудани корманд аз додани баёноти хаттӣ наметавонад барои татбиқи ҷазои интизомӣ монеъ гардад.

3. Ҳангоми муайян намудани намуди ҷазои интизомӣ, корфармо бояд мазмун, хусусият ва дараҷаи вазнинии кирдори интизомии содиршуда, ҳолатҳои содир шудани он, рафтори пештара ва минбаъдаи корманд ва муносибати ўро ба меҳнат ба эътибор гирад.

4. Ба корманд барои ҳар як кирдор танҳо як ҷазои интизомӣ татбиқ карда мешавад.

5. Санади корфармо дар бораи ба корманд додани ҷазои интизомӣ дар давраҳои зерин татбиқ карда намешавад:

- ҳангоми муваққатан корношоям будани корманд;

- ҳангоми озод будани корманд аз кор дар вақти иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ;

- ҳангоми дар рухсатӣ ё истироҳати байнивахтавӣ қарор доштани корманд;

- ҳангоми дар сафари хизматӣ будани корманд.

6. Санади корфармо оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ ба корманде, ки ба ў ҷазои интизомӣ дода шудааст, бо гирифтани имзои ў дар давоми се рўзи баъд аз қабули санад эълон карда мешавад. Дар ҳолати радкунии корманд барои гузоштани имзо дар санад барои шиносоӣ бо он, дар ин бора дар санад оид ба татбиқи ин ҷазо қайди дахлдор карда мешавад. Ҳангоми ғайриимкон будани шинос кардани корманд бо санад, корфармо уҳдадор аст санадро ба воситаи номаи огоҳкунӣ ба ў равон намояд.

7. Нисбати санад оид ба татбиқи ҷазои интизомӣ корманд метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.

 

Моддаи 64. Муҳлати татбиқи ҷазои интизомӣ

1. Ҷазои интизомӣ ба корманд ҳангоми содир кардани кирдори интизомӣ, на дертар аз як моҳ аз рўзи ошкор шудани он, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 63 Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 323 Кодекси мазкур ҷазои интизомӣ на дертар аз як моҳ аз рўзи эътибори қонунӣ пайдо кардани санади судӣ дар бораи ғайриқонунӣ эътироф кардани корпартоӣ дода мешавад.

2. Ҷазои интизомӣ наметавонад пас аз шаш моҳи содир шудани кирдори интизомӣ татбиқ карда шавад. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё муайян шудани кирдори интизомӣ дар натиҷаи санҷиш ё тафтиши фаъолияти молиявӣ-хоҷагии корфармо дар давоми ду соли содиршавии кирдори интизомӣ аз ҷониби корманд ҷазои интизомӣ дода мешавад. Ба муҳлатҳои мазкур вақти истеҳсолоти парвандаи ҷиноятӣ дохил намешавад.

3. Вақти татбиқи муҳлати ҷазои интизомӣ ҳангоми дар кор ҳузур надоштан бинобар корношоямии муваққатӣ, озод будан аз кор барои иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, дар рухсатӣ ва сафари хизматӣ будани корманд боздошта мешавад.

 

Моддаи 65. Муҳлати амали ҷазои интизомӣ

1. Муҳлати амали ҷазои интизомӣ ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи сархати чоруми қисми 1 моддаи 62 Кодекси мазкур аз шаш моҳ зиёд буда наметавонад. Агар дар давоми ин муҳлат ба корманд ҷазои нави интизомӣ татбиқ нагардад, он гоҳ ў ҷазои интизомӣ надошта ҳисоб меёбад.

2. Корфармое, ки ба корманд ҷазои интизомӣ додааст, бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд ё роҳбари бевоситаи ў ва ё дархости намояндагони кормандон ҳуқуқи пеш аз муҳлат бардоштани онро дорад.

 

БОБИ 6. ВАҚТИ КОРӢ

 

Моддаи 66. Вақти корӣ

1. Давомнокии вақти корӣ метавонад муътадил, кўтоҳкардашуда ва нопурра бошад.

2. Ба вақти корӣ инчунин корҳои тайёрӣ - хотимавӣ (гирифтани супориши вазифавӣ (мансабӣ), мавод, асбобу анҷом, шиносоӣ бо техника, ҳуҷҷатҳо, омодагӣ ва рўбучин кардани ҷойи корӣ, супоридани маҳсулоти тайёр ва дигар ҳолатҳо), танаффусҳо, тибқи технологияи ташкили меҳнат пешбинигардида, қоидаҳои меъёрбандӣ ва ҳифзи меҳнат, вақти ҳозир будан ё интизори кор шудан, дар ҷойи кор вақти холигии худро озодона истифода накардани корманд, навбатдорӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ ва истироҳат ва дигар давраҳое, ки шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо ё санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд, дохил мешаванд.

 

Моддаи 67. Давомнокии муътадили вақти корӣ

1. Давомнокии муътадили вақти корӣ дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.

2. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст вақти кории давомнокиаш кўтоҳтар бо пардохти музди меҳнати вақти кории муътадил пешбинӣ гардад.

 

Моддаи 68. Давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ

1. Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти уҳдадории меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартҳои шартномаи меҳнатӣ давомнокии кўтоҳкардашудаи вақти корӣ бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

2. Давомнокии вақти кории кўтоҳкардашуда ба шахсони зерин муқаррар карда мешавад:

- кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд;

- занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд;

- кормандони маъюб;

- кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ зарарнок машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд.

 

Моддаи 69. Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд

1. Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар раванди меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд.

2. Рўйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳоеро, ки кор дар онҳо барои давомнокии кўтоҳи вақти корӣ ҳуқуқ медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 70. Давомнокии кўтоҳи вақти корӣ барои кормандоне, ки корашон дорои хусусияти махсус мебошад

1. Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, омўзгорон ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддати баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст (хусусияти махсус дорад), давомнокии вақти корӣ дар як ҳафта на зиёда аз 35 соат муқаррар карда мешавад.

2. Номгўйи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси вақти кории онҳоро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

 

Моддаи 71. Вақти нопурраи корӣ

1. Бо созиши байни корманд ва корфармо ҳангоми қабул ба кор ва дар давоми кор рўзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи корӣ бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ё мутаносибан ба вақти корӣ муқаррар карда мешавад.

2. Корфармо уҳдадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақти нопурраи кориро муқаррар намояд.

3. Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи корӣ давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти корӣ камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошанд.

4. Кор дар шароити вақти нопурраи корӣ барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.

 

Моддаи 72. Намудҳои ҳафтаи корӣ ва низоми вақти корӣ

Намудҳои ҳафтаи корӣ (ҳафтаи кории панҷрўза бо ду рўзи истироҳат ё ҳафтаи кории шашрўза бо як рўзи истироҳат, ҳафтаи кории бо рўзҳои истироҳати тағйирёбанда) ва низоми вақти корӣ (давомнокии вақти кории ҳамарўза (баст), вақти оғоз ва анҷоми кор, вақти танаффус, шумораи баст дар як шабонарўз, иваз намудани рўзҳои корӣ ва ғайрикорӣ, тартиби гузаронидани кормандон аз як баст ба басти дигар) дар ташкилот тибқи қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва ҳангоми мавҷуд набудани онҳо, тибқи созиши байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 73. Кори баставӣ

1. Ҳангоми кори баставӣ давомнокии кори ҳаррўза (баст) тибқи ҷадвали баставӣ, ки аз ҷониби корфармо пас аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон тасдиқ карда мешавад ва дар муддати то як моҳи пеш аз ҷорӣ гардидани он ба маълумоти кормандон расонида мешавад.

2. Кормандон якдигарро дар баст баробар иваз мекунанд. Аз як баст ба дигар баст гузаштан мутобиқи ҷадвали кори баставӣ сурат мегирад.

3. Пайи ҳам ба кор ҷалб намудани корманд дар давоми ду баст манъ аст.

 

Моддаи 74. Давомнокии вақти корӣ

1. Дар сурати ҳафтаи панҷрўзаи корӣ давомнокии кори ҳаррўза (баст) - ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали баст, ки онро корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи кории муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамояд.

2. Давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) зиёд буда наметавонад:

- барои кормандони аз 15 то 16 сола - 5 соат ва аз 16 то 18 сола - 7 соат;

- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд - аз 14 то 16 сола - 2,5 соат ва аз 16 то 18 сола - 3,5 соат;

- барои шароити муътадили кор - 8 соат;

- барои маъюбон - 6 соат;

- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - нисфи давомнокии муътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 66 - 73 ва моддаи мазкури Кодекси мазкур муайян шудаанд.

3. Ҳангоми ҳафтаи шашрўзаи корӣ, агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррўза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 75. Ба қисмҳо тақсим кардани рўзи корӣ

1. Дар корҳои дорои хусусияти махсуси меҳнат ҳангоми зарурат рўзи корӣ бо розигии корманд метавонад ба қисмҳо тақсим карда шавад, агар давомнокии умумии вақти корӣ аз давомнокии муқарраргардидаи вақти кории ҳаррўза зиёд набошад.

2. Намуди корҳое, ки дар онҳо рўзи корӣ ба қисмҳо тақсим карда мешавад, миқдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудҳо ва ҳаҷми ҷубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян менамояд.

3. Барои кормандони эҷодии ташкилотҳои касбии санъат ва соҳаи фарҳанг, воситаҳои ахбори омма, варзишгарон, мураббиён мумкин аст давомнокии дигари вақти корӣ тибқи Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 76. Давомнокии вақти корӣ дар арафаи рўзҳои иди ғайрикорӣ

1. Давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) дар арафаи рўзҳои иди ғайрикорӣ (моддаи 89 Кодекси мазкур) барои ҳамаи кормандон на камтар аз як соат кўтоҳ карда мешавад.

2. Давомнокии вақти кории ҳаррўза (баст) пеш аз рўзи иди ғайрикорӣ дар ҳолатҳое, ки пеш аз рўзи ид рўзи истироҳат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кўтоҳи ҳафтаи корӣ муқаррар шуда бошад, кам карда намешавад.

3. Дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки тибқи шароити истеҳсолот (кор) кўтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррўза дар рўзҳои пеш аз иди ғайрикорӣ имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад ё бо розигии корманд ҳамчун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 77. Давомнокии вақти кории шабона

1. Аз соати 22 то соати 6 саҳар вақти шабона ҳисоб мешавад, агар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар нагардида бошад.

2. Давомнокии вақти кории шабона бо мутаносибан кўтоҳ кардани давомнокии ҳафтаи корӣ як соат кўтоҳ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори ҳаррўзаи (баст) барои корманд муқарраргардида ба вақти шабона рост ояд.

3. Дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки мувофиқи шароити истеҳсолот кўтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррўза (баст) дар вақти шабона имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад.

4. Ба кори шабона ҷалб намудани кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон тибқи риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур муқаррар кардааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 78. Баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ

1. Дар ташкилотҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) давомнокии муқарраргардидаи ҳарҳафтаинаи вақти кориро риоя кардан мумкин нест, баҳисобгирии якҷояи вақти корӣ метавонад ҷорӣ карда шавад, агар давомнокии вақти корӣ дар доираи баҳисобгирӣ аз шумораи муътадили соатҳои корӣ зиёд набошад. Дар ин маврид давраи баҳисобгирӣ набояд аз як сол ва давомнокии вақти кории ҳаррўза (смена) аз 12 соат зиёд бошад.

2. Тартиби татбиқи баҳисобгирии якҷояи вақти кориро шартномаи коллективӣ ва агар он баста нашуда бошад, корфармо баъд аз маслиҳат бо намояндагони кормандон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 79. Изофакорӣ

1. Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 80 Кодекси мазкур муқаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва бо тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад.

2. Корфармо уҳдадор аст ҳангоми  изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити муътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.

3. Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

4. Ҳангоми 12 соат будани давомнокии баст, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошанд, изофакорӣ манъ аст.

5. Изофакорӣ набояд дар давоми ду рўз пай дар пай беш аз ин бошад:

- ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат вазнин ва ё зарарнок бошад;

- чор соат дар дигар корҳо.

6. Барои ҳар як корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.

 

Моддаи 80. Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ

Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ инҳоянд:

- иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатари умум зарур мебошанд;

- иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти муътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;

- зарурати ба охир расонидани корҳои шурўъгардида, ки ба иҷро расонидани онҳо бинобар сабабҳои техникӣ, ғайричашмдошт, тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ ғайриимкон аст (агар қатъи кори шурўъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад);

- иҷрои корҳои муваққатӣ оид ба таъмир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайрон будани онҳо боиси қатъ шудани кори аксарияти кормандон мегардад;

- давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил амалкунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо уҳдадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатдор чораҳои фаврӣ андешад;

- иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ҷамъшавии бор дар нуқтаҳои интиқолу қабули бор ва бекористии воситаҳои нақлиёт.

 

Моддаи 81. Тартиби ҳисобкунии вақти корӣ

1. Корфамо уҳдадор аст вақти кориро, ки ҳар як корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро, сари вақт дақиқ ҳисоб кунад.

2. Ҳисобкунии вақти корӣ вақти кории иҷрошуда ва иҷронашудаи кормандро дар бар мегирад.

3. Ба таркиби вақти кори иҷрошуда ҳисобкунии дигар давраи вақте, ки ба вақти корӣ тааллуқ дорад, дохил мешавад. Ҳисобкунии соатҳои изофакорӣ, кор дар бастҳои шабона, рўзҳои истироҳат, рўзҳои ид, рўзҳои сафари хизматӣ алоҳида бурда мешавад.

4. Ба таркиби вақти кори иҷронашуда ҳисобкунии вақти кори пардохтшаванда ва пардохтнашаванда бо айби корманд ва ё корфармо дохил карда мешавад.

5. Ҳисобкунии вақти корӣ дар асоси ҳуҷҷатҳое, ки корфармо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ муайян кардааст, пеш бурда мешавад.

6. Дар ҳолатҳое, ки ба вақти кори корманд давраҳои иҷрои кор берун аз ҷойи корӣ сурат мегирад ё вақти иҷрои онро корфармо дақиқ муайян карда натавонад, ин давраҳо дар ҳуҷҷатҳо ҳамчун иҷрои ҳаҷми кор тибқи муқаррароти шартномаи меҳнатӣ ба қайд гирифта мешаванд.

 

БОБИ 7. ВАҚТИ ИСТИРОҲАТ

 

Моддаи 82. Намудҳои вақти истироҳат

Вақти истироҳат аз намудҳои зерин иборат аст:

- танаффусҳо дар давоми рўзи корӣ (дамгирӣ, хўрокхўрӣ, дохилибастӣ ва махсус);

- танаффусҳо байни рўзҳои (басти) корӣ;

- рўзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина);

- рўзҳои иди ғайрикорӣ;

- рухсатиҳо.

 

Моддаи 83. Танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ

1. Дар давоми рўзи (басти) корӣ ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ танаффус дода шавад. Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори бастҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Танаффус бояд на дертар аз чор соат баъд аз оғози кор дода шавад.

2. Танаффусҳо барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ ба вақти корӣ дохил намешаванд ва барои онҳо музд дода намешавад ва давомнокиашон набояд аз ду соат зиёд бошад.

3. Дар корҳое, ки аз рўи шароити истеҳсолот додани танаффусҳо барои истироҳат ва хўрокхўрӣ имкон надорад, корфармо уҳдадор аст барои истироҳат ва хўрокхўрии корманд дар вақти корӣ шароит муҳайё намояд. Номгўйи чунин корҳо дар шартномаи коллективӣ (агар шартномаи коллективӣ баста нашуда бошад - аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон) муайян мегардад, ҷойи истироҳат ва хўрокхўрӣ аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 84. Танаффусҳои дохилибастӣ ва махсус

1. Дар баъзе намуди корҳо ба кормандон дар давоми вақти корӣ додани танаффусҳои дохилибастӣ пешбинӣ мешавад, ки онро хусусияти технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат тақозо менамоянд. Намуди ин гуна корҳо, давомнокӣ ва тартиби додани чунин танаффусҳо дар шартномаи коллективӣ муайян карда мешаванд (агар шартномаи коллективӣ баста нашуда бошад - бо мувофиқаи намояндагони кормандон аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад).

2. Барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пўшидаи гармнашаванда кор мекунанд, кормандоне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурўҳи кормандон мувофиқи шароит ва тартибе, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, танаффусҳои махсус барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани кўдак дода мешаванд.

3. Танаффусҳои дохилибастӣ ва танаффусҳои махсус ба ҳисоби вақти корӣ дохил гардида, музди онҳо пардохт карда мешаванд. Корфармо уҳдадор аст бо биноҳое, ки барои танаффусҳои дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.

 

Моддаи 85. Давомнокии танаффусҳо байни рўзҳои (бастҳои) корӣ

Давомнокии танаффусҳо байни рўзҳои (бастҳои) кории корманд аз 12 соат набояд камтар бошад.

 

Моддаи 86. Рўзҳои истироҳат

1. Ба ҳамаи кормандон рўзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад.

2. Дар ҳафтаи панҷрўзаи корӣ ба кормандон дар ҳафта ду рўзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрўзаи корӣ як рўзи истироҳат дода мешавад.

3. Рўзи истироҳати умумӣ - якшанбе мебошад. Рўзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрўзаи корӣ, тибқи ҷадвали кории ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рўзи истироҳат пайи ҳам дода мешавад.

4. Дар ташкилотҳое, ки вобаста ба шароити истеҳсолию техникӣ ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи аҳолӣ қатъи кор дар онҳо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотҳои муттасил коркунанда рўзҳои истироҳат дар рўзҳои гуногуни ҳафта ба ҳар гурўҳи кормандон мувофиқи ҷадвали бастҳо, ки корфармо бо машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон тасдиқ кардааст, дода мешавад.

 

Моддаи 87. Манъи кор дар рўзҳои истироҳат. Ҳолатҳои истисноии ҷалби корманд ба кор дар рўзҳои истироҳат

1. Дар рўзҳои истироҳат кор кардан манъ аст.

2. Дар рўзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи намояндагони кормандон дар асосҳо ва ҳолатҳои истисноии зерин иҷозат дода мешавад:

- барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаи истеҳсолӣ ё фавран бартараф намудани оқибатҳои он;

- барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш, ҳалокат ва нобудшавии молу мулк;

- барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори муътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;

- дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) пешбинӣ намудаанд.

3. Ҷалби кормандон дар рўзҳои истироҳат бо риояи маҳдудиятҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати кормандони маъюб, занон, шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ ва ноболиғон муқаррар намудааст, сурат мегирад.

 

Моддаи 88. Ҷуброни кори рўзҳои истироҳат ва вақти дамгирӣ

Кор дар рўзҳои истироҳат ва дар вақти дамгирӣ мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рўзи дигари истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи муқаррарнамудаи моддаи 154 Кодекси мазкур ҷуброн карда мешавад.

 

Моддаи 89. Истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ

1. Истироҳат дар рўзҳои иди ғайрикорӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» муайян карда мешавад.

2. Дар рўзҳои иди ғайрикорӣ корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил коркунанда) ғайриимкон аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ.

3. Кор дар рўзҳои иди ғайрикорӣ тибқи муқаррароти моддаи 154 Кодекси мазкур ҷуброн карда мешавад.

4. Тартиби гузаронидани рўзи истироҳатро ба дигар рўзи корӣ бо мақсади самаранок истифода намудани вақти корӣ дар рўзҳои иди ғайрикорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

5. Агар рўзи истироҳат ба рўзи иди ғайрикорӣ рост ояд, рўзи истироҳат ба рўзи аввали кории баъд аз рўзи иди ғайрикорӣ гузаронида мешавад.

 

Моддаи 90. Намудҳои рухсатӣ

1. Рухсатӣ аз намудҳои зерин иборат аст:

- рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;

- рухсатиҳои иҷтимоӣ;

- рухсатии бемузди меҳнат;

- рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок;

-дигар намуди рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда аз инҳо иборат мебошанд:

- рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин;

- рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;

- рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсола.

3. Рухсатиҳои иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:

- рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;

- рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак;

- рухсатӣ барои таҳсил;

- рухсатии эҷодӣ.

4. Рухсатиҳо бо санади корфармо ба расмият дароварда мешаванд.

 

Моддаи 91. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ

1. Кормандон ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

2. Иваз кардани рухсатии меҳнатӣ ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшаванда рухсатиашро истифода набурда бошад.

 

Моддаи 92. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

Кормандон ҳуқуқ доранд, новобаста аз корфармо ва намуди шартномаи меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот ва музди меҳнат ба рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.

 

Моддаи 93. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин

1. Давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтарин 24 рўзи тақвимиро ташкил медиҳад.

2. Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи кормандон ба таври ҳатмӣ дода мешавад.

3. Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ муҳлати давомнокии рухсатии меҳнатии асосии ҳарсолаи камтаринро бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, аз 24 рўзи тақвимӣ зиёд намояд.

4. Рўзҳои иди ғайрикорӣ, корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда дохил намегарданд.

5. Ҳангоми рост омадани рўзҳои иди ғайрикорӣ дар давраи рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда давомнокии рухсатии корманд ба шумораи рўзҳои иди ғайрикорӣ дароз карда мешавад.

 

Моддаи 94. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда

1. Ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти шароит ва хусусияти уҳдадориҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо мумкин аст рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шавад.

2. Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад:

- ба кормандони ташкилотҳои илмӣ - аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва дигар китобхонаҳо - аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандон - омўзгорони шуъбаҳои рўзона ва ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла доир ба тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ - аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ - аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандони муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ - аз 28 то 42 рўзи тақвимӣ;

- ба ҳамшираҳои тиббӣ, ки ба тарбияи кўдакони то сесола машғуланд, мураббияҳои гурўҳҳои ширхораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ва хонаи кўдакон - 42 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал - 28 рўзи тақвимӣ;

- ба варзишгарон - на камтар аз 30 рўзи тақвимӣ;

- ба рўзноманигорон - на камтар аз 30 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандони синни то ҳаждаҳ, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ (таълими истеҳсолӣ) қабул шудаанд - 30 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандони маъюби гурўҳҳои I ва II- 42, гурўҳи III- 35 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандоне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд - на камтар аз 28 рўзи тақвимӣ;

- ба дигар гурўҳҳои кормандон тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

3. Номгўйи ташкилотҳо, касб ва вазифаҳо, ки дар сархатҳои аз якум то панҷуми қисми 2 моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 95. Рухсатиҳои иловагии ҳарсола

Корфармо уҳдадор аст ба шахсони зерин рухсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад:

- ба кормандоне, ки дар корҳои шароити зарарнок ва вазнин кор мекунанд;

- ба кормандоне, ки корашон хусусияти махсус дорад;

- ба кормандоне, ки дар шароити номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд;

- ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда;

- дар мавридҳои дигаре, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 96. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат

1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кўҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кўҳӣ, буриш ва карерҳо, дар минтақаҳои аз ҷиҳати радиоактивӣ олуда, дар дигар корҳои ба саломатии инсон зарарнок кор мекунанд, ки дорои омилҳои номусоиди физикию кимиёвӣ, биологӣ ва дигар омилҳо мебошанд.

2. Номгўйи истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳое (мансабҳое), ки кор дар онҳо ба рухсатии иловагии ҳарсола барои шароити меҳнати ба саломатӣ зарарнок ва вазнин ҳуқуқ медиҳад, инчунин давомнокии рухсатӣ, тартиб ва шароити додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

3. Рухсатии иловагии ҳарсола танҳо тибқи яке аз асосҳои дар номгўй пешбинигардида дода мешавад.

 

Моддаи 97. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор

1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои хусусияти махсуси кор бо давомнокии на камтар аз 3 рўзи тақвимӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои хусусияти махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.

2. Номгўйи касбу вазифаи (мансаби) кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагӣ барои хусусияти махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 98. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ

1. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рўзи тақвимӣ дода мешавад.

2. Давомнокии мушаххаси рухсатии иловагии ҳарсола ва шарти додани онро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян мекунанд.

 

Моддаи 99. Рухсатии иловагии бо рўзи корӣ ба меъёр гирифтанашуда

1. Ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории муътадили муқарраргардида иҷро намудани кор рухсатии иловагӣ на камтар аз 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад.

2. Давомнокии мушаххаси чунин рухсатӣ барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони дигар ташкилотҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар сурати мавҷуд набудани онҳо тибқи созиши тарафҳои шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.

3. Номгўйи кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар ташкилотҳо бо шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё дигар санади меъёрии дохилии (локалии) ташкилот муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 100. Рухсатии иловагӣ барои собиқаи кории давомнок

1. Ба кормандоне, ки дар як соҳа ё дар як ташкилот муддати дароз кор карда, дорои собиқаи кории давомнок мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад.

2. Номгўйи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо (мансабҳо), шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои собиқаи кории давомнок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 101. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола

1. Давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола бо рўзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

2. Рўзҳои иди ғайрикорӣ, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд, мувофиқи моддаи 89 Кодекси мазкур ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.

3. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии меҳнатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки муҳлати онро Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.

4. Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои меҳнатии ҳарсола мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.

5. Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рўзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рўз ба инобат гирифта намешавад.

 

Моддаи 102. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад

1. Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил мешаванд:

- вақти кори воқеӣ дар давоми соли корӣ;

- вақте, ки корманд воқеан кор накардааст, вале ҷойи кораш (мансабаш) барои ў нигоҳ дошта шудааст;

- вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;

- дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилот, шартҳои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.

2. Агар дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки барои рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:

- вақти бе сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набудани корманд;

- вақти рухсатиҳои барои нигоҳубини кўдак то ба синни муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расидани ў;

- вақти рухсатиҳои бемузд, ки бо хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рўзи тақвимӣ дода шудааст.

3. Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои меҳнатии иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд.

 

Моддаи 103. Ҳуқуқи корфармо оид ба тағйир додани соли кории корманд

Агар маҷмўи давраҳое, ки тибқи моддаи 102 Кодекси мазкур ба соли корӣ дохил мешавад, аз 12 моҳи пурраи тақвимӣ кам бошанд, соли кории корманд ба вақти нарасидаи он тағйир дода мешавад.

 

Моддаи 104. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ

1. Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои соли аввали корӣ на барвақттар аз 11 моҳи корӣ аз ҷониби корфармо дода мешавад.

2. То ба итмом расидани 11 моҳи корӣ корфармо уҳдадор аст бо хоҳиши корманд ба ў дар ҳолати зерин рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд:

- ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъд аз он;

- ба кормандони синни то ҳаждаҳ;

- ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;

- ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобати санаторӣ -курортӣ роҳхат доранд;

- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то 11 моҳи корӣ аз рўи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;

- ба омўзгорони муассисаҳои таълимӣ;

- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ ду ва ё зиёда кўдаки синни то чордаҳ ё кўдаки маъюби синни то ҳаждаҳ доранд;

- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантураҳо (шуъбаҳои шабона ва ғоибона) таълим мегиранд;

- дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайяншуда.

3. Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнатӣ баъд аз гузаштани се моҳ дода мешавад.

4. Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарбӣ бо хоҳиши онҳо рухсатии меҳнатӣ дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ў дода мешавад.

5. Ба ғайр аз ҳолатҳои дар сархатҳои аз якум то нуҳуми қисми 2, қисмҳои 3 ва 4 моддаи мазкур нишондодашуда рухсатӣ мутаносибан ба рўзҳои дар давоми сол кор кардашуда, аммо на камтар аз 14 рўзи тақвимӣ дода мешавад.

 

Моддаи 105. Шартҳои додани рухсатии меҳнатӣ барои солҳои дуюм ва минбаъдаи корӣ

Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои солҳои дуюм ва минбаъдаи корӣ ҳар вақти соли корӣ мувофиқи навбати додани рухсатиҳои меҳнатӣ дода мешавад, агар дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.

 

Моддаи 106. Додани рухсатии ҳарсола ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд

Ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд, рухсатиҳои ҳарсола барои муддати кори воқеӣ дар ҷойи кори охирин дода мешавад.

 

Моддаи 107. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ

1. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ бо тартиби пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо намояндагони кормандон мувофиқа карда шудаанд ва ё бо мувофиқаи байни корфармо ва кормандон муайян карда мешаванд.

2. Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳнатӣ барои соли тақвимӣ тибқи муҳлатҳои муқаррарнамудаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиб дода мешавад, ки он бо корфармо ва иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад.

3. Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳоди рухсатӣ, ҳуқуқҳои кормандони зерине, ки барои гирифтани рухсатӣ имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:

1) Дар давраи тобистон ва дигар вақти мувофиқ:

- ба кормандони синни то ҳаждаҳ;

- ба омўзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, муаллимони муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ва ҳайати профессорию омўзгории муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ;

- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;

- ба занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки ду ва ё зиёда кўдаки синни то чордаҳ ё кўдаки маъюби то синни ҳаждаҳ доранд;

- ба кормандоне, ки ба бемории шуоъӣ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳои бо паҳншавии нури радиатсионӣ вобастабуда;

- ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оқибати садамаи Чернобил ва дигар минтақаҳои заҳролудшуда ё рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ иштирок кардаанд;

- дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ.

2) Дар давраи муайян:

- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ (шуъбаҳои шабона), муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва аспирантураҳо - пеш аз гузаронидан ё дар ҳолати гузаронидани машғулиятҳои муқарраргардида, иҷрои корҳои лабораторӣ ё таълимӣ, супоридани имтиҳонҳо ё санҷишҳо ба омўзиш машғуланд;

- ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд - дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосӣ.

4. Ба корманд бояд 15 рўз пеш аз саршавии рухсатӣ оид ба вақти пешниҳоди рухсатӣ хабар дода шавад.

5. Ба мардон мувофиқи хоҳишашон ҳангоми рухсатӣ барои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуди ҳамсарашон рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешавад.

 

Моддаи 108. Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он

1. Корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд дар давоми ҳар як соли корӣ (ҳар сол) рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд.

2. Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли ҷорӣ ба раванди муътадили кори ташкилот, соҳибкори инфиродӣ таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд рухсатии ўро пурра ё қисман ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.

3. Рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад.

4. Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнин ё зарарноки меҳнатӣ кор мекунанд, инчунин дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешавад.

5. Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.

 

Моддаи 109. Ҳуқуқи корманд дар хусуси ба дигар вақт гузаронидан ва дароз намудани муҳлати рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ

1. Корманд метавонад дар ҳолатҳои зерин рухсатии меҳнатиашро ба дигар вақт гузаронад ё дароз намояд:

- ҳангоми корношоямии муваққатӣ;

- ҳангоми фаро расидани муҳлати рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;

- ҳангоми рост омадани рухсатии солонаи меҳнатӣ бо рухсатӣ барои таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии меҳнатӣ ва ё дар вақти рухсатии меҳнатӣ ва баъд аз даъвати муассисаи таълимӣ ба расмият дароварда бошад);

- ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбинӣ карда бошанд;

- ҳангоми пардохт накардани музди меҳнати корманд дар муҳлати муқаррарнамуда барои рухсатӣ;

- бо мувофиқаи тарафҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.

2. Агар сабабҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда дар давраи рухсатӣ ба миён омада бошанд, рухсатӣ ба муддати он рўзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба муҳлати дигари соли равони корӣ гузаронида мешавад.

3. Агар сабабҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда то оғози рухсатии меҳнатӣ ба вуҷуд омада бошанд, рухсатӣ бо хоҳиши корманд ва розигии корфармо ба вақти дигари соли корӣ гузаронида мешавад.

4. Корманд уҳдадор аст корфарморо оид ба сабабҳое, ки ба истифодабарии рухсатӣ дар муҳлати муайяншуда ва вақти дароз намудани рухсатӣ монеъ мешаванд, огоҳ намояд.

 

Моддаи 110. Оқибати бе асоси қонунӣ ва ризоияти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии меҳнатӣ аз ҷониби корманд

Агар рухсатии меҳнатӣ бо риояи талаботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар муҳлати муайяншудаи он то охири соли корӣ бе асоси қонунӣ рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пулӣ ҷуброн накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми 1 моддаи 118 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 111. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатии меҳнатӣ. Бозхонд аз рухсатии меҳнатӣ

1. Рухсатии меҳнатиро бо мувофиқаи корманд ва корфармо ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст, ки яке аз қисмҳои он набояд аз 14 рўзи тақвимӣ камтар бошад.

2. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

3. Ҳангоми бозхондан аз рухсатии меҳнатӣ қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 108 Кодекси мазкур илова гардад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар ҳолатҳо пешбинӣ нашуда бошанд.

4. Аз рухсатии меҳнатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зарарнок, хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон хусусияти махсус дорад, инчунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда мумкин нест.

 

Моддаи 112. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола

1. Дар давраи рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад.

2. Пардохти рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.

3. Корфармо ҳуқуқ дорад ҳангоми пешниҳоди рухсатии меҳнатии асосии ҳарсола тибқи санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва шартномаи коллективӣ ба корманд иловапулӣ (кумакпулӣ) пардохт намояд.

 

Моддаи 113. Маблағҳо барои пардохти рухсатиҳо

1. Рухсатиҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд (моддаи 223 Кодекси мазкур) ва барои нигоҳубини кўдак (моддаҳои 224 ва 225 Кодекси мазкур) аз ҳисоби маблағҳои корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҳисоби маблағҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбинӣ гардидаанд, пардохт карда мешаванд.

2. Рухсатиҳо барои ҳомиладорӣ ва тавваллуд, рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешаванд.

 

Моддаи 114. Рухсатии иҷтимоӣ

1. Рухсатии иҷтимоӣ ба кормандон барои фаъолияти эҷодӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кўдак ва таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот дода мешавад.

2. Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимоӣ ба давомнокӣ, ҷой ва намуди кор, номгўй ва шакли ташкилию ҳуқуқии ташкилот вобаста нест.

3. Дар вақти рухсатии иҷтимоӣ ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар Кодекси мазкур, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.

4. Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.

5. Рухсатии иҷтимоӣ барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.

6. Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимоӣ дар соли ҷории тақвимӣ он ба соли дигари корӣ гузаронида намешавад ва бо маблағи пулӣ ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан.

 

Моддаи 115. Рухсатии эҷодӣ

1. Рухсатии эҷодӣ бо нигоҳдории музди меҳнат ба кормандон барои иҷрои корҳои рисолавӣ, навиштани китобҳои дарсӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, дода мешавад.

2. Тартиб ва шартҳои пешниҳод кардан ва давомнокии рухсатии эҷодиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

 

Моддаи 116. Рухсатии бемузди меҳнат

1. Ба корманд, бинобар вазъи оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии он бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян карда мешавад. Узрнок будани сабабҳои дода шудани чунин рухсатиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.

2. Рухсатии бемузди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба инҳо дода мешавад:

- ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахўроне, ки кор мекунанд - ҳар сол то 14 рўзи тақвимӣ;

- ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи Ватан ва иҷрои вазифаи (мансаби) хизматӣ ба онҳо расидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар ҷанг ва муқовиматҳои сиёсӣ фавтидаанд - ҳар сол то 14 рўзи тақвимӣ;

- ба маъюбоне, ки кор мекунанд - то 2 моҳ дар як сол;

- ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кўдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешовандон - то 7 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо мувофиқи хулосаи тиббӣ  нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнатӣ ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он) - то 14 рўзи тақвимӣ;

- ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат роҳхати санаторӣ - курортӣ доранд, ки муҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнатӣ зиёд аст - ба муҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафтуомад), агар ҳамаи муҳлати рухсатии меҳнатӣ истифода шуда бошад, бо муҳлати пурраи роҳхат (бо иловаи вақти рафтуомад);

- ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ иҷозат дода шудаанд - 10 рўзи тақвимӣ, ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус - 15 рўзи тақвимӣ, ғайр аз вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;

- ба шахсони ба аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот таҳсилкунанда - барои вақти рафтуомад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ва кори рисолавӣ;

- дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.

3. Рухсатиҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва сеюми қисми 2 моддаи мазкур пешбинишуда дар вақте дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиқа кардааст.

 

Моддаи 117. Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок

1. Ҳангоми зарурати муваққатан боздоштани истеҳсолот (кор) ё кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо бо мақсади пешгирӣ намудани озодкунии кормандон аз рўи ихтисори шумора ё воҳиди корӣ ҳуқуқ дорад, бо розигии корманд (кормандон) ба ў (онҳо) рухсатии бе нигоҳдорӣ ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Дар ҳолати мазкур андозаи музди меҳнати пардохтшаванда бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, он аз андозаи музди меҳнати моҳонаи корманд кам буда наметавонад.

 

Моддаи 118. Амалӣ кардани ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсола ҳангоми аз кор озод намудан

1. Ҳангоми аз кор озод намудан, новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.

2. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо хоҳиши корманд рухсатии меҳнатии ҳарсолаи истифоданашуда ба ў бо шарти аз кор озод кардан пас аз ба итмом расидани рухсатӣ дода мешавад. Дар ин ҳолат санаи аз кор озод шудан рўзи охирини рухсатӣ ҳисоб карда мешавад.

3. Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ рухсатӣ бо шарти баъд аз рухсатӣ аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, агар муҳлати рухсатӣ пурра ё қисман аз муҳлати шартномаи меҳнатӣ бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи меҳнатӣ то ба охир расидани рухсатӣ дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.

4. Ҷубронпулӣ барои рухсатии пурраи меҳнатӣ дар сурате пардохт карда мешавад, ки агар корманд то рўзи аз кор озод шудан дар тамоми соли корӣ кор карда бошад. Агар то рўзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли корӣ меҳнат карда бошад, ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти кори кардашуда пардохт карда мешавад.

5. Ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рўзи озодкунӣ пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 119. Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсатӣ

1. Корфармо тибқи машварати пешакӣ бо коллективи меҳнатӣ метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркунӣ ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо мувофиқ рухсатӣ диҳад.

2. Аз ҳисоби маблағи сарфакарда (даромад), мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, корфармо ҳуқуқ дорад:

- барои кор аз рўи ҷадвали ҳафтаи кори муттасил (дар ҳолати низоми кори бисёрбастӣ) ба муддати на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;

- барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ, иҷрои корҳои махсусан мураккаб ва махсусан муҳим ба муддати на камтар аз 10 рўзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;

- андозаи баланди музди ҳамаи намудҳои рухсатиҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла рухсатиҳои давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кўдак, фаъолияти эҷодӣ ва ба таҳсил алоқамандро муқаррар намояд;

- кормандонеро, ки рухсатии худро дар истироҳатгоҳҳо ва дигар муассисаҳои солимгардонӣ гузаронида, қобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро беҳтар мекунанд, бо роҳи пурра ё қисман пардохтани арзиши хароҷоти роҳхат ва роҳкиро то ҷойи истироҳату табобат ҳавасманд гардонад.

 

БОБИ 8. ТАЙЁРИИ КАСБӢ, АЗНАВТАЙЁРКУНӢ, ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА ТАҶРИБАОМӮЗИИ КОРМАНДОН

 

Моддаи 120. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

1. Зарурият ва ҳаҷми тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандонро бо мақсади таъмини фаъолият ва рушди босамари ташкилот корфармо муайян мекунад.

2. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон ё дигар шахсоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд бевосита дар ташкилот ва ё берун аз он дар ташкилотҳои ба ин мақсад таъсисёфта амалӣ карда мешаванд.

3. Корфармо уҳдадор аст барои кормандон, ки таҷрибаомўзӣ, тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, барои якҷоя кардани корҳо бо таълим, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, шароит муҳайё намояд.

4. Корфармо уҳдадор аст, ки касбомўзӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси иловагӣ ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.

5. Баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба корманд тахассуси (гурўҳ, дараҷа) дахлдори касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад.

6. Маълумоти умумии касбии корманд ҳангоми баланд бардоштани тахассуси (гурўҳ, дараҷа) касбӣ, таъйини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи (мансаби) баландтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.

7. Кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда, танҳо дар ҷойи кори асосӣ дода мешаванд.

8. Корфармо ба муассисаҳои таълимӣ, ки барномаҳои таҳсилотии техникӣ ва касбиро татбиқ мекунанд, барои тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кадрҳо мусоидат менамояд.

 

Моддаи 121. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

1. Тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон бо роҳхати корфармо дар муассисаҳои таълимӣ аз ҳисоби маблағҳои корфармо ё дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, мутобиқи шартномаи таҳсил амалӣ карда мешаванд.

2. Барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, тибқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) аз ҳисоби маблағи корфармое, ки онҳоро ба таҳсил мефиристонад, мумкин аст имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 122. Шакл ва талаботи умумӣ ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандон

1. Шакли тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандонро корфармо муайян мекунад.

2. Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомўзии кормандонро дар ташкилотҳои давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 123. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандон оид ба тайёрии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос

1. Кормандон ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос, аз ҷумла таҳсилоти касбӣ ва ихтисосҳои нав ҳуқуқ доранд.

2. Кормандоне, ки аз тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, дар мувофиқа бо корфармо метавонанд аз кор ё иҷрои кор бо шартҳои вақти нопурраи корӣ озод карда шаванд.

3. Кормандоне, ки аз тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос мегузаранд, аз кафолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, бархўрдор мебошанд.

4. Корманд уҳдадор аст, ки пас аз ба итмом расидани тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос ба муҳлати дар шартномаи таҳсил мувофиқанамудаи тарафҳо ба корфармо кор кунад.

5. Дар ҳолати бекор кардани шартномаи меҳнатӣ то муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи таҳсил бо ташаббуси корманд ё бо ташаббуси корфармо бинобар гуноҳи корманд, корманд ба корфармо хароҷотҳоро вобаста ба таҳсил ба муҳлати мутаносибан иҷронакардаи кор бояд пардохт намояд.

 

Моддаи 124. Мазмуни шартномаи таҳсил

1. Шартномаи таҳсил бояд дар бар гирад:

- сана ва маҳалли тартиб додани шартнома;

- тарафҳои шартнома;

- номи ташкилоте, ки корманд кор мекунад, насаб, ном ва номи падари корфармо ё шахси ваколатдорнамудаи он, ваколатнома, номи муассисаи таълимӣ, насаб, ном ва номи падари роҳбари он, насаб, ном ва номи падари корманд (таҷрибаомўз, донишҷў), агар шартнома сетарафа бошад;

- номи ташкилот, ҷойи кори корманд, насаб, ном ва номи падари кордиҳанда ё шахси ваколатдори ў, ваколатнома, насаб, ном ва номи падари корманд (таҷрибаомўз, донишҷў);

- мавзуи шартнома;

- маълумот дар бораи таҳсили музднок ва ройгон, шакли таҳсил, касби мушаххас, дараҷаи ихтисоси таҳсилот, ки таҳсилкунанда мегирад;

- ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва таҳсилкунанда;

- муҳлати таҳсил ва муҳлати кори иловагӣ барои корфармо баъд аз хатми таҳсил;

- кафолат ва ҷубронпулӣ, ки ба таҳсил алоқаманд мебошанд;

- ҳолатҳои ғайричашмдошт (форс - мажорӣ);

- шартҳои махсус;

- тартиби баррасии баҳсҳо;

- муҳлати амал ва тартиби бекор намудани шартнома;

- суроғаи тарафҳо.

2. Шартномаи таҳсил метавонад дигар шартҳоеро, ки бо созиши тарафҳо муайян карда мешаванд, дар бар гирад.

 

Моддаи 125. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд

1. Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, дар асоси даъвати муассисаҳои таълимӣ барои иштирок дар машғулияти таълимӣ дар муҳлати муқарраргардида аз иҷрои уҳдадории хизматӣ ё истеҳсолӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат озод карда мешаванд.

2. Дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ таҳсил мекунанд, аз ҳисоби маблағи корфармое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодааст, мумкин аст имтиёзҳои иловагӣ муқаррар карда шаванд.

 

Моддаи 126. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд

1. Ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ таҳсил мекунанд ва ҳамзамон дар ташкилотҳо кор мекунанд, рўзи кории на зиёда аз чор соат муқаррар карда мешавад.

2. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рўзи тақвимӣ, ҳангоми шаш рўз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон миқдор соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрўза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рўз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти корӣ зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои озод аз кор тағйир меёбад.

3. Дар муддати аз кор озод будани корманд ба ў аз ҷойи кори асосӣ на камтар аз 50 фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақали музди меҳнат маош дода мешавад.

4. Таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба рухсатии пардохтшавандаи иловагӣ аз ҷойи кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба муҳлати на камтар аз андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсатӣ ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 127. Имтиёзҳо барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ

1. Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олӣ таҳсил мекунанд, барои иҷрои корҳои лабораторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиҳонҳо, омодагӣ ва дифои кори дипломӣ аз ҷойи кор ба муддати на камтар аз андозаи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешаванд.

2. Ба кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ таҳсил мекунанд, ҳар ҳафтаи рўзҳои кориаш иборат аз шаш рўз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани кори дипломӣ ё супоридани имтиҳонҳои хатмкунӣ камаш як рўзи аз кор озод будан ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.

3. Дар сурати аз панҷ рўз иборат будани ҳафтаи корӣ миқдори рўзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод будан боқӣ мемонад.

4. Ба кормандоне, ки дар шуъбаҳои шакли ғоибонаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти махсус ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ таҳсил мекунанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки муассисаи таълимӣ воқеъ гардидааст, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад.

 

БОБИ 9. БАКОРТАЪМИНКУНӢ

 

Моддаи 128. Кафолатҳои давлатии бакортаъминкунӣ

Давлат ба шаҳрвандон дар соҳаи шуғли аҳолӣ кафолатҳои зерин медиҳад:

- ҳифз намудан аз тамоми шаклҳои табъиз ва таъмини имконияти баробар барои гирифтани касб ва кор;

- тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисоси бекорон, кормандон ва шахсони камбизоат, ки ба нигоҳубини кўдакони то 3 сола машғуланд, инчунин ташкили корҳои ҷамъиятӣ барои бекорон;

- тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, ташкили корҳои ҷамъиятӣ барои кормандоне, ки низоми нопурраи вақти кориро бо назардошти тағйир ёфтани истеҳсолот дар ташкилот доранд, инчунин ҳангоми азнавташкилдиҳӣ ва (ё) кам шудани ҳаҷми кор аз ҷониби корфармо;

- мусоидат барои рушди фаъолияти соҳибкории хурду миёна;

- ташкили миёнаравӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл;

- пешниҳоди хизматрасонии касбӣ ва роҳнамоӣ, маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ;

- роҳнамоии низоми таҳсилоти касбӣ барои тайёр намудани мутахассисон мувофиқи талаботи бозори меҳнат;

- таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати ошкор ва қонунигардонии муносибатҳои меҳнатӣ;

- дар созишномаҳои сармоягузорӣ муқаррар намудани уҳдадории сармоягузор оид ба тайёркунии касбӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷуда;

- ташкили шароит барои рушди тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисос бевосита дар ташкилот;

- ҳамкории мутақобилаи мақомоти ваколатдор бо корфармоён оид ба масъалаҳои шуғл;

- таъмини шароит барои бакортаъминкунии шахсоне, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

Моддаи 129. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар самти бакортаъминкунӣ

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд ба:

- интихоби озодонаи намуди фаъолият ва касб тариқи муроҷиати бевосита ба корфармоён, инчунин тавассути миёнаравии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- ҷустуҷўи мустақилонаи кор ва бакортаъминкунӣ, аз ҷумла дар хориҷа;

- гирифтани машварат ва маълумот аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ;

- иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ.

 

Моддаи 130. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ҳангоми бакортаъминкунӣ

1. Корфармо ҳуқуқ дорад:

- интихоби кадрҳоро ба роҳ монад;

- аз мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ маълумоти дақиқ, пурра ва фаврӣ оид ба ҳолати бозори меҳнат ва имконияти тайёрии касбиро дастрас намояд.

2. Корфармо уҳдадор аст оид ба масъалаҳои зерин ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ чунин маълумотро пешниҳод намояд:

- дар бораи аз кор озод намудани кормандон бо сабаби барҳам додани шахси ҳуқуқӣ ё қатъ шудани фаъолияти шахси воқеӣ, ихтисор шудани шумора ё воҳиди корӣ, инчунин шумора ва гурўҳи кормандоне, ки ин ихтисоршавӣ метавонад ба фаъолияти онҳо дахолат кунад, бо нишон додани вазифа (мансаб), касб, ихтисос, дараҷа ва андозаи музди меҳнати кормандони аз кор озодшаванда ва муҳлате, ки дар давоми он кормандон озод карда мешаванд, вале на камтар аз ду моҳ пеш аз озодкунӣ;

- дар бораи тағйир ёфтани шароити меҳнат, гузариши кормандон ба низоми нопурраи вақти корӣ бо сабаби тағйир ёфтани истеҳсолот дар ташкилот, аз ҷумла дар вақти азнавташкилдиҳӣ ва (ё) кам шудани ҳаҷми кор, на камтар аз як моҳ пеш аз ба вуқўъ омадани чунин ҳолатҳо;

- дар бораи мавҷуд будани ҷойҳои кори холӣ (мансабҳои холӣ), дар муддати се рўзи корӣ аз рўзи ба вуҷуд омадани  онҳо;

- дар бораи қабул кардан ва қабул накардани шаҳрвандон ба кор (бо нишон додани сабабҳои он тавассути қайдҳои дахлдор дар роҳхат), дар муддати панҷ рўзи корӣ аз рўзи фиристодани онҳо тавассути мақомоти ваколатдор.

 

Моддаи 131. Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ

Миёнаравӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- иттилоотонии шаҳрвандон дар бораи имконияти дарёфти кор ва ба корфармоён дар бораи имконияти таъмин бо қувваи корӣ;

- мусоидат ба шаҳрвандон дар интихоби кор;

- ба шаҳрвандон додани роҳхати бакортаъминкунӣ ва пешниҳоди он ба корфармо барои ҷойи кори холӣ;

- таъсиси манбаи маълумот дар бораи бозори меҳнат;

- бақайдгирии муроҷиати шаҳрвандон;

- хизматрасонӣ дар муайян намудани касб;

- ҳамкории мутақобила бо корфармоён оид ба масъалаҳои бакортаъминкунӣ дар асоси шартнома.

 

БОБИ 10. БАМЕЪЁРГИРИИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 132. Меъёрҳои меҳнат

1. Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат, мумкин аст меъёрҳои баландтар ва маҷмўии меҳнат истифода шаванд.

2. Ҳангоми пардохти музди меҳнати вақтбайъ ба гурўҳи алоҳидаи кормандон мумкин аст супоришҳои бамеъёргирифташуда муқаррар карда шаванд. Барои иҷрои уҳдадориҳои ҷудогона ва ҳаҷми кор корфармо метавонад меъёрҳои хизматрасонӣ ё меъёрҳои шумораи кормандонро муайян намояд.

 

Моддаи 133. Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат

Кафолатҳои давлатии ташкили бамеъёргирии меҳнат аз инҳо иборатанд:

- таъмини таҳияи меъёрҳои намунавии аз ҷиҳати техникӣ асосноккардашуда оид ба меҳнат аз ҷониби мақомоти давлатӣ;

- назорати корфармоён оид ба таҳия, ҷорӣ ва аз нав дида баромадани меъёрҳои меҳнат.

 

Моддаи 134. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат

1. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки намояндагони кормандон сурат мегиранд.

2. Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат кормандон бояд на дертар аз як моҳ хабардор карда шаванд.

 

Моддаи 135. Талабот барои таҳияи меъёрҳои меҳнат

Ҳангоми таҳияи меъёрҳои меҳнат бояд талаботи зерин таъмин карда шаванд:

- сифати меъёрҳои меҳнат, наздиккунии муносиби онҳо ба сарфи меҳнати зарурӣ;

- муайян намудани меъёрҳо барои меҳнати якхела, ки дар шароити ташкилӣ ва техникии шабеҳ иҷро мегарданд;

- такмили меъёрҳои меҳнат дар асоси дастовардҳои илм ва техника;

- бамеъёргирии намудҳои коре, ки барои онҳо муайян намудани меъёрҳои меҳнат зарур ва мақсаднок мебошад;

- аз нигоҳи техникӣ (илмӣ) асоснок будани меъёрҳои меҳнат.

 

Моддаи 136. Хусусиятҳои танзими бамеъёргирии меҳнат

Тартиби пешниҳод, баррасӣ ва мувофиқа намудани меъёрҳои меҳнат дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ барои хизматрасонӣ (мол, кор), ки тавассути он танзими давлатии тарофаҳо (нархҳо, ҳаҷми пардохтҳо) ҷорӣ мегарданд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 137. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ

1. Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.

2. Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри коркарди соатбайъ (якрўза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рўз муайян карда мешавад.

 

Моддаи 138. Таъмини шароити муътадил барои иҷрои меъёри меҳнат

1. Корфармо уҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнат шароити муътадил фароҳам оварад.

2. Ба шароити муътадили меҳнат дохил мешаванд:

- таъмини фармоиш ва ҳаҷми корҳо;

- ҳолати коршоямии мошинҳо, дастгоҳҳо ва дигар олотҳо;

- таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техникӣ;

- сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошанд ва таъмини саривақтии онҳо;

- таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳо;

- шароити бехатар ва мусоиди меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатарӣ, таъмини сару либоси инфиродии муҳофизатӣ, равшании зарурӣ, гармӣ, шамолдиҳӣ, бартараф кардани оқибати садоҳои зарарнок, нурафкан, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии кормандон таъсири манфӣ мерасонанд).

 

БОБИ 11. МУЗДИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 139. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон

1. Музди меҳнати кормандон вобаста ба миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ) мебошанд, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои тарифӣ ва коэффитсиентҳои байнидараҷавӣ, мувофиқи сатҳи дастовардҳои техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолот дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити муътадили кор муқаррар мекунад.

2. Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.

3. Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифӣ, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:

- барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд - санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва қисман аз фаъолияти соҳибкорӣ) - санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо;

- барои кормандони дигар ташкилотҳо - шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо.

4. Корфармо ҳуқуқ дорад, дар мувофиқа бо намояндагони кормандон низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд.

 

Моддаи 140. Кафолати пардохти музди меҳнат

1. Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш уҳдадор аст ба корманд барои кори иҷро намудааш музди меҳнати муқарраршударо пардохт намояд.

2. Табъиз дар пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо уҳдадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш музди меҳнати якхела диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.

3. Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи ҳадди ақали музди меҳнат камтар буда наметавонад.

 

Моддаи 141. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон

1. Низоми кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнати кормандон инҳоро дар бар мегирад:

1) Низоми тарифӣ, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад:

- меъёрҳои тарифӣ (музди меҳнат);

- ҷадвали тарифӣ;

- коэффитсиентҳои тарифӣ;

- андозаи ҳадди ақали музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- андозаи меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифии кормандони соҳаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тарифҳои ҷумҳуриявии музди меҳнат - меъёрҳои соатбайъ ё моҳонаи тарифӣ (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурўҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадори ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дотатсияҳои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;

- миқдори зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёрӣ фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рўзҳои истироҳатӣ ва ид, зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат;

- чораҳо барои нигоҳдории сатҳи воқеии таъмини музди меҳнат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- маҳдуд кардани нигоҳдории андозаи музди меҳнат, аз ҷумла ҳаҷми андозбандӣ аз даромад;

 - назорати давлатии пардохти пурраи саривақтии музди меҳнат ва амалӣ намудани кафолатҳои давлатӣ оид ба қисмати андозаи он;

- ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба музди меҳнат.

2. Мушкилоти иҷрои кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифӣ аз рўи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ сурат мегиранд, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

3. Кафолати давлатӣ оид ба пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошанд, тааллуқ дорад.

 

Моддаи 142. Таркиби музди меҳнат

1. Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доимӣ ва тағйирёбанда иборат мебошад.

2. Ҳиссаи доимии музди меҳнат аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифӣ (маош) иборат аст.

3. Ҳиссаи тағйирёбандаи музди меҳнат ба натиҷаҳои кор вобастагӣ дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ, аз рўи натиҷаҳои кори солона, унвони илмӣ ва монанди онҳо) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд истеҳсол намудани маҳсулот) дар бар мегирад.

 

Моддаи 143. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат

1. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

2. Барои муқаррар намудани сатҳи тарифҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадди ақали музди меҳнат асос мебошад.

3. Ба андозаи ҳадди ақали музди меҳнат пардохтҳои иловагӣ, изофапулӣ, пардохти ҳавасмандгардонӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин пардохти барзиёдатӣ, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан дода мешаванд, дохил намегарданд.

4. Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкўҳ муқаррар гардидаанд, андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад.

5. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбинӣ карда шавад, ба истиснои ташкилоте, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад ва аз дотатсияи давлатӣ истифода мебарад.

 

Моддаи 144. Индексатсияи музди меҳнат

Зиёд шудани музди меҳнат индексатсияи музди меҳнатро дар бар мегирад, ки аз ҷониби корфармо бо тартиби муқаррарнамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё санадҳои корфармо бо назардошти сатҳи таварруми давраи дахлдори муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 145. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат

1. Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ доранд, ба музди меҳнат коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд.

2. Номгўйи минтақаҳое, ки дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тартиби пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 146. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат

1. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рўи вазифа (мансаб) иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурўҳҳои мушаххаси кормандони дорои дараҷаи тахассусии касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд.

2. Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои фарқияти музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд.

3. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рўи коэффитсиентҳои тарифии Ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон барои фарқияти ҳадди ақали музди меҳнати гурўҳҳои кормандони касбию тахассуси муқарраршуда муайян карда мешаванд.

4. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат, инчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рўзбайъ ва дигар тарифҳо, ки бо назардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд.

5. Тарифҳои давлатии пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд.

 

Моддаи 147. Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон

1. Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифӣ пардохт карда мешавад, ки онҳоро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

2. Ба дараҷаи мушаххаси тарифӣ (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандон додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рўи тартибе сурат мегирад, ки онро созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиёни давлатӣ, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.

3. Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассусӣ дар навбати аввал дода мешавад.

4. Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бомуваффақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ў дараҷаи баландтари тахассусӣ дода шавад.

 

Моддаи 148. Музди меҳнат дар шароити махсус

Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароити меҳнати зарарнок ва махсусан зарарнок аз рўи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин аз рўи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 149. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат

1. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандгардонӣ ва ҷубронӣ доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муқаррар карда мешаванд.

2. Шакл ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашударо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

3. Шакл ва низоми музди меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

4. Тафриқабандии (дифференсатсияи) андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккабӣ ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад.

 

Моддаи 150. Тағйир додани шартҳои музди меҳнат

1. Шартҳои музди меҳнат бо ҳамон тартибе, ки муқаррар шуда буданд, тағйир дода мешаванд.

2. Тағйир додани шартҳои музди меҳнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии ў роҳ дода намешавад, агар тағйирот ба технологияи истеҳсолот ва ташкили меҳнат нигоҳ доштани шартҳои музди меҳнати пешинаро имконият надиҳад.

3. Дар бораи тағйирёбии шартҳои музди меҳнат бояд корманд на дертар аз ду моҳ огоҳ карда шавад.

 

Моддаи 151. Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун

1. Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, инчунин кормандони дигар аз рўи кори дараҷаи баландтари тахассусӣ дода мешавад.

2. Ба кормандони корбайъ аз рўи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.

3. Дар ҷойе, ки аз рўи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттар супорида мешавад, таносуби байнидараҷавӣ пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 152. Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани уҳдадории кормандони ба кор ҳозирнабуда

1. Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқшудаи худ аз рўи ихтисос, дараҷа ва вазифа (мансаб) дар муддати бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи давомнокии рўзи корӣ (басти корӣ) бе озодшавӣ аз кори асосӣ корҳои иловагиро аз рўи дигар ихтисос иҷро мекунанд, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадории кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапулӣ дода мешавад.

2. Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои уҳдадории кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапулӣ бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад.

 

Моддаи 153. Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан

1. Дар вақти муваққатан ба ҷойи корманди дигар кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии (мансабии) кормандони ивазшаванда бо воҳиди корӣ (бе илова ва зиёдшавӣ) пардохт карда мешаванд.

2. Корманди ивазкунанда аз рўи шарт ва ба андозаи барои вазифаи (мансаби) корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.

3. Шарт ва тартиби пардохти музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи корманди дигар дар дигар ташкилотҳо кор кардан, ки аз тарафи корфармо муқаррар гардидааст, дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 154. Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид

1. Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ чунин пардохт карда мешавад:

- ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ - на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;

- ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ, инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ (мансабӣ) мегиранд - на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.

2. Мувофиқи созиш бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рўзи дигари истироҳат додан мумкин аст.

3. Барои дар рўзҳои иди ғайрикорӣ ва дар рўзҳои истироҳат кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур на камтар аз андозаи дукарата пардохт карда мешавад. Дар ин маврид ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, моҳона мегиранд, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рўзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на кам аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рўзбайъ илова ба моҳона пардохт карда мешавад.

4. Барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, дар рўзҳои иди ғайрикорӣ ва истироҳат мукофот аз рўи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рўи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.

5. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррариро низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои 1, 3 ва 4 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд.

 

Моддаи 155. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд

1. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рўи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнатӣ пардохт карда мешавад.

2.Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёрӣ, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеӣ пардохт карда мешавад.

3. Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳиявӣ ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо назардошти ҳамин коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 156. Пардохти музди кори шабона

1. Музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробари меъёри муқарраршуда пардохт карда мешавад.

2. Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ) дохил намешавад.

3. Андозаи мушаххаси пардохт бо созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, агар онҳо баста нашуда бошанд, аз тарафи корфармо баъд аз машварати пешакӣ бо намояндагони кормандон, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 157. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористӣ, инчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав

1. Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар назадаанд, музди миёнаи моҳонаи ў пардохт карда мешавад.

2. Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз рўи кори иҷрошудаи воқеӣ пардохт карда мешавад.

3. Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар задааст, музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дараҷаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъд аз мувофиқа бо намояндагони кормандон муайян мекунад, пардохт карда мешавад.

4. Нуқси маҳсулот дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳонӣ дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъд аз қабули маҳсулот аз ҷониби мақомоти назорати техникӣ маълум гардидааст, баробар бо маҳсулоти коршоям пардохт карда мешавад.

5. Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 158. Муҳлатҳои пардохти музди меҳнат

1. Муҳлати пардохти музди меҳнатро шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муқаррар менамоянд, вале он дар ҳар ним моҳ камтар аз як маротиба буда наметавонад.

2. Дар сурати мувофиқ омадани рўзи пардохти музди меҳнат ба рўзҳои истироҳат ё иди ғайрикорӣ маош дар арафаи чунин рўзҳо пардохт карда мешавад.

3. Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ҳамаи маблағҳои ў дар рўзи охирини кор пардохт карда мешаванд.

4. Музди меҳнате, ки корманд то рўзи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи ў ё шахсе дода мешавад, ки хароҷоти дафнро ба зимма гирифтааст.

5. Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраргардида дертар пардохт карда шавад, ў уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рўзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рўзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

6. Корфармо барои сари вақт напардохтани музди меҳнат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул аст.

 

Моддаи 159. Шаклҳои пардохти музди меҳнат

1. Музди меҳнат бо пули миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

2. Бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ў зиёд буда наметавонад.

3. Пардохти аслӣ ба ҷойи пардохти пулӣ бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахсӣ мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ў фоиданок бошад.

4. Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгўйи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин нест.

5. Пардохти музди меҳнат дар шакли уҳдадориҳои қарзӣ, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.

 

Моддаи 160. Ҷойи пардохти музди меҳнат

1. Музди меҳнат ба корманд бевосита дар ҷойи кор (дар ташкилот) пардохт карда мешавад.

2. Агар корманд дар рўзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизматӣ, дар курсҳои такмили ихтисос ва монанди онҳо), он гоҳ бо хоҳиши корманд корфармо бояд аз ҳисоби худ ба ў музди меҳнаташро равон кунад ё маблағро бо розигии корманд ба шахсони бовариноки ў супорад.

3. Бо хоҳиши корманд музди меҳнат пурра ё қисман ба суратҳисоби бонкии ў гузаронида мешавад.

4. Музди меҳнат мумкин аст тариқи кортҳои бонкӣ пардохт карда шавад. Барои чунин хизматрасонӣ аз корманд маблағ ситонида намешавад.

 

Моддаи 161. Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат

Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати кормандони ташкилотҳое, ки тибқи ҳисоби хоҷагӣ фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба дастомада ба ҳисоб рафта, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад.

 

Моддаи 162. Фонди захиравии музди меҳнат

1. Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхўрии ташкилот, қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корфармо уҳдадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнатро таъсис диҳад.

2. Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 163. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат

1. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.

2. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати корманд барои ҷуброни қарзҳояш дар назди корфармо тибқи амри корфармо дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;

- барои баргардонидани маблағе, ки дар натиҷаи ҳисоби нодуруст зиёдатӣ дода шудааст;

- барои ҷуброни пешпардохти истифоданашуда ва сари вақт барнагардонидае, ки барои сафари хизматӣ ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷойи дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозигӣ баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рўзи охирини муҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рўзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;

- ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнатӣ гирифтааст, барои рўзҳои корнакардаи рухсатӣ. Агар корманд бо асосҳои дар сархатҳои якум, дуюм ва панҷуми қисми 1 моддаи 42 ва сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур аз кор озод шуда бошад, инчунин ҳангоми фиристонидан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолате, ки дар рўзи аз кор озод шудан корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надошта бошад, маблағ барои ин рўзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад;

- ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (моддаи 189 Кодекси мазкур).

3. Музди меҳнатеро, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои ҳисоби нодуруст аз корманд рўёнидан мумкин нест.

4. Корфармо уҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ў бо тартиби ҳисоби ғайринақдӣ нигоҳ дорад.

5. Андозаи умумии нигоҳдошташаванда аз музди меҳнат ва дигар намудҳои даромадҳои корманд аз 20 фоиз ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 50 фоизи музди меҳнати корманд зиёд буда наметавонад.

6. Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷро бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.

7. Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур муқаррар шудаанд, барои нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкунӣ ва рўёнидани алимент, ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда татбиқ намегарданд. Дар ин ҳолатҳо андозаи нигоҳдошташаванда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.

8. Ба нигоҳ доштани маблағ аз кумакпулиҳои яквақта, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад.

 

БОБИ 12. КАФОЛАТ ВА ҶУБРОНПУЛИҲО

 

Моддаи 164. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ

Корфармо уҳдадор аст кормандро дар муддати иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рухсат дода, ҷойи кораш (вазифааш) ва музди миёнаи меҳнаташро нигоҳ дорад.

 

Моддаи 165. Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок

Кормандон, ки вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии муҳлатнок аз кор озод карда мешаванд (сархати якуми моддаи 48 Кодекси мазкур), баъд аз ба анҷом расидани муҳлати хизмат мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷойи кори пештара ё кори баробарарзиш таъмин карда мешаванд.

 

Моддаи 166. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои уҳдадориҳо ба манфиати кормандони ташкилот

Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилот мебошад, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ё корфармо бо мувофиқаи намояндагони кормандон муқаррар мекунанд.

 

Моддаи 167. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд

1. Ҳангоми дар ҳамон ташкилот ба кори доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати пешинаи ў дар муҳлати ду моҳ аз рўзи гузаронидан нигоҳ дошта мешавад.

2. Ҳангоми гузаронидани корманд мутобиқи хулосаи тиббӣ бинобар осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин ба саломатии ў зарар расидааст, музди меҳнати пешинаи корманд дар тамоми давраи кор ё то муайян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 168. Кафолат барои корманде, ки барои ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешавад

1. Дар давраи ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани корманд, ки бояд аз чунин ташхис гузарад, музди меҳнати моҳонаи ў дар ҷойи кораш нигоҳ дошта мешавад.

2. Ҳангоми ташхиси корманд дар марказҳои бемориҳои касбӣ музди меҳнати моҳонаи ў дар тамоми давраи дар марказ буданаш нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 169. Кафолат ва имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда

1. Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани воҳиди корӣ ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:

- кумакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;

- нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, агар корманд дар муҳлати даҳ рўзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақомот муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;

- ҳуқуқ барои як сол пеш аз муҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рўи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.

2. Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, ба кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.

3. Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд муҳлати дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи бо кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.

 

Моддаи 170. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро ба ҷо меоранд

Ҳангоми қатъ намудани шартнома бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии ташкилотро иҷро мекунанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик уҳдадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз музди меҳнати шашмоҳа ҷубронпулӣ диҳад.

 

Моддаи 171. Кафолатҳо барои гурўҳи алоҳидаи кормандон

Кафолатҳо ба гурўҳи алоҳидаи кормандон: донорҳо, ихтироъкорон, навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва кормандони дигар тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешаванд.

 

Моддаи 172. Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнат

Тартиби ҳисоб кардани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди муҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъйин намудани нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 173. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор

Хароҷоти иловагии кормандро, ки бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, бояд корфармо тибқи шарту тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ ҷуброн намояд.

 

Моддаи 174. Сафари хизматӣ

1. Бо супориши корфармо корманд барои иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ берун аз ҷойи кори доимӣ ба маҳалли дигар ба муҳлати муайян ба сафари хизматӣ фиристонида мешавад.

2. Сафари корманде, ки кораш ба таври доимӣ дар роҳ мегузарад ё хусусияти ҳаракаткунандаю сайёр дорад, инчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки корфармо дар он ҷойгир аст, сафари хизматӣ ҳисобида намешавад.

 

Моддаи 175. Барасмиятдарорӣ, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизматӣ

1. Сафари хизматӣ бо санади корфармо ва додани шаҳодатномаи сафари хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.

2. Дар вақти сафари хизматӣ низоми вақти корӣ ва истироҳати дар маҳалли сафари хизматӣ муқарраргардида амал мекунад.

 

Моддаи 176. Муҳлати дар сафари хизматӣ будан

1. Муҳлати воқеии дар сафари хизматӣ будан аз рўи қайд дар шаҳодатномаи сафари хизматӣ бо рўзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.

2. Ба муҳлати зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ ба сафари хизматӣ фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.

3. Рўзи рафтан ба сафари хизматӣ, рўзи ба роҳ баромадан аз ҷойи кори доимӣ ва рўзи бозгашт - рўзи омадан ба ҷойи кори доимӣ ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадан то соати 24 рўзи рафтан ба шабонарўзи ҷорӣ ҳисоб карда шуда, пас аз соати 00 ба шабонарўзи оянда дохил мешавад.

 

Моддаи 177. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизматӣ

1. Ҳангоми сафари хизматӣ ҷуброн карда мешавад:

- хароҷот вобаста ба истиқомат берун аз ҷойи истиқомати доимӣ (рўзмарра);

- хароҷоти роҳкиро;

- хароҷоти кирояи манзили истиқоматӣ;

- хароҷоти дигаре, ки корманд бо розигии корфармо кардааст.

2. Тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.

3. Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.

4. Ҷойи кор (вазифа) ва музди меҳнати кормандони ба сафари хизматӣ рафта дар тамоми вақти сафари хизматӣ нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 178. Ҷуброн барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр

1. Барои кормандоне, ки ба сохтмон, истеҳсоли барқ, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан, корҳои кофтуковӣ, иктишофи геологӣ, топографию геодезӣ, экспедитсияҳои илмӣ, инчунин ҳамлу нақли нафту газ, корҳои доимӣ дар роҳ, кор берун аз ҷойи истиқомати доимӣ ва дигар корҳои дорои хусусияти сайёр ва вахтавӣ машғул мебошанд, иловапулӣ дода мешавад.

2. Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз рўи корҳое, ки дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 179. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузарондан ва ба кор фиристонидан

1. Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаранд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташаккилона ё бо мувофиқаи пешакӣ бо бастани шартнома ё дархост ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд:

- арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кўдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарордошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд), ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизматӣ фиристода мешавад;

- хароҷоти кашонидани молу мулк бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан (истифодаи умумӣ) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохт карда шавад);

- хароҷоти шабонарўзӣ барои ҳар як рўзи сафар - ба андозае, ки барои сафари хизматӣ пешбинӣ шудааст;

- кумакпулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил - ба андозаи музди моҳонаи тарифӣ дар ҷойи нави кор ва ба ҳар як аъзои оила - ба андозаи чоряки ҳиссаи кумакпулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.

2. Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифӣ дар ҷойи нави кор, барои рўзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, инчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рўз дода мешавад.

3. Агар андозаи муайяни ҷубронеро, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, пеш аз муҳлат муайян кардан имконнопазир бошад, он гоҳ ба ў пешпардохт дода мешавад.

4. Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани молу мулки онҳо, ҳамчунин кумакпулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисобӣ карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рўзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омада бошанд.

 

Моддаи 180. Ҷубронпулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар

1. Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешакӣ бо корфармо ба маҳалли дигар ба ў тибқи муқаррароти моддаи 179 Кодекси мазкур ҷубронпулӣ дода мешавад, ба истиснои кумакпулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохт карда мешавад.

2. Агар корманд ба муҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ў наояд, он гоҳ бо розигии тарафҳо ба ў хароҷоти зисти муваққатӣ дар ҷойи нав метавонад пардохт карда шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарўзӣ зиёд набошад.

3. Андозаи мушаххаси ҷубронпулӣ бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, вале он наметавонад аз андозаи муқарраргардидаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, кам бошад.

 

Моддаи 181. Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан

1.Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 179 ва 180 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки корманд ба ў ба кор гузаронида, равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.

2. Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт карда шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузорӣ кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:

- ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шуруъ накунад;

- то тамомшавии муҳлати кор, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбинӣ кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани муҳлати муайян бошад - то пур шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳгорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қатъ гардидани шартномаи меҳнатӣ асос шудаанд.

3. Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркашӣ намудан корманд уҳдадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро баргардонад.

 

Моддаи 182. Ҷуброни хароҷоти истифодаи молу мулки шахсии корманд

1. Агар молу мулки шахсии корманд бо иҷозати корфармо ба манфиати ташкилот истифода шавад, бояд истифода ва фарсудашавии он ҷуброн карда шаванд.

2. Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.

 

БОБИ 13. ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ

ШАРТНОМАИ МЕҲНАТӢ

 

Моддаи 183. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми ҷуброни зарари расонидашуда

1. Тарафи шартномаи меҳнатӣ, ки ба тарафи дигар зарар расонидааст, ин зарарро мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн менамояд.

2. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ мумкин аст ҷавобгарии моддии корфармо ва корманд мушаххас карда шавад.

3. Қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз расонидани зарар тарафи шартномаи меҳнатиро аз ҷавобгарии моддӣ нисбат ба пардохти ҷуброни зарари тарафи дигар озод намекунад.

 

Моддаи 184. Шартҳои ба вуҷуд омадани ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар

1. Ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи меҳнатӣ ҳангоми расонидани зарар ба тарафи дигари шартнома дар натиҷаи кирдори (ҳаракат, беҳаракатии) ғайриқонунии гунаҳгорона ба вуҷуд меояд, агар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

2. Корфармо дар назди корманд ҷавобгарии моддӣ дорад:

- барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ў аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст;

- барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст;

- барои зараре, ки ба ҳаёт ё саломатии корманд расонидааст.

3. Корманд дар назди корфармо ҷавобгарии моддӣ дорад:

- барои зарари расонидашуда бо сабаби гум кардан ё хароб намудани молу мулки корфармо;

- барои зарари расонидашуда ба корфармо дар натиҷаи ҳаракат (беҳаракатӣ) - и корманд.

4. Корфармо ва корманд дар ҳолатҳои дигари муқаррарнамудаи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷавобгарии моддии баробар доранд.

 

Моддаи 185. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ маҳрум намудани ў аз имкониятҳои меҳнат кардан расонидааст

1. Корфармо уҳдадор аст ба корманд маоши нагирифта ва дигар пардохтҳоро дар ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, роҳ надодан ба ҷойи кор, яктарафа тағйир додани шартҳои шартномаи меҳнатӣ, дур кардан аз кор ва беасос бекор кардани шартномаи меҳнатӣ ҷуброн намояд.

2. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо дар мувофиқа бо намояндагони кормандон мумкин аст ҳолатҳои дигари аз ҷониби корфармо ҷуброни зараре, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз имкониятҳои меҳнат кардан маҳрум намудани ў расонида шудааст, муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 186. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба молу мулки корманд расонидааст

Корфармо уҳдадор аст, зарари ба молу мулки корманд расонидаашро мувофиқи шартҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пурра ҷуброн намояд.

 

Моддаи 187. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст

1. Ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ корфармо барои зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонидааст уҳдадор аст, зарари расонидаро дар ҳаҷми муқаррарнамудаи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.

2. Зарари муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур ҳангоми мавҷуд набудани пардохтҳои суғуртавӣ ба корманд дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад. Дар ҳолати мавҷудияти пардохти суғуртавӣ корфармо уҳдадор аст фарқияти маблағи суғуртавӣ ва ҳаҷми зарари воқеиро ба корманд ҷуброн намояд.

3. Тартиби аз ҷониби корфармо ҷуброн кардани зараре, ки ба ҳаёт ва ё саломатии корманд расонида шудааст бо қонунгузориии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 188. Ҷавобгарии моддии корманд барои зараре, ки ба корфармо расонидааст

1. Ҳолатҳо ва ҳаҷми ҷавобгарии моддии кормандро барои зараре, ки ба корфармо расонидааст, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.

2. Корманд уҳдадор аст, зарари бевоситаи воқеии ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд.

3. Корманд аз ҷавобгарии моддӣ ҳангоми расонидани зарар ба корфармо озод мегардад, агар зарар дар натиҷаи қувваҳои бартарафнашаванда ё зарурияти ниҳоӣ ба амал омада бошад, инчунин аз ҷониби корфармо уҳдадориҳо оид ба таъмини шароити зарурӣ барои муҳофизати молу мулки дар ихтиёрдоштаи корманд иҷро нагардида бошад.

4. Ба корманд вогузор намудани ҷавобгарӣ барои зараре, ки ба таваккали муқаррарии истеҳсолӣ - хоҷагӣ алоқамандӣ дорад, роҳ дода намешавад.

5. Корфармо уҳдадор аст, ба корманд шароити зарурии муътадилро барои нигоҳдории молу мулки боваркардашуда муҳайё намояд.

6. Воқеан кам кардани молу мулки нақди корфармо ё бад кардани ҳолати молу мулки мазкур (аз ҷумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо қарордошта, агар корфармо барои нигоҳубини молу мулки мазкур масъулият дошта бошад), ҳамчунин барои корфармо зарурати харҷ ё пардохти маблағи иловагӣ барои харидан, барқарор кардани молу мулк ё ҷуброни зараре, ки аз ҷониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, зарари бевоситаи воқеӣ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 189. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд

Корманд барои зарари расонидашуда дар доираи музди миёнаи моҳонаи худ ҷавобгарии моддӣ дорад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.

 

Моддаи 190. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои расонидани зарар ба корфармо

1. Ба зиммаи корманд ҷавобгарии пурраи моддӣ барои зарари ба корфармо расонидашуда дар ҳолатҳои зерин вогузор карда мешавад:

- таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси шартномаи хаттӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии ба корманд супоридашуда;

- таъмин накардани ҳифзи молу мулк ва дигар дороиҳои дар асоси ҳуҷҷатҳои якдафъагӣ ҳамчун зерҳисоб қабулкардаи корманд;

- расонидани зарар дар ҳолати мастӣ, бар асари истеъмоли машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё моддаҳои дигари мадҳушкунанда;

- камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, инчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда;

- расонидани зарар аз ҷониби корманд бо кирдорҳои ғайриқонунии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- расонидани зарар ҳангоми иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;

- қасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд;

- дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи зарари ҳангоми иҷрои вазифа расонидашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи корманд гузошта шуда бошад.

2. Ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои зарари ҳангоми иҷрои вазифа расондашуда дар шартномаи меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ў ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар карда мешавад.

3. Ҷавобгарии моддии корманд ҳамон вақт имконпазир аст, ки агар зарар бо гуноҳи ў ба корфармо расонида шуда бошад.

 

Моддаи 191. Ҷавобгарии моддии коллективӣ барои расонидани зарар

1. Ҳангоми аз ҷониби кормандон дастаҷамъона анҷом додани намудҳои алоҳидаи кор вобаста ба нигоҳдорӣ, коркард, фурўш (интиқол), боркашонӣ, қабул ё дигар истифодабарии дороиҳо, дар мавриди расонидани зарар муайян карда натавонистани ҷавобгарии ҳар яки онҳо ва бо онҳо бастани шартнома оид ба ҷуброни пурраи зарар, мумкин аст ҷавобгарии моддии коллективӣ ба расмият дароварда шавад.

2. Байни корфармо ва ҳамаи аъзои коллектив дар бораи ҷавобгарии моддии коллективӣ шартномаи хаттӣ баста мешавад.

3. Ҳангоми ихтиёран ҷуброн намудани зарар дараҷаи гуноҳи ҳар як аъзо бо розигии ҳамаи аъзои коллектив ва корфармо муайян карда мешавад.

4. Ҳангоми ба тариқи судӣ ситонидани зарар дараҷаи гуноҳи аъзои коллектив аз ҷониби суд муайян карда мешавад.

 

Моддаи 192. Муайян кардани андозаи зарар

1. Андозаи зарари ба корфармо расонидашуда аз рўи талафоти воқеӣ дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибӣ муайян карда мешавад.

2. Ҳангоми камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашудаи корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зарар аз рўи нархи бозории маҳалли мазкур дар рўзи расонидани зарар (аммо на камтар аз арзиши тавозунӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии молу мулк) ҳисоб карда мешавад.

3. Дар ҳолатҳои дигар андозаи зарар бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рўзи расонида шудани зарар мавҷуд аст, ҳисоб карда мешавад.

4. Тартиби махсуси муайян намудани андозаи ҷуброни зарари ба корфармо расонидашуда бо роҳи камомад, қасдан несту нобуд ё хароб кардани мавод, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми тайёр кардани онҳо, ҳамчунин асбобу анҷом, либосҳои махсус ва дигар ашёи барои истифода ба корманд додашуда бо татбиқи карат ба онҳо, инчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеии зарар аз андозаи аслии он зиёд аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 193. Уҳдадории корфармо ҳангоми муқаррар намудани андозаи зарар ва сабаби сар задани он

1. Корфармо уҳдадор аст, то қабул гардидани қарор дар бораи барқарор кардани ҷуброни зарар аз ҷониби корманди мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зарар ва сабабҳои сар задани он санҷиш гузаронад.

2. Барои чунин санҷиш корфармо ҳуқуқ дорад, бо иштироки мутахассисони дахлдор комиссия таъсис диҳад.

3. Аз корманд талаб кардани баёноти хаттӣ барои муқаррар намудани сабаби сар задани зарар ҳатмӣ мебошад.

4. Корманд ҳуқуқ дорад, ки дар санҷиш иштирок намояд ва бо тамоми маводи санҷиш шинос шавад.

 

Моддаи 194. Ҷуброни зарарро ихтиёран додани корманд

1. Корманде, ки ба корфармо зарар расонидааст, метавонад ҷуброни онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.

2. Ҷуброни ихтиёрии зарар дар доираи пешбиникардаи Кодекси мазкур амалӣ карда мешавад.

3. Бо мувофиқаи корманд ва корфармо ҷуброни зарарро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зарар бо зикри муҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо уҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.

4. Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зарар уҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъ шудани муносибатҳои меҳнатӣ зарарро ҷуброн накунад, дар ин сурат ҷуброни зарар ба тариқи судӣ ситонида мешавад.

5. Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зарар ба ў молу мулки баробарарзиш диҳад ё молу мулки харобшударо барқарор намояд.

 

Моддаи 195. Тартиби ситонидани ҷуброни зарар

1. Маблағи зараре, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест, бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зарар қабул карда мешавад.

2. Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зарар, ў ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.

3. Агар маблағи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ў зиёд бошад ё аз рўзи ошкор шудани зарар ду ҳафта гузашта бошад, корфармо зарарро ба тариқи судӣ меситонад.

 

Моддаи 196. Ҷуброни зараре, ки роҳбар ба ташкилоти давлатӣ расонидааст

1. Ҷуброни зараре, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.

2. Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани ҷуброни зарарро мақоме, ки ҳуқуқи соҳибмулкро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки ҷуброни зарарро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад.

 

Моддаи 197. Кам кардани андозаи зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад

1. Бо назардошти муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андозаи ҷуброни зарареро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, мумкин аст кам карда шавад.

2. Агар зарар дар натиҷаи ҷинояти бо мақсади ғаразнок содиршуда расонида шуда бошад, ба кам кардани ҷуброни зараре, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад.

 

БОБИ 14. БАРРАСИИ БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ ФАРДӢ

 

Моддаи 198. Баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар натиҷаи ба мувофиқа нарасидани корфармо ва корманд ҳангоми мавҷудияти ихтилофот дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва шароити меҳнат ба миён омада, тартиби ҳалли онҳо дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ мегарданд.

 

Моддаи 199. Мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ

1. Баҳсҳои меҳнатии фардиро комиссияҳои созиш ва ё судҳо баррасӣ мекунанд.

2. Комиссияҳои созиш баҳсҳои меҳнатии фардиро аз рўи муроҷиати тарафҳои баҳси меҳнатӣ баррасӣ менамоянд.

3. Барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ тарафҳои шартномаи меҳнатӣ метавонанд бевосита ба суд муроҷиат намоянд.

 

Моддаи 200. Таъсиси комиссияи созиш ва ташкили кори он

1. Комиссияи созиш дар асоси баробарҳуқуқӣ аз ҳисоби намояндагони баробари корфармо ва кормандон таъсис дода мешавад.

2. Миқдори ҳайати аъзо, тартиби кор ва муҳлати ваколати комиссияи созиш дар маҷлиси (конференсияи) умумии кормандон бо созиши корфармо ва кормандон муқаррар карда мешаванд.

3. Аъзои комиссияи созиш аз ҳисоби кормандон дар маҷлиси (конференсияи) умумии кормандон интихоб карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш аз ҳисоби корфармо бо санади корфармо таъйин карда мешаванд. Аъзои комиссияи созиш дар ҷаласаи якуми ташкилии худ бо аксарияти овозҳо аз ҳисоби аъзои худ раис ва котиби комиссияро интихоб менамоянд.

 

Моддаи 201. Муҳлати муроҷиат ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ менамояд

1. Корманд метавонад дар давоми се моҳ баъд аз фаҳмидани он, ки ҳуқуқҳои меҳнатии ў вайрон карда шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор карда шавад, ба комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ муроҷиат намояд.

2. Барои муроҷиат намудан ба суд оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муҳлатҳои зерин муқаррар карда мешаванд:

- барои баҳсҳо оид ба барқарор кардан ба кор - як моҳ аз рўзи супоридани нусхаи санади корфармо дар бораи қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ;

- барои дигар баҳсҳои меҳнатӣ - се сол аз рўзи донистани корманд ё корфармо дар бораи вайроншавии ҳуқуқҳои худ.

 

Моддаи 202. Ваколатҳои комиссияи созиш оид ба баҳсҳои меҳнатӣ

1. Комиссияи созиш мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии дар ташкилотҳо бамиёномада мебошад, ба истиснои баҳсҳое, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигари баррасии онҳоро муқаррар намудаанд.

2. Агар корманд бевосита ё бо иштироки намояндаи худ зимни гуфтушунид бо корфармо, ба мувофиқа наояд, баҳси меҳнатиро комиссияи созиш баррасӣ менамояд.

 

Моддаи 203. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатӣ дар комиссияи созиш

1. Аризаи ба комиссияи созиш воридгардида аз ҷониби комиссияи мазкур ҳатман ба қайд гирифта мешавад.

2. Комиссияи созиш уҳдадор аст, баҳсҳои меҳнатиро аз рўзи ворид шудани ариза дар давоми 7 рўзи тақвимӣ баррасӣ намояд.

3. Баҳс дар ҳузури аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдорнамудаи ў баррасӣ карда мешавад. Баррасии баҳс дар ғоибии корманд ё намояндаи ў танҳо дар асоси аризаи хаттии корманд иҷозат дода мешавад. Дар мавриди ҳозир нашудани корманд ё намояндаи ў ба ҷаласаи комиссияи мазкур, баррасии баҳси меҳнатӣ мавқуф гузошта мешавад. Ҳангоми маротибаи дуюм бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудани корманд ё намояндаи ў, комиссияи созиш метавонад дар бораи аз баррасӣ гирифтани масъалаи баҳсӣ қарор қабул намояд, ки он кормандро аз ҳуқуқи такроран пешниҳод намудани ариза дар бораи такроран баррасӣ намудани баҳси меҳнатӣ дар доираи муҳлати муқарраркардаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳрум карда наметавонад.

4. Комиссияи созиш ҳуқуқи ба ҷаласа даъват кардани шоҳидон ва мутахассисонро дорад. Бо талаби комиссия роҳбари ташкилот уҳдадор аст, дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд.

5. Ҷаласаи комиссияи созиш дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар дар он на кам аз нисфи намояндагони кормандон ва на кам аз нисфи намояндагони корфармо иштирок дошта бошанд.

6. Дар ҷаласаи комиссияи созиш протокол тартиб дода мешавад, ки дар он котиб, раиси комиссия ё муовини ў имзо мегузоранд.

 

Моддаи 204. Тартиби қабули қарор аз ҷониби комиссияи созиш ва мазмуни он

1. Комиссияи созиш бо аксарияти овозҳои аъзои дар ҷаласаи комиссия иштирокдошта қарор қабул мекунад. Дар сурати қабул карда нашудани қарори дахлдор, масъала такроран аз нав баррасӣ карда мешавад. Бо талаби аризадиҳанда ё як нафар аз аъзои комиссия, овоздиҳии пинҳонӣ гузаронида мешавад.

2. Дар қарори комиссияи созиш дарҷ карда мешавад:

- номи ташкилот (сохтор), насаб, ном, номи падар, вазифа (мансаб), касб ва ихтисоси корманди ба комиссия муроҷиаткунанда;

- санаи муроҷиат ба комиссия ва баррасии баҳс, моҳияти баҳс;

- насаб, ном ва номи падари аъзои комиссия ва дигар шахсони дар ҷаласа иштироккунанда;

- моҳият ва асоснокии қарор (бо истинод ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон);

- натиҷаи овоздиҳӣ.

3. Нусхаи қарори имзошудаи комиссияи созиш дар давоми се рўзи баъд аз қабул шуданаш ба корманд ва роҳбарияти ташкилот супорида мешавад.

 

Моддаи 205. Иҷрои қарори комиссияи созиш

1. Қарори комиссияи созиш дар муҳлати муқарраркардаи он иҷро карда мешавад.

2. Дар мавриди иҷро накардани қарори комиссия дар муҳлати муқарраргардида, корманд ё корфармо ҳуқуқ доранд баҳси меҳнатиро бо тартиби судӣ ҳал намоянд.

 

Моддаи 206. Аз тарафи мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба кор барқарор кардани корманд

1. Ҳангоми бе асосҳои қонунӣ қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ ё ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидан, тағйир додани ҷойи кор, иваз кардани шароити меҳнат, аз кор дур кардан мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор барқарор кардани корманд қарор мебарорад, ба истиснои ҳолатҳои муқарраркардаи қисми 3 моддаи мазкур.

2. Ба корманде, ки ба кори пештара барқарор карда шудааст, музди миёнаи моҳонааш барои ҳамаи давраи ноилоҷ ба кор набаромаданаш (аз кор дур карданаш) ё фарқи музди меҳнати барои давраи иҷрои корҳои каммузд пардохт карда мешавад.

3. Қарори мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба ҷойи кори пештара барқарор кардани корманд бояд фавран иҷро карда шавад. Ҳангоми аз ҷониби корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарор дар бораи ба ҷойи кор барқарор кардан, мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар бораи ба корманд пардохт кардани музди миёнаи моҳонааш ё фарқияти музди меҳнати дар давраи ба таъхир мондан, қарор мебарорад.

 

ФАСЛИ III. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

ГУРӮҲИ АЛОҲИДАИ КОРМАНДОН

 

БОБИ 15. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНИ БА СИННИ ҲАЖДАҲ НАРАСИДА

 

Моддаи 207. Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ

Ҳуқуқи кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида дар муносибатҳои меҳнатӣ бо ҳуқуқи дигар кормандон баробар буда, онҳо дар ҳифзи меҳнат, вақти кор, вақти истироҳат ва дигар шароити меҳнат аз кафолатҳои иловагии муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 208. Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ мебошанд

1. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарноку хатарнок, истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, инчунин дар корҳое, ки иҷроишашон ба саломатӣ ва инкишофи маънавии онҳо зарар мерасонад, манъ аст.

2. Рўйхати корҳоро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

3. Аз ҷой ба ҷойи дигар ва аз кор ба кори дигар гузаронидани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки меъёри муқарраргардидаи кор барои онҳо вазнин мегардад, манъ мебошад.

 

Моддаи 209. Қатъи шартномаи меҳнатӣ бо талаби падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор

Агар идома додани кор ба саломатии кормандони аз синни ҳаждаҳ хурд зарарнок ё бо зарари дигар вобаста бошад, падару модар, васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор ҳуқуқ доранд, ки қатъи шартномаи меҳнатиро талаб намоянд.

 

Моддаи 210. Муоинаи ҳатмии тиббии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, шартномаи меҳнатӣ танҳо баъд аз муоинаи ҳатмии тиббии онҳо баста мешавад. Минбаъд кормандон то ба синни ҳаждаҳ расидан ҳар сол аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд.

 

Моддаи 211. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида давомнокии вақти кўтоҳи корӣ муқаррар карда мешавад:

- барои кормандони аз чордаҳсола то шонздаҳсола - на зиёда аз 24 соат дар як ҳафта;

- барои кормандони аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта;

- барои таълимгирандагони муассисаҳои таълимӣ, ки якҷоя дар давраи соли таҳсил кор ва таҳсил мекунанд, аз чордаҳсола то шонздаҳсола - 2,5 соат дар як рўз ва аз шонздаҳсола то ҳаждаҳсола - 3,5 соат дар як рўз.

 

Моддаи 212. Пардохти музди меҳнат ва меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

1. Пардохти музди меҳнати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бо назардошти рўзи кории кўтоҳкардашуда ба амал бароварда мешавад.

2. Меъёрҳои коркард барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида аз рўи меъёрҳои умумии коркард баробар ба кормандони рўзи кори кўтоҳкардашудаи дар моддаи 127 Кодекси мазкур пешбининамуда, муқаррар карда мешаванд.

3. Барои кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида, ки баъд аз хатми муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ ба кор дохил гардидаанд, инчунин аз таълими касбӣ дар истеҳсолот гузаштаанд, мумкин аст, меъёри пасти коркард муқаррар карда шавад.

4. Корфармо метавонад ба кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида то сатҳи музди меҳнати кормандони давомнокии пурраи рўзи корӣ дошта иловапулӣ пардохт намояд.

 

Моддаи 213. Хусусияти реҷаи меҳнат ва истироҳати кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Ҷалб намудани кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида ба корҳои шабона, изофакорӣ, ба ҳисобгирии якҷояи вақти корӣ, фиристонидан ба сафари хизматӣ ва иҷрои корҳои вахтавӣ, инчунин бозхондани онҳо аз рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда манъ аст.

 

Моддаи 214. Маҳдудияти ҷавобгарии моддии кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида

Бо кормандони ба синни ҳаждаҳ нарасида бастани шартнома оид ба ҷавобгарии пурраи моддӣ манъ аст.

 

БОБИ 16. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ЗАНОН

ВА ДИГАР ШАХСОНИ ДОРОИ УҲДАДОРИҲОИ ОИЛАВӢ

 

Моддаи 215. Маҳдудияти қатъи шартномаи меҳнатӣ бо занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

1. Бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо зани ҳомила, занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки дар тарбияи худ кўдаки то се сола ё кўдаки маъюб доранд, роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолати пешбининамудаи сархати якуми қисми 1 моддаи 42 Кодекси мазкур, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи меҳнатӣ баъд аз ҳатман бо кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Шахсони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхўрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ёрии ҳатмӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кумакпулиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Корфармо ин шахсонро инчунин дар ҳолати қатъи шартномаи меҳнатӣ бинобар гузаштани муҳлати он бояд бо кор таъмин намояд. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се моҳи анҷоми муҳлати шартномаи меҳнатӣ, музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.

2. Агар зан дар рўзи ба итмом расидани муҳлати шартномаи меҳнатӣ дар хусуси зиёда аз дувоздаҳ ҳафта ҳомиладор буданаш хулосаи тиббӣ пешниҳод намояд, корфармо уҳдадор аст муҳлати шартномаи меҳнатиро то рўзи ба итмом расидани рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак то ба се солагӣ расидан дароз кунад.

 

Моддаи 216. Корҳое, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ аст

1. Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон манъ аст.

2. Рўйхати корҳоеро, ки дар онҳо истифодаи меҳнати занон манъ карда мешавад ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 217. Хусусияти низоми меҳнат ва истироҳат барои занон ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ

1. Корфармо ҳуқуқ надорад занони ҳомиларо ба кори шабона, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, изофакорӣ ҷалб намояд, ба сафари хизматӣ фиристонад, инчунин онҳоро аз рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда бозхонд намояд.

2. Корфармо ҳуқуқ надорад шахсони зеринро бе розигии хаттии онҳо ба кори шабона, изофакорӣ ва ба кор бо усули вахтавӣ ҷалб намояд, инчунин ба сафари хизматӣ фиристонад:

- заноне, ки кўдаки то синни чордаҳ доранд, инчунин дигар шахсоне, ки кўдаки то синни чордаҳро бе модар тарбия мекунанд;

- кормандоне, ки аъзои бемори оиларо нигоҳубин мекунанд ё кўдакони маъюбро тарбия менамоянд, агар аъзои бемори оила ва кўдакони маъюб дар асоси хулосаи тиббӣ ба нигоҳубини доимӣ эҳтиёҷманд бошанд.

 

Моддаи 218. Танаффус барои ғизодиҳии кўдак

1. Ба ғайр аз танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хўрок, танаффусҳои байнибастӣ ва махсус, ба занон, ки кўдаки то яксолу шашмоҳа доранд, падар ё дигар намояндаи қонунии кўдак, ки кўдаки то яксолу шашмоҳаро бе модар тарбия мекунанд, барои ғизо додани кўдак баъди ҳар се соати кор бо давомнокии зерин танаффус дода мешавад:

- барои як кўдак - ҳар як танаффус на кам аз сӣ дақиқа;

- барои ду ё зиёда кўдак - ҳар як танаффус на кам аз як соат.

2. Танаффус барои ғизодиҳии кўдак (кўдакон) дар асоси аризаи кормандони дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда, ба танаффус барои истироҳат ва истеъмоли хўрок ҳамроҳ карда мешавад ё ин ки дар шакли ҷамъшуда дар аввал ё дар охири рўзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори вақти корӣ дода мешавад.

3. Танаффус барои ғизодиҳии кўдак (кўдакон) ба вақти корӣ дохил карда мешавад ва дар ин давра музди миёнаи меҳнати зан ё дигар намояндаи қонунии кўдак нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 219. Муқаррар кардани вақти нопурраи корӣ барои занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд

Корфармо уҳдадор аст, дар асоси аризаи зани ҳомила ва дигар шахсони уҳдадориҳои оилавӣ дошта, ки кўдаки то чордаҳсола ё кўдаки маъюбро нигоҳубин мекунанд, инчунин ба корманде, ки нигоҳубини аъзои бемори оиларо мутобиқи хулосаи тиббӣ амалӣ менамояд, реҷаи вақти рўзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд.

 

Моддаи 220. Маҳдудияти истифодаи ҷамъи баҳисобгирии вақти корӣ барои занони ҳомила

Истифодаи ҷамъи ҳисоби вақти корӣ барои занони ҳомила иҷозат дода намешавад, агар давомнокии рўзи корӣ (басти корӣ) аз ҳашт соат зиёд бошад.

 

Моддаи 221. Муваққатан ба кори дигар гузаронидани зани ҳомила ва заноне, ки кўдаки то як солу шашмоҳа доранд

1. Корфармо дар асоси хулосаи тиббӣ уҳдадор аст, зани ҳомиларо бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат ба дигар кор гузаронида, таъсири омилҳои истеҳсолии зарарнок ва хавфнокро истисно намояд.

2. То додани кори дигар ба зани ҳомила, ки таъсири омилҳои истеҳсолии номусоидро истисно менамояд, ў аз кор бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат барои ҳамаи рўзҳои кории гузаронидашуда аз ҳисоби корфармо озод карда мешавад.

3. Занони кўдаконашон то як солу шашмоҳа дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кўдакашон ширмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмаконӣ имкон намедиҳад, то ба синни як солу шашмоҳа расидани кўдакашон ба кори дигар гузаронида шуда, моҳонаи миёнаашон аз рўи кори пештараи онҳо дода мешавад.

 

Моддаи 222. Кафолат нисбати занон ва дигар шахсоне, ки уҳдадориҳои оилавӣ доранд, ҳангоми муқаррар намудани навбати пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда

1. Пеш аз рухсатӣ барои ҳомила ва таваллуд ё бевосита баъд аз он ё баъд аз тамом шудани рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак бо хоҳиши зан, новобаста аз собиқаи корӣ дар ташкилоти мазкур рухсатии ҳарсолаи меҳнатии пардохтшаванда дода мешавад.

2. Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳо ва дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюб доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад.

 

Моддаи 223. Рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд

1. Ба занони ҳомила дар асоси варақаи корношоямии бо тартиби муқарраргардида додашуда пеш аз таваллуд ҳафтод рўзи тақвимӣ ва баъд аз таваллуд низ ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил - ҳаштоду шаш, таваллуди ду ва ё зиёдаи кўдак - яксаду даҳ) рўзи тақвимӣ рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохт карда мешавад.

2. Ба занон рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд, новобаста аз рўзҳои истифодаи воқеӣ то таваллуд ва давомияти кор дар ташкилот дар маҷмўъ пурра ҳисоб карда, дода мешавад.

 

Моддаи 224. Рухсатӣ барои нигоҳубини кўдак

1. Баъд аз ба охир расидани рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кўдак то ба як солу шашмоҳагӣ расидани ў рухсатӣ дода, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ дода мешавад.

2. Барои нигоҳубини кўдак то ба се солагӣ расидани ў рухсатии бемузд бо хоҳиши кормандони зерин дода мешавад:

- бо интихоби падару модар - ба модар ё ки ба падари кўдак;

- ба падар ё модари танҳое, ки кўдакро тарбия менамояд;

- бибӣ, бобо, дигар намояндаи қонунии кўдак, ки кўдаки бепарастории падару модар мондаро, тарбия мекунанд;

- ба корманд, ки кўдаки навтаваллудшударо ба парасторӣ (фарзандхондӣ) гирифтааст.

3. Рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кўдак то расидан ба се солагӣ метавонад пурра ё қисман дар асоси аризаи хаттии корманд, ки дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинӣ шудааст, аз рўи интихоби ў истифода карда шавад.

4. Бо хоҳиши зан ё шахсоне, ки дар қисми 1 моддаи мазкур зикр шудаанд, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини кўдак будан, онҳо метавонанд рўзи нопурраи корӣ ё дар хона кор карда, аз ҳисоби маблағҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кумакпулӣ гиранд.

5. Дар вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кўдак то расидани ў ба се солагӣ ба корманд ҷойи кор (мансаб) нигоҳ дошта мешавад.

6. Вақти рухсатии бе нигоҳ доштани музди меҳнат барои нигоҳубини кўдак то расидан ба сесолагӣ ба собиқаи меҳнатии умумӣ, бетанаффус ва аз рўи ихтисос дохил карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.

7. Корманд уҳдадор аст, як моҳ пеш аз оғози кор корфарморо дар бораи хоҳиши ба кор баромадан то тамом шудани рухсатии бемузд барои нигоҳубини кўдаки то се сола огоҳ намояд.

 

Моддаи 225. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо

1. Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддорӣ манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила, занон ё дигар шахсони дорои уҳдадориҳои оилавӣ, ки кўдаки то сесола ё кўдаки маъюб доранд, корфармо уҳдадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул кардан ба кор ба суд муроҷиат намоянд.

2. Корфармо уҳдадор аст, занонеро, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, аз ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.

 

Моддаи 226. Рухсатии кормандоне, ки кўдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд

Ба кормандоне, ки кўдакони навзодро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кўдаки навзод - яксаду даҳ) рўзи тақвимӣ аз рўзи таваллуди кўдак барояшон рухсатӣ дода, кумакпулӣ аз ҳисоби суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то расидан ба як солу шашмоҳагӣ ва сесолагӣ нигоҳубин кардани кўдакашон (моддаи 224 Кодекси мазкур) рухсатӣ дода мешавад.

 

Моддаи 227. Кафолат ва имтиёзҳо ба шахсоне, ки кўдаконро бе модар тарбия мекунанд

Кафолат ва имтиёзҳои зани кўдакдор ба падароне, ки кўдакро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кўдакро парасторӣ карда натавонистани модар), инчунин ба васии (парастори) ноболиғон татбиқ мешаванд.

 

БОБИ 17. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНИ ДАР ДУ (ЯКЧАНД) ҶОЙ КОРКУНАНДА

 

Моддаи 228. Муқаррароти умумӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

1. Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷойи кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.

2. Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, ў ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои дуюм ва чоруми қисми 4 моддаи 26 Кодекси мазкур муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зарарноку хатарноки шароити меҳнатӣ қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд уҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва шароити меҳнат дар ҷойи кори асосӣ маълумот пешниҳод намояд.

3. Хусусияти дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омўзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг ва дигар соҳаҳо) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

Моддаи 229. Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

1. Дар ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд аст, дар ду вазифаи (мансаби) роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳои дигар муайян нашуда бошанд.

2. Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то ҳаждаҳ, занони ҳомила, инчунин дар корҳои шароити меҳнати зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ аст.

3. Дар ду (якчанд) ҷой ҳамроҳ кор кардани хешовандони наздике, ки дар қисми 1 моддаи 27 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст дар ташкилотҳои давлатӣ, ки фаъолияташон ба хизмати давлатӣ алоқаманд мебошад, манъ аст.

4. Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон, инчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии меҳнатӣ ё пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

Моддаи 230. Шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

1. Корманд ба ғайр аз ҷойи кори асосиаш, ки аллакай бо корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ мебошад, ҳуқуқ дорад бо якчанд корфармо оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан шартномаи меҳнатӣ бандад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

2. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд дар ду (якчанд) ҷой кор кардани корманд нишон дода шавад.

 

Моддаи 231. Ҳуҷҷатҳои иловагие, ки барои бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан заруранд

Барои бо дигар корфармо бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан илова ба ҳуҷҷатҳои пешбиникардаи моддаи 26 Кодекси мазкур корманд маълумотнома дар бораи хусусият ва шароити меҳнати ҷойи кори асосӣ (ҷойи кор, вазифа (мансаб), шароити меҳнат) пешниҳод мекунад.

 

Моддаи 232. Давомнокии вақти кории дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Давомнокии умумии рўзи кории ҷойи кори асосӣ ва кори дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз меъёри давомнокии кори ҳамарўзаи муқарраркардаи моддаи 74 Кодекси мазкур набояд аз 4 соат зиёд бошад.

 

Моддаи 233. Рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

1. Ба кормандоне, ки тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан фаъолият менамоянд, рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асосиашон дар як вақт пешниҳод карда мешавад.

2. Агар давомнокии рухсатии меҳнатии пардохтшавандаи ҳарсола тибқи шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан аз давомнокии рухсатии ҷойи кори асосӣ камтар бошад, корфармо бо хоҳиши корманде, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунад фарқияти давомнокии рўзҳои рухсатиро ба ў ҳамчун рухсатии бе музд пешниҳод менамояд.

 

Моддаи 234. Маҳдудияти бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан

Бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой коркардан ба кормандони синнашон аз ҳаждаҳ хурд, кормандоне, ки дар шароитҳои вазнин, зарарнок ва ё хатарноки меҳнат фаъолият менамоянд, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 235. Асосҳои иловагии қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бо ташаббуси корфармо

Шартномаи меҳнатӣ оид ба дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, сарфи назар аз асосҳои муқаррарнамудаи моддаи 42 Кодекси мазкур бо ташаббуси корфармо дар ҳолате қатъ карда мешавад, ки агар бо корманд ҳамчун кори асосӣ шартномаи меҳнатӣ баста шавад.

 

БОБИ 18. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНЕ, КИ БА КОРҲОИ ВАЗНИН, ЗЕРИЗАМИНӢ ВА ШАРОИТИ МЕҲНАТАШОН ЗАРАРНОК МАШҒУЛАНД

 

Моддаи 236. Давомнокии вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшавандаи кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд

1. Барои кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, давомнокии вақти корӣ на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта муқаррар карда мешавад.

2. Рўйхати истеҳсолот, сехҳо, касбҳо ва вазифаҳо (мансабҳо), номгўйи корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок, ки кор дар онҳо барои давомнокии кўтоҳи вақти корӣ ва рухсатии меҳнатии иловагии ҳарсолаи пардохтшаванда ҳуқуқ медиҳад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 237. Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд

Музди меҳнати кормандоне, ки ба корҳои вазнин, зеризаминӣ ва ё шароити меҳнаташон зарарнок машғуланд, дар фарқият бо музди меҳнати кормандоне, ки дар корҳои шароити меҳнаташ муқаррарӣ фаъолият менамоянд, бо роҳи баланд бардоштани маоши вазифавӣ ва ё иловапулӣ, вале на кам аз муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳои соҳавӣ ва ё шартномаҳои коллективӣ, ки дар асоси андозаи музди меҳнати камтарин пешбинӣ намудаанд, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 238. Таъмини сиҳатии корманд ва бехатарии шароити меҳнат

Ба кормандони ташкилот вобаста ба шароити меҳнат аз ҳисоби маблағҳои корфармо либос ва пойафзоли махсус, дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ, моддаҳои шустушўй ва тамиз, шир, хўроки табобатию пешгирикунанда дода мешаванд, ки аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон кам буда наметавонанд.

 

БОБИ 19. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНЕ, КИ БО КОРҲОИ МАВСИМӢ МАШҒУЛАНД

 

Моддаи 239. Корҳои мавсимӣ

Корҳое, ки вобаста ба шароитҳои иқлимӣ ва ё дигар ҳолатҳои табиӣ дар давраи муайян (мавсим), дар муддати на зиёда аз шаш моҳ иҷро карда мешаванд, ҳамчун корҳои мавсимӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.

 

Моддаи 240. Хусусияти бастани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони мавсимӣ

1. Дар шартномаи меҳнатӣ бояд шартҳо дар бораи бастани шартнома оид ба корҳои мавсимӣ ва муҳлати иҷрои он нишон дода шаванд.

2. Ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ оид ба корҳои мавсимӣ муҳлати санҷишӣ бо мақсади мувофиқати корманд ба корҳои ба ў фармудашаванда муқаррар карда намешавад.

 

Моддаи 241. Асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд

Шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бо кормандоне, ки ба корҳои мавсимӣ машғуланд, ғайр аз асосҳое, ки дар моддаи 42 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, мумкин аст, бо ташаббуси корфармо дар ҳолатҳои зерин бекор карда шаванд:

- боздошта шудани кори корфармо дар муҳлати зиёда аз ду ҳафта бо сабаби хусусияти истеҳсолӣ;

- ба кор ҳозир нашудани корманд пайдарҳам дар муҳлати як моҳ бо сабаби корношоямии муваққатӣ.

 

Моддаи 242. Хусусияти бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ

1. Корманди мавсимӣ ҳуқуқ дорад, бо ташаббуси худаш ба таври хаттӣ то 7 рўзи тақвимӣ корфарморо огоҳ намуда, шартномаи меҳнатиро бекор кунад.

2. Корфармо уҳдадор аст, ба таври хаттӣ корманди мавсимиро оид ба бекор кардани шартномаи меҳнатӣ дар асоси муқаррароти сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи 45 Кодекси мазкур то 7 рўзи тақвимӣ огоҳ намояд.

3. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ, аз ҷониби корфармо рухсатии истифоданашуда барои корҳои мутаносибан иҷрошуда ҷуброн карда мешавад.

4. Ҳангоми бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди мавсимӣ бо сабаби барҳамхўрии ташкилот, ихтисори шумора ва ё воҳиди кории кормандон кумакпулии азкорравӣ дар ҳаҷми музди миёнаи меҳнати якмоҳа пардохт карда мешавад.

 

БОБИ 20. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНИ БО УСУЛИ ВАХТАВӢ КОРКУНАНДА

 

Моддаи 243. Хусусиятҳои кори вахтавӣ

1. Коре, ки бо усули вахтавӣ анҷом дода мешавад, шакли махсуси пеш бурдани раванди меҳнат буда, берун аз ҷойи истиқомати доимии кормандон иҷро карда мешавад ва онҳо баъд аз кор барои баргаштан ба ҷойи доимии истиқоматашон имконият надоранд.

2. Корфармо уҳдадор аст, кормандонеро, ки бо усули вахтавӣ кор мекунанд, ҳангоми дар маҳалли кор қарор доштанашон бо ҷойи хоб, хўрок, бурдан ба ҷойи кор ва овардан ба маҳалли истиқомат, инчунин шароити мувофиқи кор ва истироҳат таъмин намояд.

3. Корфармо тибқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ барои будубоши кормандон дар маҳалли истеҳсолот (кор) шароит муҳайё менамояд.

 

Моддаи 244. Маҳдудият дар кори усули вахтавӣ

Ба корҳои бо усули вахтавӣ иҷрошаванда, кормандоне, ки ба синни 18 нарасидаанд, занони ҳомиладор, маъюбони гурўҳи I ва II иҷозат дода намешаванд. Дигар кормандон метавонанд ба корҳои хусусияти вахтавидошта ҷалб карда шаванд, агар чунин корҳо ба онҳо дар асоси хулосаи тиббӣ манъ карда нашуда бошанд.

 

Моддаи 245. Давомнокии вахта

1. Давомнокии вахта аз 15 рўзи тақвимӣ зиёд шуда наметавонад.

2. Дар объектҳо давомнокии вахта бо розигии хаттии корманд мутобиқи шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ метавонад то 30 рўзи тақвимӣ зиёд карда шавад.

 

Моддаи 246. Ҳисоби вақти корӣ ва вақти дамгирӣ ҳангоми кор бо усули вахтавӣ

1. Ҳангоми кор бо усули вахтавӣ маҷмўи вақти корӣ ба муддати як моҳ, се моҳ ё вақти зиёдтар, вале на зиёдтар аз як сол муқаррар карда мешавад.

2. Давраи ҳисоб вақти корӣ, вақти дамгирӣ, вақти дар роҳ то макони корфармо ва ё аз нуқтаи ҷамъшавии кормандон то ҷойи кор ва баргашта оварданро дар бар мегирад. Ҳамзамон маҷмўи давомнокии вақти кор барои давраи ҳисоботӣ набояд аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси мазкур зиёд бошад.

3. Қисман додани рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда дар давоми истироҳати байнивахтавӣ иҷозат дода намешавад.

4. Корфармо уҳдадор аст, ки ҳисоби вақти кор ва вақти дамгирии  кормандеро, ки бо усули вахтавӣ кор мекунад, ҳар моҳ, алоҳида ва дар давоми тамоми давраи ҳисоботӣ ба роҳ монад.

5. Барои иҷрои корҳои вахтавӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ пардохт карда мешавад.

 

БОБИ 21. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ

МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ ХОНАГӢ

 

Моддаи 247. Хусусияти бастан ва бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ

1. Кормандони хонагӣ шахсоне мебошанд, ки корро (хизматро) дар хоҷагии корфармо - шахси воқеӣ иҷро менамоянд.

2. Қарор дар бораи ба кор қабул намудан ва ё бекор кардани муносибатҳои меҳнатӣ бо кормандони хонагӣ ва маълумот оид ба кори ў дар дафтарчаи меҳнатӣ аз ҷониби корфармо ворид карда намешавад.

3. Намудҳои корҳои хонагиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

4. Фаъолияти меҳнатии корманди хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

5. Муҳлати огоҳии хаттӣ оид ба бекор (қатъ) кардани шартномаи меҳнатӣ, андозаи ҷуброн ва тартиби пардохти он бо корманди хонагӣ дар шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 248. Вақти корӣ ва вақти дамгирии кормандони хонагӣ

1. Ба кормандони хонагӣ меъёрҳои давомнокии вақти корӣ ва вақти дамгирӣ, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, паҳн мегарданд.

2. Реҷаи кор, тартиби додани рўзҳои истироҳат, рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда, ба изофакорӣ, кор дар вақти шабона, рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, ҷалб намудани кормандони хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ танзим мешаванд.

 

Моддаи 249. Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ

Татбиқ ва бекор кардани ҷазои интизомӣ нисбати корманди хонагӣ бо шартномаи меҳнатӣ, ки намунаашро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ мекунад, муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 250. Ҳалли баҳсҳои меҳнатии фардӣ

Баҳсҳои меҳнатии фардӣ байни корманди хонагӣ ва корфармо бо мувофиқаи тарафҳо ва ё тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 251. Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ

Қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ бо корманди хонагӣ дар асоси муқаррароти пешбининамудаи шартномаи меҳнатӣ бо риояи талаботи Кодекси мазкур ба амал бароварда мешавад.

 

БОБИ 22. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

КОРМАНДОНИ ХОНАКОР

 

Моддаи 252. Кормандони хонакор

1. Шахсоне, ки бо корфармо оид ба иҷрои кор дар хона бо меҳнати шахсӣ бо истифода аз мавод, таҷҳизот, асбоб ва олотҳои худ ва ё бо олоту воситаҳои аз ҷониби корфармо ҷудокардашуда ё ин ки бо маблағҳои корфармо харидорӣ шуда, барои иҷрои корҳо дар бинои шахсии худ ё ҷойи барои иҷрои кор мувофиқ шартномаи меҳнатӣ бастаанд, ҳамчун кормандони хонакор ҳисобида мешаванд.

2. Иҷрои кори корманди хонакор мумкин аст ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ, инчунин дар давоми муҳлати амали шартномаи меҳнатӣ бо ворид намудани тағйироти дахлдор ба шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда шавад.

 

Моддаи 253. Шартҳои меҳнати кормандони хонакор

1. Корҳои хонакор танҳо дар ҳолатҳое иҷро карда мешаванд, ки агар вазъи саломатии кормандро халалдор насозанд ва барои иҷрои онҳо талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат таъмин карда шаванд.

2. Дар шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои кор дар хона тартиби ҳатмии шартҳои зерин бояд муқаррар карда шаванд:

- иҷрои кор бо истифода аз масолеҳ, таҷҳизот, асбобҳо ва олотҳои шахсии корманд ва ё бо олотҳои ҷудокардашуда аз ҷониби корфармо ё ин ки бо маблағҳои корфармо харидоришуда;

- тартиб ва муҳлатҳои таъмини корманд барои иҷрои кор бо ашёи хом, мавод ва масолеҳи нимтайёр;

- тартиб ва муҳлати баровардани маҳсулоти тайёршуда;

- ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳо ба корманд.

 

Моддаи 254. Реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандони хонакор

Реҷаи вақти корӣ ва вақти истироҳат, хусусиятҳои назорати корфармо барои риояи тартиби вақти корӣ, шартҳои таъмини бехатарӣ, ҳифзи меҳнат ва риояи ин шартҳо барои кормандони хонакор бо шартномаи меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.

 

БОБИ 23. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ КОРМАНДОНИ

БО КОРИ ФОСИЛАВӢ (ДИСТАНСИОНӢ) МАШҒУЛБУДА

 

Моддаи 255. Кори фосилавӣ (дистансионӣ)

Шакли махсуси раванди меҳнат, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии корфармо бо истифода аз технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ иҷро карда мешавад, кори фосилавӣ (дистансионӣ) ҳисобида мешавад.

 

Моддаи 256. Шароити меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд

1. Корфармо ба корманд воситаҳои коммуникатсионӣ (воситаҳои алоқа) пешниҳод намуда, хароҷоти пайвасткунӣ ва хизматрасонии онро ба зимма мегирад. Дар ҳолатҳое, ки корманд воситаҳои коммуникатсионии худро доимо истифода мебарад, корфармо онро ҷуброн менамояд. Ҳаҷм ва тартиби пардохти он бо розигии корманд муқаррар карда мешаванд.

2. Бо розигии тарафҳо корфармо метавонад, ба корманди фосилавӣ (дистансионӣ) дигар хароҷотҳоро вобаста ба иҷрои кор (маблағи қувваи барқ, об ва дигарҳо) пардохт намояд.

3. Тартиб, муҳлат ва дигар шартҳои муносибатҳои меҳнатии кормандро бо корфармо шартномаи меҳнатӣ муайян менамояд.

 

Модда 257. Баҳисобгирии вақти корӣ ва вақти истироҳат, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати кормандоне, ки бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғуланд

1. Барои кормандони ба кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда меъёри давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳати бо Кодекси мазкур муқарраргардида татбиқ мегардад.

2. Баҳисобгирии вақти корӣ барои кормандони бо кори фосилавӣ (дистансионӣ) машғулбуда ва хусусияти назорати риояи реҷаи вақти корӣ, шартҳои таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ва риояи ин шартҳо бо шартномаи меҳнатӣ муайян карда мешаванд.

 

БОБИ 24. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ МАЪЮБОН

 

Моддаи 258. Амалӣ намудани ҳуқуқи маъюбон ба меҳнат

1. Маъюбон дар сурати доштани тавсияҳои меҳнатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода шудаанд, ҳуқуқи бо корфармо бастани шартномаи меҳнатиро бо шартҳои оддии меҳнат ё дар ташкилотҳои махсусгардонидашуда, ки меҳнати маъюбонро истифода мекунанд, доранд.

2. Даст кашидан аз бастани шартномаи меҳнатӣ, гузаронидани маъюб ба кори дигар, тағйир додани шароити меҳнат бо сабаби маъюб будан роҳ дода намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки мутобиқи хулосаи тиббӣ ҳолати саломатии ў барои иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ монеагӣ мекунад ё ки ба саломатии ў ва ё бехатарии меҳнати дигар шахсон таҳдид мекунад.

 

Моддаи 259. Шароити меҳнати кормандони маъюб

1. Шароити меъёрбандӣ, пардохт ва ҳифзи меҳнат, реҷаи корӣ, тартиби якҷоя кардани касбҳо (мансабҳо), шароитҳои техникӣ, санитарӣ, гигиенӣ, истеҳсолӣ-маишӣ, инчунин дигар шароитҳо бо мувофиқаи тарафҳои шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ наметавонанд ҳолати кормандони маъюбро бад намоянд ё ҳуқуқи онҳоро дар муқоиса бо дигар кормандон маҳдуд кунанд.

2. Истифодаи меҳнати маъюбон дар корҳои вазнин, кор бо шароитҳои зарарнок ва хавфноки меҳнат манъ карда мешавад.

3. Ба маъюбоне, ки кор мекунанд метавонад кафолатҳои иловагӣ, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, санадҳои корфармо муқаррар намудаанд, дода шаванд.

4. Хулосаи тиббӣ дар бораи реҷаи нопурраи вақти корӣ, кам кардани ҳаҷми кор ва дигар шароити меҳнати маъюбон барои иҷрои корфармо ҳатмӣ мебошад.

 

Моддаи 260. Давомнокии вақти кўтоҳи кории маъюбон

1. Ба маъюбони гурўҳҳои I ва II вақти кори давомнокияш кўтоҳ на зиёда аз 36 соат дар як ҳафта бе кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.

2. Давомнокии кори ҳаррўзаи (басти кории) маъюбони гурўҳҳои I ва II аз 6 соат зиёд буда наметавонад.

 

Моддаи 261. Маҳдудияти истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда барои кормандони маъюб

1. Барои кормандони маъюби гурўҳҳои I ва II истифодаи ҷамъи вақти кори баҳисобгирифташуда роҳ дода намешавад.

2. Ба кормандони маъюби гурўҳи III ҷамъи вақти кории баҳисобгирифташуда муқаррар карда намешавад, агар чунин реҷа бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда шуда бошад.

 

Моддаи 262. Маҳдудияти кори шабона, изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизматӣ

Ҷалб намудани маъюбон ба кори шабона, изофакорӣ, дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ, фиристодани кормандони маъюб ба сафари хизматӣ танҳо бо розигии хаттии онҳо иҷозат дода мешавад, агар чунин кор бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад.

 

Моддаи 263. Пешниҳоди рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ба корманди маъюб

Ба корманди маъюб ҳар сол рухсатии меҳнатии пардохтшаванда тибқи ҷадвали рухсатиҳо, ки корфармо бо розигии онҳо тасдиқ намудааст, бо риояи меъёрҳои моддаи 94 Кодекси мазкур дода мешавад.

 

БОБИ 25. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ҲАЙАТИ ТЕХНИКӢ

ВА ХИЗМАТРАСОНИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ

 

Моддаи 264. Қабул намудан ба ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ

1. Ҳайати техникӣ ва хизматрасони мақомоти давлатӣ (минбаъд - хизматчии гражданӣ) - шахсоне, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансаби воҳидии музднокро дар мақомоти давлатӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои мансабӣ бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои онҳо ва амалӣ намудани хизматрасониҳои техникӣ ва таъмини фаъолияти мақомоти давлатӣ ишғол менамоянд.

2. Қабул ба хизмати гражданӣ дар мақомоти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

3. Номгўйи мансабҳои хизматчиёни гражданиро (ҳайати техникӣ ва хизматрасонро) дар мақомоти давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 265. Маҳдудият дар хизмати гражданӣ

1. Хизматчии гражданӣ ҳуқуқ надорад:

- воситаҳои таъминоти моддию техникӣ, молиявӣ ва иттилоотӣ, дигар молу мулки давлатӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсади ғайрихизматӣ истифода намояд;

- дар амале, ки барои фаъолияти муътадили хизмати гражданӣ ва иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ монеъ мешавад, иштирок намояд;

- мақоми хизматиашро бо мақсади ба хизмати гражданӣ алоқа надошта истифода намояд;

- маълумоте, ки сирри давлатӣ, хизматӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшаванда мебошад ва ба ў ҳангоми адои хизмати гражданӣ маълум шудааст, фош намояд.

2. Ба хизмати гражданӣ ба мансабе, ки ба иҷрои вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ ва хоҷагӣ алоқаманд мебошад, наметавонад шахсе қабул карда шавад, ки ҷинояти вазнин, махсусан вазнин содир карда, доғи судиаш бардошта нашудааст.

 

Моддаи 266. Гузаронидани хизматчии гражданӣ ба кор ба дигар мақомоти давлатӣ

Хизматчии гражданӣ дар асоси аризаи хаттиаш бо мувофиқаи байни роҳбарони ташкилотҳои дахлдор мумкин аст ба дигар мақомоти давлатӣ гузаронида шавад.

 

Моддаи 267. Аттестатсияи хизматчии гражданӣ

1. Бо мақсади муайян кардани дараҷаи тайёрии касбӣ, сифатҳои кории хизматчии гражданӣ аттестатсия гузаронида мешавад.

2. Тартиб ва шароити гузаронидани аттестатсияи хизматчии гражданиро мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи дахлдори фаъолият муайян мекунад.

 

Моддаи 268. Пешравӣ дар хизмати гражданӣ

1. Пешравии хизматии хизматчии гражданӣ бо роҳи ба вазифаи баландтар ё ба мақомоти болоӣ гузаронидан таъмин карда мешавад.

2. Ҳуқуқи афзалиятнокро дар пешравии хизматӣ хизматчии граждание дорад, ки дараҷаи баланди тахассусӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, доимо ба такмили дараҷаи тахассусӣ ва маҳорати касбии худ машғул мешавад.

 

Моддаи 269. Такмили ихтисос ва азнавтайёркунии хизматчии гражданӣ

1. Хизматчии гражданӣ метавонад ба ташкилоти дахлдори таҳсилотӣ бо мақсади такмили дониш, малакаю маҳорат, гирифтани касб ва ихтисос равон карда шавад.

2. Таҳсил, азнавтайёркунӣ ва таҷрибаомўзии хизматчии гражданӣ бо назардошти таҷрибаи илмӣ дар ҳолати бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот (кор) аз ҳисоби воситаҳои корфармо пардохт карда мешаванд.

3. Ба хизматчии гражданӣ, ки такмили ихтисос ё азнавтайёркуниро аз рўи ихтисоси самти дахлдори фаъолияти хизмати гражданӣ гузаштааст, рухсатии музднок барои таҳсил дода мешавад.

 

Моддаи 270. Ҳавасмандгардонии хизматчии гражданӣ

1. Барои бовиҷдонона иҷро намудани уҳдадориҳои вазифавӣ, сифати баланди иҷрои кор, аз ҷумла корҳои мураккаб ва таъҷилӣ, барои ташаббускорӣ, фаъолияти эҷодӣ ва дигар комёбиҳо дар кор хизматчии гражданӣ ҳавасманд гардонида мешавад:

- пешравӣ дар хизмати гражданӣ;

- ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавӣ.

2. Дар шартномаи коллективӣ метавонанд дигар чораҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ карда шаванд.

 

Моддаи 271. Кафолат ва ҷубронҳо ба хизматчии гражданӣ

Ба хизматчии гражданӣ кафолат ва ҷубронҳои дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида татбиқ мегардад.

 

Моддаи 272. Пардохти музди меҳнати хизматчии гражданӣ

Низоми пардохти музди меҳнати хизматчии гражданиро, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.

 

БОБИ 26. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ

СОҲИБКОРОНИ ИНФИРОДӢ

 

Моддаи 273. Соҳибкорони инфиродӣ

Соҳибкорони инфиродӣ шахсони воқеие мебошанд, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ ба сифати соҳибкорони инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ тибқи патент ё шаҳодатнома ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд.

 

Моддаи 274. Муҳлати шартномаи меҳнатӣ байни соҳибкорони инфиродӣ ва кормандон

Соҳибкорони инфиродӣ метавонанд шартномаи меҳнатиро бо кормандон ба муҳлатҳое, ки Кодекси мазкур муайян намудааст, банданд.

 

Моддаи 275. Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии соҳибкорони инфиродӣ

Соҳибкорони инфиродӣ мустақилона қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатиро бо назардошти талаботи Кодекси мазкур тасдиқ менамоянд.

 

Моддаи 276. Реҷаи кор

Соҳибкорони инфиродӣ ҳуқуқ доранд, реҷаи кории кормандонро муқаррар намоянд, ки ҷалби кормандонро ба кор дар рўзҳои истироҳат ва иди ғайрикорӣ мутобиқи Кодекси мазкур пешбинӣ менамояд.

 

Моддаи 277. Шартҳои пардохти музди меҳнат

Шартҳои пардохти музди меҳнати кормандон аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ бо мувофиқаи корманд ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ муқаррар мегардад. Корфармо ҳуқуқ надорад, ки ҳангоми тасдиқи шарти пардохти музди меҳнат яктарафа шартҳои шартномаи меҳнатиро тағйир диҳад.

 

Моддаи 278. Иштироки соҳибкорони инфиродӣ дар шарикии иҷтимоӣ

Ба муносибатҳои меҳнатӣ бо иштироки соҳибкорони инфиродӣ амали созишномаҳо дар ҳолатҳое паҳн мегардад, ки агар корфармо ва кормандон дар ташкилоти муайян барои пешбурди музокира ва имзогузории чунин созишномаҳо муттаҳид бошанд.

 

Моддаи 279. Хусусияти ташкили бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ

Ташкили бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат аз тарафи соҳибкорони инфиродӣ мумкин аст дар асоси шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ гардонида шавад.

 

БОБИ 27. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ РОҲБАР ВА АЪЗОИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ КОЛЛЕГИАЛИИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ ВА КОРМАНДОНИ БА КОР ТАЪЙИН (ИНТИХОБ) НАМУДАИ СОҲИБМУЛКИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ, ШАХСИ АЗ ҶОНИБИ ОН ВАКОЛАТДОРКАРДАШУДА (МАҚОМОТ) ВА Ё МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОРИ ШАХСИ ҲУҚУҚӢ

 

Моддаи 280. Асосҳои ҳуқуқии танзими меҳнати роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

Муносибатҳои меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ мутобиқи Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва шартномаи меҳнатӣ ба амал бароварда мешаванд.

 

Моддаи 281. Бастани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

1. Шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ва ё шахси аз ҷониби он ваколатдоркардашуда (мақомот) ва ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ба муҳлати бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва ё созиши тарафҳо муқарраршуда баста мешавад.

2. Бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳуҷҷатҳои таъсисӣ метавонад расмиёти иловагӣ муқаррар карда шавад, ки ба бастани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ мусоидат намояд.

 

Моддаи 282. Роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ҳамчун дар ду (якчанд) ҷой коркунанда

Роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ метавонад бо риояи талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи (мансаби) пардохтшавандаро дар дигар ташкилот танҳо бо розигии мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ ё соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси ваколатдоркардашудаи он ишғол намояд.

 

Моддаи 283. Пеш аз муҳлат бекор кардани шартномаи меҳнатӣ бо ташаббуси роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

Роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад, на камтар аз ду моҳ пештар ба тариқи хаттӣ соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқиро огоҳ карда, пеш аз муҳлат шартномаи меҳнатиро қатъ намояд.

 

Моддаи 284. Асосҳои иловагӣ барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ

1. Ба истиснои асосҳои бо Кодекси мазкур пешбинишуда қарори соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи пеш аз муҳлат қатъ кардани муносибатҳои меҳнатӣ асосҳои иловагӣ барои қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ шуда метавонад.

2. Дар ҳолати қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ бо роҳбари мақомоти иҷроияи шахси ҳуқуқӣ то ба охир расидани муҳлати амали он ба ў ҷубронпулӣ барои пеш аз муҳлат қатъ намудани шартномаи меҳнатӣ дар ҳаҷм, шартҳо ва тартиби муайяннамудаи шартномаи меҳнатӣ пардохт карда мешавад.

 

Моддаи 285. Хусусияти танзими меҳнати аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ ва кормандони аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби ў ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъйиншуда (интихобшуда)

1. Хусусияти танзими меҳнати роҳбари мақомоти иҷроия, ки бо боби мазкур танзим гардидааст, ба дигар аъзои мақомоти иҷроияи коллегиалии шахси ҳуқуқӣ низ паҳн мегардад, агар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

2. Хусусияти танзими меҳнати кормандони аз ҷониби соҳибмулки шахси ҳуқуқӣ ё шахси (мақомоти) аз ҷониби ў ваколатдоркардашуда ё мақомоти ваколатдори шахси ҳуқуқӣ таъйиншуда (интихобшуда) бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

БОБИ 28. ХУСУСИЯТИ ТАНЗИМИ МЕҲНАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, СУДЯҲО, ХИЗМАТЧИЁНИ ДАВЛАТӢ, ХИЗМАТЧИЁНИ ҲАРБӢ, КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА ДИПЛОМАТӢ, ИНЧУНИН ДИГАР КОРМАНДОНИ ТАШКИЛОТҲОИ ДАВЛАТӢ ВА ҒАЙРИДАВЛАТӢ

 

Моддаи 286. Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатӣ

Танзими меҳнати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни давлатиро Кодекси мазкур бо хусусиятҳои пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шарт ва тартиби махсуси дохил шудан ба хизмат, адои хизмат ва қатъи он, шароити махсуси меҳнат, пардохти музди меҳнат, инчунин имтиёзҳои иловагӣ, бартарият ва маҳдудиятро муқаррар намудаанд, танзим мекунанд.

 

Моддаи 287. Танзими меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ

Меҳнати шахсоне, ки дар хизмати ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва дипломатӣ мебошанд, Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шароитҳои махсус ва тартиби дохил шудан ба хизмат, адои он ва қатъи хизмат, шароитҳои махсуси меҳнат, шартҳои пардохти музд, рухсатиҳо, инчунин имтиёзҳои иловагӣ, бартарият ва маҳдудиятҳои иловагиро муқаррар мекунанд, танзим менамоянд.

 

Моддаи 288. Хусусияти танзими меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ

Хусусияти меҳнати кормандони дигар ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

 

ФАСЛИ IV. ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ ВА МУНОСИБАТҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ

ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ

 

БОБИ 29. КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӢ ВА

ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 289. Коллективи меҳнатӣ

1. Тамоми кормандони ташкилот коллективи меҳнатиро ташкил медиҳанд.

2. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои коллективи меҳнатӣ, тартиб ва шакли татбиқи онҳоро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, оинномаи (низомномаи) ташкилот муайян мекунанд.

 

Моддаи 290. Намояндагони кормандон дар ташкилот

1. Намояндагони кормандон дар ташкилот бо мақсади ҳимояи манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мешаванд.

2. Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон манфиатҳои кормандонро дар муносибатҳои меҳнатӣ намояндагӣ мекунанд.

3. Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандонро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд.

4. Кормандон худашон он мақомеро, ки ба он намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.

5. Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, ҳангоми ҳимояи манфиати кормандон аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд. Ҳамкории мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.

6. Мавҷудияти мақомоти гуногуни намояндагӣ дар ташкилот набояд дар фаъолияташон ба амалӣ гардонидани вазифаҳо халал расонанд.

7. Манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро наметавонад ҳамон як мақоми намояндагии кормандони ташкилот намояндагӣ ва ҳимоя намояд.

 

Моддаи 291. Ҳуқуқҳои намояндагони кормандон дар ташкилот

1. Намояндагони кормандон дар ташкилот ҳуқуқ доранд:

- гуфтушунидҳои коллективона гузаронанд, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд, дар таҳияи санадҳои дигари меъёрӣ оид ба меҳнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоиҳаи чунин санадҳоро пешниҳод кунанд;

- дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилот иштирок намоянд;

- риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективиро назорат кунанд;

- дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ манфиати кормандро ҳимоя кунанд;

- дар бораи қарори корфармо ва шахсони ваколатдори ў, агар қарор хилофи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бошад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;

- тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корпартоӣ эълон кунанд;

- ҳангоми фаъолияти намояндагӣ дигар амали қонуниро анҷом диҳанд.

2. Ҳамаи намояндагони ваколатдоршудаи кормандон ҳуқуқҳои баробар доранд.

 

Моддаи 292. Манъи дахолат ба фаъолияти қонунии намояндагони кормандон

1. Дахолат ба фаъолияти қонунии намояндагони кормандон дар кадом шакле, ки бошад, манъ аст.

2. Қатъ намудани фаъолияти намояндагони кормандон бо ташаббуси корфармо ва ё шахсони ваколатдори ў манъ аст.

 

Моддаи 293. Уҳдадориҳои корфармо ва шахсони ваколатдори ў нисбат ба намояндагони кормандон

Корфармо ва шахсони ваколатдори ў нисбат ба намояндагони кормандон уҳдадоранд:

- ба фаъолияти намояндагони кормандон мусоидат намуда, ҳуқуқҳои онҳоро риоя кунанд;

- қабл аз қабули қарорҳое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо намояндагони онҳо машварат кунанд;

- пешниҳоди намояндагони кормандонро сари вақт баррасӣ намуда, дар бораи қарорҳои қабулнамудаи худ иттилои асоснок диҳанд;

- ба намояндагони кормандон барои бемамоният рафтан ба ҷойи кори кормандоне, ки манфиати онҳоро ифода менамоянд, иҷозат диҳанд;

- ба намояндагони кормандон оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ ройгон маълумоти зарурӣ диҳанд;

- барои иҷрои уҳдадориҳояшон ба намояндагони кормандон шароити мусоид фароҳам оранд;

- барои фаъолияти намояндагони кормандон бино, воситаҳои нақлиёт, алоқа, дигар шароитҳоро, ки тартиби вогузории онҳо дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ муайян гардидааст, диҳанд;

- дар муносибат бо намояндагони кормандон дигар уҳдадориҳоро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, иҷро намоянд.

 

Моддаи 294. Кафолатҳои иловагии меҳнатӣ барои намояндагони кормандон

1. Ба намояндагони кормандон вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти намояндагӣ ҳимоя аз ҳар гуна таъқиби корфармо кафолат дода мешавад.

2. Ба кормандоне, ки бинобар намояндаи кормандон интихоб шуданашон аз фаъолияти истеҳсолӣ озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатҳои интихобиашон ҷойи кори (вазифаи) пештараашон пешниҳод карда мешавад, агар чунин ҷойи кор мавҷуд набошад, ҷойи кори (вазифаи) ба он баробар дар ҳамон ташкилот пешниҳод мегардад.

 

Моддаи 295. Намояндагони корфармоён

Корфармоён ҳуқуқ доранд, дар иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии корфармоён ҳамчун ташкилоти ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва мақсади асосиашон мусоидат ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва ташаббуси соҳибкорӣ, инчунин бо роҳи ифода намудани манфиатҳои ташкилотҳо ва соҳибони молу мулк, ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагӣ ва меҳнатӣ дар мақомоти давлатӣ, дар муносибатҳои ҳамдигарӣ бо намояндагони кормандон ба амал баровардани шарикии иҷтимоӣ мебошад.

 

Моддаи 296. Мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

1. Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.

2. Тартиби таҳия, бастан, амали созишнома ва шартномаҳои коллективиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 297. Мақсади шарикии иҷтимоӣ

Мақсади шарикии иҷтимоӣ аз инҳо иборат аст:

- татбиқи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи кафолатҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мазкур, санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- мусоидат ба танзими масъалаҳои иҷтимоию меҳнатӣ, бо фарогирии масъалаи муқаррар намудани андозаи музди меҳнат;

- зиёд намудани даромади кормандон дар асоси афзоиши ҳосилнокии меҳнат ва самаранокии истеҳсолот;

- таъсиси механизми самараноки танзими муносибатҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

- гузаронидани музокироти коллективӣ, машваратҳои мутақобила, таҳия ва бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- пешгирии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва мусоидат ба ҳалли ихтилофотҳои иҷтимоӣ-меҳнатӣ;

- таҳким ва инкишофи муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар асоси принсипҳои демократӣ;

- фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмини шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инкишофи бозори меҳнат.

 

Моддаи 298. Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ

Принсипҳои асосии шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:

- ҳатман бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар сурати манфиатдор будани кормандон ва ё корфармо дар шахси намояндагони ваколатдор бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- баробарҳуқуқии тарафҳо;

- ваколатдории намояндагони тарафҳо;

- эҳтироми манфиати тарафҳо;

- интихоби озод дар баррасии масъалаҳое, ки мазмуни созишнома ва шартномаҳои коллективиро ташкил медиҳанд;

- ихтиёрӣ аз ҷониби тарафҳо қабул намудани уҳдадориҳо;

- иҷрои ҳатмии муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективии аз ҷониби тарафҳо қабулгардида;

- ҷавобгарии тарафҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳо, қарорҳо, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

- назорати мутақобила ва самимият (ошкоро) дар назди шарикон;

- дурустӣ ва мунтазамии иттилоот оид ба масъалаҳои фаъолияти тарафҳо.

 

Моддаи 299. Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ

Шаклҳои амалӣ намудани шарикии иҷтимоӣ инҳоянд:

- музокирот ва машваратҳо;

- таҳия, қабул ва татбиқи қарорҳои муштарак;

- бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

- иттилоотонии мутақобилаи тарафҳо оид ба иҷрои уҳдадориҳои қабулгардида.

 

Моддаи 300. Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ

1. Мақомоти асосии низоми шарикии иҷтимоӣ дар тамоми сатҳҳо комиссияҳои сетарафа (дутарафа) ба ҳисоб мераванд. Аз ҷониби комиссияҳо музокироти коллективӣ гузаронида, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таҳия ва баста мешаванд, ҳамчунин рафти иҷрои онҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

2. Комиссияҳои ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ мувофиқи Низомнома дар бораи комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи иттиҳодияҳои намояндагони кормандон ва иттиҳодияи корфармоён тасдиқ мегардад, фаъолият мекунанд.

3. Дар сатҳи ҷумҳуриявӣ комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, мақомот оид ба таъмини мутобиқгардонии манфиатҳои давлат ва тарафҳои муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо карда мешаванд. Комиссияҳои сетарафа (дутарафа) аз намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд.

4. Дар сатҳи соҳавӣ комиссияҳои сетарафа (дутарафа) оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ таъсис дода мешаванд. Ҳайати комиссияҳои соҳавӣ, ки ба он намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, намояндагони кормандон ва корфармоён шомиланд, аз ҷониби тарафҳо ташкил карда мешавад.

5. Дар сатҳи минтақавӣ комиссияҳои сетарафа оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ аз ҳисоби намояндагони мақомоти дахлдори иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корфармоён ва кормандон ташкил карда мешаванд.

6. Дар сатҳи ташкилотҳо оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, таҳия ва бастани шартномаҳои коллективӣ комиссияҳои дутарафа таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати комиссия намояндагони корфармоён ва кормандон шомил мешаванд.

7. Дар сатҳи гурўҳҳои молиявӣ - саноатӣ ва корпоратсияҳои трансмиллӣ комиссияҳои дутарафа (сетарафа) оид ба гузаронидани музокироти (машваратҳои) коллективӣ, таҳия ва бастани созишнома дар иттиҳодияҳои ташкилотҳои мазкур, аз ҷумла ташкилотҳои берун аз ҳудуди давлат ҷойгирбуда ташкил карда мешаванд. Ба ҳайати комиссияҳо намояндагони корфармо ва кормандон дохил мешаванд.

 

БОБИ 30. ТАРТИБИ БАСТАНИ СОЗИШНОМА

БАЙНИ ТАРАФҲОИ ШАРИКИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 301. Намудҳои созишнома ва иштирокчиёни он

1. Намудҳои созишномаҳо инҳоянд:

- генералӣ;

- соҳавӣ;

- минтақавӣ.

2. Созишномаи генералӣ принсипҳои умумии сиёсати шарикии иҷтимоию иқтисодӣ, равандҳои асосии ҳамкорӣ ва уҳдадориҳои тарафайни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои иттифоқҳои касаба, дигар намояндагони кормандон ва иттиҳодияҳои умумиҷумҳуриявии корфармоёнро дар соҳаи шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани кафолатҳои иҷтимоии шаҳрвандон, таъмини ҳифзи иҷтимоии гурўҳҳои камбизоати аҳолӣ, зиёд кардани даромади кормандонро вобаста ба муътадил гардидани вазъи иқтисодиёт муайян мекунад.

3. Созишномаи соҳавӣ равандҳои иҷтимоию иқтисодии инкишофи соҳа, шароити меҳнат, сатҳи шуғл, музди меҳнат, кафолатҳои иҷтимоии кормандони соҳа ва масъалаҳои тарафайни сатҳи соҳавиро муайян менамояд.

4. Созишномаи минтақавӣ шароити умумии меҳнат, кафолат ва имтиёзҳои меҳнатиро дар минтақаи воҳиди дахлдори маъмурии ҳудудӣ муайян намуда, ҳангоми бастани шартнома ба ҳисоб гирифта мешавад ва барои тарафҳо ҳатмӣ мебошад.

5. Созишнома бо мувофиқаи тарафҳо метавонад дутарафа ва сетарафа бошад. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар музокироти сетарафа иштирок мекунанд, дар сурати ба он талаб намудани ду тарафи дигар метавонанд аз бастани созишнома худдорӣ намоянд.

6. Созишномаҳо дар сатҳҳои зерин баста мешаванд:

- дар сатҳи ҷумҳуриявӣ – байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияи корфармоён ва намояндагони кормандони Тоҷикистон (созишномаи генералӣ);

- дар сатҳи соҳавӣ – байни мақомоти дахлдори давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён ва мақомоти соҳавии намояндагии кормандон;

- дар сатҳи вилоятӣ – байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои корфармоён ва иттиҳодияҳои вилоятии намояндагони кормандон;

- дар сатҳи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) – байни мақомоти дахлдори иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён (соҳибмулкон), намояндагони кормандон.

 

Моддаи 302. Тартиб ва муҳлати бастани созишнома

1. Тартиб, муҳлати таҳия ва бастани созишнома ва ҳайати комиссия аз ҷониби тарафҳо муайян гардида, бо протокол ба расмият дароварда мешаванд.

2. Лоиҳаи созишнома аз ҷониби комиссия таҳия гардида, аз тарафи мақомоти дахлдори идораи давлатӣ, иттиҳодияҳои корфармоён, мақомоти иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон ба имзо расонида мешавад.

3. Тартиби мушаххаси бастани созишномаҳоро Низомномаи тартиби таҳия ва бастани созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи намояндагони кормандон ва иттиҳодияҳои корфармоён тасдиқ кардааст, муайян менамояд.

 

Моддаи 303. Мазмуни созишнома

1. Мазмуни созишнома аз инҳо иборатанд:

- уҳдадориҳо дар соҳаи пардохти музди меҳнат, ҳифзи меҳнат, киро кардан ва аз кор озод намудани кормандон;

- иҷрои маҷмўи тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, чорабиниҳо оид ба инкишофи бозори меҳнат, таъминоти муфиди шуғли аҳолӣ, зиёд намудани ҳаҷми маҳсулот, аз ҷумла молҳои ниёзи мардум ва кишоварзӣ;

- муқаррар намудани меъёрҳои асосии сатҳи зиндагӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ;

- муқаррар намудани имтиёзҳо ва афзалиятҳои иловагӣ ба ташкилотҳо, корфармоёне (соҳибмулконе), ки ҷойҳои кории иловагӣ ташкил намуда, аз меҳнати маъюбон, занон, ҷавонон, аз ҷумла наврасон истифода менамоянд;

- иштироки кормандон дар истифодабарии даромадҳое, ки аз фурўши молу мулки ба моликияти давлатӣ тааллуқдошта ба даст меоянд;

- ҳифзи манфиати кормандон ҳангоми хусусигардонии фонди манзил;

- зиёд намудани ҳаҷми иловапулиҳои хусусияти ҷубронидошта, ки андозаи ҳадди ақали онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;

- таъмини амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатӣ;

- масъалаҳои таъминоти иҷтимоӣ ва суғуртаи иҷтимоӣ;

- беҳтар намудани шароити хизматрасонии иҷтимоии шахсоне, ки дар истеҳсолот кор мекунанд, дигар масъалаҳои ба соҳаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ вобаста, инчунин уҳдадориҳо оид ба пешгирии ихтилофоти меҳнатӣ ва корпартоиҳо, таҳкими интизоми меҳнат, муайян намудани масъулияти иштирокчиёни созишнома, таъмини назорат оид ба раванди иҷрои созишнома.

2. Тарафҳо инчунин метавонанд дар созишнома шартҳои иловагиро муқаррар намоянд, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф набошанд.

 

Моддаи 304. Амали созишнома

1. Созишнома аз рўзи имзо шудани он аз ҷониби тарафҳо ва ё аз рўзи дар созишнома муқарраршуда эътибор пайдо мекунад. Давраи амал ва муҳлати бастани созишномаро тарафҳо муайян мекунанд.

2. Созишнома доираи кормандонеро, ки дар созишнома муайян карда шудааст, фаро мегирад.

 

Моддаи 305. Тағйиру иловаҳо ба созишнома

Тағйиру иловаҳо ба созишнома тибқи тартиби барои бастани он муқарраргардида бо мувофиқаи тарафҳо ворид карда мешаванд.

 

БОБИ 31. ШАРТНОМАИ КОЛЛЕКТИВӢ

 

Моддаи 306. Қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективӣ

Қарор дар бораи зарурати бастани шартномаи коллективиро дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ва корфармо қабул менамоянд.

 

Моддаи 307. Тарафҳои шартномаи коллективӣ

1. Шартномаи коллективӣ дар ташкилот, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва намуди фаъолият, дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин дар воҳидҳои таркибии ташкилотҳо оид ба масъалаҳое, ки марбут ба салоҳияти ин воҳидҳои сохторӣ мебошанд, баста мешаванд.

2. Тарафҳои шартномаи коллективӣ намояндагони кормандон, корфармо (соҳибмулк) ё мақомоти аз тарафи онҳо ваколатдоршуда ба ҳисоб мераванд.

3. Дар сурати дар ташкилот мавҷуд будани якчанд намояндагони кормандон, бо мувофиқаи байни онҳо ба сифати тарафи шартномаи коллективӣ намояндагоне, ки аксарияти кормандони ташкилотро муттаҳид менамоянд ё онҳо ҳамаи кормандонро намояндагӣ мекунанд, тарафи шартномаи коллективӣ шуморида мешаванд.

 

Моддаи 308. Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ

1. Тартиб ва муҳлати бастани шартномаи коллективӣ, ҳайати комиссияи барои пешбурди музокирот таъйиншавандаро тарафҳо муаяйн мекунанд, ки он бо санади корфармо ба расмият дароварда мешавад.

2. Лоиҳаи шартномаи коллективӣ бояд ба таври ҳатмӣ дар коллективҳои меҳнатӣ муҳокима карда шавад. Лоиҳаи такмилдодашуда аз тарафи маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатии ташкилот бо протокол (қарор) намояндаи худро уҳдадор менамояд, ки бо корфармо шартномаи коллективӣ бандад (имзо кунад).

4. Намояндаи кормандон ҳуқуқ дорад, ки бо тартиб ва шартҳои барои бастани шартномаи коллективӣ муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар бораи ба имзо расонидани замима ба шартномаи коллективӣ, ки аз номи коллективи меҳнатӣ баста шудааст, музокирот намояд. Замима ҷузъи ҷудонашавандаи шартномаи коллективӣ буда, баробари он эътибори ҳуқуқӣ дорад.

 

Моддаи 309. Мазмуни шартномаи коллективӣ

1. Мазмуни шартномаи коллективӣ муқаррароти зеринро дар бар мегирад:

- дар бораи ташкили меҳнат;

-дар бораи шаклҳо, низоми пардохти музди меҳнат, мукофотпулиҳо, кумакпулиҳо, ҷубронпулиҳо ва пардохтҳои иловагӣ;

- дар бораи андозаҳои тарифии маош ва маошҳои вазифавӣ (мансабӣ) вобаста ба касб, дараҷаи тахассуси кормандон, мушкилот ва шароити корӣ, ки онҳо иҷро менамоянд;

- дар бораи давомнокии вақти корӣ ва вақти истироҳат;

- дар бораи ташкил намудани шароити бехатарии меҳнат, беҳтар намудани ҳифзи саломатӣ, кафолатҳои суғуртаи тиббии аъзои коллективи меҳнатӣ ва оилаҳои онҳо, дигар намудҳои суғурта;

- дар бораи таъмини шуғл, омодасозии кадрҳо, бо кор таъминкунии кормандони аз кор озодшуда;

- дар бораи танзими тартиботи дохилии меҳнат;

- дар бораи тартиби таъсис ва фаъолияти комиссияҳои созиш оид ба баррасӣ ва ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ;

- дар бораи тартиби огоҳонидани намояндагони кормандон ва гузаронидани машварат ҳангоми ба таври оммавӣ озод намудани кормандон бо сабаби такмил додани ташкили кор, барҳам додани ташкилот, пурра ва ё қисман аз кор бозмондани истеҳсолот.

2. Дар шартномаи коллективӣ бо назардошти имкониятҳои иқтисодии ташкилот метавонанд шартҳои дигар, аз ҷумла шартҳои меҳнатӣ ва иҷтимоиву иқтисодии имтиёзнок дар муқоиса бо меъёрҳо ва муқаррароти бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳо муқаррарнамуда (рухсатиҳои иловагӣ, иловапулиҳо ба нафақа, ҷуброни хароҷоти нақлиёт ва сафарҳои хизматӣ, таъмини хўроки ройгон ё қисман пардохтшавандаи кормандон дар истеҳсолот ва фарзандони онҳо дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ, имтиёзҳо ва ҷубронпулиҳои иловагии дигар) ҷой дошта бошанд.

3. Мазмуни шартномаи коллективиро тарафҳо дар доираи салоҳияти худ муайян мекунанд.

 

Моддаи 310. Муҳлати амали шартномаи коллективӣ

1. Муҳлати амали шартномаи коллективиро тарафҳо муайян мекунанд.

2. Шартномаи коллективӣ аз рўзи аз ҷониби тарафҳо имзо шудан ё аз рўзи дар шартномаи коллективӣ муқарраргардида эътибор пайдо мекунад.

3. Дар мавриди тағйир ёфтани ҳайати мақомоти идоракунии ташкилот, иваз шудани соҳибмулк шартномаи коллективӣ то вақти қабули шартномаи нав амал мекунад.

4. Дар ҳолати барҳам додани ташкилот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи коллективӣ дар тамоми муҳлати раванди барҳамдиҳӣ амал менамояд.

 

Моддаи 311. Тағйиру иловаҳо ба шартномаи коллективӣ

Ба шартномаи коллективӣ дар давоми муҳлати амали он бо мувофиқаи тарафҳо мумкин аст тибқи тартиби муқаррарнамудаи шартнома тағйиру иловаҳо ворид карда шаванд.

 

Моддаи 312. Кафолатҳо дар ҳолати пеш аз муҳлат қатъ кардани шартномаи коллективӣ

1. Агар иҷрои шартномаи коллективӣ мушкил гардад ё бо сабаби азнавташкилдиҳии (муттаҳид, ҳамроҳ, тақсим, ҷудо кардан, табдил додан) ташкилот ё тағйир ёфтани намуди фаъолияти он идома додани амали он ғайриимкон бошад, соҳибмулк бояд ҳамаи имтиёзҳои инфиродии кормандони дар шартнома муайянгардидаро нигоҳ дорад.

2. Дар муддати се моҳ аз рўзи гузаштани ҳуқуқи соҳибмулкии ташкилот ба соҳибмулки нав, дар байни ў ва намояндагони кормандон шартномаи коллективии нав баста мешавад ва то баста шудани он ҳамаи муқарраротҳои шартномаи коллективии қаблан амалкунанда риоя карда мешаванд.

3. Дар ҳолати барҳамдиҳии ташкилот то ба охир расидани муҳлати амали шартномаи коллективӣ соҳибмулк ё мақомоти ваколатдори таъсисдиҳандаи ташкилот уҳдадоранд, ки ба кормандон дар давоми муҳлати барҳамдиҳӣ маблағи барои ҳалли масъалаҳои инкишофи иҷтимоии коллектив, имтиёзҳои инфиродии дар шартномаи коллективӣ пешбинишударо пардохт намоянд.

 

Моддаи 313. Уҳдадории шахсони мансабдор дар музокироти коллективӣ

1. Шахсони мансабдор уҳдадоранд дар музокироти коллективӣ иштирок намоянд.

2. Шахсони мансабдоре, ки аз иштирок дар музокироти коллективӣ ва аз даъвати комиссияи гузаронидани музокирот бо мақсади бастани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ саркашӣ мекунанд ё уҳдадориҳои тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишударо иҷро накардаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ ­кашида мешаванд.

 

БОБИ 32. НАЗОРАТ ВА БАҚАЙДГИРИИ СОЗИШНОМА

ВА ШАРТНОМАҲОИ КОЛЛЕКТИВӢ

 

Моддаи 314. Назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

1. Назорати татбиқи созишнома ва шартномаҳои коллективиро комиссияҳои дахлдор оид ба танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, тарафҳо (намояндагони онҳо), инчунин мақомоти аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдоршуда амалӣ менамоянд.

2. Назорати рафти иҷрои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар асоси Низомномаи комиссияи сетарафаи ҷумҳуриявӣ оид ба шарикии иҷтимоӣ ва танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 315. Бақайдгирии созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

1. Созишнома ва шартномаҳои коллективӣ дар давоми даҳ рўзи баъд аз имзо шуданашон бо намояндаи корфармо (корфармоён) барои бақайдгирии огоҳонӣ ба мақомоти дахлдор оид ба меҳнат фиристода мешавад.

2. Бақайдгирӣ ба эътибори қонунӣ пайдо кардани созишнома ва шартномаҳои коллективӣ таъсир намерасонад.

3. Шартҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, ки ҳолати кормандонро нисбат ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бад мекунанд, эътибор надоранд ва татбиқ карда намешаванд.

 

Моддаи 316. Масъулияти тарафҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ

Дар сурати саркашӣ намудан аз музокирот ва бо гуноҳи яке аз тарафҳо иҷро нагардидани шартҳои созишнома ва шартномаҳои коллективӣ тарафи дигар ҳуқуқ дорад дар бораи ҷуброни зарари моддии дар натиҷаи ин амал расонидашуда тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд.

 

БОБИ 33. БАРРАСИИ БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ КОЛЛЕКТИВӢ

 

Моддаи 317. Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

Тартиби баррасии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо Кодекси мазкур, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ танзим карда мешавад.

 

Моддаи 318. Пешниҳоди талаботи кормандон

1. Ба пешниҳоди талабот кормандон ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд.

2. Талаботҳои кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабот барои иштирок кардан дар баррасии баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро интихоб мекунанд.

3. Намояндагони кормандон талаботашонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақомоти намояндагиро таъсис додааст, пешниҳод мекунанд.

4. Талаботҳо хаттӣ пешниҳод карда, ба корфармо фиристода мешаванд.

 

Моддаи 319. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

1. Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар намояндагони кормандон, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон интихоб намудааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд.

2. Намояндагони корфармоён роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассотсиатсияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд.

 

Моддаи 320. Миёнаравӣ

1. Миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб гардида, миёнаравиро дар гузаронидани гуфтушунид барои расидан ба созиши тарафҳо иҷро мекунад.

2. Миёнарав ҳуқуқ дорад барои иҷрои уҳдадориаш аз тарафҳо маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.

3. Миёнарав ҳуқуқ надорад иттилооти махфиро, ки барои иҷрои уҳдадориҳояш гирифтааст, фош намояд.

4. Қоидаи миёнаравиро тарафҳо бо розигии миёнарав муайян мекунанд. Миёнарав баъд аз кушиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оид ба баррасии баҳс ва ҷиҳати ҳалли он тавсияҳои хаттӣ медиҳад.

5. Агар тарафҳо дар давоми даҳ рўз тавсияи миёнаравро рад накарда бошанд ва ё агар тарафҳо қаблан оид ба иҷрои тавсия созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо ҳатмӣ мегардад.

 

Моддаи 321. Арбитражи меҳнатӣ

1. Агар тарафҳои баҳси меҳнатии коллективӣ дар комиссияи оштӣ дар давоми даҳ рўз созиш накунанд, бо иштироки намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ арбитражи меҳнатӣ таъсис дода мешавад.

2. Ҳайат ва шумораи арбитражи меҳнатиро аз рўи ҳар баҳс тарафҳо муайян мекунанд. Раиси арбитражи меҳнатӣ бо созиши тарафҳо аз ҷумлаи аъзои ҳамин арбитражи меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.

3. Ба ҳайати арбитражи меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.

4. Арбитражи меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор баррасӣ мекунад.

5. Арбитражи меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рўзи таъсис ёфтанаш қарор қабул намояд.

6. Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори арбитражи меҳнатӣ ҳатмӣ мебошад.

7. Тарафҳо ва мақомоти оштӣ уҳдадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси меҳнатии коллективӣ гардидаанд, тамоми имкониятҳоро истифода намоянд.

8. Агар комиссияи оштӣ ва арбитражи меҳнатӣ ихтилофи тарафҳоро танзим карда натавонанд, сабабҳои онро ба коллективи меҳнатӣ, иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон навишта мефиристанд. Дар ин ҳолат коллективи меҳнатӣ, иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд барои иҷрои талабҳое, ки мувофиқи моддаи 318 Кодекси мазкур ба миён гузошта шудаанд, тамоми воситаҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро то ҳадди пурра ё қисман қатъ кардани кор (ба кор набаромадан, иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ) дар ташкилот, муассиса, ташкили корпартоиро истифода баранд.

 

Моддаи 322. Баррасии судии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

1. Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мавриди татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат (иҷро накардан ё вайрон намудани онҳо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафҳо дар суд баррасӣ мегарданд.

2. Ҳангоми баррасии аризаҳо дар суд ва иҷрои қарорҳои он қоидаҳо ва муҳлатҳое, ки барои баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар Кодекси мазкур муқаррар шудаанд, истифода мегарданд.

 

Моддаи 323. Корпартоӣ

1. Агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштӣ баррасӣ ва ҳал нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти баррасии баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳуқуқ доранд тадбирҳои дигари ниҳоии баррасӣ ва ҳалли баҳс - корпартоиро истифода баранд.

2. Қарор дар бораи корпартоӣ дар маҷлиси (конференсияи) коллективи меҳнатӣ ё намояндагони кормандон бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории қарор на кам аз се ду ҳиссаи аъзои коллективи дар маҷлис ҳузурдошта (намояндагони кормандон) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференсияи намояндагони коллективи меҳнатӣ, дар сурати салоҳиятнок будани маҷлис (намояндагони кормандон), қабул мегардад.

3. Корпартоиро як шахс ё гурўҳи шахсоне, ки аз тарафи коллективи меҳнатӣ ё намояндагони кормандон ваколатдор шудааанд, роҳбарӣ мекунанд.

4. Корфармо аз оғози корпартоӣ ва муҳлати имконпазири он камаш як моҳ пеш бояд хаттӣ огоҳ карда шавад.

5. Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобилияти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд орад, ҳуқуқ ба корпартоӣ метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда шавад.

6. Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.

 

Моддаи 324. Кафолатҳо ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки корпартоӣ мекунанд

1. Ширкат дар корпартоӣ ихтиёрист. Ҳеҷ касро барои ширкат кардан ё накардан дар корпартоӣ маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.

2. Ширкати корманд дар корпартоӣ (ба истиснои ширкат дар корпартоиҳои ғайриқонунӣ) ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат ё асос барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ баррасӣ шуда наметавонад.

3. Музди меҳнати кормандоне, ки дар корпартоӣ ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти иҷрои кори худро надоштанд, на камтар аз маблағи барои бекористӣ, ки ба он корманд гунаҳгор нест, дода мешавад.

4. Барои давраи корпартоӣ музди меҳнати кормандони дар он ширкаткарда нигоҳ дошта намешавад, агар дар шартнома оид ба ҳалли баҳс тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.

5. Кумитаи иттифоқи касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо фонди корпартоӣ, фонди махсуси суғурта таъсис диҳанд.

 

Моддаи 325. Уҳдадориҳои корфармо дар ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ

1. Корфармо уҳдадор аст, ки дар кори комиссияи оштӣ иштирок намояд ва қарорҳои онро бетаъхир иҷро кунад.

2. Бо талаби иттифоқи касаба ва ё намояндагони кормандон мақомоти дахлдори ташкилот уҳдадор аст, ки то аз вазифа (мансаб) озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ў баҳси меҳнатии коллективӣ рўй додааст, чораҳо андешад.

 

Моддаи 326. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ

1. Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст ё худ иштирок дар он ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат эътироф гардида, боиси татбиқи чораҳои ҷазои интизомии пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад.

2. Бо роҳи зўрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур кардани корманд манъ аст.

3. Зарари ба соҳибмулк аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз ҳисоби ташкилот бо тариқи судӣ ҷуброн карда мешавад.

4. Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон гузаронида шуда бошад, зарар аз ҳисоби иттифоқи касаба ё дигар намояндагони кормандон ҷуброн карда мешавад.

5. Шахсоне, ки манфиати тарафҳоро муаррифӣ намуда, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намекунанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

ФАСЛИ V. БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

БОБИ 34. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 327. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат

1. Татбиқи принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таҳияи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талабот ба воситаҳои истеҳсолот, технология ва ташкили меҳнат, ки ба ҳамаи кормандон шароити бехатар ва солими меҳнатро кафолат медиҳанд, ташкил ва амалӣ намудани назорати давлатии риояи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат мебошад.

2. Идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 328. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат

Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дохил мешаванд:

- татбиқ намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи меҳнат дар доираи салоҳияти худ;

- муайян намудани асосҳои идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат;

- мусоидат ба таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ, соҳавӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароит ва ҳифзи меҳнат ва назорати иҷрои онҳо;

- муайян намудани хароҷот барои ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;

- муайян кардани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

- таъмини ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, инчунин иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар мақомоти намояндагии ваколатдори кормандон дар татбиқи сиёсати давлатии ҳифзи меҳнат;

- ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

- дигар салоҳиятҳо оид ба ҳифзи меҳнат.

 

Моддаи 329. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат аз инҳо иборатанд:

- таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат ва бо тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани онҳо;

- таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат дар доираи ваколати худ;

- ҳамоҳангсозии корҳои вазорату идораҳо оид ба ҳифзи меҳнат;

- ташкил ва сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо;

- экспертизаи давлатии шароити меҳнат дар ташкилотҳои амалкунанда ва навтаъсисёфта, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо;

- ба роҳ мондани назорати давлатии риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат;

- дар мувофиқа бо мақомоти давлатии омор таҳия ва қабули шаклҳои ҳисоботи давлатии омории нишондиҳандаҳои шароитҳо ва ҳифзи меҳнат, ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;

- таҳияи тартиби тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;

- таҳия ва тасдиқи қоидаҳои байнисоҳавӣ ва санадҳои ташкилию методӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

- тасдиқ намудани меъёрҳои намунавии соҳавии ба кормандон ройгон додани воситаҳои муҳофизати инфиродӣ;

- ҳамоҳангсозӣ ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба ҳифзи меҳнат;

- таҳияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ оид ба беҳдошти шароити меҳнат ва ҳифзи он;

- дигар ваколатҳо оид ба ҳифзи меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 330. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ татбиқи самтҳои асосии сиёсати давлатиро оид ба ҳифзи меҳнат таъмин менамоянд.

 

БОБИ 35. БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 331.Талаботи ҳифзи меҳнат

1. Корфармо уҳдадор аст, ки дар тамоми ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ шароити меҳнатии ба талаботи бехатарӣ ва санитарию гигиенӣ ҷавобгўро муҳайё намояд.

2. Талаботи ҳифзи меҳнат бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

3. Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.

 

Моддаи 332. Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бораи ҳифзи меҳнат

1. Дар вақти бастани шартномаи меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзу ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани имтиёзҳо ҳуқуқ дорад ва аз воситаҳои муҳофизати инфиродӣ маълумот диҳад.

2. Корфармо уҳдадор аст, соле на камтар аз як маротиба кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатари меҳнат хабардор созад, чунин маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ў гузорад.

 

Моддаи 333. Муоинаи тиббии баъзе гурўҳҳои кормандон

1. Корфармо уҳдадор аст, пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи меҳнатӣ ва дар раванди кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз ҷумла дар корҳои зери заминӣ ва шабона, ҳамчунин бо воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, ба мақсади муайян кардани мутобиқати кори иҷрошаванда ба саломатии онҳо ва пешгирии бемориҳои касбӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронад.

2. Кормандоне, ки дар саноати хўрокворӣ, соҳаи хўроки умумӣ, савдо ва дигар соҳаҳое, ки бевосита бо хизматрасонии аҳолӣ машғуланд, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.

3. Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз оғози кор аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.

4. Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити меҳнат вобаста аст, ў ҳуқуқ дорад ғайринавбатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанашро талаб намояд.

5. Рўйхати омилҳои зарарноки истеҳсолӣ ва корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо кормандон аз муоинаи тиббии пешакӣ ва даврӣ мегузаранд, тартиб ва муҳлати гузаронидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

6. Ҳангоми аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани корманд ё тавсияҳои дар натиҷаи муоинаи тиббӣ додашударо риоя накардани ў, корфармо ҳуқуқ дорад кормандро ба иҷрои уҳдадориҳои меҳнатиаш роҳ надиҳад.

7. Аз муоинаи тиббӣ гузаштани корманд аз ҳисоби маблағҳои корфармо амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 334. Имтиёзҳо ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст

1. Дар корҳои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофиқи меъёрҳо ва тартиби муқарраргардида шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ ройгон дода мешавад.

2. Меъёрҳои додани шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ, тартиби додани онҳо, номгўйи моддаҳои кимиёвие, ки ҳангоми кор кардан бо онҳо ба мақсадҳои пешгирӣ истеъмоли шир ё дигар маҳсулоти зарурӣ тавсия мешавад, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.

3. Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда хўроки табобатию пешгирикунанда ройгон дода мешавад.

4. Рўйхати истеҳсолот, ихтисосу вазифаҳое, ки машғул шудан бо онҳо ба гирифтани хўроки табобатию пешгирикунанда ҳуқуқ медиҳад, номгўй ва меъёри чунин хўрок, тартиби додани он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

5. Корфармо уҳдадор аст ба корманд ба ғайр аз ин имтиёзу ҷубронҳо, дигар имтиёзу ҷубронҳои пешбиникардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро диҳад.

 

Моддаи 335. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ

1. Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиениро ройгон диҳад.

2. Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродии ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушўй, таъмиз, безарар ва таъмир карда мешаванд.

3. Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ба корманд дода нашуда бошанд ё муҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошад ва ё корманд ноилоҷ онҳоро бо маблағи худ харида гирад, корфармо уҳдадор аст, ки ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн намояд. Дар сурати бе гуноҳи корманд пеш аз муҳлат фарсуда шудани либосу пойафзоли махсус, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ корфармо уҳдадор аст, ки онҳоро иваз намояд.

4. Агар ба сабаби кормандро бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва гигиенӣ таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ў хатар таҳдид намояд, корманд метавонад корро қатъ кунад. Барои муҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ бе гуноҳи корманд музд дода мешавад.

Моддаи 336. Додани дастур ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор

1. Корфармо уҳдадор аст ба кормандоне, ки ба кор қабул мешаванд ва ё ба кори дигар гузаронида мешаванд, оид ба ҳифзи меҳнат ва омўзиши усулҳои бехатари кор дастур диҳад.

2. Барои кормандони дар истеҳсолоти шароити корашон махсусан хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъд аз хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карда шаванд.

3. Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда мешаванд.

4. Шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.

5. Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.

 

Моддаи 337. Корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ў таҳдид намудани хатар

1. Агар корманд дар раванди кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳуқуқ дорад  корро қатъ намояд.

2. Корманд уҳдадор аст, ки аз вазъияти хатарноки раванди кор роҳбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори қитъа) ё мақомоти ҳифзи меҳнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.

 

Моддаи 338. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан

1. Корфармо уҳдадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, аз ҷумла маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ ба кори нисбатан сабуктар эҳтиёҷ доранд, бо мувофиқаи онҳо ва мутобиқи хулосаи тиббӣ онҳоро муваққатан ё бе маҳдудияти муҳлат ба чунин кор гузаронида, аз рўи имконият ҷойҳои нави корӣ ташкил намояд.

2. Музди меҳнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори дигар мегузаранд ё кумакпулии онҳо аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

3. Дар ҳолатҳое, ки бо сабаби маъюбии меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ зарурати тағйири ихтисос пеш меояд, корфармо уҳдадор аст барои ба кор таъмин намудани корманди муҳтоҷи такмили ихтисос азнавтайёркунии ўро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнати ў дар давраи мазкур, вале на зиёда аз дувоздаҳ моҳ ташкил намояд.

4. Агар шароити истеҳсолот ба ташкили бо кор таъмин намудани корманди дар раванди кор маъюбшуда, бемории касбӣ ё дигар сабаби осеби ба саломатӣ бинобар иҷрои уҳдадории меҳнатӣ расида имкон надиҳад, шартномаи меҳнатӣ бо ў қатъ карда, барои аз кор рафтан кумакпулӣ пардохт карда мешавад.

5. Андозаи кумакпулӣ барои аз кор рафтан бо ризогии тарафҳо муайян карда мешавад ва андозаи он набояд аз музди миёнаи меҳнати шашмоҳаи корманд камтар бошад.

 

Моддаи 339. Чораҳои иловагии ҳифзи меҳнати маъюбон

1. Корфармо уҳдадор аст аз ҳисоби квотаи муқарраршуда маъюбонеро, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ бо мақсади ба кор таъмин кардани онҳо фиристодааст, ба кор қабул намояд.

2. Иҷрои тавсияҳои мақомоти ваколатдори давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ оид ба низоми вақти нопурраи корӣ, сабуктар кардани кор ва дигар шароити меҳнати маъюбон барои корфармо ҳатмӣ мебошад.

3. Нисбати маъюбон чораҳои дигари иловагии ҳифзи меҳнат бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

Моддаи 340. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд

1. Корфармо вобаста ба намуди фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон уҳдадор аст:

- онҳоро бо оби нўшокӣ таъмин намояд;

- хўроки онҳоро ташкил кунад;

- дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ, ҷойи либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ ва рўҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барои занон, нуқтаҳои расонидани ёрии аввалияи тиббӣ дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани корманд дар ҷойи корро муҷаҳҳаз созад.

2. Корфармо уҳдадор аст, ки мақомот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ (нуқтаи тиббӣ, қисми тиббию санитарӣ, шифохона) ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.

 

БОБИ 36. КАФОЛАТИ ҲУҚУҚИ КОРМАНД

ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 341. Ҳуқуқи кормандон ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ

Ҳамаи кормандон аз ҷониби корфармо тибқи тартиб ва шартҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ба суғуртаи ҳатмии иҷтимоӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ ё дигар осеб ба саломатӣ вобаста бо иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ бояд фаро гирифта шаванд.

 

Моддаи 342. Баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот

1. Корфармо уҳдадор аст сабабҳои ҳодисаи нохушро дар истеҳсолот фавран санҷиш намояд, мувофиқи намунаи муқарраршуда санад тартиб диҳад ва ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдодаро сари вақт ба қайд гирад.

2. Корфармо уҳдадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи санади ҳодисаи нохушро на дертар аз се рўзи баъд аз анҷоми санҷиш ба ў диҳад.

3. Агар корфармо аз тартиб додани санади ҳодисаи нохуш саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар санади ҳодисаи нохуш нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳуқуқ дорад, ки ба намояндагони кормандон ё ба суд муроҷиат намояд.

4. Тартиби баҳисобгирӣ ва санҷиши ҳодисаҳои нохушро дар истеҳсолот Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.

 

Моддаи 343. Кафолати ҷуброни зарар бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд

1. Агар корфармо бинобар таъсири қувваи рафънопазир ё қасди ҷабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зарарро исбот карда натавонад, бояд ин зарарро бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.

2. Агар корфармо исбот намояд, ки зарар на бо гуноҳи ў расидааст, ҳангоми расидани зарар дар шароити оддӣ (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) ў аз ҷуброн кардани зарар озод шуда метавонад.

3. Музди аз дастрафта, хароҷоти бад шудани  саломатӣ, ҳамчунин зарари маънавӣ бояд ҷуброн карда шаванд.

4. Ҳангоми таъйин ва пардохти маблағ барои ҷуброни зарар музди меҳнат, стипендия, нафақа ва дигар даромади корманд ба ҳисоб гирифта намешаванд.

5. Ташкилот ё вориси ҳуқуқии он уҳдадор аст, ки ба корманде, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот маъюб шудааст, илова ба маблағи ҷуброни зарари барои чунин ҳолатҳо муқарраршуда ба андозаи на камтар аз музди миёнаи дувоздаҳмоҳаи ҷабрдида кумакпулии яквақта пардохт намояд.

6. Ҳангоми фавти корманд дар натиҷаи ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот, ба оилаи ў илова ба маблағе, ки барои шахсони дар таъминоти ў буда муқаррар шудааст, ба андозаи на камтар аз музди меҳнати шастмоҳаи фавтида кумакпулии яквақта дода мешавад. Тартиби додани чунин кумакпулиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунанд.

7. Дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани ҷуброни зарар ба шахсони ғайриқобили меҳнат, ки таҳти саробонии марҳум буданд ё то рўзи фавти ў ба гирифтани маблағ аз ин корманд ҳуқуқ доштанд, ҳамчунин тифли марҳум, ки баъд аз марги ў таваллуд шудааст, мегузарад.

8. Нафақае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъйин мегардад, ба ҳисоби ҷуброни зарар дохил намешавад.

9. Корфармо зарари маънавиро дар сурати гунаҳкор буданаш ба расидани зарар ба андозаи бо ризоияти ҷабрдида ё шаҳрванд муайянгардидае, ки ба сабаби фавти ҷабрдида ба гирифтани ҷуброни зарар ҳуқуқ дорад, ҷуброн мекунад. Ҳангоми ба миён омадани баҳс андозаи зарари маънавӣ ба тариқи судӣ муайян карда мешавад.

 

Моддаи 344. Кафолатҳои давлатии таъмини ҳуқуқи корманд ба ҳифзи меҳнат

Бо мақсади таъмини ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат давлат кафолат медиҳад:

- манъ будани ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати бад намудани ҳуқуқҳои муқарраргардида оид ба ҳифзи меҳнат;

- таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат, ки ба беҳдошти шароити меҳнат ва боло бурдани сатҳи бехатарии истеҳсолот нигаронида шудаанд;

- ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии иҷтимоии кормандон аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;

- муҳофизати судии ҳуқуқи кормандон ба ҳифзи меҳнат аз амалҳои ғайриқонунии корфармоён ва шахсони мансабдор;

- амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат;

- татбиқи ҷавобгарии моддӣ нисбат ба корфармоёне, ки талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи меҳнатро вайрон намудаанд;

- эътироф ва таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон нисбат ба фаъолияти онҳо оид ба ҳифзи меҳнати кормандон.

 

БОБИ 37. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КОРМАНД

ВА КОРФАРМО ОИД БА БЕХАТАРӢ ВА ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 345. Ҳуқуқи корманд ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Корманд чунин ҳуқуқҳоро доро мебошад:

- ба ҷойи кори ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҷавобгў;

- таъмин будан бо бинои санитарӣ-маишӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, либоси махсус тибқи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, инчунин шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ;

- муроҷиат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ё мақомоти маҳаллии он барои гузаронидани муоинаи шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойи кор;

- шахсан ё ба воситаи намояндааш дар санҷиш ва тафтиши масъалаҳое, ки ба беҳтар намудани шароит ва ҳифзи меҳнат вобаста аст, иштирок намояд;

- дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъе, ки ба ҳаёт ё саломатии ў таҳдид мекунад аз иҷрои кор даст кашида, дар ин хусус ба роҳбари бевоситааш ё корфармо хабар диҳад;

- ба маълумот ва тайёрии касбии ба амнияти иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ зарур мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ба гирифтани маълумоти дақиқ аз корфармо дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва санитарӣ - гигиенӣ, имтиёз ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳуқуқ дорад;

- ба нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнат дар вақти боздоштани кори ташкилот бинобар номутобиқӣ ба талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат;

- ба овардани шикоят нисбати амал ё беамалии ғайриқонунии корфармо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

 

Моддаи 346. Уҳдадориҳои корманд дар соҳаи ҳифзи меҳнат

Корманд уҳдадор аст:

- ба роҳбари бевоситаи худ дар бораи ҳар як ҳодисаи нохуши дар истеҳсолот рухдода, омилҳои бемории касбӣ (заҳролудшавӣ), инчунин вобаста ба ҳолатҳое, ки ба ҳаёт ва саломатии одамон таҳдид мекунанд, фавран хабар диҳад;

- аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузарад;

- воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, санитарӣ - гигиенӣ, пойафзол ва либоси махсусро, ки корфармо додааст, қабул намуда, онҳоро мақсаднок истифода барад;

- нишондодҳои муассисаҳои тандурустиро ҷиҳати татбиқи тадбирҳои муолиҷавӣ ва солимгардонӣ ҳангоми аз ҷониби корфармо маблағгузорӣ шудани онҳо, иҷро намояд;

- талаботи ҳифзи меҳнатро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, риоя намояд;

- аз дастурдиҳиҳо ва омўзишҳо оид ба ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари иҷрои корҳо, таҷрибаомўзӣ дар ҷойи кор ва санҷиши доимии донистани талаботи ҳифзи меҳнат гузарад.

 

Моддаи 347. Ҳуқуқи корфармо ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

Корфармо ҳуқуқ дорад:

- кормандонро барои фароҳам овардани шароити мусоиди меҳнатӣ дар ҷойи кор, таклифи ратсионализаторӣ вобаста ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ҳавасманд гардонад;

- кормандонеро, ки талаботи бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро вайрон мекунанд, тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор дур кунад ва ба ҷавобгарии интизомӣ кашад.

 

Моддаи 348. Уҳдадориҳои корфармо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат

1. Уҳдадориҳо оид ба таъмини бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат ба зиммаи корфармо гузошта мешаванд.

2. Корфармо дар таъмини корҳои зерин уҳдадор аст:

- шароити дахлдори бехатарӣ ва ҳифзи меҳнатро дар ҳар як ҷойи корӣ таъмин намояд;

- барои бартараф намудани ҳама гуна хатар дар ҷойи корӣ ва раванди технологӣ, бо роҳи гузаронидани чораҳои пешгирикунанда, ба таҷҳизоти истеҳсолӣ ва раванди технологии бехатар иваз намудани он;

- бехатарии кормандон дар истифодаи бино, иншоот, таҷҳизот, амалӣ намудани раванди технологӣ, инчунин ашёи хом ва маводи дар истеҳсолот истифодашаванда;

- истифодаи воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии кормандон;

- низоми меҳнат ва истироҳати кормандон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таълими усулҳо ва тарзҳои бехатари иҷрои корҳо, дастурдиҳӣ оид ба ҳифзи меҳнат, таҷрибаомўзӣ дар ҷойҳои кории кормандон ва санҷиши дониши онҳо доир ба талаботи ҳифзи меҳнат;

- ба кор роҳ надодани шахсоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида аз таълим, дастурдиҳӣ, таҷрибаомўзӣ ва санҷиши донишҳо оид ба талаботи ҳифзи меҳнат нагузаштаанд;

- на камтар аз як маротиба дар панҷ сол гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ оид ба шароити меҳнат бо сертификатсияи минбаъдаи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилот;

- ба мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, мақомоти назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод кардани иттилоот ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои амалӣ намудани ваколатҳои онҳо;

- санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- хизматрасонии санитарию маишӣ ва муолиҷавию профилактикии кормандон мутобиқи талаботи ҳифзи меҳнат;

- бемамоният роҳ додани шахсони мансабдори мақомоти идоракунии давлатии ҳифзи меҳнат, назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат, суғуртаи иҷтимоӣ, инчунин намояндагони мақомоти назорати ҷамъиятӣ бо мақсади гузаронидани санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо ва тафтиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот, бемориҳои касбӣ;

- дастурҳои шахсони мансабдори мақомоти назорати давлатиро вобаста ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат ва баррасии пешниҳоди мақомоти назорати ҷамъиятиро дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намояд;

- суғуртаи ҳатмии иҷтимоии кормандонро аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва аз бемориҳои касбӣ таъмин намояд;

- кормандонро бо талаботи ҳифзи меҳнат шинос намояд;

- дар муддати як моҳ натиҷаи аттестатсияи ҷойҳои корӣ ва дастурдиҳиро оид ба шароити меҳнат ва ҳифзи меҳнат дар ташкилот дар шакли электронӣ ва лавҳа омода ва чоп намояд;

- аз ҳисоби худ кормандонро аз муоинаи тиббии ҳатмии пешакӣ (ҳангоми ба кор қабул шудан), марҳилавӣ (дар давоми фаъолияти меҳнатӣ), инчунин дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ (ташхисӣ) гузаронад.

3. Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ бо назардошти хусусияти фаъолият ва намудҳои кор, мавҷудияти манбаъҳои хатари ҷиддӣ метавонанд барои корфармо уҳдадориҳои иловагӣ пешбинӣ гарданд.

4. Донистани қоидаҳо ва меъёрҳо оид ба бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат кисми таркибии талаботи тахассусии пешниҳодшаванда ба корманд ба ҳисоб меравад ва дар дастурамали вазифавие (мансабие), ки аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, қайд мегардад.

 

БОБИ 38. ТАЪМИНИ ҲИФЗИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 349. Талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат

1. Талаботи меъёрии давлатии пешбининамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат қоида, расмиёт ва талаботҳои ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон дар раванди фаъолияти меҳнатӣ равонашударо муқаррар мекунанд.

2. Иҷрои талаботи меъёрии давлатии ҳифзи меҳнат барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар пешбурди ҳама гуна фаъолият, аз ҷумла лоиҳакашӣ, сохтмон (азнавсозӣ) ва истифодабарии иншоот, тарҳрезии мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизот, таҳияи раванди технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат ҳатмӣ мебошад.

3. Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.

 

Моддаи 350. Тайёрии ҳатмии махсус ва касбӣ оид ба ҳифзи меҳнат

1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ тайёрии мутахассисонро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати фаъолият дар хадамоти ҳифзи меҳнат таъмин менамояд.

2. Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ, муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ бояд омўзиши курси «Ҳифзи меҳнат» - ро барои таълимгирандагон ва донишҷўён бо назардошти хусусиятҳои истеҳсолии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт ташкил намоянд.

3. Иҷозати кор додан ба шахсоне, ки тайёрии зарурии касбӣ надоранд ва мувофиқи тартиби муқарраргардида аз таълим ва аттестатсия оид ба ҳифзи меҳнат нагузаштаанд, манъ аст.

4. Маъмурияти ташкилот уҳдадор аст, ки оид ба ҳифзи меҳнат ва баланд бардоштани ихтисоси кормандон низоми омўзиши мунтазамро ташкил намояд.

5. Роҳбарони ташкилотҳо, муовинони онҳо, ки масъули ташкили ҳифзи меҳнатанд, роҳбарон, мутахассисони хадамоти ҳифзи меҳнат на кам аз як маротиба дар панҷ сол, бояд аз курсҳои такмили ихтисос оид ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат гузаранд.

 

Моддаи 351. Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон

Ҳифзи меҳнати ноболиғон, занон ва маъюбон бо Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

 

Моддаи 352. Мутобиқати иншоотҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат

1. Лоиҳаҳои сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, инчунин мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, равандҳои технологӣ ба талаботи ҳифзи меҳнат бояд мутобиқ бошанд.

2. Сохтмон, таҷдид, азнавҷиҳозонии техникии иншооти истеҳсолӣ, истеҳсол ва татбиқи техника ва технологияи нав бе хулосаи ташхиси давлатии шароити меҳнат дар бораи мутобиқати лоиҳаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур нишон додашуда ба талаботи ҳифзи меҳнат, инчунин бе иҷозати мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат манъ аст.

3. Иншооти нав ё таҷдидшавандаи истеҳсолӣ бе хулосаи мақомоти дахлдори назорати давлатии риояи талаботи ҳифзи меҳнат наметавонанд мавриди истифода қарор гиранд.

4. Дар истеҳсолот истифода бурдани моддаҳои хатарнок ё зарарнок, мавод, маҳсулот, мол ва хизматрасониҳое, ки барои онҳо усулҳо ва воситаҳои назорати метрологӣ таҳия нагардидаанд ва баҳодии токсикологии (санитарию гигиенӣ ва тиббию биологӣ) онҳо гузаронида нашудаанд, манъ аст.

5. Дар ҳолати истифодаи моддаҳои нави пеш дар ташкилот истифоданашудаи хатарнок ё зарарнок, корфармо уҳдадор аст, ки то истифодаи моддаҳои мазкур оид ба ҳифзи ҳаёт ва саломатии кормандон тадбирҳо андешад ва онҳоро бо мақомоти дахлдори назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи ҳифзи меҳнат мувофиқа кунад.

6. Мошинҳо, механизмҳо ва дигар таҷҳизоти истеҳсолӣ, воситаҳои нақлиёт, равандҳои технологӣ, мавод ва ашёи кимиёвӣ, воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷии кормандон бояд ба талаботи ҳифзи меҳнат, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст, мутобиқ ва сертификати мутобиқат дошта бошанд.

 

Моддаи 353. Сарчашмаҳои маблағгузории ҳифзи меҳнат

1. Маблағгузории ҳифзи меҳнат аз ҳисоби маблағҳои ҳамасолаи пешбинишавандаи буҷети давлатӣ, корфармоён ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад.

2. Маблағгузории ҳифзи меҳнат, ки дар буҷетҳои дахлдор бо сархати алоҳида ҷудо карда мешавад, барои нигоҳдории мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ, иҷрои барномаҳои мақсадноки давлатӣ оид ба ҳифзи меҳнат истифода бурда мешавад.

3. Ҳар як ташкилот ҳар сол барои ҳифзи меҳнат дар ҳаҷми муайянгардида дар асоси созишнома ва шартномаҳои коллективӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо менамояд. Кормандони ташкилот ба ин мақсад ягон хароҷоти иловагиро анҷом намедиҳанд.

4. Андозаи хароҷотҳо вобаста ба чорабиниҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида дар шартномаи коллективӣ ва санади корфармо муайян карда мешавад.

 

Моддаи 354. Ташхиси давлатии шароити меҳнат

1. Бо мақсади назорати шароит ва ҳифзи меҳнат, сифати гузаронидани аттестатсияи ҷойҳои корӣ аз рўи шароити меҳнат, саҳеҳияти пардохти ҷубронпулӣ барои корҳои вазнин ва корҳои дорои шароити хатарнок ё зарарноки меҳнат, инчунин омода намудани таклифҳо дар бораи дохил кардани ташкилот ба гурўҳи хатарноки касбӣ, мутобиқи натиҷаҳои сертификатсияи корҳо оид ба ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ташхиси шароити меҳнат бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

2. Хулосаи ташхиси шароити меҳнат барои аз тарафи суд баррасӣ гардидани масъала дар бораи барҳам додани ташкилот ё сохтори он дар мавриди ошкор шудани вайронкунии талаботи ҳифзи меҳнат асоси воқеӣ мебошад.

3. Ташхиси шароити меҳнат дар ҷойҳои корӣ ҳангоми лоиҳакашии сохтмон ва таҷдиди иншоотҳои истеҳсолӣ, ҳангоми иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият, инчунин бо дархости мақомоти судӣ, мақомоти идоракунии ҳифзи меҳнат, корфармоён, иттиҳодияҳои корфармоён, кормандон, иттифоқҳои касаба, иттиҳодияҳои онҳо ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 355. Ҳифзи меҳнат дар ташкилот

1. Барои ташкили ҳифзи меҳнат дар ташкилот бо теъдоди кормандон зиёда аз 50 нафар хадамоти ҳифзи меҳнат, ки бевосита ба роҳбари ташкилот тобеъ мебошад, ташкил карда мешавад. Дар мавриди аз 50 нафар камтар будани шумораи кормандон корфармо дар бораи таъсиси хадамоти ҳифзи меҳнат ё ҷорӣ намудани вазифаи (мансаби) мутахассис оид ба ҳифзи меҳнат вобаста ба хусусияти фаъолияти истеҳсолии ташкилот қарор қабул мекунад ё уҳдадориҳоро оид ба ҳифзи меҳнат ба зиммаи дигар мутахассис вогузор менамояд. Низомномаи намунавии хадамоти ҳифзи меҳнат дар ташкилот аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ тасдиқ карда мешавад.

2. Дар ҳайати хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилот вобаста ба хусусияти истеҳсолот ё дар сурати бештар аз 500 нафар будани шумораи кормандон вазифаи табиб оид ба гигиенаи меҳнат ҷорӣ карда шуда, лабораторияи саноатию санитарӣ таъсис дода мешавад. Дар мавриди кам будани теъдоди кормандон, вале мавҷудияти омилҳои зарарноки истеҳсолӣ чунин лабораторияҳо метавонанд аз ҷониби якчанд ташкилот тибқи принсипи соҳавӣ ташкил карда шаванд.

3. Барҳам додани хадамоти ҳифзи меҳнати ташкилотҳо танҳо дар мавриди қатъ гардидани фаъолияти онҳо мумкин аст. Масъалаҳои марбут ба таъсис ё азнавтаъсисдиҳии хадамоти ҳифзи меҳнатро маъмурият, кумитаи иттифоқи касаба ва ё намояндагони кормандон ҳал мекунанд.

 

Моддаи 356. Кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба ҳифзи меҳнат

1. Дар ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё кормандон ё иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат таъсис дода мешавад. Ба ҳайати он дар асоси баробарӣ намояндагони корфармоён, иттифоқҳои касаба ё дигар намояндагони кормандон шомил мешаванд.

2. Кумита (комиссия) оид ба ҳифзи меҳнат фасли созишнома ва шартномаҳои коллективӣ оид ба ҳифзи меҳнатро таҳия мекунад, амалҳои муштараки корфармо ва кормандонро оид ба таъмини талаботи ҳифзи меҳнат, пешгирӣ аз маъюбшавии истеҳсолӣ, бемориҳои касбӣ, инчунин гузаронидани тафтиши шароит ва ҳифзи меҳнат дар ҷойҳои корӣ ва иттилоотонидани кормандонро аз натиҷаҳои тафтишоти мазкур ташкил мекунад.

 

Моддаи 357. Назорати ҷамъиятии риояи талаботи ҳифзи меҳнат

1. Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз ҷониби иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ба амал бароварда мешавад, ки онҳо бо ин мақсад ҳуқуқ доранд бозрасии худиро таъсис диҳанд, инчунин шахсони ваколатдорро оид ба ҳифзи меҳнат интихоб намоянд.

2. Нозирон ва шахсони ваколатдор оид ба ҳифзи меҳнати иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд:

- аз ҷониби корфармоён риоя гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ҳифзи меҳнат назорат кунанд;

- ташхиси мустақилонаи шароити меҳнат ва таъмини бехатарии кормандони ташкилотро гузаронанд;

- дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ иштирок кунанд, инчунин мустақилона онҳоро санҷиш намоянд;

- аз роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори ташкилот оид ба шароит ва ҳифзи меҳнат, инчунин дар бораи ҳамаи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ маълумот гиранд;

- дар бораи боздоштани корҳо дар ҳолатҳои таҳдид ба ҳаёту саломатии кормандон талабот пешниҳод кунанд;

- ба корфармоён барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат амрномаҳо медиҳад, ки иҷрои онҳо ҳатмӣ мебошад;

- санҷиши шароит ва ҳифзи меҳнат, иҷрои уҳдадориҳои корфармоёнро оид ба ҳифзи меҳнат, ки тибқи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ шудаанд, таъмин намоянд;

- дар кори комиссияҳо оид ба санҷиш ва ба истифода додани иншооти истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ ба ҳайси коршиносони мустақил иштирок намоянд;

- дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи меҳнат иштирок намоянд, инчунин онҳоро бо тартиби муқарраргардида мувофиқа кунанд;

- ба мақомоти дахлдор дар бораи ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки талаботи ҳифзи меҳнатро риоя накардаанд, ҳодисаҳои нохуши дар истеҳсолот рухдодаро пинҳон медоранд, муроҷиат намоянд;

- дар ҳалли баҳсҳои меҳнатӣ, ки ба вайронкунии муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, уҳдадориҳои пешбиникардаи созишнома ва шартномаҳои коллективӣ ҷиҳати ҳифзи меҳнат, инчунин тағйирёбии шароити меҳнат алоқаманд мебошанд, иштирок кунанд;

- дорои дигар ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошанд.

3. Иттифоқҳои касаба ва дигар намояндагони кормандон ҳуқуқ доранд бемамониат дар ташкилот риояи талаботи ҳифзи меҳнатро санҷида, ба шахсони мансабдор таклифи баррасии ҳатмиро оид ба бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи талаботи ҳифзи меҳнат пешниҳод намоянд.

 

Моддаи 358. Ҳуқуқҳои нозирони ҷамъиятӣ оид ба ҳифзи меҳнат

Нозирони ҷамъиятӣ оид ба риояи ҳифзи меҳнат чунин ҳуқуқҳо доранд:

- ҳуқуқи кормандонро оид ба ҳифзи меҳнат дар назди корфармо ба воситаи назорати ҷамъиятӣ барои риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ барои таъмини бехатарии меҳнат, шароити меҳнат ва техникаи бехатарӣ дар ташкилотҳо ҳифз намоянд;

- иштирок намудан дар санҷиши ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва санҷиши маҷмўии ҳолати бехатарӣ ва ҳифзи меҳнати аз ҷониби нозирони давлатии меҳнат гузаронидашаванда;

- гирифтани иттилоот ва шарҳдиҳӣ, аз ҷумла дар шакли хаттӣ аз корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои иҷрои уҳдадориҳои худ;

- аз ҷониби корфармо иҷро шудани уҳдадориҳои дар созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишударо дар бахши ҳифзи меҳнат назорат намоянд;

- вобаста ба натиҷаи санҷиш ба номи шахсони мансабдор ирсол намудани пешниҳод дар бораи бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта;

- иштирок намудан дар кори комиссия оид ба санҷиш ва қабули иншоотҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои истеҳсолӣ барои истифодабарӣ;

- иштирок дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва ҳифзи меҳнат ва пешниҳоди таклифҳо;

- ба мақомоти дахлдори давлатӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани корфармо ва дигар шахсони мансабдори ташкилот барои вайрон намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, муқаррароти созишнома ва шартномаҳои коллективӣ, аз ҷумла пинҳон намудани ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ муроҷиат намоянд;

- иштирок намудан дар баррасии баҳсҳои меҳнатӣ, ки вобаста ба тағйир додани шароити меҳнат, риоя накардани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат, иҷро накардани уҳдадориҳои дар шартномаҳои меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ пешбинишуда;

- муроҷиат намудан бо даъво ба суд бо аризаи корманд барои ҳифзи ҳуқуқи кормандон барои ҷуброни зарари дар натиҷаи маъюбшавӣ ё дигар зарар ба саломатӣ вобаста ба иҷрои уҳдадории меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи кормандон оид ба меҳнат, бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат.

 

ФАСЛИ VI. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

БОБИ 39. СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 359. Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ

1. Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар шаклҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- суғуртаи иҷтимоии давлатӣ;

- суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ.

2. Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба тамоми шахсоне, ки бо шартномаи меҳнатӣ кор мекунанд, бе истисно дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад, маблағҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.

3. Кормандон ҳиссаи худро ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа бо тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мепардозанд.

4. Суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии суғурта, ки аз тарафи ташкилотҳо, коллективҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтаанд, амалӣ мегарданд.

 

Моддаи 360. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ

1. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кумакпулиҳо (кумакпулиҳои корношоямии муваққатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кумакпулиҳои оилавӣ ва дигар кумакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд), дар ҳолати бесаробон мондани оила, барои собиқаи кории  баъзе гурўҳҳои кормандон, барои табобати санаторӣ - курортӣ ва ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хўроки парҳезӣ, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи саҳми суғурта барои дигар пардохтҳо ҷиҳати тадбирҳои солимгардонию пешгирикунанда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, харҷ карда мешавад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.

2. Аз фонди суғуртаи давлатии иҷтимоӣ қарздор будани корфармо, кормандро аз ҳуқуқи таъмини ў аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ маҳрум намесозад.

3. Дар шартномаи меҳнатӣ, созишнома ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, инчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонанд.

 

БОБИ 40. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МЕҲНАТ

 

Моддаи 361. Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

Назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ғайридавлатии ваколатдор бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 362. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ

Назорати давлатии риояи қоидаҳои пешбурди бехатарии корҳоро дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ мақомоти ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкорӣ ва мақомоти маҳаллии он амалӣ менамоянд.

 

Моддаи 363. Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат

1. Назорати ҷамъиятии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба, нозирон ва комиссияҳои мақомоти дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё дигар намояндагони кормандон амалӣ менамоянд.

2. Назорати ҷамъиятии санитариро нозирони ҷамъиятии санитарии ташкилот амалӣ мегардонанд.

 

БОБИ 41. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 364. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 365. Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997, №417 қабул гардидааст (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1997, №9, мод. 112, мод. 113; с. 1998, №23 – 24, мод. 340; с. 1999, №5, мод. 69; с. 2002, №4, қ. 1, мод. 185; с. 2004, №5, мод. 337; с. 2006, №3, мод. 152, №4, мод. 195; с. 2009, №5, мод. 320; с. 2010, №7, мод. 545, мод. 549; с. 2011, №3, мод. 151, №12, мод. 842; с. 2012, №8, мод. 817; с. 2013, №7, мод. 509), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009, №517 «Дар бораи ҳифзи меҳнат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №5, мод. 324; с. 2012, №8, мод. 819) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006, №202 «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 350) аз эътибор соқит дониста шаванд.

 

Моддаи 366. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкур

Кодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

 

           Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

            ш. Душанбе

23 июли соли 2016, №1329

 

 

 

 

 

 

Қарори Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар бораи қабул кардани

Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.

2. Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1997, №418 «Оиди мавриди амал қарор додани Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,    с. 1997, №9, мод. 114; с. 1998, №23-24, мод. 341; с. 1999, №5, мод. 70), қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с. 2002, №4, қ. 1, мод. 186; с. 2004, №2, мод. 117; с. 2006, №2, мод. 61, №4, мод. 228; с. 2009, №4, мод. 234; с. 2010, №5, мод. 397, №6, мод. 449; с. 2011, №1, мод. 10, №12, мод. 903; с. 2012, №6, мод. 550; с. 2013, №4, қ. 1, мод. 281), Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2009, №1325 «Дар бораи қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №4, мод. 248; с. 2012, №6, мод. 552) ва Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №306 «Оид ба қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ, созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №5, мод. 264) аз эътибор соқит дониста шаванд.

 

Раиси Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                Ш. ЗУҲУРОВ 

 

ш. Душанбе, 17 июни соли 2016, №478

 

 

 

 

Қарори Маҷлиси миллии

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар бораи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, қарор мекунад:   

 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ карда шавад.

 

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси

 Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                М. Убайдуллоев

 

 

ш. Душанбе, 15 июли соли 2016, №25

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11