ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШӮРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН-ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ ДАВЛАТИ ТОҶИКОН

Имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, пеш аз ҳама мо бояд ба таърихи ин Иҷлосияи тақдирсоз назар кунем.

Саннаи 9­уми сентябри соли 1991­ум иҷлосияи ғайри навбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд, ки баҳри таъсиси давлати демократии ҳуқуқбунёд, ки сатҳи сазовори зиндагиро таъмин намуда, ҳимояи шараф ва эътибори ҳар як шаҳрвандро таъмин мекунад, замина гузошт.

Қобили қайд аст, ки дар охирҳои асри гузашта муқовиматҳои сиёсӣ байни гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ, ки бештар тамоюли маҳалчигӣ доштанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷкистон тули солҳои 1990-1991-ум сар зада, идома ёфт ва инчунин эҳтироми қонун ва қонуният аз байн рафт, ки яке аз сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин омилҳо ба шумор мераванд.

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар солҳои 1992 то 1997­ум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалётҳои ҷангӣ, муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ сар заданд ва аввалин шахсияте, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионии давлати Тоҷикистон камари ҳимат баст, ин ҳам бошад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бо иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кутоҳ ба ин даргириҳои сиёсӣ ва ҷангҳои дохилӣ хотима бахшида шуда, дар Ҷумҳурии ҷангзадаи мо қонуният, сулҳу амонӣ ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо шуд. Ин ҳам бошад бо қадами неки сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии 16­уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қасри Фарҳанги хоҷагии ба номи Урунхоҷаев, рӯзи 16 ноябри соли 1992 баргузор гардида, идома ёфт, бо пазироии вакилони халқ рӯзи 19 ноябри соли 1992 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида, аввалин маротиба Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол маҳз дар толори қасри сулҳовар ҷилва намуд.

Сарвари тозаинтихоби тоҷикон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи эҳтиром парчами кишварамонро бӯсида, қасам ёд кард, ки «Ман ба халқи Тоҷикистон сулҳ меорам» сипас ба иҷрои вазифа шуруъ намуд.

Таърихи навини давлати тоҷикон бо заҳмати шабонарӯзӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кутоҳ нахустин Консититутсияи арзишҳои демократӣ дошта, ки ҳокимиятӣ давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад ва дигар қонуну санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, ки 6­уми ноябри соли 1994­ум қабул гардид, ки ин ҳам яке аз музаффариятҳои Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули аввалин Конститутсия дар даврони истиқлолият, ки илҳомбахш ва асосгузори бевоситаи он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, бори нахуст мувофиқи моддаи 9-и он эълон намудани муқаррарот дар бораи амалигаштани ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он бо ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва суд ҳамчун шохаи алоҳида ва мустақил замина гузошт.

Маҳз пас аз қабули Конститутсия, зарурияти гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ, қабули қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои асосие, ки фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба танзим медароранд, ба миён омад. Бо ин мақсад 1­уми декабри соли 1994 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти Конститутсионӣ» қабул карда шуд ва дар заминаи он соли 1995 Қонунҳои конститутсионӣ дар бораи сохтори судӣ ва дигар Қонунҳо қабул шуданд, ки ин бевосита яке аз самараҳои Иҷлосияи тақдирсоз ба ҳисоб рафта, оғоз бахшида аз тарафи дигар сохтори судии мамлакатро ба танзим даровард.

Қобили қайд аст, ки ба ифтихор ва қадрдонии беандоза аз неъматҳои бебаҳои истиқлолият ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он шаҳсутун ва шиносномаи давлат ва миллати тоҷикон мебошад, дар тули солҳои истиқлолият ба хотири сулҳу амонӣ ба таъмини сохибихтиёрии давлати азизамон ва рушду камоли он, ҳимояи ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандон, се маротиба ба ин Конститутсия тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.

Ин ҳам бошад бори аввал 26­уми сентябри соли 1999, бори дуюм 22­юми июни соли 2003 ва бори сеюм 22­юми майи соли 2016.

Бо баракати Истиқлолият ва бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, халқи тоҷик бо дастовардаҳои бузург дар ба даст овардани ваҳдати миллӣ, ободонии кишвари азизамон ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ комёб гардида, давра ба давра ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пеш меравад.

Маҳз ин ҳам яке аз неъматҳои Иҷлосияи тақдирсоз ба ҳисоб меравад.

Дар давоми 25­соли соҳибистиқлол шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳбари ғамхори миллат ва босайъу кӯшиши иқдоми хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои кам кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳу зиндагии мардуми кишварамон ва масъулияти падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду Қонуни миллӣ қабул гардид, ин ҳам бошад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 08.06.2007 бо таъғйру иловаҳо аз 29.08.2017 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 02.08.2011 ва маҳз ин ҳам яке аз музаффарриятҳои Иҷлосияи тақдирсози 16-умин Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Бигзор диёри соҳибистиқлол ва тозабунёди тоҷикон бо сарварии хирадмандаш - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сарсабзу обод, мардуми тоҷик шоду хуррам ва дар осмони софу беғубори ватани азизамон сулҳу салоҳ, тинҷию амонӣ, бахту саодат доимо ҳукумфармо бошад.

 

 

Раиси суди шаҳри

Кӯлоби вилояти Хатлон

Шарифзода Б.Б.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11