ИФТИТОҲИ ДУ МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШӢ ДАР ШАҲРИ ҚӮРҒОНТЕППА

10 августи соли 2017 бахшида ба Рӯзи варзишгарон ва “Соли ҷавонон” дар маҳаллаи “Садриддин Айнӣ”-и шаҳри Қӯрғонтеппа аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа ва соҳибкори маҳаллӣ Маҳмадшариф Саъдуллоев ду майдончаи футболи хурд сохта ба истифода дода шуд.

Дар маросими кушодашавии майдончаҳои варзишӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Исмоилзода Абдуалим, раиси федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарипов, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзизши шаҳр Исматуллозода Ҷамолиддин, сокинон ва роҳбарони маҳалла иштирок намуданд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ҳозиринро ба эълон гардидани "Соли ҷавонон" муборакбод намуда, қайд намуд, ки: “Барои тарбияи дуруст, тарғиби ҳаёти солим ба тансиҳат ба воя расондани насли имрӯза аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст, ин майдоначаҳои варзишӣ тӯҳфаест ба сокинони шаҳр, то ки онҳо ба варзиш ва фароғату истироҳат машғул шаванд

Майдончаҳои варзишӣ дар ҳаҷми беш аз 1 милиёну 64 ҳазор сомонӣ ташкил шуда, барои варзишгарон ва мураббиёни футбол ошхона, хуҷраи либосивазкунӣ, мағозаи варзишӣ ва чаҳор утоқи корӣ сохта шудааст.

Дар фарҷом аз тарафи раиси вилоят ба 40 нафар мураббиён ва варзишгарон сипосномаи раиси вилояти Хатлон супорида шуд.

viber image1.jpeg

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11