КИШТИ ПУНБА ДАР МАЙДОНИ 4000 ГЕКТАР

Аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон хабар доданд, ки имсол дар ноҳияи Данғара дар майдони 4000 гектар тухми пунбадона кишт хоҳад шуд.

 Ба иттилои манбаъ, пахтакорони Данғара ба мавсими кишт омодагии хуб дида, ҳар рӯз ба ҳисоби миёна дар майдони 300-320 гектар (ба қадри 7-8 фоизи нақша) кишти пунбадона мегузаронанд. То имрӯз дар майдони беш аз 3,5 ҳазор гектар пунба кишт шудааст. «Ин нишондиҳанда ва рафти кишт аз он шаҳодат медиҳад, ки пахтакорони данғарагӣ аз ҷумлаи нахустинҳо шуда, миёни пахтакорони навоҳии минтақа дурнамои кишти пахтаро ба иҷро мерасонанд», - афзуд манбаъ.

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11