ИТТИЛООТ ВА НАҚШИ ОН ДАР ТАЪМИНИ СУББОТУ АМНИЯТИ ҶОМЕА

Имрӯз дар театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳамадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа семинар дар мавзӯи “Иттилоот ва нақши он дар таъмини субботу амнияти ҷомеа” доир гардид, ки дар он муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират ва раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло, сардорони ташкилоту муассисаҳои дахлдори вилоят, муовинони соҳаи идиологии раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят, мудирони шуъбаву бахшҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, маориф, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оила, сархатибони масҷидҳои шаҳру ноҳияҳо ва донишҷӯён иштирок намуданд.

Дар семинар қайд гардид, ки дар шароити кунунии рушди ҷаҳонӣ технологияҳои иттилоотӣ беш аз пеш ва амиқан ба тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг нуфӯз намуда, ба ташаккули шахсият, тарзи зиндагӣ, низоми муносибатҳои байни афрод таъсир мерасонанд, аз ин рӯ ҷавононро месазад, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, аз ҳар гуна иттилоотҳои бардуруғ канораҷуӣ намоянд.

Дар охир ба иштирокчиён тавсия дода шуд, ки дар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиву таблиғотиро ҷоннок намоянд.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11