КАДБОНУҲО  НАЗДИ АСКАРБАЧАҲО РАФТАНД

Меҳмондорию меҳмон-навозӣ яке аз суннатҳои волои мардуми тоҷик аст. Ва бо ин расму ойини худ дар байни дигар миллату халқҳои дунё пешдастӣ дорад. Меҳмонро «атои Худованд» донис-та, кӯшиш менамоянд, ки баҳраш беҳтарин хӯрданию нӯшиданиро пешкаш намоянд. Ин расму таомул то кунун идома дорад.

Дар ҷашну маросимҳо бошад, беҳтарин кадбонуҳо даъват шуда, анвои гуногуни таомҳои лазизу гувороро омода намуда, ба маърази тамошо мегузоранд. Ва инак, боз як иқдоми неке рӯйи кор омад, ин ҳам бошад, эҳё намудани таомҳои қаблии мардуми тоҷик, ки чанд гоҳ боз аз хотирҳо фаромӯш гардида буд. Бо мақсади аз нав эҳё намудани таомҳои фаромӯшшуда ва тарғиби онҳо, ҳамчунин дарёфти кадбону ва ҳунармандони варзида дар бахши омода намудани онҳо, тарбияи ҷавонон оид ба меҳмондорию меҳмоннавозӣ, омода намудани онҳо ба зиндагии мустақилона мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифт, ки дар 25 шаҳру навоҳии вилоят зери унвони «Кадбонуи беҳтарин» озмун баргузор намояд. Аллакай чунин озмунҳо дар аксар навоҳии вилоят баргузор гардид.

Мувофиқи нақшаи муайяншуда баргузории озмуни мазкур дар ноҳияи Восеъ 13 феврал муқаррар гардида буд. Беҳтарин кадбонуҳои маҳаллаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба ин озмун омодагии мукаммал гирифтанд. Баробари ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак, ҳамчунин дар ин озмун литсейи касбӣ-техникии ноҳия, чанд муассисаи таълимии ноҳия, ҳатто тарбиягирандагони боғчаҳои бачагонаи маркази ноҳия ширкат варзиданд.

Аз саҳар назди Маркази тиҷоратӣ-хизматрасонии ба номи Султони Кабир серодам буд. Намоишгоҳи омоданамудаи кадбонуҳои беҳтарин ва ҳунармандон диққати мардумро ба худ ҷалб менамуд. Садои мусиқӣ ва овози марғуладори овозхони варзидаи шуъбаи фарҳанги ноҳия Гулнора Сатторова базмгоҳи намоишгоҳро боз ҳам рангинтару фараҳбахш мегардонд.

Рӯйи мизҳои ҳунармандон-кадбонуҳои маҳаллаҳо ва ҷамоати шаҳрак анвои гуногуни таомҳо, шириниҳо ва инчунин маҳсули дасти дӯзандагону бофандаҳо, зардӯзон, ҳатто маҳсули дасти кӯдакони боғча-яслиҳо оро медоданд. Ҳунаромӯзони курси навтаъсиси адрасбофону атласбофони назди литсейи касбӣ-техникии ноҳия низ ба маърази тамошо гузошта шуда буд.

Таомҳои миллии тоҷикӣ-қурутобу фатирмаска, ширкаду, шарбат, далда, кочӣ, самбӯсаи кадугӣ, чалпакҳои ҳархела, намуди гуногуни нон: чапотӣ, кулча, фатир, қалама ва ғайра болои мизҳо бо маҳорати зиёд ба тартиби муайян гузошта шуда буданд. Махсусан, чалпаки бо ном «ғалмундӣ» диққати меҳмонону тамошобинонро ҷалб намуд. Ба ростӣ, мо низ ин намуди чалпакро бори аввал медидем. Чуноне пазандаҳои он иброз доштанд, ғалмундӣ аз орд, ширу равған ва бо ширинии харбуза омода карда мешудааст. Он хеле болаззат буд. Чуноне Мушаррафа Қурбонова, раиси Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов, иброз дошт, кайфияти дар гармиаш тановул кардани ғалмундӣ дигар аст ва лаззати он дергоҳ аз хотир фаромӯш намешавад.

Намоишгоҳи онрӯза аз ҷашни истиқболи баҳори нав мужда медод. Бесабаб нест, ки озмун дар арафаи ҷашни Наврӯз - баҳори фаррухпай баргузор мегардад. Ҳамин аст, ки мақомоти иҷрооияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифт, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи Аҷам, ҳамчунин 20-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ ин озмунро доир намояд.

Иштирокдорони озмун аз ваҳдат, сулҳу сафо, оромию осудагӣ, беҳдошти зиндагӣ шукргузорӣ мекарданд. Ба Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сиёсати хирадмандонааш, барои сарҷамъии мардуми Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити зарурии зиндагӣ изҳори сипосу қаноатмандӣ менамуданд. Мардум болидарӯҳ буд. Аз чеҳраи онҳо бар меомад, ки онҳо аз зиндагӣ, фаъолияти худ қаноатманданду барои ободии Ватан, шукуфоии он кору зиндагӣ мекунанд.

Аз намоишгоҳ, базмгоҳи озмуни «Кадбонуи беҳтарин» раиси ноҳия Мусо Ғафурзода ва меҳмонон - сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Раъно Раҳимзода ва дигар ҳамсафарони ӯ, ки аъзои ҳакамон буданд, дидан карданд. Меҳмононро сараввал тарбиягирандагони боғчаҳои бачагонаи шаҳрак истиқбол намуда, хайрамақдам гуфтанд ва дар васфи Ватан, модар, дӯстӣ, рафоқат, ваҳдат шеърхонӣ карданд. Баъдан меҳмонон аз назди мизҳои орододаи кадбонуҳо гузашта, ба маҳорати онҳо баҳо дода, ҳамчунин афзуданд, ки ҳунари волои худро ба фарзандон омӯзонанд.

Вале озмуни «Кадбонуи беҳтарин» бо ин поён наёфт. Модарон ва иштирокдорони озмун зери шиори «Модарон ба аёдати фарзандон - сарбозон мераванд» ба қисми ҳарбии дар ноҳия буда рафтанд. Вале бо дасти холӣ не, маҳсулоти омоданамудаи худро ҳамчун туҳфа дар арафаи ҷашни Артиши миллӣ бо худ бурданд. Бо онҳо вохӯрӣ намуданд, бо шароити хизмати онҳо шинос гардиданд. Баробари таомҳои омоданамудаи кадбонуҳо табибони маркази даҳонпизишкии ноҳия ҳамчун туҳфа барои аскарон оши палав тайёр намуданд. Базми хотирмоне барпо гардид. Модарон ва дастаи ҳунарии идораи фарҳанг хотири аскарбачаҳоро шод намуданд.

Баъди анҷоми азназаргузаронӣ ва вохӯрӣ дар қисми ҳарбӣ ҷамъомади натиҷагирӣ баргузор гардид, ки ба як зумра кадбонуҳои беҳтарин ифтихорномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим гардид.

 

А. САФАРОВА,

Н. САФАРЗОДА,

ноҳияи Восеъ

Сомонаҳои расмӣ

Рисунок1.png

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11