ИТТИЛОИЯ БА ДИҚҚАТИ ВАКИЛОНИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Рӯзи 31 марти соли 2017, соати 900 дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум бо масъалаҳои зерин баргузор мегардад.

1. Ахбороти Комиссияи вилоятии интихобот оид ба гузаронидани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи интихоботии Фархор №60 ва тасдиқ намудани ваколати вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати панҷум.

2. Оид ба рафти татбиқи супоришҳои протоколии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 январи соли 2016, №1 вобаста ба таъмини сару либоси мактабӣ ва ба роҳ мондани дӯхти он дар корхона ва коргоҳҳои истеҳсолию дӯзандагии шаҳру ноҳияҳои вилоят.

3. Ҳисоботи сардори раёсати тандурустии вилоят «Оид ба татбиқи Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020».

4. Ҳисоботи Комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои илм, маориф, фарҳанг, иттилоот, тандурустӣ, муҳофизати оила ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ.

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Сомонаҳои расмӣ

Мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ

Ҳунарҳои мардумӣ

Бо мо тамос гиред

735140 шаҳри Қӯрғонтеппа

кучаи Ҳувайдуллоев №1

Email: ittiloot@khatlon.tj

Tel: (83222)-2-16-16
Fax: (83222)-2-46-11